ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ВЛАДИМР ПУТИН: СОҲИБМАКТАБОНИ АРСАИ СИЁСАТ

Дар майдони пуртаззоду мураккаби тағйирёбандаи сиёсати ҷаҳонӣ на ҳама сарварон метавонанд аз манфиати давлату миллати хеш самаранок ҳифз намоянд. Аз таҷрибаи кишварҳои мухталиф, ки ба буҳронҳои шадиди сиёсӣ ва ҷангҳои таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шудаанд ва баъзан то ҳол идома дорад маълум мегардад, ки яке аз омилҳои асосии ин падидаи номатлуб надоштани сарвари сиёсии дурандешу эътирофшуда мебошад. Дар шароити бисёр мураккаби раванди ҷаҳонишавӣ на ҳама сарварони кишварҳо метавонанд мақоми кишварашонро пойбарҷо нигаҳ доранд. Мавқеи кишвар аз мақом ва сиёсати роҳбари давлат вобастагии зиёд дорад. Дар айни замон на ҳама сарварон сарварони сиёсӣ маҳсуб меёбанд. Ҳамон роҳбари кишваре ҳамчун сарвари сиёсӣ шинохта мешавад, ки дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда бошад. Эътирофи сарвари давлат аз ташаббусҳо ва пешниҳодҳои ӯ сарчашма мегирад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қобили қабул бошад. Мо таҷрибаи бисёр кишварҳоро медонем, ки новобаста аз захираҳои зиёди табиию зеҳнӣ аз боиси надоштани сарвари дурандешу муваффақ ба буҳронҳои шадиду мушкилоти зиёд гирифтор шудаанд.

Аз таҳлили равандҳои муосири сиёсати ҷаҳонӣ ва мавқеи кишварҳо бармеояд, ки дар айни замон низ шумораи сарварони сиёсӣ хеле кам ба назар мерасанд. Хушбахтона миллати тоҷик аз шумори камтарин халқҳои хуштолеъ мебошад, ки сарвари сиёсии эътирофшуда ва дурандешро соҳиб аст. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи қудратмандтарин сарварони кишварҳо мақом ва ҷойгоҳи шоистаро касб намудааст. Ташаббусҳо ва пешниҳодҳои Сарвари давлати мо дар сатҳи ҷаҳонӣ ва эътирофу қабули онҳо нишоне аз ин гуфтаҳо мебошад.

Бояд гуфт, ки баъд аз барҳам хурдани давлати Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Федератсияи Русияро ҳамчун шарики асосии стратегӣ эътироф намуда, дар доираи ин сиёсат то имрӯз муносибатҳои мутақобилан судмандро роҳандозӣ кардааст. Роҳбарияти ду давлати ба ҳам дӯсту бародар дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимр Путин тавонистанд дар ин муддат тавассути хираду дурандешии худ дар таҳкими равобити дуҷониба нақши муассир гузоранд.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро таърихан муносибатҳои чандинасраи дӯстона ба ҳам мепайвандад. Федератсияи Русия яке аз аввалин давлатҳоест, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст. Миёни ду кишвар робитаҳои фаъоли сиёсӣ ва алоқаҳои бевосита дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудаанд. Роҳбарони ҳарду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимр Путин мунтазам дар доираи сафарҳои расмӣ ва корӣ, ҳамчунин зимни ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ мулоқоту вохӯриҳои зиёди судманд анҷом медиҳанд, ки дар рафти онҳо муҳимтарин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия ба таври мушаххас баррасӣ мегарданд. Тоҷикистон ва Русия оид ба аксарияти масъалаҳои консептуалии сиёсати байналмилалию минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ мавқеи ба ҳам наздик доранд. Аз ҷумла, ҷиҳати ҳамкориҳои босамар дар доираи чунин созмонҳои байналмилалӣ – Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоти Иқтисодии АвруОсиё, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигарҳо аҳаммияти муҳим дода мешавад.

Дар шароити имрӯзаи сиёсати тағйирёбандаи ҷаҳонӣ ду сарвари сиёсӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимр Путин тавассути ба роҳ мондани сиёсати муваффақу самаранок барои миллат ва давлатҳои худ собит намуданд, ки сарварони соҳибмактаби арсаи сиёсат мебошанд. Корномаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамагӣ ҷомеаи кишвар ва ҷаҳон маъмулу машҳур аст. Ин фарзанди мондагори миллат тавонист, ки Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат раҳонида дар муддати хеле кӯтоҳ тавассути ба роҳ мондани сиёсати хирадмандонаи дохилӣ ва хориҷӣ боиси давстовардҳои нодиру бузурги миллати тоҷик бошад. Дар радифи эҳё ва таҳкими сулҳу субот дар кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз яке аз ташаббускорони сулҳи ҷаҳонӣ мебошад. Ҳамагӣ ташаббусҳо ва пешниҳодҳои Сарвари давлати мо ба хотири таҳкими дӯстии халқҳои ҷаҳон ва зиндагии шоистаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Маҳз тавассути ташаббусҳои башардӯстонаи Пешвои миллат имрӯз тоҷиконро ҳамчун миллати мутамаддин мешиносанд ва эътироф менамоянд. Баргузории самиту чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар қалби тоҷикони ҷаҳон – Душанбешаҳр гувоҳи эътимоду эътирофи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Суханҳои чанд рӯз пеш садо додаи Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимр Путин (дар барномаи Валдай) ба мазмуни “Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи беҳтарин ҳамсуҳбатони ман мебошад” гувоҳи дӯстӣ ва бародарии ду сарвари сиёсӣ мебошад.

Бо интихоб гардидани Владимр Путин ба ҳайси Президенти Федератсияи Русия муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия боз ҳам таҳким ёфт. Ташрифоти ҳамасолаи Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимр Путин ба Тоҷикистон дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ баёнгари равобити қавӣ ва эътирофу эътимод ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва миллати тоҷик мебошад. Аз омӯзиши таҷрибаи муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар бармеояд, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба истиқлол расидан Русияро ҳамчун шарики боэътимоду стратегӣ ҳисобида то имрӯз марҳала ба марҳала ин муносибатҳо боз ҳам мустаҳкамтар шудаистодаанд.

Ташрифи навбатии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимр Путин дар доираи Самити Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани меҳмони олиқадр аз ҷониби Пешвои миллат бори дигар аз дӯстӣ ва бародарии ду сарвари соҳибмактаби арсаи сиёсат ва миллати тоҷику рус хабар медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақомро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба хотири ташрифи давлатии меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду кишвар оро ёфта буд. Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, сарбозони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд. Зимни суҳбати кӯтоҳи дар фурудгоҳ баргузоршуда, сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин доир ба барномаи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон, иштирок дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули андеша намуданд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки бо хираду талошҳои сарварони ҳарду кишвари дӯсту бародар муносибатҳои дуҷонибаи судманд идома карда, боз ҳам устувор мегардад.

Шарифзода Ҷамолиддин Сафол – н.и.т., дотсент,

директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат

Раҳмонзода Муҳаммад Ҷамшед – н.и.ҳ., дотсент, мудири

кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи ДМТ