Кафедраи ҳуқуқи гражданӣ

[vc_row][vc_column width=”1/4″][vc_widget_sidebar sidebar_id=”td-td_demo_category”][/vc_column][vc_column width=”3/4″][vc_column_text]

Мудири кафедра — д.и.ҳ., Ѓаюров Шукрулло Кароматуллоевич
Суроға: 735000, ш. Душанбе, куч. Буни Ҳисорак, бинои 11, ошёнаи 5, утоқҳои 502, 510.
Телефон: 2-24-30-42.
E-mail: hukukimadani@gmail.com

[/vc_column_text][cq_vc_separator title=”” bgcolor=”#333333″ fontcolor=”#ffffff”][vc_tta_accordion style=”modern” color=”sky” spacing=”1″ gap=”1″ active_section=”1″ no_fill=”true” collapsible_all=”true”][vc_tta_section title=”Расмҳои устодони кафедра” tab_id=”1584072284699-6851c30d-54dd”][vc_column_text]

[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Таърих” tab_id=”1584094067568-65efbbbb-9af6″][vc_column_text]

   Кафедра соли 1949 ташкил ёфта, зиёда аз 50 сол мешавад, ки барои инкишофи илми ҳуқуқи гражданӣ дар Тоҷикистон саҳми босазои худро мегузорад. Дар ин давра, кафедра чун заминаи асосии  инкишофи илми ҳуқуқи граждании Тоҷикистон баромад намуда, дар омода намудани ҳазорҳо ҳуқуқшиносон, ки имрӯз дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат фаъолият менамоянд,  саҳми арзандаи худро гузоштааст.

   Нахустин мудири кафедра д.и.ҳ., профессор, Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон В.И. Коретский (1954-1968) буданд. Мавсуф  дар ҷодаи илм хизматҳои назаррас намудаанд, сарварии минбаъдаи кафедраро  олимони намоён  д.и.ҳ., профессорон Е.Н. Яковлева (1968-1972),  В.А. Ойгензихт (солҳои 1976-1980) ба зимма доштанд. Роҳбарии кафедраро солҳои 1972-1976, 1980-2006 узви вобастаи АИ ҶТ, д.и,ҳ, профессор, Ҳуқуқшиноси шоистаи ҶТ, Арбоби илм ва техникаи ҶТ О.У. Усмонов бар ӯҳда дошта, барои рушди кафедра ва илмҳои ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон саҳми калон гузоштаанд. Профессор Тағойназаров Ш.Т. солҳои   2006 – 2010     роҳбарии кафедраро ба уҳда доштанд.

Аз 03. 01. 2011с. инҷониб  вазифаи мудири кафедраро д.и.ҳ., профессор Ѓаюров Ш.К. ба зима доранд, ки тамоми ҳастии худро барои рушти минбаъдаи кафедра, илми ҳуқуқи гражданӣ ва тайёр намудани ҳуқуқшиносони ватанӣ бахшидаанд.

Кафедра дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он  обрӯю эътибори хоса дорад. Имрӯз дар кафедра чунин олимони намоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди Академик Маҳмудов М.А., профессорон  Ѓаюров Ш.К., Тағойназаров Ш.Т. Муртазоқулов Ҷ.С.,  дотсентон Ҳимматов Ҳ.Н., Расулов Б.Р., Қурбонов К.Ш., номзадҳои илми ҳуқуқшиносӣ Бадалов Ш.К., Қурбонов Қ.Б., ассистентони кафедра Ахмедҷонов И.Ѓ., Қосимов Ф.А., Қурбоналиев Н.Ш., Саидов Ҳ.М. ба фаъолияти илмӣ омӯзгорӣ машғуланд. Ҳамзамон кафедра ба тарбия намудани кадрҳои ҷавони омӯзгорӣ ва омода намудани олимони ҷавон аҳамияти хоса медиҳад.

[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Фаъолияти илмӣ” tab_id=”1584094153993-da2daf0d-5cf9″][vc_column_text]

   Аз лаҳзаи ташкили кафедра то имрӯз дар заминаи он нӯҳ рисолаи докторӣ (В.И. Коретский, Е.М. Яковлева, О.У. Усмонов, В.А. Ойгензихт, Ш.Т. Тағойназаров , Ш.М. Менглиев, М.А. Маҳмудов, Ш.К. Ѓаюров, Ҷ.С. Муртазоқулов) ва зиёда 20 рисолаҳои номзадӣ ҳимоя шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти кафедра аз пешбурди корҳои илмӣ – тадқиқотӣ, омӯзгорӣ ва такмили қонунгузории соҳавӣ иборат мебошад.

   Дар  самти  илмӣ – тадқиқотӣ  олимони кафедра ба таҳлилу тадқиқи илмӣ-амалии соҳаҳои ҳуқуки гражданӣ, ҳуқуқи оилавӣ ва ҳуқуқи манзил машғул буда, дар ин қисмати фаъолияти худ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштаанд. Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедра инъикоси худро дар монографияҳо, китобхои дарсӣ, мақолаҳои илмӣ ва корҳои методӣ  ёфтаанд. Дар ин ҷода ба хусус саҳми олимони кафедра, профессор, марҳум  Усмонов О.У., ёдашон ба хайр, академик М.А. Маҳмудов, профессорон Ш.К. Ѓаюров ва Ш.Т. Тағойназаров  назаррасанд. Онҳо дар таҳияи ва қабули  қисмҳои 1-3 Кодекси нави граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд. Илова бар ин, аъзоёни кафедра дар гурӯҳҳои гуногуни корӣ оид ба омода намудани лоиҳаҳои қонунҳо, тафсир ба онҳо ва дигар чорабиниҳои такмили қонунугузарии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудаанд.

Дар  соли 2012 аъзоёни кафедра 1 китоби дарсӣ, 6 монография, 3 васоити таълимӣ ва зиёда аз 30 мақола интишор намуданд.

[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Фаъолияти омӯзгорӣ” tab_id=”1584393152416-831da11d-dde7″][vc_column_text]Фанҳои таълимӣ:

  • Ҳуқуқи гражданӣ;
  • Ҳуқуқи римӣ;
  • Ҳуқуқи оилавӣ;
  • Ҳуқуқи манзил.

Фанҳои тахасусӣ:  

  • Уҳдадориҳои алиментии волидайн;
  • Уҳдадориҳое, ки дар натиҷаи расонидани зарар ба миён меоянд;
  • Проблемаҳои ҳуқуқи муаллифӣ;
  • Проблемаҳои вазъи ҳуқуқии субъектони ҳуқуқи гражданӣ;
  • Проблемаҳои ҳуқуқи моликият;
  • Проблемаҳои ҳуқуқи уҳдадорӣ;
  • Проблемаҳои ҳуқуқи мерос.

[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Оид ба фаъолият ва дастоварҳои кафедра” tab_id=”1584393152225-4fcf8839-501e”][vc_column_text]

ҲИСОБОТ

оид ба фаъолияти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли  таълимии 2016 – 2017

Муқаддима

Дар  фаъолияти худ кафедра нақшаи таълимиро риоя намуда ва тадқиқотҳои илмиро мувофиқи нақша мегузаронад. Ҳамзамон аъзоёни кафедраи ҳуқуқи гражданӣ дар давоми соли ҳисоботӣ дар коркарди якчанд лоиҳаҳои қонунҳо ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои раёсати донишгоҳ саҳми худро гузоштанд. Бо мақсади таъмини самаранокии фаъолият, аъзоёни кафедра  корҳои зайлро, ба монанди ҷалби мутахассисони пуртаҷриба аз амалия, бештар ва пурзур намудани иштироки устодони кафедра дар дарсҳои ҳамдигар, бо назардошти талаботҳои нави ҷамъиятӣ ва илми муосири ташаккулёбанда аз нав таҳия намудани мавзӯи рисолаҳои дипломӣ ва корҳои курсӣ, инкишоф додани усули дар дарсҳои семинарӣ истифода намудани маводҳои айёнӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ анҷом доданд. Бояд қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботи дастовардҳои қафедра назаррас буда фаъолияти онро дар маҷмӯ мусби арзёбӣ кардан мумкин аст.

 

Аъзоёни кафедра

Дар солҳои 2016 – 2017 дар кафедра 11 – нафар устодони штати ва 6 – нафар устодони ҳамкор (соатбайъ) сарбории кафедраро иҷро намуданд. Ҳоло устодони штатии  кафедра шахсони зерин мебошанд:

  1. Ѓаюров Ш.К. – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра;
  2. Тағойназаров Ш.Т. – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор;
  3. Ҳиматов Ҳ.Н. – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедра;
  4. Қурбонов Қ.Ш. – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент;
  5. Қурбоналиев Н. Ш. – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, муовини декан оид ба тарбия;
  6. Қосимов Ф.А. – номзади илмҳои ҳуқуқ, ассистент;
  7. Саидов Ҳ. М. – ассистент;
  8.  Соҳибов М. М. – ассистент;
  9.  Хоҷамуродов Д. Г. – ассистент;
  10.   Бобохонов Ҳ. З. – ассистент;
  11.  Маҳмудов Р. Н. – ассистент.

Устодони ҳамкор:

       1. Маҳмудзода М.А. – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, академик,

           раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

       2. Худоёрзода Б.Т. – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, раиси КМИР;

       3. Муртазоқулов Ҷ.С. – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

        4. Ѓаффорзода Илёсҷон – мудири Шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент;

       5. Қурбонов Қ.Б. – номзади илмҳои ҳуқуқ,  дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ;

       6. Сулаймонов Ф. С. – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмиллалии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳайати устодони штатии кафедра тағйирот ба миён наомад.  Мудири кафедра сармуҳарири маҷаллаи «Ҳаёти ҳуқуқӣ» буда (фармоиши ректор аз 12. 01. с. 2013, № 10 – 09) ва дар зери таҳрир онҳо 16 рақами ин маҷалла интишор гардид. Дар асоси қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ аз 28. 05. с. 2014 № 12/51 проф. Ѓаюров Ш. К. раиси бахши илмҳои ҳуқуқшиносии Шӯрои илм ва инноватсияи назди Вазорати маориф ва илми ҶТ мебошад.

 

Фанҳои кафедра

Дар солҳои  2016-2017 дар кафедраи ҳуқуқи гражданӣ дар номгӯи фанҳои таълимӣ ихтисор ба вуҷуд омад. Ҳоло дарсҳои лексионӣ ва семинарӣ аз фанҳои зерин гузаронида мешаванд:

  1. Ҳуқуқи гражданӣ қисми 1;
  2. Ҳуқуқи гражданӣ қисми 2;
  3. Ҳуқуқи гражданӣ қисми 3;
  4. Ҳуқуқи римӣ;
  5. Ҳуқуқи оилавӣ;
  6. Ҳуқуқии манзил;
  7. Ҳуқуқи иттилоотӣ.

 

Курсҳои махсус

  1. Проблемаҳои  ҳуқуқи ӯҳдадорӣ;
  2. Ўҳдадориҳое, ки дар натиҷаи расонидани зарар ба вуҷуд меоянд;
  3. Ҳуқуқи шартномавӣ;
  4. Моликияти зеҳнӣ ва ҳуқуқи патентӣ;
  5. Проблемаҳои ҳифзи ҳуқуқи меросӣ;
  6.  Ҳимояи ҳуқукҳои кудак ва занон дар ҳуқуқи оила;
  7.  Проблемаҳои вазъи ҳуқуқии субъектони ҳуқуқи гражданӣ.

Бояд қайд намуд, ки курсҳои махсус барои ҳамаҷониба омӯхтани тахассуси интихобгардида равона гардидаанд ва бештар хусусияти лексияҳои проблемавиро доранд. Номгӯи онҳо азнавшуда ва минбаъд бо тағйиротҳои қонунгузорӣ ва пешрафти илмӣ такмил дода мешаванд.

Сарбории таълимӣ

Сарбории таълимии устодони  кафедра дар асоси  фармоиши ректори донишгоҳ ва нақшаҳои таълимӣ таҳия ва тақсим карда шудаанд. Дар давоми соли таълимии 2016-2017 ҳайати устодони кафедраи ҳуқуқи гражданӣ сарбории таълимии риоя карда истодаанд. Аз ҷониби устодони штатии кафедра ба ғайр аз сарбории таълимии ба нақша гирифташуда, инчунин соатҳои таълимӣ ва дигар соатҳои иловагӣ иҷро  шуда истодаанд.

Ҷараёни таълим

Қисми асосии фаъолияти кафедраро мукаммалгардонӣ ва такмилдиҳии ҷараёни таълим ташкил медиҳад. Масъалаҳои ба такмилиҳии ҷараёни таълим вобаста, ба монанди услуби гузаронидани дарсҳои лексионӣ ва семинарӣ, тартиби қабули санҷиш ва имтиҳонҳо, пешбурди корҳои инфиродӣ бо донишҷӯён, ташкил ва гузаронидани маҳфилу коллоквиумҳо, гузаронидани санҷишҳои даврагӣ муттасил такмил дода шуда, зери назорати мудири кафедра, садорати факултет ва инчунин раёсати таълим  қарор дорад. Аз ҷониби кафедра назорати ҷараёни таълим ва мусоидат намудан барои мукаммалгардии он бо гузаронидани чорабиниҳои зайл таъмин карда мешавад:

  • Гуш кардан ва муҳокима намудани иҷрои нақшаи таълимии устодон ва услуби дарсгуии онҳо дар маҷлисҳои кафедра;
  • Дар дарсҳои ҳамдигар иштирок намудани устодони кафедра;
  • Гузаронидани дарсҳои кушод;
  • Бо маводҳои зарурии техникӣ ва айёни таъмин намудани кафедра.

Бояд қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар кафедра  маҷлисҳои кафедра гузаронида шуд.Устодони кафедра дар давраи ҳисоботӣ таҳти роҳбарии мудири кафедра ва дар чорчубаи нақшаи дар кафедра тасдиқгардида оид ба иштирок ба дарсҳои ҳамдигар, муттасил дар дарсҳои лексионӣ ва семинарии ҳамдигар иштирок намудан хулосаи аз ин дарсҳо бардоштаи худро дар маҷлисҳои кафедра муҳокима намуданд. Бояд гуфт, ки чунин шакли назорати ҷараёни таълим самаранок буда ва барои такмил додани кори методии устодон, санъати касбии дарсгуии онҳо мусоидат менамояд.

Заминаи таълимии кафедра ва кори илмии методӣ

Заминаи таълимии кафедра барои кафедра аҳамияти калон дошта, аз китобҳои дарсӣ, монографияҳо, барнома, нақшаҳои таълимӣ ва дигар маводҳои таълимӣ иборат аст. Вобаста ба фанҳои кафедра донишҷӯён пурра бо барномаҳои таълимӣ ва қисман бо китобҳои дарсӣ таъмин шудаанд. Дар давраи ҳисоботи чунин китоб ва васоити таълимӣ интишор шуданд: Маҳмудов М. Худоёров Б. Тафсири кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Нашри сеюм бо иловаҳо. Душанбе: «Эр – граф», 2010, 448с; Зоиров Ҷ. М. Бобоҷонов И. Ҳ. Бадалов Ш. К. Ҳуқуқи суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Дастури таълимӣ. Душанбе: «ЭР- граф», 2010. – 224с; Бобоҷонов И. Ҳ. Ҳимояи ҳуқуқҳои меросӣ дар суд. Воситаи илмию амалӣ. – Душанбе: «ЭР – граф», 2011. – 288с; Шохмахмадов Б. А. Курбонов К. Б. Тесты по предмету гражданского права. Часть 1. Душанбе, 2011. – 152с; Маҳмудов М. А. Бобоҷонов И. Ҳ. Бадалов Ш. К. Аҳмадҷонов И. Ѓ. Ҳуқуқи оилавӣ дар нақшаҳо. Васоити таълимӣ. – Душанбе: «ЭР – граф», 2011. – 176с; Ҳуқуқи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қисми 1. // Муҳаррирони масъул доктори илмҳои ҳуқуқ, проф., мудири каф. ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Ѓаюров Ш. К., номзади илмҳои ҳуқуқ, доцент Сулаймонов Ф. С. Душанбе: «Эр – граф», 2013, 320с; Ҳуқуқи гражданӣ. Қисми 2. Китоби дарсӣ. // Зери таҳрири мудири кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, проф. Ѓаюров Ш. К., номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Сулаймонов Ф. С. Душанбе: «Эр-граф», 2014. 434с; Ҳуқуқи гражданӣ. Қисми сеюм. Китоби дарсӣ / зери таҳрири Ш.Т. Тағойназаров. Душанбе, Mega-Print.- 2014.- 359с; Ҳуқуқи Римӣ: воситаи таълимӣ / Мураттибон Аҳмадҷонов И. Ѓ., Бадалов Ш. К., Ҳимматов Ҳ. Н. Душанбе: «Эр – граф», 2014. 140с; Қурбонов Қ. Ш. Ҳуқуқи гражданӣ. Қисми 1. Китоби дарсӣ. Душанбе: «Эр – граф», 2014. 488с;  Муртазоқулов Ҷ. С. васоити таълимии «Ҳуқуки гражданӣ. Қисми 1. Маҷмуаи масъалаҳо». Душанбе, ЭР – Граф, 2015, 212с; васоити таълимии «Ҳуқуки гражданӣ. Қисми 2. Маҷмуаи масъалаҳо». Душанбе, ЭР – Граф, 2015, 76с. нашри дуюм бо иловаҳо интишор гардид.

Дар давраи ҳисоботи Қурбонализода Н. Ш. васоити таълимии «Ҳуқуқи манзил» – ро интишор намуд (зери таҳрири докт. илмҳои ҳуқуқ, проф. Ѓаюров Ш. К. Душанбе, 2016. – 256с). Аз дот. Қурбонов Қ. Ш., Ѓаффорзода И. Ѓ.  китоби дарсии «Ҳуқуки гражданӣ. Қисми 1».- Душанбе, 2017. 504с. интишор гардид. Воситаҳои таълимии «Ҳуқуқи моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Точикистон» ва «Ҳуқуқи мерос» омодаи чоп мебошад. Китоби дарсии «Ҳуқуқи иттилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шуда истодааст.

 

Теъдоди умумии маводи илмӣ-методии интишоршудаи  ҳайати устодони кафедраи   ҳуқуқи граждании  дар с. 2010 – 2017:

Сол

Моногра-фияҳо

Китоби

дарсӣ

Воситаи

таълимӣ

Дастури

методӣ

Мақола

Фишурда

Хулосаи

ҳуқуқӣ

Ҳамагӣ

2010

3

3

3

2

12

6

2

31

2011

5

1

3

2

28

1

7

47

2012

14

3

4

9

24

0

14

68

2013

3

2

4

1

28

0

20

58

2014

4

3

4

0

66

0

12

89

2015

1

1

5

3

8

0

1

19

2016

1

1

1

6

24

0

4

37

 

Устодони кафедра мақолаҳои илмии худро дар  маҷаллаҳои илмӣ низ нашр намуданд. Устодони кафедра дар давраи ҳисоботӣ  мақолаҳои илмӣ ва фишурдаҳои илмиро ба чоп расониданд, ки далели ҷоннок будани фаъолияти илмию эҷодӣ дар кафедра мебошад. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки аъзоёни кафедраи ҳуқуқи гражданӣ иштирокчиёни доимии семинар ва конфронсҳои байналмиллалӣ ва дохилидавлатии аз ҷониби ташкилоту созмонҳои бонуфуз гузаронидашаванда мебошанд. Дар маҷмӯъ фаъолияти илмию эҷодии устодони кафдраи ҳуқуқи гражданиро дар самти мукаммал гардонидани заминаи таълимии кафедра мусбӣ арзёбӣ намудан мумкин аст.

Фаъолияти маҳфили илмии донишҷӯён

Дар давраи ҳисоботи фаъолияти маҳфили илмии донишҷӯён «Ҳуқуки маданӣ» ҷоннок буд. Маҳфил моҳе ду маротиба гузаронида шуда, дар ҳар як ҷамъомад ду маърӯзаи донишҷӯён гуш карда шуда, муҳокима мешуданд. Маърӯзаҳои беҳтарин барои конфронси апрелӣ тавсия шуданд.

Теъдоди умумии донишҷуёне, ки рисолаи дипломӣ менависанд 37н., аз онҳо 3н. донишҷуёни ғоибона дар дуюм маълумот ва 1н. дар шӯъбаи таҳсилоти умумӣ мебошанд.

Иштирок дар таҳияи санадҳои меъёри-ҳуқуқӣ  ва эҷоди тақриз

Ба мақолаҳои  Каландарзода М. С., «Механизм правовой защиты прав ребенка в Таджикистане», Меликов У. А. «Общая характеристика правовых проблем объектов гражданских прав в интернете» дар асоси дархости сармуҳаррири маҷаллаи «Паёми Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ», ба дисертатсияҳои номзадии  Н. И. Муминов «Правовое регулирование защиты прав потребителей образовательных услуг в сфере высшего профессионального образования по законодательству Республики Таджикистан»  –Душанбе, 2017. – 176с.,

Холмуродзода П. Х.  «Специфические особенности правового регулирования общей собственности в гражданском законодательстве Республики Таджикистан»  –Душанбе, 2017. – 190с. тақризҳо навишта шуд. Ба лоиҳаҳои таҳиянамудаи БМТ оид ба дигар намудани тартиби руёниш дар КГ ҶТ ва Қонуни ҶТ «Дар бораи муфлисшавӣ» (13. 01. 2017) ба ММК хулосаи ҳуқуқӣ пешиҳод гардид.

Кор бо аспирантон ва унвонҷӯён

Рисолаи номзадии унвонҷӯйи кафедра Саидов Ҳ. М. «Гражданско – правовые проблемы осуществления права граждан на водопользование по законодательству Республики Таджикистан». – Душанбе, 2016. – 178с., дар коркарди иловагӣ қарор дорад.

Рисолаи номзадии унвонҷуйи кафедра Холмуродзода П. Х.  «Специфические особенности правового регулирования общей собственности в гражданском законодательстве Республики Таджикистан»  – Душанбе, 2017. – 190с., дар кафедра муҳокима гардид ва барои коркарди иловагӣ равона шуд.

Корҳои тарбиявӣ

Бояд қайд намуд, ки барои устодони кафедраи ҳуқуқи гражданӣ дар доираи соатҳои куратории ҷудо карда шуда дар корҳои тарбиявии донишҷӯён захматҳои муайян кашида дар ин самт саҳмгузор мебошанд. Алалхусус заҳмати устодони кафедра дар ҷалби донишҷӯён ба маъракаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ назаррас аст.

 

Мудири кафедраи

ҳуқуқии гражданӣ,  профессор                                                                                             Ѓаюров Ш.К.

 

[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Ҳайати кадрӣ” tab_id=”1584393152049-2ff6cf68-eb9f”][cq_vc_accordion contentcolor=”#333333″][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Ғаюров Шукрулло Кароматуллоевич”]

Кафедраи ҳуқуқи гражданӣ

Мансаб:                                                                                          

Мудири кафедра

Унвони илмӣ: профессор

Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Ҳуқуқи граждании иттилоотӣ; Моликияти зеҳнӣ; молияи давлатӣ.

Мукофот ва унвон: Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикстон; Аълочии маориф


Шарҳи  мухтасари  ҳол

Маълумот:

олии ҳуқуқшиносӣ

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли  1997  рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои танзими ҳуқуқи гражданӣ аксионӣ корхонаҳои давлатӣ дар ҶТ» дифоъ кардааст

Дифои  рисолаи  докторӣ:

Соли 2010 рисолаи докторӣ  дар мавзӯи «Ҳуқуқи шахсии иттилоотии шаҳрвандон: проблемаҳои танзими ҳуқуқи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дифоъ кардааст

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 1990 то айни ҳол дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд 04. 11.1967 с.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Тағойназаров Шариф Тағойназарович”]

Кафедраи ҳуқуқи гражданӣ

Мансаб:  профессори кафедра

Унвони илмӣ: профессор

Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Ҳуқуқҳои шахсии ғайри молу мулкӣ; ҳуқуқи  моликият.

Мукофот ва унвон:  Ҳуқуқшиноси  шоистаи  Ҷумҳурии   Тоҷикистон; Аълочии  маорифи Ҷумҳурии   Тоҷикистон.


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:  олии  ҳуқуқшиносӣ

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 1992 рисолаи  докториашро дар мавзуи «Проблемаҳои граждании ҳуқуқҳои  ғайри молумулкии шаҳрвандони ИҶШС»

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 1963 то ҳанӯз ассистент, аспирант, дотсент, профессори ДМТ

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 12.07.1942 с.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Муртазоқулов Ҷамшед Саидалиевич”]

Кафедраи ҳуқуқи гражданӣ

Мансаб: Дотсенти кафедра

Унвони илмӣ: дотсент

Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Ҳуқуқи гражданӣ;  Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва кишоварзӣ

Мукофот ва унвон:

Медали «20 солагии Истиқлолияти ҶумҳурииТоҷикистон»; Аълочии маорифи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.


 

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1990-1995, факултети  ҳуқуқшиносии ДДМТ.

Дифои  рисолаи  докторӣ:

Соли 2012 рисолаи докториашро дар мавзуи «Масоили ҳуқуқи граждании ташкил ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар Тоҷикистон»дифоъ намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 1995 то айни ҳол  дар факултети ҳуқуқшиносӣ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 04.05.1972 с.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Ҳимматов Ҳабибулло Неъматуллоевич”]

Кафедраи ҳуқуқи гражданӣ

Мансаб: дотсент

Унвони илмӣ: дотсент

Дараҷаи илмӣ: н.и.ҳ.

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи корпоративӣ

Мукофот ва унвон: –


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1993 – 1998 донишҷӯи факултети  ҳуқуқшиносии ДДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2008 рисолаи номзадӣ дар мавзуи «Проблемаои батанзимдарории уқуқии муносибатҳои молу мулкии ҳамсарон (тибқи маводҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон)»дифоъ карда шуд.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 1998 инҷониб дар факултети ҳуқӯқшиносии  ДМТ

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 18.01.1972 с.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Ғанизода Умед Ғанӣ”]

Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ

Мансаб: ассистенти кафедра

Унвони илмӣ: ассистент

Дараҷаи илмӣ:

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назорати прокурорӣ, далел ва исботкунӣ, криминология

Мукофот ва унвон: надорад


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

аз соли 2011 то 2016 донишҷӯи ДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ:

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

аз соли 2016 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ кору фаъолият менамояд

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

25.05.1993 сол таваллуд шудааст

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Курбонов Қобил Шарифбоевич”]

Кафедраи ҳуқуқи гражданӣ

Мансаб:                                                                                      

Дотсенти кафедра

Унвони илмӣ: дотсент

Дараҷаи илмӣ: н.и.ҳ.

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Ҳуқуқи гражданӣ. Ҳуқуқи моликият

Мукофот ва унвон: –


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

2000 – 2005 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2010 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Падидаи ба дастоварандаи бовиҷдон дар ҳуқуқи гражданӣ» дифоъ кардааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 2005 инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд:  09.06.1983 с.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Аҳмадҷонов Илёсҷон Ғаффорович”]

Кафедраи ҳуқуқи гражданӣ

Мансаб: Муаллими калони кафедра

Унвони илмӣ:

Дараҷаи илмӣ:

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Ҳуқуқи гражданӣ. Проблемаҳои муомилоти граждании объектҳои моликияти зеҳнӣ.

Мукофот ва унвон: –


Шарҳи  мухтасари  ҳол

Маълумот: олии ҳуқуқшиносӣ

Дифои рисолаи номзадӣ: 

Дар мавзӯи «Танзими шартномавии проблемаҳои муносибатҳои ҳуқуқии муаллифӣ» тадқиқоти илмӣ бурда истодааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

С 2009г. по настоящее время ассистент, аспирант, старший преподаватель ТНУ

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд 08. 12. 1987 c.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Қурбоналиев Нурулло Шамсулоевич”]

Кафедраи ҳуқуқи гражданӣ

Мансаб:                                                               

Ассистенти кафедра

Унвони илмӣ: –

Дараҷаи илмӣ: –

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Ҳуқуқи гражданӣ. Проблемаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои Граждании кӯдак

Мукофот ва унвон: –


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

2005-2010 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ

Дифои рисолаи номзадӣ: Дар мавзӯи « Проблемаҳои  назариявии ҳимояи ҳуқуқҳои кудак дар муносибатҳои ҳуқуқии граждании иттилоотӣ».

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 2010 инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии  ДМТ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

17. 03 соли 1988 таваллуд шудааст.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Қосимов Фаррух Абдумуъминович”]

Кафедраи ҳуқуқи гражданӣ

Мансаб: Ассистенти кафедра

Унвони илмӣ: –

Дараҷаи илмӣ: –

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Ҳуқуқи гражданӣ. Проблемаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои граждании саҳмдорон

Мукофот ва унвон: нет


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

2005-2010 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ:

Дар мавзӯи «Проблемаҳои ҳифзи ҳуқуқу уҳдадориҳои  гражданӣ ва иттилоотии ҷамъиятҳои  саҳомӣ» тадқикот бурда истодааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 2010 инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии  ДМТ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

27.10 соли 1987 таваллуд шудааст

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Саидов Ҳуснуддин Миршакарович”]

Кафедраи ҳуқуқи гражданӣ

Мансаб: Муовини декан оид ба тарбия

Унвони илмӣ: номзади илмхои хукук

Дараҷаи илмӣ:

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Ҳуқуқи гражданӣ. Проблемаҳоигражданӣ – ҳуқуқии амалишавии ҳуқуқи шаҳрвандон ба истифодаи об.

Мукофот ва унвон:


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот: 2006-2011, донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ: Рисолаи номзадии худросоли 2018 дар мавзуи «Проблемаҳои гражданӣ – ҳуқуқии амалишавии ҳуқуқи шаҳрвандон ба истифодаи об мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дифоъ намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Аз соли 2011 инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият дорад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол: 18. 08. соли 1988 таваллуд шудааст.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Хоҷамуродов Дустмурод Гулмуродович”]

Кафедраи ҳуқуқи гражданӣ

Мансаб: ассистенти кафедра

Унвони илмӣ: ассистент

Дараҷаи илмӣ: 

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

“Масъалаҳои ҳуқуқи граждании хизматрасонии байторӣ дар ҶТ”

Мукофот ва унвон: надорад


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот: аз соли 2008 то 2013 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ: 

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:

Аз 2013 то 2014 мудири кабинети таълимии  кафедраи ҳуқуқи гражданӣ,

аз соли 2014 то инҷониб ассистенти факултети ҳуқуқшиносии ДМТ мебошад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

08.03.1990 таваллуд шудааст

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Бобохонов Ҳамза Зиёратшоевич”]

Кафедраи ҳуқуқи гражданӣ

Мансаб: ассистенти кафедра

Унвони илмӣ: ассистент

Дараҷаи илмӣ: 

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

ҳуқуқи гражданӣ

Мукофот ва унвон: надорад


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот: аз соли 2009 то 2014 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ: 

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:

аз соли 2014 то инҷониб ассистенти факултети ҳуқуқшиносии ДМТ мебошад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

29.01.92 таваллуд шудааст

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Соҳибов Муҳаммадҷон Маҳмадалиевич”]

Кафедраи ҳуқуқи гражданӣ

Мансаб: ассистенти кафедра

Унвони илмӣ: ассистент

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

«Проблемаҳои танзими гражданӣ – ҳуқуқи иҷораи қитъаи заминҳои таъиноти кишоварзӣ»

Мукофот ва унвон: надорад


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот: аз соли 2008 то 2013 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ: 

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:

аз соли 2013 то инҷониб ассистенти факултети ҳуқуқшиносии ДМТ мебошад.

Санаи таваллуд: 2.09.90

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Маҳмудов Рустам Насруллоевич”]

Кафедраи ҳуқуқи гражданӣ

Мансаб: ассистенти кафедра

Унвони илмӣ: ассистент

Дараҷаи илмӣ: 

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Баъзе аз масъалаҳои мансубияти иттилоот оид ба сирри бонкӣ

Мукофот ва унвон: надорад


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот: аз соли 2008 то 2013 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ: 

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:

аз соли 2015 то инҷониб ассистенти факултети ҳуқуқшиносии ДМТ мебошад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

28.01.90 таваллуд шудааст

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Султонова Дилрабо”]

Кафедраи ҳуқуқи гражданӣ

Мансаб: ассистенти кафедра

Унвони илмӣ: ассистент

Дараҷаи илмӣ: 

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Мукофот ва унвон: надорад


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот: аз соли 2013 то 2018 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ: 

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:

аз соли 2018 то инҷониб ассистенти факултети ҳуқуқшиносии ДМТ мебошад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

01.01.96 таваллуд шудааст

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Ҷураев Азимҷон Шокирҷонович”]

Кафедраи ҳуқуқи гражданӣ

Мансаб: ассистенти кафедра

Унвони илмӣ: ассистент

Дараҷаи илмӣ: 

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Мукофот ва унвон: надорад


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот: аз соли 2013 то 2018 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ: 

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:

аз соли 2018 то инҷониб ассистенти факултети ҳуқуқшиносии ДМТ мебошад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

15.03.95 таваллуд шудааст

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Ҷураев Азимҷон Шокирҷонович”]

Кафедраи ҳуқуқи гражданӣ

Мансаб: ассистенти кафедра

Унвони илмӣ: ассистент

Дараҷаи илмӣ: 

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Мукофот ва унвон: надорад


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот: аз соли 2013 то 2018 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ: 

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:

аз соли 2018 то инҷониб ассистенти факултети ҳуқуқшиносии ДМТ мебошад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

15.03.95 таваллуд шудааст

[/cq_vc_accordion_item][/cq_vc_accordion][/vc_tta_section][/vc_tta_accordion][cq_vc_separator title=”История” bgcolor=”#333333″ fontcolor=”#ffffff”][/vc_column][/vc_row]