Кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ

[vc_row][vc_column width=”1/4″][vc_widget_sidebar sidebar_id=”td-td_demo_category”][/vc_column][vc_column width=”3/4″][vc_column_text]

Мудири кафедра — д.и.ҳ., профессор, Сотиволдиев Рустам Шарофович
Суроға: 735000, ш. Душанбе, куч. Буни Ҳисорак, бинои 11, ошёнаи 4, утоқҳои 512, 518.
Телефон: 224-69-29
E-mail: kafedra.120001tj@mail.ru

[/vc_column_text][cq_vc_separator title=”” bgcolor=”#333333″ fontcolor=”#ffffff”][vc_tta_accordion style=”modern” color=”sky” spacing=”1″ gap=”1″ active_section=”1″ no_fill=”true” collapsible_all=”true”][vc_tta_section title=”Расмҳои устодони кафедра” tab_id=”1584072122092-97ea2257-0d35″][vc_column_text]

[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Таърих” tab_id=”1584072225856-b51c62e7-4dbd”][vc_column_text]

   Кафедра соли 1948 таъсис дода шудааст. Дар он хатмкардагони донишгоҳҳои Маскав, Ленинград ва Донишкадаи ҳуқуқии Харьков – В.Г. Гранберг, В.М. Лутский, Р.С. Гимпелевич, Л.С. Явич ва дигарон кор кардаанд. Нахустин мудири кафедра В.Г. Гранберг (1948-1958) буд. Баъдан роҳбарии онро В.М. Лутский (1958-1959), дотсентон Р.С. Гимпелевич (1959-1974), Ҳасанов С.Ҳ., Ҳамидов Х.Ҳ., Азизқулова Г.С.,  профессор Тоҳиров Ф. Т. бар ӯҳда доштанд. Дар  айни замон мудири ин кафедра доктори илмҳои ҳуқукшиносӣ, профессор Сотиволдиев Р.Ш. мебошад.  

   Саҳми кафедра дар омода намудани кадрҳои илмӣ калон аст.

Дар заминаи кафедра солҳои 1970-ум Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дифои рисолаҳои номзади ифтитоҳ ёфт, ки раиси онро ректори ҳамонвақтаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, академик С.А. Раҷабов бар ӯҳда дошт. Таҳти роҳбарии ӯ С.М. Қосимов, А.М. Мавлонов, Ш.Р. Розиқов, А.И. Имомов, Р.Х. Холиқов ва дигарон  рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд. Солҳои минбаъда дар кафедра олимони тоҷик академик Тоҳиров Ф.Т., дотсент Ҳасанов С.Ҳ., профессор Сотиволдиев Р.Ш., дотсентон Холиков Р.Х., Бобоназарова О.Б. Ҳамидов Х.Х., Алиев З.М., Зимина —, Азизкулова Г.С., Холиқов А.Ѓ., кору фаъолият намуданд ва ба натиҷаҳои  нави илмӣ расиданд, аз ҷумла устодони кафедра Тоҳиров Ф.Т., Сотиволдиев Р.Ш., Азизқлова Г.С. Алиев З.М., Ҳамидов Х.Х. Бобоназарова О.Б., Холиков А.Ѓ. дар шаҳрҳои Маскав, Алмаато, Тошкент рисолаҳои номзадӣ ва докториро ҳимоя намуданд. Пас аз соҳибихтиёр гаштани Тоҷикистон Шӯрои нави диссертатсионӣ таҳти роҳбарии профессор Тоҳиров Ф.Т. ташкил шуд, ки дар он шумораи зиёди  муҳақкиқони имрӯзаи Тоҷикистон (Сафаров И.Д., Холиқов А.Ѓ., Насриддинзода Э.С., Азизов У.А., Камолов И.И.,  Шодиев И.Р., Куканов А.З., Раҷабов Р.М., Сулаймонов Ф., Бобоев У., Қурбонов Қ,, Бобокалонов Ѓ, ва дигарон) рисолаҳои номзадиро ҳимоя намуданд. Кафедра, ба хусус академик Тоҳиров Ф.Т. дар омода намудани кадрҳои илмӣ барои кафедраҳои дигари факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, инчуин донишгоҳхои дигари чумхурӣ сахми калон дорад. Дар айни ҳол дар кафедра устодони собиқадори пуртаҷриба академик Тоҳиров Ф.Т., профессор Сотиволдиев Р.Ш. (мудири кафедра), дотсентон Холиқов Р.Х., Азизқулова Г.С., Сафаров И.Д., Насриддинзода Э.С.,  Азизов У.А., Камолов И.И.,  Шодиев И.Р.,   н.и.ҳ, ассистент   Куканов А.З., Хоҷаев Ш.Ш. (ассистент)  кору фаъолият мекунанд.

[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Фаъолияти илмӣ” tab_id=”1584072253901-5e3361b2-2078″][vc_column_text]

     Кафедра дар самти қонуниятҳои умумии ташаккул, инкишоф ва амали давлат ва ҳуқуқ, проблемаҳои умуминазариявӣ ва таърихӣ-ҳуқуқии инкишофи  давлативу ҳуқуқии Тоҷикистон фаъолияти илмӣ меборад. Дар доираи  самти зикршуда устодони кафедра таҳти роҳбарии илмии академик Тоҳиров Ф.Т. ва профессор Сотиволдиев Р.Ш. оид ба проблемаҳои ташаккулу инкишоф, самтҳо ва дурнами рушди низоми давлативу ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ҷахонишавӣ ва хамгироии ҳуқуқӣ,  аз ҷумла инкишофи фаҳмиши давлат ва ҳуқуқи муосир, низоми ҳуқуқ, низоми ҳуқуқӣ, низоми қонунгузорӣ, мураттабсозӣ, кодификатсия ва техникаи қонунгузорӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқӣ фаъолияти илмиро анҷом медиҳад. Аз ҷониби устодони кафедра шумораи зиёди монографияиҳои илмӣ, мақолаҳои илми нашр шудаанд.  Ҳамчунин бо мақсади таъмин ва такмили раванди таълим бо қалами устодони кафедра якчанд китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ доир ба ҳамаи фанҳои таълимии кафедра нашр шудаанд.

   Дар ташкилу рушди кафедра сахми акдемик С.А. Раҷабов, дотсент Гимпелевич Р.С.,  академик Тохиров Ф.Т., дотсент Холиқов Р.Х.,  профессорон Сотиволдиев Р.Ш., Насриддинзода Э.С., дотсентон Хамидов Х.Х., Бобоназарова О.Б., Зимина—-, Азизкулова Г.С., Алиев З.М., Сафаров И.Д.,  саҳм гузоштаанд. Айни замон дар инкишофи кафедра олимони ҷавон, дотсентон Азизов У.А., Камолов И.И., Шодиев И.Р. н.и.ҳ., Куканов А.З. саҳм гузошта истодаанд.

Бо мақсади таъмини раванди таълим дар кафедра  фанҳои «Назарияи давлат ва ҳуқуқ», «Таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ», «Таърихи давлат ва ҳуқуқи  Тоҷикистон», «Проблемаҳои назарияи давлат ва ҳуқуқ», «Таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ», инчунин  фанҳои тахассуси «Низоъшиносии ҳуқуқӣ», «Проблемаҳои тарбияи ҳуқуқӣ», «Фаъолияти қонунгузорӣ: паҳлуҳои назариявӣ-амалӣ», «Сарчашмаҳои ҳуқуқ»  омӯхта мешаванд

Кафедраи мазкур – кафедраи умуминазариявии факултети ҳуқуқшиносӣ буда, дар омода намудани кадрҳои ҳуқуқшинос барои  сохаҳои гуногуни амалияи ҳуқуқшиносӣ аз ҷумла фаъолияти қонунгузорӣ, ҳуқуқэҷодкунӣ, қонунэҷодкунӣ, мураттабсозии қонунгузорӣ, техникаи қонунгузорӣ, идораи давлатӣ, ҳуқуқтатбиқсозӣ, тарбияи ҳуқуқӣ ва ғ., инчунин тарҳрезӣ ва амалӣ намудани сиёсати ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳми калон дорад. Донишҳои умуминазариявӣ дар фаъолияти минбаъдаи ҳуқуқшиносон дар мақомоти давлатӣ, идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо зимни пешбурди фаъолияти амалии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа  васеъ истифода мешавад.

[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Фаъолияти омӯзгорӣ” tab_id=”1584072284699-6851c30d-54dd”][vc_column_text]

Фанҳои таълимӣ:

  • Назарияи давлат ва ҳуқуқ;
  • Таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ;
  • Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон;
  • Проблемаҳои назарияи давлат ва ҳуқуқ;
  • Таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ;

Фанҳои тахасусӣ:

  • Низоъшиносии ҳуқуқӣ;
  • Проблемаҳои тарбияи ҳуқуқӣ;
  • Фаъолияти қонунгузорӣ: паҳлуҳои назариявӣ-амалӣ;
  • Сарчашмаҳои ҳуқуқ».

[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Оид ба фаъолият ва дастовардҳои кафедра” tab_id=”1584094067568-65efbbbb-9af6″][vc_column_text]

Ҳисобот

оид ба фаъолияти кафедраи назарияи давлатва ҳуқуқ

Кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ аз ҷумлаи нахустин кафедраҳо дар факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ ба шумор меравад. Шумораи олимон ва кормандони кафедра  10 нафарро ташкил медиҳанд. Дар кафедра бо фаъолияти илмӣ-татқиқотӣ 3 доктори илми ҳуқуқшиносӣ, аз он ҷумла  як академик (Тохиров Ф.Т.), ду профессор (Сотиволдиев Р.Ш.,  Насриддинзода Э.С.) 4 нафар дотсентон (Азизкулова Г.С., Камолов И.И., Шодиев И.Р. Куканов А.З.), аз он ҷумла як нафар зан (Азизкулова Г.С.), як нафар  н.и.ҳ., ассистент (Хоҷаев Ш.Ш.) ва ду нафар аспиранти шуъбаи ғоибона (Шарифзода С.Ш. Ибрагимов Д.К.,) машғуланд. 4 нафар унвонҷӯй  (Солиева Н., Алимова Ш., Саидзода К., А.Ѓ. Холиқзода, Каҳҳоров М.) таҳти рохбарии профессор Сотиволдиев Р.Ш.  фаъолияти илмӣ-татқиқотӣ мебаранд. Синну соли миёнаи олимон ва кормандони  кафедра  25-55 мебошад.  Кафедра  тибқи самти илмии зерин  кор мекунад: Самт: Қонуниятҳои умумии инкишофи ҳаёти давлатию ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо, хатарҳо ва таҳдидҳои нави глобалӣ». Проблемаи илмии кафедра: «Проблемаҳои таърихӣ-назариявии давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ». Мавзӯи илмии кафедра: «Заминаҳои таърихӣ-тамаддунӣ, ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳаёти давлатию ҳуқуқии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳимояи манфиатҳои миллӣ, муқовимат ба таҳдидҳову хатарҳои глобалӣ». Роҳбарони илмӣ: академик Тоҳиров Ф.Т. ва  профессор Сотиволдиев Р.Ш. Дар кафедра се нафар аспирантони шуъбаи ғоибона (Шарифзода  С.Ш., Ибрагимов Д.К. Шарипова М.) таҳти роҳбарии проф. Сотиволдиев Р.Ш. фаъолияти илмӣ мебаранд.

Дар давраи  ҳисоботӣ  аз чониби устодони кафедра 6 монографияи илмӣ, 29 мақолаи илмӣ, як васоити таълимӣ нашр шуданд.  Дар кафедра мудири кафедраи ҳуқуқи инсонва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ Азизов У.А. ва устоди ҳамин кафедра, вакили парлумон Сафаров Б.А. диссертатсияҳои докториашонро анҷом дода, ҳимоя намуданд. Диссертатсияи доктории дотсенти кафедра Камолов И.И. низ анҷом дода шуда, ҳимояи он баргузор гардид, вале тасдиқи он мавқуф гузошта шуд. Таҳти роҳбарии  профессор Сотиволдиев Р.Ш. диссертатсияи номзадии аспиранти шуъбаи ғоибонаи кафедра Хоҷаев Ш.Ш. 19. 02. 2016 ва унвонҷуй Исмоили Алиакбар 26.02.2016 ҳимоя карда шуд. Ҳар ду рисолаи номзадӣ аз тарафи КОА ФР тасдиқ шуд.

Профессорон Сотиволдиев Р.Ш., Насриддинзода Э.С., дотсентон Азизкулова Г.С., Камолов И.И., н.и.ҳ.,аъзои Шӯрои олимони факултет мебошанд. Таҳти роҳбарии ассистент Шарифзода С.Ш., ҳоло Ибрагимов Д. маҳфили илмии донишҷуён  амал мекунад. Аъзоёни  маҳфил 35 нафарро ташкил медиҳанд. Ҷамъомади маҳфил моҳе ду маротиба гузаронида мешавад.  Дар онҳо маърӯзаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  баррасӣ мешаванд.

Тақриз ба диссертатсияҳо:

Сотиволдиев Р.Ш. Тақризи роҳбари илмӣ ба диссертатсияи номзадии Исмоили  Алиакбар. Сотиволдиев Р.Ш. Тақризи роҳбари илмӣ ба диссертатсияи номзадии Хоҷаев Ш.Ш. Сотиволдиев Р.Ш. Тақризи мушовири илмӣ ба диссертатсияи доктории Камолов И.И.

Марбут ба мавзӯъҳои кафедра дар кафедра  соли хониши 2015-2016 аз тарафи донишчуён 26 рисолаи дипломӣ  навишта шуд, ки ба ин адад рисолаихои дипломӣ аз тарафи устодони кафедра тақриз дода шудааст.

Кафедра бо  шӯъбаи  проблемаҳои назариявии  давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон , бо Академияи Вазорати корҳои дохили, кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи бизнес, сиёсат ва ҳуқуқи ш. Хуҷанд, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии (Россия-Тоҷикистон), Филиали Институти давлат ва ҳуқуқи АИ ФР дар ш. Саратов, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, донишгоҳи давлатии Маскав ҳамкории илмӣ дорад.

Маводи чопшуда:

  1. Сотиволдиев Р.Ш. Развитие международного права в творчестве персидско-таджикских мыслителей// Таджикистанский ежегодник международного публичного и частного права. Душанбе, 2016 с. 78-88
  2. Сотиволдиев Р.Ш. Гуманистический аспект качества закона// Современные тенденции развития науки и технологии. XII международная  научно-практическая конференция. 31 марта 2016г. Г. Белгород РФ. С. 100-112.
  3. Сотиволдиев Р.Ш. (в соавторстве с Кенджаевым Ш). Учение Джами о праве и государстве: монография. Душанбе-Худжанд 2016. 260с.
  4. Сотиволдиев Р.Ш. (в соавторстве с. Алиакбар Эсмаили) Развитие законодательной системы в период  вестернизации и исламизации Иранской правовой системы (XXв. –начало  XXIв.): монография. Душанбе, 2016. 200с.
  5. Сотиволдиев Р.Ш.  Ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ва аҳамияти он дар рушди давлати соҳибистиқлол: монография. Душанбе, 2016. 200с.
  6. Сотиволдиев Р.Ш. Механизм  противодействия коррупции: понятие и пути реализации//Научный вестник Волгоградского филиала РАНХ и ГС при Президенте  РФ. 2015. №2. С. 102-110.
  7. Сотиволдиев Р.Ш. Насриддинзода Э.С. ва диг. Общетеоретические проблемы государства и права в Таджикистане переходного периода: монография. Душанбе, 2016. С. 10.102.
  8. Сотиволдиев Р.Ш. Солеҳов М.А. Назарияи давлат ва ҳуқуқ.Маҷмуаи таълимӣ-методӣ. Душанбе, 2015. 302 с.
  9. Сотиволдиев Р.Ш. Информационно-аксиологическая функция  судебного конституционного контроля//Вестник конституционного суда  Республики Таджикистан. Душанбе, 2016. №1.-С. 51-61.
  10. Сотиволдиев Р.Ш. Режим противодействия коррупции: понятие, содержание и пути реализации//Осори Академияи  ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вып. 1 (29)._С.25-34.
  11. Сотиволдиев Р.Ш. Место юридической техники в системе теории государства и права//Осори Академияи  ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вып. 2 (30)._С.15-22.
  12. Сотиволдиев Р.Ш. Методологические подходы к соотношению понятиЙ «правовая политика» и «юридической политики» //Материалы межд.науч.практич. конф. на тему: «Правовая система  Республика Таджикистан и СНГ». Душанбе, 2016-235-23.
  13. Сотиволдиев Р.Ш. Права человека как критерий качества закона//Государствоведение и права человека. Душанбе, 2016 №1 (1).-С. 2-18
  14. Сотиволдиев Р.Ш.  Вклад персидско-таджикских мыслителей в развитие  восточной школы международного права //Правовая жизнь. 2016. №3 (15).-С 6-19
  15. Азизкулова Г.С. Рецензия на монографию  И.А. Мамадалиева «Россия и Средняя Азия: особенности колониально-административной системы управления во второй половине  XIX-начало   XX века». Изд-во «Ношир» Худжанд, 2013 г. 399с. //Ҳаёти ҳуқуқӣ. №1 (13) 2016. С.  147-155.
  16. Азизкулова Г.С. К вопросу о сохранении правовых социальных институтов в период Ахеменидской державы (в соавторстве) //Государствоведение и права человека. №1 (1) 2016. С. 35-41
  17. Азизкулова Г.С. К вопросу о защите прав граждан//Государствоведение и права человека. Душанбе, 2016 №1 с. 5-13.
  18. Куканов А.З. Политический режим как элемент формы государства//Вестник ТНУ. Душанбе, 2016. С. 180-186
  19. Куканов А.З. Понятие классификаций форм государственного устройства// Современные тенденции развития науки и технологии. XII международная  научно-практическая конференция. 31 марта 2016г. Г. Белгород РФ. С. 74-80.
  20. Куканов А.З. Становление и развитие президентской республики в Таджикистане //Государствоведение  и права человека. Душанбе, 2016 №1 С.26-35.
  21. Ибрагимов Д.К. Функция государства как фундаментальная категория  современного государствоведения // Современные тенденции развития науки и технологии. XII международная  научно-практическая конференция. 31 марта 2016г. Г. Белгород РФ. С.44-50.
  22. Насриддинзода Э.С., Сотиволдиев Р.Ш. ва диг. Общетеоретические проблемы государства и права в Таджикистане переходного периода: монография. Душанбе, 2016. С. 113-181.
  23. Насриддинзода Э.С., Тахиров Ф.Т. и др. Российскому теоретику и философу права В.П. Сальникову-70 лет»// Вестник Таджикского национального университета №2\3 (201) 2016.-С. 175-177
  24. Насриддинзода Э.С., Павленко Е.М. «Конституционная  культура и конституционное правосознание в современном обществе.//Государствоведение и права человека (1(1). 2006.
  25. Насриддинзода  Э.С. Фарҳанги ҳуқуқӣ: монография. Душанбе, 2016.-313с.
  26. Шарифзода С.Ш. Формы реализации функции государства// Современные тенденции развития науки и технологии. XII международная  научно-практическая конференция. 31 марта 2016г. Г. Белгород РФ. С.68-74.
  27. Шарифзода С.Ш. Проблемы классификации функции государства//Вестник ТНУ. Душанбе, 2016. С. 177-181
  28. Шарифзода С.Ш.  Таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ. Васоити таълими. Душанбе, 2016 133с.
  29. Шодиев И.Р. Конституционные основы самостоятельности судебной власти в Республики Таджикистан. Вестник Педагогического Университета
  30. Издание Таджикского государственного педагогического университета имени Садриддина Айни №1 (62-1), Д., 2015. С.92-100
  31. Шодиев И.Р. Современные тенденции развития судебной системы в Республике Таджикистан. Вестник Педагогического Университета

Издание Таджикского государственного педагогического университета имени Садриддина Айни №5 (66), Д., 2015. С.306-311.

  1. Шодиев И.Р. Особенности ликвидации судебных учреждений царской России на территории современного Северного Таджикистана в 1867-1924// Вестник Педагогического Университета
  2. Издание Таджикского государственного педагогического университета имени Садриддина Айни №5 (66), Д., 2015. С.318-321.
  3. Шодиев И.Р. Судебная власть в Республике Таджикистан: сущность и содержание// Вестник Педагогического Университета  Издание Таджикского государственного педагогического университета имени Садриддина Айни №6 (67), Д., 2015. С.294-298.

Натиҷаи корҳои илмӣ дар кафедра нишон дод, ки  устодони кафедра, аспиратон ва унвончӯён дар  соҳаи татқиқоти илмӣ фаъолона  ширкат мекунанд. Соли сипаришуда сатҳи илмии  мақолаҳо  нисбат ба солҳои пеш баланд шудааст,  устодони кафедра дар бахши  ширкат дар конференсияҳо фаъолтар шудаанд. Ҳамчунин  анъанаи навиштани китобҳои дарсӣ, ки солҳои тӯлонӣ дар кафедра ҷой дорад, соли сипаришуда идома дода шуд. Шумораи  докторон бе се нафар расиданд.

Айни хол бо иштиоки ҳамаи устодони кафедра васоити таълимии «Техникаи ҳуқуқӣ» омода шуда, дар ҳолати нашр қарор дорад.

Ассистентони кафедра, аспирантони шӯъьаи ғоибона Шарифзода С.Ш. ва Ибрагимов Д.К. рисолаҳои номзадии хешро дар нусхаи аввал ба итмом расониданд. Муҳокимаи рисолаи номзадии Шарифзода С.Ш. моҳи марти соли равон баргузор гардид. Муҳокимаи рисолаи номзадии Ибрагимов Д.К. моҳи оянда ба нақша гирифта шудааст.

Рисолаҳои номзадии унвонҷуёни кафедра Солиева Н.Ш. ва Саидов Ҳ. ба ҳимоя тавсия шудаанд. Дар ҷаласаи якҷояи кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ ва кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ рисолаҳои номзадии устодони кафедраи кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ Шоев Ф. ва Искандаров Ш. муҳокима гардида, барои такмили кор тавсия шуданд.

Фаъолияти таълим дар кафедра бо дарназардошти нақшаҳои нави таълим ба роҳ монда шудааст. Дар кафедра аз фанҳои «Назарияи давлат ва ҳуқуқ», «Таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатхои хориҷӣ», «Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон», «Таърихи афкри сиёсӣ ва ҳуқуқӣ», «Проблемаҳои назарияи давлат ва ҳуқуқ», «Техникаи ҳуқуқӣ», «Тарбияи ҳуқуқӣ», «Фаъолияти қонунгузорӣ», «Низоъшиносии ҳуқуқӣ» дарс дода мешавад. Фаъолияти таълим тибқи талаботи нави нақшаҳои таълимӣ, бо дарназардошти низоми таҳсили бисёрзина (бакалавр, магистр) ба роҳ монда шудааст. Соли ҷорӣ журнали электронӣ пеш бурда мешавад.

Кори тарбиявӣ дар кафедра тибқи нақшаҳои фаъолияти тарбиявӣ, санадҳои роҳбарияти донишгоҳ, дастуру супоришҳои давлат пеш бурда мешавад. Дар ин самт як қатор тадбирҳо анҷом дода шуданд. Чунончи, бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд мақолахои илмӣ нашр шуданд. Дар самти ҳимояи фазои иттилоотии ҷумҳурӣ низ мақолаи илмӣ нашр шуданд. Ҳамин гуна тадбирҳо дар самтҳои дигар низ амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, дар китоби дарсии «Назарияи давлат ва ҳуқуқ» бобҳо ва бандҳои нав дар бахши давлатдории миллии тоҷикон, таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва диг. пешбинӣ мешаванд. Омӯзиши анъанаҳои афкори миллӣ дар китоби дарсии «Таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ» дар назар дошта мешавад. Ҳамаи ин барои омӯзиши анъанаҳои давлатдории миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ аҳамияти калон дорад. Кафедра ҳамчунин дар таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», лоиҳаи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзид.

 

Мудири кафедра,

д.и.ҳ., профессор                                                                                             Сотиволдиев Р.Ш.

[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Ҳайати кадрӣ” tab_id=”1584094153993-da2daf0d-5cf9″][cq_vc_accordion contentcolor=”#333333″][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Сотиволдиев Рустам Шарофович”]

Кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ

Мансаб: мудири кафедра

Унвони илмӣ: профессор

Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Проблемаҳои умуминазариявии давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ҷаҳонишавӣ, назарияи давлати миллӣ, сиёсати ҳуқуқӣ, афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии форсу тоҷик.

Мукофот ва унвон:

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Точикистон.
Медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон».


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1979-1984,  факултети ҳуқуқшиносии ДДТ ба номи В.И. Ленин.

Ҳимояи рисолаи докторӣ: Соли 1999 рисолаи докториашро дар мавзӯи  « Афкори сиёсӣ ва ҳуқуқиии  Шарқи исломии аввали  қарни  вусто» дар Институти давлат ва ҳуқуқи АИ  Федератсияи Россия дифоъ намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 1984- ассистент, дотсент, профессор кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуки факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

05.12 1961  дар ш. Душанбе таваллуд шудааст.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Азизқулова Галина Сулаймоновна”]

Кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ

Мансаб: дотсенти  кафедра

Унвони илмӣ: дотсент

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Проблемаҳои назариявии давлат ва ҳуқуқ, ҷавобгарии ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ.

Мукофот ва унвон:

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Медал  «Барои меҳнати шоиста»


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1977-1982, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, факултети ҳуқуқшиносӣ.

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 1989 рисолаи номзадиашро бо номи «Таносуби ҷавобгарии маънавӣ ва ҳуқуқӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ» ҳимоя намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 1981 то айни ҳол ассистент, дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносӣ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

17.04.1959 дар ш. Панҷакент таваллуд шудааст.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин”]

Кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ

Мансаб: Декани факултети ҳуқуқшиносӣ

Унвони илмӣ: профессор

Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Проблемахои таърихӣ- назариявии давлат ва ҳуқуқ, аз чумла ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон.

Мукофот ва унвон: – Ордени “Шараф” дарачаи II, Аълочии Маорифи Тоҷикистон


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот таҷрибаи корӣ:

1983-1990 Донишгоҳи педагогии ба номи Т.Г. Шевченко ш. Душанбе.

1984-1986 Хизмат дар сафи Қуввахои мусаллахи ИҶШС

1990-2006 Ассистент, муаллими калон, мудири кафедраи хукукшиносӣ ва методикаи таълими хукукшиносии ДДОТ

2000-2003 Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии милли Тоҷикистон.

2003-2006 Унвонҷуи Институти давлат ва хукуки АИ ҶТ

2006  то ҳол Муаллими калон, дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети хукукшиносии ДМТ.

2007-2009 Муовини декани факултети хукукшиносии ДМТ оид ба тарбия

2009-2011 Муовини декани факултети хукукшиносии ДМТ оид ба таълим

2011 то ҳол Декани факултети хукукшиносии ДМТ

Ҳимояи рисолаи номзадӣ: Соли 2008  рисолаи номзадиашро бо номи «Ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар шароити пойдории давлати демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимоя намудааст.

Ҳимояи рисолаи докторӣ: Соли 2014  рисолаи докториашро дар мавзӯи «Ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар ҶТ дар шароишти тақвияти тафриқаҳои фарҳангӣ-тамаддунӣ: масоили назария ва амалия» ҳимоя намудааст.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

02.07.1966 сол  таваллуд шудааст

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин”]

Кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ

Мансаб: Муовини декан

Унвони илмӣ: Дотсент

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Проблемаҳои назариявии давлат ва ҳуқуқ, алалхусус сарчашмаҳои ҳуқуқи Точикистон, низоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол

Мукофот ва унвон: Нет


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1998-2003, факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ:

Мохи апрели соли 2009 рисолаи  номзадиашро дар мавзӯи  “Сарчашмаҳои ҳуқуқи Точикистон” ҳимоя намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 2004 то айни ҳол ассистент,  дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, муовини декан.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 14 .04.1981 с., н. Рудакӣ

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Шодиев Исматулло Рахматуллоевич”]

Кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ

Мансаб: муовини декани  факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба таълим.

Унвони илмӣ: Дотсент

Дараҷаи илмӣ: Номзади илмҳои ҳуқукшиносӣ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Проблемаҳои таърихӣ-ҳуқуқии инкишофи низоми  судӣ дар сарзамини таърихии тоҷикон, аз он ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлол.

Мукофот ва унвон: 


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1996-2001 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, факултети ҳуқукшиносӣ.

Ҳимояи рисолаи номзадӣ: Соли 2010 рисолаи номзадиашро бо номи «Инкишофи низоми суди дар Тоҷикистон (нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XXI) ҳимоя намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 2001 то инҷониб ассистент, дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

24.09.1979 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Азизов Убайдулло Абдуллоевич”]

Кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ

Мансаб: 

Унвони илмӣ: дотсент

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Самти фаъолияти илмӣ: Проблемаҳои таърихӣ-ҳуқуқии инкишофи қонунгузорӣ дар сарзамини таърихии тоҷикон, аз он ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлол.

Мукофот ва унвонҳо: 


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот: 1995-2000, Факултети ҳуқукшиносии ДМТ.

Ҳимояи рисолаи номзадӣ: Соли 2008 рисолаи номзадиашро бо номи “Инкишофи конунгузории ҷиноятии Точикистон  (солҳои 1961-2007)» ҳимоя намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: Аз соли соли 2008 то айни ҳол ассистент, дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

05.01.1978, дар ш. Кулоб таваллуд шудааст.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Куканов Айниддин Зайниддинович”]

Кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ

Мансаб: Раиси Шурои кураторони факултети ҳуқуқшиносӣ

Унвони илмӣ:

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Проблемаҳои назариявии давлат ва ҳуқуқ, аз чумла шаклҳои давлатдории Тоҷикистон.

Мукофот ва унвон: 


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1999-2004 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, факултети ҳуқуқшиносӣ.

Ҳимояи рисолаи номзадӣ:

Соли 2012 рисолаи номзадиашро бо номи «Шакли идоракунии давлати Тоҷикистон» ҳимоя намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 2006 то айни ҳол ассистенти кафедраи назария ва таърихи  давлат ва ҳуқуқи факульети ҳуқуқшиносии ДМТ, Раиси Шӯрои кураторони факултет.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

11.08.1981 дар ноҳияи Исфара таваллуд шудааст.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Хоҷаев Шуҳрат Шерафганович”]

Кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ

Мансаб: ассистенти кафедра

Унвони илмӣ: –

Дараҷаи илмӣ: Ассистент

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Фаъолияти қонунгузори ва техникаи қонунгузорӣ.

Мукофот ва унвон: –


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

2005-2010 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети ҳуқуқшиносӣ.

Ҳимояи рисолаи номзадӣ: Соли 2012 мавзуи  рисолаи номзадиаш бо номи «Техникаи қонунгузорӣ дар фаъолияти парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Шурои олимони факултет тасдик  шудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

2011 то айни ҳол ассистенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

24.04. 1987 дар ш. Кулоб таваллуд шудааст.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Ибрагимов Далер Қаюмович”]

Кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ

Мансаб: ассистенти кафедра

Унвони илмӣ: –

Дараҷаи илмӣ: ассистент

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Фаъолияти қонунгузори ва техникаи қонунгузорӣ.

Мукофот ва унвон: надорад


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

аз соли 2008 то 2013 донишҷӯи ДМТ, факултети ҳуқуқшиносӣ

Рисолаи номзадӣ: 

санаи 12.04.19 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Функсияи иттилоотии давлат ва амалӣ намудани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назария ва амалия» ҳимоя намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 2013 то инҷониб дар факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ кору фаъолият менамояд

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 04.05.1990

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Шарифзода Саъдӣ Шариф”]

Кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ

Мансаб: Муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ дар шуъбаи муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ) ва низоми таҳсилоти кредитӣ

Унвони илмӣ: ассистент

Дараҷаи илмӣ:

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Шаклҳои амалисозии функсияҳои давлати Тоҷикистон

Мукофот ва унвон: надорад

Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

Солҳои 2008-2013 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

Ҳимояи рисолаи номзадӣ: Рисолаи номзадиашро бо номи «Шаклҳои амалишавии функсияҳои давлати Тоҷикистон дар марҳилаи муосир» дар Шӯрои диссертатсионии КОА назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дифоъ намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 2013 инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносӣ фаъолияти илмӣ-педагогӣ мебарад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

7.02.1990 таввалуд шудааст

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Азимова Зебоҷон Муродалиевна”]

Кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ

Мансаб: ассистенти кафедра

Унвони илмӣ: –

Дараҷаи илмӣ: ассистент

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

«Санадҳои меъёрӣ коорпоративӣ дар механизми танзими ҳуқуқӣ: таҳқиқи ҳуқуқии умуминазариявӣ»

Мукофот ва унвон: надорад


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

2012-2017 донишҷӯи ДМТ

Рисолаи номзадӣ: 

аз соли 2017 то инҷониб дар мавзӯи «Санадҳои меъёрӣ коорпоративӣ дар механизми танзими ҳуқуқӣ: таҳқиқи ҳуқуқии умуминазариявӣ» тадқиқоти илмӣ мебарад.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

аз соли 2017 то инҷониб дар факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ кору фаъолият менамояд

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 04.11.1994

[/cq_vc_accordion_item][/cq_vc_accordion][/vc_tta_section][/vc_tta_accordion][cq_vc_separator title=”История” bgcolor=”#333333″ fontcolor=”#ffffff”][/vc_column][/vc_row]