ЭЪТИРОФ, РИОЯ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамасола ҷомеаи ҷаҳонӣ 10-уми декабрро ҳамчун «Рӯзи ҳуқуқи инсон» ҷашн мегиранд ва интихоби ин сана ба рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар вобастааст. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Мутаҳид 10-уми декабри соли 1948 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса қабул гардидааст. Дар санади мазкур диққати асосӣ ба эътирофи шаъну шарафи шахс, баробарҳуқуқӣ, озодӣ, адолат ва сулҳ дар ҷаҳон равона гардида, озодии сухан, виҷдон ва эътиқод эътироф шуда, поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд манъ шудааст. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар хусусияти эъломиявӣ дошта, дар тамоми ҷаҳон аз ҷониби кулли одамон, ҳамчун санади тақдирсозу муътабар қабул гардидааст ва дар айни замон мавриди амал қарор дораду ба халқи ҷаҳон асосҳои адолати ҳуқуқиро пешбинӣ менамояд.

Мавриди қайд аст, ки дар мазмуну муҳтавои ин санади байналмилалӣ саҳми сазовори гузаштагони барӯманди халқи тоҷик низ арзиши гаронмоя дорад. Ҳанӯз соли 539 пеш аз мелод Куруши Кабир дар эъломияи худ дар бораи ҳуқуқ ба ҳаёти арзанда, озодӣ ва баробарии одамон, аз байн бурдани ѓуломӣ ҳамчун таҳқир ба шаъну эътибори инсонӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳуқуқи инсон таъкид карда буд, ки ҳамчун арзишҳои бунёдӣ дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дарҷ гардидаанд.

Аз ин ҷо, Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон яке аз санадҳои муҳими байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад. Эъломияи мазкур яке аз санадҳои байналмилалии асосӣ маҳсуб шуда, дар марҳилаи басо муҳими таърихӣ, ки дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон нобаробарии ҳуқуқҳои шахсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ҳукмфармо буд, қабул гардида, ба рушди ояндаи ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи босубот гузошт.

Пас аз қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар асоси он санадҳои дигари байналмилалӣ қабул гардидаанд, ки онҳо барои эътирофу эҳтиром ва ҳифзу пешрафти инсон ва ҳуқуқҳои ӯ нақши бузург дорад. Аз ҷумла, ду Паймони байналмилалӣ, яке «Дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» ва дигаре «Дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ», ки баҳри ҳифзу таъмини ҳуқуқҳои асосии инсон бахшида шудаанд, хеле муҳим мебошанд. Паймонҳои мазкур санаи 16-уми декабри соли 1966 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидаанд.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 10-уми декабр ҳамчун «Рӯзи ҳуқуқи инсон» ҷашн гирифта мешавад. Мақсад аз «Рӯзи ҳуқуқи инсон» ин пеш аз ҳама ба ҷомеа ва ҳар як нафар расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар як нафар мебошад.

Рӯзи ҳуқуқи инсон имкон медиҳад, ки ҳар сол атрофи ҳуқуқу озодиҳои инсон, вазъи риояи онҳо ва нақшаҳои минбаъда барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дар самти тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, эҳтиром, риоя ва ҳифзи онҳо барномаҳо доир гашта, тавсияҳои дахлдор пешниҳод шаванд.

Имрӯзҳо эътироф, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқ инсон яке аз мақсадҳои асосии тағйироту дигаргуниҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, ба тағйир додани нақшу ҷойгоҳи инсон, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, кафолати озодӣ ва дахлнопазирӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва иштироки фаъол дар идоракунии давлатӣ равона гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии худ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Конститутсия ва дигар қонунҳо принсипҳои башардӯстӣ ва озодона кору зиндагӣ намудани инсонҳоро дарҷ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани онҳо пайваста кӯшишҳои судманд ба харҷ медиҳад. Дар ин раванд Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худро давра ба давра таъмин менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд доимо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дар Тоҷикистон барои фароҳам овардани ҳуқуқу озодиҳо ва дар муҳити сулҳу субот зиндагӣ кардани аҳолии мамлакат таваҷҷуҳи зиёд нуда истодааст ва барои таъмин намудани шароити арзанда пайваста тадбирҳо меандешад. Татбиқи ин татбирҳоро дар санадҳои меъёрии ҳуқуӣ дарҷ менамояд.

Боиси сарфарозист, ки аз се як ҳиссаи Конститутсияи Ҷумиҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст ва давлат ба он кафолат медиҳад. Чунончи, дар ин санади муҳим қайд шудааст, ки «Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани мақоми махсуси давлатӣ вобаста ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки бевосита ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошанд. Инчунин, таҳия ва қабул гардидани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон натиҷаи ташаббусҳои наҷиби давлату ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Чунончи, «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038» тасдиқ гардидааст, ки он ҳамаи нақшаҳои миллии мавҷуда ва қабулшаванда оид ба иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳуҷҷатҳои дигарро дар самти ҳуқуқи инсон ҳамоҳанг сохта, механизм ва расмиёти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиро дар самти ҳуқуқи инсон такмил медиҳад. Ҳадафи асосии Стратегияи миллӣ таъмини афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун омили асосии сиёсати давлатӣ, ки самти рушди қонунгузорӣ, сиёсат ва амалияи қонунтатбиқкуниро ҳангоми қабули қарор аз ҷониби мақомоти давлатӣ муайян менамояд, мебошад. Стратегияи миллӣ ҳадафҳои дарозмуддат ва вазифаҳо дар самти ҳуқуқи инсонро муайян намуда, масъалаи таҳияи сиёсати пешрафта ва ягонаи байнисоҳавиро, ки ба мустаҳкам намудани ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар мамлакат равона шудааст, пешбинӣ менамояд.

Расидан ба мақсаду маромҳои олӣ баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва ҳар як фардро тақозо менамояд, зеро эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон қисми ҷунонашавандаи зиндагӣ, фаъолият ва рафтори ҳар як узви ҷомеа мебошад.

Фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Риоя ва иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо, яъне волоияти қонун яке аз роҳҳои муҳими ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ маҳсуб мешавад. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф, пеш аз ҳама, ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст. Зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб мераванд.

Аз ин ҷо аст, ки дар замони муосир таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад. Оид ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маврид иброз намуданд, ки «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд диққати аввалиндараҷа диҳем».

Таҷлили солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар як санаи муҳим буда, он ба ҳамаи мо имкон медиҳад, ки дар бораи вазъи кунунии ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон андеша кунем. Ин рӯз барои ҳар як кишвар ва ҷомеа имконият медиҳад, ки дар бораи ӯҳдадориҳо ва масъулиятҳои байналмилалии худ андешаронӣ кунанд, ба ҳама одилона муносибат кардан ва амнияти ҷомеаро таъмин намудан кӯшиш ба харҷ диҳанд. Ин кӯшишҳо тавассути таҳия ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар амал татбиқ мешаванд, зеро ба сифати ҳуқуқу озодиҳои инсон маҷмӯи имкониятҳои амали ҳуқуқӣ эътироф шудаанд, ки бидуни он инсон ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар ҷомеа рушду нумӯъ ёфта наметавонад. Аз ин хотир ҳамаи ҳуқуқҳои инсон, ки аз лаҳзаи таваллуд то дами марг барои мавҷудияти инсон шарт ва заруранд, дар Конститутсияи кишвар ҳамчун арзиши олӣ эътироф шуда, дар дигар санадҳои байналмилалӣ муқаррар ва дифоъ гардидаанд. Воситаҳои таъмини ҳимояи ин ҳуқуқҳо дар дохил ва хориҷи кишвар сурат мегирад.

Аз ин рӯ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун воситаи муҳими гиромидошт ва таъминкунандаи арзиши олии инсон – ҳуқуқу озодиҳои ӯро мавриди ҳимоя ва эътироф қарор дода, қабули қонунҳои амалкунандаи миллӣ, қарорҳои сиёсӣ, меъёрҳо ва механизмҳои мурофиавӣ омилҳои асосии татбиқи ҳуқуқи инсон дар кишвар мебошанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои демократӣ ҷонибдорӣ карда шуда, ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд эътироф, риоя ва зери ҳимоя қарор дода шудааст. Ин аз сатҳи баланди салоҳиятнокии мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, ҳокимияти судӣ ва дурусту саривақтӣ муайян гардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ дар ин самт ва татбиқи онҳо дарак медиҳад.

Аз ин ҷо, бо боварӣ метавон гуфт, ки риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва иҷрои талаботҳои санадҳои дар самти ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд қабулгардида, метавонанд барои таъмини ояндаи шукуфони ҷомеаи демократӣ ва мустаҳкам гардонидани ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон ҳиссагузор бошанд.

Баҳриддинзода Субҳиддин, дотсенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати

прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

Баҳриддинзода Дилноза, судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе