Кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ

[vc_row][vc_column width=”1/4″][vc_widget_sidebar sidebar_id=”td-td_demo_category”][/vc_column][vc_column width=”3/4″][vc_column_text]

Мудири кафедра — н.и.ҳ., дотсент, Раҷабов Маҳмадёр Носирович
Суроға: 735000, ш. Душанбе, куч. Буни Ҳисорак, бинои 11, ошёнаи 4, утоқҳои 418, 419.
Телефон: 224-64-94
E-mail: inter.law@gmail.com

[/vc_column_text][cq_vc_separator title=”” bgcolor=”#333333″ fontcolor=”#ffffff”][vc_tta_accordion style=”modern” color=”sky” spacing=”1″ gap=”1″ active_section=”1″ no_fill=”true” collapsible_all=”true”][vc_tta_section title=”Таърих” tab_id=”1584072225856-b51c62e7-4dbd”][vc_column_text]Соли 1994 дар факултет кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ ташкил шуд, ки роҳбарии онро  аз лаҳзаи таъсис то  6 марти соли 2012  Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ш.М. Менглиев ба зимма дошт. Аз 6 марти соли 2012  то айни ҳол роҳбарии  кафедраро дотсент Раҷабов М.Н. ба  зимма дорад.  Кафедра ба донишҷӯён аз фаннҳои зерин таълим медиҳад: ҳуқуқи байналхалқӣ, ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ, муносибатҳои байналхалқӣ ва  сиёсати берунаи ҶТ, ҳуқуқи гумрукӣ, ҳуқуқи дипломатӣ, ҳуқуқи гражданӣ ва савдои мамлакатҳои хориҷӣ, ҳуқуқи аврупоӣ, ҳуқуқи байналхалқии инсондустӣ, танзими ҳуқуқии фаъолияти иқтисоди беруна ва ҳуқуқи байналхалқии гумрук. Дар  кафедра курсҳои махсус аз фаннҳои зерин дарс дода мешавад: ҳуқуқи байналхалқии иқтисодӣ, ҳуқуқи ташкилотҳои байналхалқӣ; ҳуқуқи байналхалқии асъор, ҳуқуқи шартномаи байналхалқӣ, асосҳои ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатӣ, баррасии баҳсҳои иқтисоди беруна дар судҳои ҳакамӣ  ва фанни интихобӣ ҳуқуқи байналхалқии обӣ.

Айни ҳол дар кафедра 1 доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, 6 номзади илмҳои ҳуқуқ, 4 дотсент,  ва  5 ассистент фаъолият мебаранд. Аз лаҳзаи таъсис то имрӯз устодони кафедра беш аз  400  кори илмӣ интишор намудаанд, ки аз он 12 монография, 5 китоби дарсӣ ва  20 воситаи таълимӣ мебошад.

Кафедра бо  ташкилотҳои байналхалқии байниҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ дар бахши  тарғибу ташвиқи донишҳои ҳуқуқи байналхалқӣ  ҳамкории зич дорад.

Устодони кафедра такмили ихтисосро дар мамлакатҳои хориҷи дуру наздик гузаштаанд. Чунончи, дотсент Раҷабов М.Н. такмили ихтисосро  дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Маҷористон, Япония, Полша, дотсент Бобоев У.Х. –  дар Федератсияи Россия,Япония, Ҷумҳурии Қирғизистон, Украина, Полша, ИМА,Туркия Афғонистон, дотсент Қодирқулов Х.Р. – дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Украина, Полша, дотсент Сулаймонов Ф. – дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Италия, ИМА, ассистент Салихов З.-  дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белорус, Олмон, ассистент Идиев Ф.Ф.- дар Федератсияи Россия. Ҳамаи устодон бо баромадҳо дар конференсияҳои ташкилнамудаи  давлатҳои  номбаршуда ширкат варзидаанд.

Ҳамчунин саҳми устодони кафедра дар таҳия ва тафсири  қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон, навиштани тақриз ба рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ, китобҳои дарсиву воситаҳои таълимӣ   назаррас аст. Чунончӣ устодони кафедра ба 20  рисолаи докторӣ ва беш аз  50  рисолаи номзадӣ тақриз навиштаанд. Аз ҷумла профессор Менглиев Ш.М. ба 14 рисолаи докторӣ ва 22 рисолаи номзадӣ, дотсентон Бобоев У.Х., Сулаймонов Ф.С. ба 5  рисолаи номзадӣ, дотсентон Раҷабов М.Н., Қодирқулов Х.Р.,Абдухолиқов А. ба 1 рисолаи номзадӣ муқарриз (оппонент) дар дохил ва хориҷи кишвар баромад кардаанд.

Ба қалами устодони кафедра асарҳои зерин – Ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ(Менглиев Ш.М.),  Таллофӣ намудани зарари маънавӣ (Менглиев Ш.М.), Баррасии баҳсҳои иқтисоди беруна (Менглиев Ш.М.), Ҳуқуқи инсон барои синфҳои 10 ва 11(Менглиев Ш.М. дар ҳаммуаллифӣ), Ҳуқуқи гуреза (устодони кафедра), Қонунгузории ҶТ ва Иттифоқи Аврупо оид ба ширкатҳо: таҳлили муқоисавӣ – ҳуқуқӣ(устодони кафедра), ҳуқуқи байналхалқӣ (устодони кафедра), Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ (дар  ҳаммуаллифӣ),  Тафсири илмӣ оммавии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҳаммуалифӣ), Ҳуқуқи байналхалқии обӣ (устодони кафедра), Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ( гуруҳи устодон), Ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ: тафсир ( Сулаймонов Ф.С.), Ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ: дар саволу ҷавоб( Сулаймонов Ф.С.), Ҳуқуқи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раҷабов М.Н.), Ҳуқуқи гражданӣ ва савдои мамлакатҳои хориҷӣ (Сулаймонов Ф.С.), Танзими ҳуқуқии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон(Бобоев У.Х., Салехов З.И.), Ҳуқуқи дипломатӣ ва консулӣ (Қодирқулов Х.Р.) ва ғ. таалуқ доранд.

Аз соли 1994 то имрӯз устодони кафедра зиёда аз 250 конференсияҳо, аз он ҷумла 90 конференсияи байналхалқӣ,  142 конференсияи ҷумҳуриявӣ ва дар 108 конференсияи донишгоҳӣ маърӯза кардаанд.[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Фаъолияти илмӣ” tab_id=”1584072253901-5e3361b2-2078″][vc_column_text]Кафедра бо  ташкилотҳои байналхалқии байниҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ дар бахши  тарғибу ташвиқи донишҳои ҳуқуқи байналхалқӣ  ҳамкории зич дорад.

Устодони кафедра такмили ихтисосро дар мамлакатҳои хориҷи дуру наздик гузаштаанд. Чунончи, дотсент Раҷабов М.Н. такмили ихтисосро  дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Маҷористон, Япония, Полша, дотсент Бобоев У.Х. –  дар Федератсияи Россия,Япония, Ҷумҳурии Қирғизистон, Украина, Полша, ИМА,Туркия Афғонистон, дотсент Қодирқулов Х.Р. – дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Украина, Полша, дотсент Сулаймонов Ф. – дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Италия, ИМА, ассистент Салихов З.-  дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белорус, Олмон, ассистент Идиев Ф.Ф.- дар Федератсияи Россия. Ҳамаи устодон бо баромадҳо дар конференсияҳои ташкилнамудаи  давлатҳои  номбаршуда ширкат варзидаанд.

Ҳамчунин саҳми устодони кафедра дар таҳия ва тафсири  қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон, навиштани таҳриз ба рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ, китобҳои дарсиву воситаҳои таълимӣ   назаррас аст. Чунончӣ устодони кафедра ба 20  рисолаи докторӣ ва беш аз  50  рисолаи номзадӣ тақриз навиштаанд. Аз ҷумла профессор Менглиев Ш.М. ба 14 рисолаи докторӣ ва 22 рисолаи номзадӣ, дотсентон Бобоев У.Х., Сулаймонов Ф.С. ба 5  рисолаи номзадӣ, дотсентон Раҷабов М.Н., Қодирқулов Х.Р.,Абдухолиқов А. ба 1 рисолаи номзадӣ муқарриз (оппонент) дар дохил ва хориҷи кишвар баромад кардаанд.

Ба қалами устодони кафедра асарҳои зерин – Ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ (Менглиев Ш.М.),  Таллофӣ намудани зарари маънавӣ (Менглиев Ш.М.), Баррасии баҳсҳои иқтисоди беруна (Менглиев Ш.М.), Ҳуқуқи инсон барои синфҳои 10 ва 11(Менглиев Ш.М. дар ҳаммуаллифӣ), Ҳуқуқи гуреза (устодони кафедра), Қонунгузории ҶТ ва Иттифоқи Аврупо оид ба ширкатҳо: таҳлили муқоисавӣ – ҳуқуқӣ(устодони кафедра), ҳуқуқи байналхалқӣ (устодони кафедра), Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ (дар  ҳаммуаллифӣ),  Тафсири илмӣ оммавии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ( дар ҳаммуалифӣ), Ҳуқуқи байналхалқии обӣ (устодони кафедра), Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ( гуруҳи устодон), Ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ: тафсир ( Сулаймонов Ф.С.), Ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ: дар саволу ҷавоб( Сулаймонов Ф.С.), Ҳуқуқи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раҷабов М.Н.), Ҳуқуқи гражданӣ ва савдои мамлакатҳои хориҷӣ (Сулаймонов Ф.С.), Танзими ҳуқуқии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон(Бобоев У.Х., Салехов З.И.), Ҳуқуқи дипломатӣ ва консулӣ (Қодирқулов Х.Р.) ва ғ. таалуқ доранд.

Аз соли 1994 то имрӯз устодони кафедра зиёда аз 250 конференсияҳо, аз он ҷумла 90 конференсияи байналхалқӣ,  142 конференсияи ҷумҳуриявӣ ва дар 108 конференсияи донишгоҳӣ маърӯза кардаанд.

Таълифоти устодони кафедра дар Россия, Эстония, Литва, Латвия, Арманистон, Ўзбекистон, Қазоқистон, Полша, Молдавия, Гурҷистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ ба табъ расидаанд. Кафедра бо як гурӯҳ олимони мактабҳои олии мамолики ИДМ, аз ҷумла бо кафедраи ҳуқуқи гражданӣ, тиҷоратӣ ва соҳибкории Донишгоҳи Давлатии Маскав ба  номи М.В. Ломоносов, кафедраи ҳуқуқи граждании Донишкадаи ҳуқуқшиносии Қазоқистон, кафедраи ҳуқуқи граждании Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи И.М. Мӯъминови АИ Ҷумҳурии Ўзбекистон, Донишгоҳи Бермени Ҷумҳурии Федеративии Олмон робитаҳои устувору судманди илмӣ барқарор намудааст. Аз соли 1981 то замони мо дар кафедра олимон М.И. Клеандров, Ш.М. Исмоилов, М.З. Раҳимов рисолаҳои докторӣ  ҳимоя кардааанд, Е.Н. Стрелникова, Н. Шонасридинов, С. Акрамов, Ф.М. Нодиров,  Ш.К. Ѓаюров, Р.Б. Бозоров,  Ѓ.М. Бобокалонов, А.Д. Ѓафуров, А.Р. Носиров, Н.Б. Носиров, рисолаҳои номзадии хешро бомуваффақият дифоъ намуданд.

Устодони кафедра дар кори даҳҳо семинар ва конфронсҳои илмию назариявӣ ва илмию амалии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ширкат варзида, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намудаанд.

Саҳми устодони кафедра дар қабули санадҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва такмили онҳо хеле калон аст. Дар таҳияи лоиҳаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоиҷикистон, модели Кодекси меҳнат  барои ИДМ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ», «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди моддӣ», «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ». «Дар бораи судҳои ҳакамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи арбитражи байналхалқии тиҷоратӣ» ва ғайра устодони кафедра М.З. Раҳимов, Н.Ш. Шонасридинов, Ш.К. Ѓаюров, Д.Ш. Сангинов саҳми калон  гузоштаанд.[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Фаъолияти омӯзгорӣ” tab_id=”1584072284699-6851c30d-54dd”][vc_column_text]Фанҳои таълимӣ:

  • Ҳуқуқи байналхалқӣ;
  • Ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ;
  • Муносибатҳои байналхалқӣ ва  сиёсати берунаи ҶТ;
  • Ҳуқуқи гумрукӣ;
  • Ҳуқуқи дипломатӣ;
  • Ҳуқуқи гражданӣ ва савдои мамлакатҳои хориҷӣ;
  • Ҳуқуқи аврупоӣ;
  • Ҳуқуқи байналхалқии инсондустӣ;
  • Танзими ҳуқуқии фаъолияти иқтисоди беруна;
  • Ҳуқуқи байналхалқии гумрук.

Фанҳои тахасусӣ:

  • Ҳуқуқи байналхалқии иқтисодӣ;
  • Ҳуқуқи ташкилотҳои байналхалқӣ;
  • Ҳуқуқи байналхалқии асъор;
  • Ҳуқуқи шартномаи байналхалқӣ;
  • Асосҳои ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатӣ;
  • Баррасии баҳсҳои иқтисоди беруна дар судҳои ҳакамӣ;
  • Ҳуқуқи байналхалқии обӣ.

[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Оид ба фаъолият ва дастовардҳои кафедра” tab_id=”1584094067568-65efbbbb-9af6″][vc_column_text]

Ҳисобот

 оид ба фаъолият ва дастовардҳои кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ  дар бахши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ,такмили раванди таълим ва вусъат додани корҳои тарбиявӣ дар соли 2018.

 

Мӯҳтарам Райс ва аъзоёни Шӯрои олимони  факултети  ҳуқуқшиносии ДМТ  ба маълумоти   Шумо  ҳисоботи фаъолияти кафедраи ҳуқуқи байналмилалиро   дар  соли 2018  вобаста ба самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, такмили раванди таълим ва вусъат додани корҳои тарбиявӣ  пешниҳод менамоям:

Дар бахши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ дар  соли 2018 зикр карданд зарур аст,ки  кафедра дар 2 масоил: «Проблемаҳои назариявии ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ», «Масъалаҳои назариявии  ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ» ва 2  мавзӯ «Масоили ҳуқуқии танзими коллизионии муносибатҳо бо унсури хориҷӣ», «Проблемаҳои танзими ҳуқуқии вазъи ҳуқуқии субъектони ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ»  таҳти роҳбарии илмӣ- номзадҳои илми ҳуқуқ, дотсентон Раҷабов М.Н. ва  Идиев Ф.Ф. кори илмиро анҷом дода истодаанд,  ки марҳилаи 3-юми  корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедраро ташкил медиҳанд.Дар соли 2018 устодони  кафедра   60 маводи илмӣ ва илмию методӣ нашр карданд, ки аз ҷумлаи онҳо  1 монография, 1воситаи таълимӣ, 1 тафсири қонун,  50 мақолаи илмӣ, 6 фишурда  мебошад. Дар маҷаллаҳои КАО  ҶТ ва ФР устодони кафедра  дар соли 2018    11 мақола нашр  намудаанд.Устодони кафедра  дар соли 2018 дар хориҷ(ФР ва Қазоқистон) 6 мақола нашр карданд ва ба 3 монография ва 2 рисолаи номзадӣ тақриз навиштаанд.

Дар пояи кафедра дар давраи ҳисоботӣ рисолаи номзадӣ  унвонҷӯ  Сиддиков Д. аз муҳокимаи кафедра гузашта ва барои дифоъ иҷозат гирифтааст.

Дар ин давра фаъолияти маҳфили илмии донишҷӯён «Дипломатони ҷавон» ҷоннок карда шуд, ки аз моҳи январ то июни соли 2018 9 ҷаласа бо қироати 22 маъруза ва аз сентябри то имруз 8 ҷаласа бо қироати 11 маъруза  баргузор  шудааст, ки дар маҷмӯъ  дар  соли 2018  17 ҷаласа ва 33 маърӯзаҳои донишҷӯён шунида шуд.  Роҳбари маҳфил ассистенти  кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ Қодиров Н.А. мебошанд.

Дар ин давраи ҳисоботӣ дар пояи кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ як   семинари илмӣ-назарияви устодони ҷавони кафедра   2 марти соли 2018 барпо карда шудааст, ки дар он устодони беунвон ва унвонҷуёну аспирантони  кафедра маърӯза кардаанд ва  тибқи нақшаи кории  кафедра   дарнақша аст,ки  моҳи декабри соли 2018 семинари илмӣ-назарияви  навбатии устодони ҷавони кафедра баргузор гардад .  Дар соли 2018  устодони кафедра бо беш аз 65 маъруза дар конференсияҳои сатҳи гуногун,аз ҷумла – 19 маърӯза дар конференсияи байналмилалӣ, – 28 маърӯза дар конференсияи ҷумҳуриявӣ,  18 маърӯза дар семинару миззи мудаввар ва сатҳи Донишгоҳӣ баромад кардаанд.  Устодон Раҷабов М.Н. (2 маротиба), Идиев Ф.Ф. (3 маротиба) ,Қодиров Н.А.(маротиба),Салихов З.И.(як маротиба), Саидов Ҳ.Х(як маротиба)дар телевизион баромад карданд ва устодон Раҷабов М.Н. , Сулаймонов Ф.С., Қодирқулов Х.Р.,Мирзоев А.М., Идиев Ф.Ф., Саломов И.И. дар рӯзномаҳои «Минбари ҳуқуқшинос» ва «Ҷумҳурият» мақола нашр кардаанд.

Дар ин давра баҳри мукаммалнамудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон устодони кафедра таклифу пешниҳодҳо ва хулосаҳои илмии хешро ба  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ва ғайра иброз ва ирсол намудаанд.

  1. Дар бахши корҳои таълим. Дар соли  ҳисоботии 2018  дар кафедра барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва омода намудани мутахассисони донишманд ва баландихтисос чораҳои судманд андешида шуда истодааст. Дарсҳо аз ҷониби устодон дар асоси сарбории таълимӣ бо назардошти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои фаннӣ таълим дода шудаанд.Тамоми чораҳо андешида шуд, ки устодон ва донишҷӯён аз маводҳои таълимӣ танқисӣ накашанд.  Дар соли  ҳисоботии 2018  воситаи таълимӣ  «Ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ» бори аввал бо забони давлатӣ  дар ҳаҷми 264 саҳифа тибқи нақшаи   садорат  нашр карда шуд ва  силлабусу тестҳо тибқи сарбории таълимӣ аз ҷониби устодони   дарсдиҳанда  таҳия  ва  ба донишҷуён дар шакли  хатию электронӣ пешниҳод карда шудааст.Дар соли хониши 2018-2019 дар нақша аст, ки тамоми барномаҳои  тадрисшавандаи  кафедра аз ҷониб устодон таҷдиди назар карда шавад,чунончӣ дар ҷаласаи охирони кафедра  барномаҳои таълимӣ аз фанҳои “Ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ”, “Ҳуқуқи байналмилалии гумрукӣ”,  “Асосҳои ҳуқуқии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  “ Ҳуқуқи  гумрукӣ”, “Баррасии баҳсҳои иқтисоди беруна дар судҳои ҳакамӣ” баррасӣ шудаанд ва барои омӯзишу баррасӣ ба Шӯрои методии факултет ирсол карда мешаванд.    Таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ дар курсҳои 3-5-уми шӯъбаи Муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ)-и факултети ҳуқуқшиносӣ ба шӯъбаҳои байналмилалии Вазорату идораҳои кишвар сафарбар карда мешаванд. Корҳои курсӣ, рисолаҳои хатм дар кафедра аз ҷониби донишҷӯён дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунанда омода гардида, аз ҷониби устодон қабул  карда мешавад.  Чунончӣ дар пояи кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ дар соли таҳсили  2017-2018  дар курси 2.03 гурӯҳҳои тоҷикиву англисӣ – 57 нафар кори курсӣ аз фанни “Ҳуқуқи байналмилалӣ”, курси 3.03 гурӯҳҳои тоҷикиву англисӣ – 59 нафар кори курси аз фанни “Ҳуқуқи Аврупо”, курси 4.03 гурӯҳҳои тоҷикиву англисӣ – 48 нафар кори курси аз фанни “Ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ”, курси 4.01 ихтисоси “Ҳуқуқи инсон ва муносибатҳои байналмилалӣ” –29 нафар кори курсӣ аз фанни “Ҳуқуки байналмилалӣ”ва дар курси 3.01 ихтисоси “Ҳуқуқи инсон ва муносибатҳои байналмилалӣ” аз фанни “Асосҳои ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатӣ” 52 нафар донишҷӯ кори курсӣ ҳимоя кардаанд. Рисолаи дипломӣ 10 нафар аз курси 3-юми маълумоти дуюм, 11  нафар аз ихтисоси “Ҳуқуқи инсон ва муносибатҳои байналмилалӣ”, 51 нафар донишҷӯён аз шӯъбаи “муносибатҳои байналмилалӣ (ҳуқуқ)” ва 11 рисолаи магистрӣ навишта дифоъ намуданд.

Дар низоми таҳсилоти кредитӣ низ қабули корҳои мустақилона бо роҳбарии устодон дар асоси санадҳои меъёрӣ дуруст ба роҳ монда шудааст.

  1.  Дар бахши корҳои тарбиявӣ.Бахши тарбия ҳамчун раванди мақсадноки ба воя расидани донишҷӯи бофарҳанг ва ватандӯст аз ҷониби устодон дар кафедра дуруст ба роҳ монда шудааст, ки дар иҷрои корҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
  2. Баргузор намудани дарсҳои тарбиявӣ аз ҷониби устодон. Дар айни ҳол дар кафедра  нафар устодон ба ҳайси сарпараст фаъолият менамоянд, ки боиси ифтихор аст.
  3. Навбатдорӣ дар кафедра, факултет  ва хобгоҳ.
  4. Иштирок дар чорабиниҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ.
  5. Фаъолият намудан ба ҳайси аъзо дар гурӯҳҳои тарғиботӣ ва ташфиқотӣ.
  6. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон.
  7. Иштироки фаъолона дар шанбегиҳо.

Пайваста дар чорабиниҳои сиёсии кишвар устодони кафедра  фаъолона ширкат варзида истодаанд.

Кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ  дар асоси меҳнати содиқонаи устодони кафедра  ба дастовардҳо ноил шудааст, ки имрӯз ҳайати онро 12 нафар омузгори штатӣ ва нафар омӯзгори соатбайъ ташкил медиҳанд, ки аз онҳо устодони штатӣ  7 нафар номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, (6 нафар дотсент), 1  муаллими калон ва чор  нафар омӯзгори бе унвони илмӣ мебошад.

Дар баробари ин ҳалли як қаттор масоил    ба сифату самаранокии  фаъолияти кафедра  мусоидат менамояд:

-ҷонноккардани дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ;

-тасмими кафедра аст,ки то охири соли хониш тамоми барномаҳои таълимии кафедраро таҳия, таҷдиди назар ва нашр намояд;

-бо дастрасии   имконият дар бахши  мусоидат ва кӯмак  намудан ба устодони ҷавон  оид ба такмили ихтиссос дар хориҷи кишвар;

-ҷалби  мутаххассисони маъруф  ва ҳамкорӣ бо онҳою  кафедраҳои муассисаҳои таълимию илмии хориҷӣ.

 

Мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ,            

н.и.ҳ., дотсент                                                                                                                                  Раҷабов М.Н.

30.10.2018

                                                            РЎЙХАТИ

корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ-методӣ дар кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ соли 2018 нашршуда

  1. 1.     Идиев Ф.Ф.  «Влияние Венской конвенции о дипломатических отношениях на правовую систему Республики Таджикистан в условиях глобализации» //Национальное  сознание в  праве и экономике в условиях глобализации: материли междунар. науч. прак. конф. преподавателей и студентов(Владимир,27 апреля 2017г.)/М-во образования и науки Рос. Федерации,  Владимирского Государственного Университета имени Александра Григорьевича  и Николая  Григорьевича Столетовых. Юрид. ин-т;[редкол.:О.Д.Третьякова и др.  ].-Владимир:Из-во «Шерлок-пресс»,2017.-С.38-46.
  2. 2.      Идиев Ф.Ф.  Масъалаи амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ дар Паём //Рузномаи «Минбари ҳуқуқшиносӣ»№19-20(73-76),29-уми декабри соли 2017-саҳифаи 29.
  3. 3.     Идиев Ф.Ф. Развитие таджикской дипломатии в период государственной независимости: международно-правовой и национально-правовой анализ// Известия Институт философии, политологии и права им. А.Баховаддинова Академии наук Республик Таджикистан№ 4(1)  С.210-216;
  4. 4.     Идиев Ф.Ф. Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Зери назари Раҳмон Озода Эмомалӣ, Душанбе: Ҷ.Д.М.М. «Балоғат», 2018.-104 саҳифа. (хаммуаллифМуаллифи  моддаҳои 11,12.)
  5. 5.  Қодирқулов Х.Р. К вопросу о применении коллизионного принципа закона места работы в регулировании трансграничных трудовых отношений // Вестник Таджикского национального Университета, № 2/10, 2017- С.231-237;(бо забони русӣ).
  6. 6.  Қодирқулов Х.Р. Классификация трудовых отношений с иностранным участием //Научно-практический журнал «Государствоведение и права человека» 3 (07), 2017.-С.128-132;
  7. 7.  Қодирқулов Х.Р. Нақши пешвои миллат дар баргардонидани гурезаҳои тоҷик ва таҳкими асосҳои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа //Минбари ҳуқуқшинос №11-12 (87-88) аз 26-уми июни соли 2018.
  8. 8.  Қодирқулов Х.Р. Применение принципа наиболее тесной связи  в сфере трансграничных трудовых отношений // Научно-информационный журнал «Правовая жизнь» (Ҳаёти ҳуқуқӣ) №3 (19) Душанбе 2017. -С. 97-102.
  9. 9.  Қодирқулов Х.Р. Содержание и  место основных принципов международного права в системе нормативно-правовых актов РТ // Актуальные проблемы междунарождного права и внешнеэкономической деятельносты: материалы IX междунар.науч.-практ.конф. преподователей и студентов (Владимир, 7-8 декабря 2017 г.)// М-во образования и науки Рос.Федерации, Владим.гос.ун-т им. Александра Григорьевича и Николая Григорьевича Столетовых, Юрид.ин-т; (редкол.: О.Д. Третьякова и др.). – Владимир:Издательство « Шерлок-пресс», 2018. –С.59-69.
  10. 10.   Қодирқулов Х.Р. Международно-правовое регулирование трудовых мигрантов в рамках Содружество Независимых Государств //Материалы республиканской научно-теоритической конференции профессорско-преподовательского состава и сотрудников ТНУ, посвященной Международному десиятилетию действия «Вода для устойчивого развития, 2018-2028 годы», «Году развития туризма и народных ремесел», «140-ой годовщине со дня рождения Героя Таджикистана Садриддина Айни» и «70-ой  годовщине со дня создания Таджикского национального университета». /Тезис/ –Душанбе: ТНУ. С.189-193.
  1. 11.  Қодиров Н.А.  Ваҳдат ва ҷавонон  // Маҷалаи Кумитаи ҷавонон варзиш:. Мақолаи беҳтарин дар соли 2017 26.12.2017
  2. 12.  Қодиров Н.А.  Одат дар низоми сарчашмаҳои ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ // Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон:. Маҷалаи илмӣ-амалӣ №1 (05) 2017 С.141-142
  3. 13.  Қодиров Н.А.  Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар низоми сарчашмаҳои ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ // Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон:. Маҷалаи илмӣ-амалӣ №1 (05) 2017 С.63-66
  4. 14.  Қодиров Н.А. Мафҳум ва моҳияти одатҳои байналмилалӣ-хусусӣ // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2018. №2/4.-Саҳ. 249-257.
  5. 15.   Қодиров Н.А. Обычаи и обыкновение в международном частном праве: соотношение и различие //Материалы республиканской научно-теоритической конференции профессорско-преподовательского состава и сотрудников ТНУ, посвященной Международному десиятилетию действия «Вода для устойчивого развития, 2018-2028 годы», «Году развития туризма и народных ремесел», «140-ой годовщине со дня рождения Героя Таджикистана Садриддина Айни» и «70-ой  годовщине со дня создания Таджикского национального университета». /Тезис/ –Душанбе: ТНУ. С.397-398.
  6. 16.   Кодиров Н.А.Система источников международного частного права в Республике Таддикистан//Правовая жизнь,№3(23),2018.-с.91-100.
  1. 17.  Мирзоев А.М. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ-заминаи рушди муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи истифодабарии об // Минбари ҳуқуқшинос, нашрияи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ  №16-18 (70-72). 24.11.2017 с. С. 18-19.
  2. 18.  Мирзоев А.М. Мавқеи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар муайяннамоии ҳуқуқи татбиқшаванда ба муносибатҳои шартномавӣ бо унсури хориҷӣ // Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон, маҷаллаи илмӣ-амалӣ №2 (06). 2017. С.138-139.
  3. 19.  Мирзоев А.М. Нақши  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар таҳкими муносибатҳои байналмилалии обӣ // Маводҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи: «Аҳамияти Иҷлосияи тақдирсози XVI-Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистоне дар таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди қонунгузорӣ» зери таҳрири н.и.ҳ. дотсент Раҳмон Д.С. Душанбе, 2017. С.82-87.
  4. 20.  Мирзоев А.М. Раҳоварди таърих ё анҷумане, ки ниҳоли душманӣ барканд // Ҷумҳурият, нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 230 (23 311), 10.11.2017 с. С. 1.
  5. 21.   Мирзоев А.М. Татбиқи меъёрҳои императивӣ дар танзими муносибатҳои шартномавӣ бо унсури хориҷӣ//Маводи конференсияи ҷумҳуриявиии илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ» ва «70-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон»./Тезис/ -Душанбе: Чопхонаи ДМТ.—С.396-397.
  6. 22.  Мирзоев А.М Проблемы применения оговорки о публичном порядке в договорных отношениях с иностранным элементом //Вестник ТНУ, 2018. №3.- С.198-203.
  7. 23.  Мирзоев А.М Проблемы применения  императивных норм вдоговорных отношениях с иностранным элементом // Вестник ТНУ. 2018. №4 -С. 236-241
  8. 24.  Мирзоев А.М. Коллизионное регулирование договорных отношений в международном частном праве //Развитие юридической науки в современных условиях:теория и практика: материалы VI международной научно-практической конференций(Душанбе,31 октября 2018г.).-Душанбе:РТСУ,2018.-С.231-237.
  9. 25.  Ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ: Воситаи таълимӣ /муҳаррирони масъул дотсентон М.Н. Рачабов ва А.М. Мирзоев Душанбе: Эр-граф,2018.-264 с.
  1. 26.  Раджабов М.Н. К вопросу о праве международных организаций// Актуальные проблемы междунарождного права и внешнеэкономической деятельносты: материалы IX междунар.науч.-практ.кjнф. преподователей и студентов (Владимир, 7-8 декабря 2017 г.)// М-во образования и науки Рос.Федерации, Владим.гос.ун-т им. Александра Григорьевича и Николая Григорьевича Столетовых, Юрид.ин-т; (редкол.: О.Д. Третьякова и др.). – Владимир:Издательство « Шерлок-пресс», 2018. –С.105-122
  2. 27.  Раджабов М.Н. Коллизионные вопросы собственности международных организаций //Государствоведение и права человека,2017,№2(о6).-С.134-135.
  3. 28.  Раджабов М.Н. О праве  международных организаций //Известия  Института философии, политологии и права им.А.Баховаддинова  АНРТ. -№1,2018.-С.159-166.
  4. 29.  Раджабов М.Н. Правовые основы деятельности международных организаций//Государствоведение и права человека,2017,№2(о6).-С.73-76.
  5. 30.  Раджабов М.Н. Роль  международных организаций в процессе  формирования международного правосознания//Национальное  сознание в  праве и экономике в условиях глобализации: материлы междунар.науч.-прак.конф.преподавателей и студентов(Владимир,27 апреля 2017г.) /М-во образования и науки Рос. Федерациии,  Владимирского Государственного Университета имени Александра Григорьевича  и Николая  Григоревича Столетовых. Юрид. ин-т; [редкол.:О.Д.Третьякова и др.].-Владимир:Из-во «Шерлок-пресс»,2017.-С.99-104.
  6. 31.  Раҷабов М.Н. ва диг. Ҷанбаҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии ҳамкории давлатхои Осиёи Марказӣ доир ба истифодабарии обҳои фаромарзӣ.Монографияи дастаҷамъӣ/Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор С.А.Раҷабов. –Душанбе: Дониш, 2018.-192с. (Муаллифи боби 2-юм саҳ.25-59.) (Международно-правовые аспекты сотрудничества государств Центральной Азии по использованию трансграничных водотоков. Коллективная  монография // под ред. д.ю.н., профессор Раджабова С.А. -Душанбе: Дониш, 2018. -192с.  (в соавторстве,автор гл.2 стр.25-59)
  7. 32.  Раҷабов М.Н. Дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об // Рузномаи «Минбари ҳуқуқшиносӣ» №3-4 (79-80) 20-уми марти соли2018. –С.4
  8. 33.  Раҷабов М.Н. К вопросу о место международных организаций в развитии международного правосознания // Международное публичное и частное право. Москва,№3, 2018.-С.6-8
  9. 34.  Раҷабов М.Н. Нақши Пешвои Миллат дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ // Рузномаи «Минбари ҳуқуқшиносӣ»№19-20(73-76),29-уми декабри соли 2017-саҳифаи 14.
  10. 35.  Раҷабов М.Н. Саҳифаи нави ҳамкорӣ дар муносибатхои ду кишвар // Рузномаи «Минбари ҳуқуқшиносӣ»№5-6(81-82),27-уми апрели соли 2018-саҳифаи 6.
  11. 36.  Раҷабов М.Н. Соотношение международного публичного права и  международного частного права// Государствоведение и права человека, №3 (07) 2017- С.121-127 (бо забони точикӣ).
  12. 37.  Раҷабов М.Н. Масунияти созмонҳои байналмилалӣ //Маводи конференсияи ҷумҳуриявиии илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ» ва «70-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон»./Тезис/ -Душанбе: Чопхонаи ДМТ.—С.394.
  13. 38.   Раҷабов М.Н. Ҳамкориҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой//Материалы международной научно-практической конференции «язык и культура Поднебесной в транснациональном измерении и пространстве»,  посвященной 10-летию Института Конфуция при Таджикском национальном университета. -Душанбе:ТНУ, 2018-С.189-191.
  14. 39.  Раджабов М.Н.Организационно-правовые формы деятельности международных организаций в международном частном праве//Правовая жизнь,№3(23),2018.-с.75-91;
  15. 40.  Раджабов М.Н. Роль международных организаций в процессе формироавия современного международного права//Развитие юридической науки в современных условиях:теория и практика: материалы VI международной научно-практической конференций(Душанбе,31 октября 2018г.).-Душанбе:РТСУ,2018.-С.206-208.
  16. 41.  Раҷабов М.Н. Шамъи хотира // Рузномаи «Минбари ҳуқуқшиносӣ»№7-48 (83-84)  8-уми  маӣи соли2018. –С.3
  17. 42.  Рахмонзода Ш.Қ. Принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии муҳити зист //Маводи конференсияи ҷумҳуриявиии илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ» ва «70-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон»./Тезис/ -Душанбе: Чопхонаи ДМТ.-С.395.
  1. 43.  Раҳмонзода Ш.Қ. An inside look into the conference on “Water for sustainable development” //Рузномаи «Минбари ҳуқуқшиносӣ» 2018-2028 № 11-12 (87-88) 26-уми июни соли 2018. – C.13.
  2. 44.  Раҳмонзода Ш.К. Асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии воситаҳои ҳалли проблемаҳои муҳити атроф // Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон, №2(06) 2017- С.129-130;.
  3. 45.   Раҳмонзода Ш.К. Асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии сайёҳӣ // Маводҳои конференсияи Ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон асосгузори қонунгузории соҳибкории ва сайёҳӣ» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (16.11.2017) // зери таҳрири н.и.ҳ., Сангинов Д.Ш., Душанбе, 2017. Саҳ 143-146.
  4. 46.   Раҳмонзода Ш.К. Лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо забони англисӣ) //Рузномаи «Минбари ҳуқуқшиносӣ»№19-22 (73-76) 29-уми декабри соли 2017. –С.17.
  5. 47.  Раҳмонзода Ш.К. Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо: ташаккул ва рушд // Маводҳои конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Рушди қонунгузории соҳибкорӣ, тиҷоратӣ ва сайёҳӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии» (18 майи соли 2018) // зери таҳрири номзадҳои илмҳои ҳуқуқ,  дотсентон Раҳмон Д.С. ва Сангинов Д.Ш., Душанбе: Матбааи ДМТ, 2018. Саҳ 166-167.
  6. 48.  Саидов Ҳ.Х. Мавқеи минтакаҳои озоди икитисоди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаёт ва ҳуқуқи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон №2 Душанбе 2018.С-67-92.
  7. 49.  Саидов Ҳ.Х. Фаъолияти мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи пардохтҳои гумрукӣ// Научно-информационный журнал «Вестник ТНУ» (Паёми ДМТ) №4  Душанбе 2017. -С. 186-195. .
  8. 50.   Саидов Ҳ.Х. Влияние международно-правовых актов в сфере таможенного дела //Развитие юридической науки в современных условиях:теория и практика: материалы VI международной научно-практической конференций(Душанбе,31 октября 2018г.).-Душанбе:РТСУ,2018.-С.231-237.
  9. 51.  Салихов З.И.  Танзими ҳуқуқии ҳамлу нақли омехта. // Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон, №2 (06) 2017- С.131-134; (бо забони тоҷикӣ)
  10. 52.  Салихов З.И.  Шартномаи ҳамлу нақли борҳо ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан // Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон, №2 (06) 2017- С.126-129; (бо забони тоҷикӣ).
  11. 53.   Салихов З.И. Международные перевозки грузов посредством автомобильного транспорта //Материалы республиканской научно-теоритической конференции профессорско-преподовательского состава и сотрудников ТНУ, посвященной Международному десиятилетию действия «Вода для устойчивого развития, 2018-2028 годы», «Году развития туризма и народных ремесел», «140-ой годовщине со дня рождения Героя Таджикистана Садриддина Айни» и «70-ой  годовщине со дня создания Таджикского национального университета». /Тезис/ –Душанбе: ТНУ. С.395. 54.  Саломов И.И. Понятие «оговорка о публичном порядке» в Республике Таджикистан //Вестник ТНУ, №2/7 Душанбе, 2017.-С.224-227.
  1. 55.  Саломов И.И. Соотношение оговорки о публичном порядке и других категорий, ограничивающее применение норм иностранного права// Научно-информационный журнал «Правовая жизнь» (Ҳаёти ҳуқуқӣ) №3 (19) Душанбе 2017. -С. 102-116.
  2. 56.  Сулаймонов Ф.С.  Шахси фавтида – чун субъекти ҳуқуқ (оид ба як навгонии қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон) // Минбари ҳуқуқшинос, Душанбе, 2018.  № 9-10. С.4.
  3. 57.  Сулаймонов Ф.С. Кодекси соҳибкорӣ – монеа ҷиддӣ барои инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ // Минбари ҳуқуқшинос. Соли 2017. № 12-13. С.4 (бо ҳаммуаллифӣ бо Ѓаюров Ш.К.);
  4. 58.  Сулаймонов Ф.С. Некоторые проблемы современного состояния гражданского законодательство Республики Таджикистан. Гражданское законодательство Республики Казахстан и других постсоветских стран: прошлое, настоящее, будущее. Материалы международной научно-практической конференции, посвящекнной 75-летию акадмеика НАН РК, д.ю.н., профессора М.К.Сулайменова. Алматы, 2017. С.81-89.
  5. 59.   Сулаймонов Ф.С. Категорияҳои илми ҳуқуқи гражданӣ//Минбари ҳуқуқшинос. №15-16 (91-92) аз 5-уми октябри соли 2018. С. 4.

 

Мудири кафедраи ҳуқуқи

байналмилалӣ, дотсент                                                                                                                            Раҷабов М.Н.

30 ноябри    соли 2018

[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Ҳайати кадрӣ” tab_id=”1584094153993-da2daf0d-5cf9″][cq_vc_accordion contentcolor=”#333333″][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Исоев Комёр Мадвалиевич”]

Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ

Мансаб: ассистенти кафедра

Унвони илмӣ: ассистент

Дараҷаи илмӣ:

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назорати прокурорӣ, далел ва исботкунӣ, криминология

Мукофот ва унвон: надорад.


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

аз соли 2009 то 2014 донишҷӯи ДМТ

Рисолаи номзадӣ:

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

аз соли 2014 то инҷониб дар факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ кору фаъолият менамояд

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

05.05.1991 сол таваллуд шудааст   

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Раҷабов Маҳмадёр Носирович”]

 Кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ

Мансаб: Мудири кафедра

Унвони илмӣ: Дотсент

Дараҷаи илмӣ: н.и.ҳ.

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи байналхалқии оммавӣ ва хусусӣ.

Мукофот ва унвон:

Ҷоизаи бо номи «Исмомили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника»; Аълочии маорифи Тоҷикистон.


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1990 – 1995 донишҷӯи факултети ҳуқӯқшиносии ДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2004 рисолаи номзадиашро   дар мавзӯи  «Вазъи гражданӣ-ҳуқуқии хориҷиён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дифоъ намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

1995 – айни ҳол омузгори ДМТ

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 20.03.1973 с.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Қодирқулов Хуршед Раҳмонович”]

Кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ

Мансаб: дотсенти кафедра

Унвони илмӣ: Дотсент

Дараҷаи илмӣ: н.и.ҳ.

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

ҳуқуқи байналхалқии оммавӣ ва  хусусӣ

Мукофот ва унвон: –


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот: 

1992-1998 факултети ҳуқуқшиносӣ ДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2004  рисолаи номзадиашро дар мавзӯи: «Масоили танзими ҳуқуқии муносибатҳои  меҳнатӣ дар ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ» ҳимоя намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 1998 то айни ҳол дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 30.03.1971 с.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Бобоев Умед Холович”]

Кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ

Мансаб: дотсенти кафедра

Унвони илмӣ: Дотсент

Дараҷаи илмӣ: н.и.ҳ.

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Ҳуқуқи  байналхалқии оммавӣ ва хусусӣ.

Мукофот ва унвон: –


Шарҳи  мухтасари  ҳол

Маълумот:

1993-1998, донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносӣ ДДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2004 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқии фаъолияти муштараки хоҷагидорӣ (ҷабҳаҳои байналхалқии ҳуқуқӣ-хусусӣ)» ҳимоя намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 1998 то айни ҳол дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 25.01.1972 с.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Сулаймонов Фируз Сафаралиевич”]

Кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ

Мансаб: дотсенти кафедра

Унвони илмӣ: дотсент

Дараҷаи илмӣ: н.и.ҳ.

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Ҳуқуқи  байналхалқии оммавӣ ва хусусӣ, ҳуқуқи гражданӣ ва савдои мамлакатҳои хориҷӣ.

Мукофот ва унвон: –


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

1995 – 2000, донишҷӯи шуъбаи муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ)-и факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2004 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи « Ҷумҳурии Тоҷикистон – иштирокчии муносибатҳои байналхалқӣ- хусусӣ».

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 2000 инҷониб  дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 25.05.1979 с., ш. Душанбе

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Идиев Файзали Фузайлшоевич”]

 Кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ

Мансаб: Дотсенти кафедра

Унвони илмӣ: Дотсент

Дараҷаи илмӣ: н.и.ҳ.

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ

Ҳуқуқи байналхалқӣ, ҳуқуқи аврупо.

Мукофот ва унвон: 


Шарҳи  мухтасари  ҳол

Маълумот:

1993 – 1998, донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносӣ ДДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ:

Соли 2011 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи: «Асосҳои байналхалқӣ-ҳуқуқии иштироки созмонҳои байналмилалӣ дар ҳали низоъи Тоҷикистон» ҳимоя  намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Сарраёсати полиси андози  Кумитаи Андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Сарпрокуратураи ҳарбии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2011 то айни ҳол дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 03.01.1977 с.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Салихов Зафар Исматуллоевич”]

Кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ

Мансаб: ассистенти кафедра

Унвони илмӣ: –

Дараҷаи илмӣ: –

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ.

Мукофот ва унвон: –


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

2001-2006  донишҷӯи  факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

Дифои рисолаи номзадӣ:

Дар мавзӯи «Масъалаҳои назариявии ҳамлу нақли байналхалқии ҳавоии бор» тадқиқоти илмӣ бурда истодааст» тадқиқот бурда истодааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли 2007 то ҳол  дар  факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 16.11.1982 с., ш.Душанбе

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Саидов Хикматулло Худжаназарович”]

Кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ

Мансаб: ассистенти кафедра

Унвони илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ

Дараҷаи илмӣ: –

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Ҳуқуқи байналхалқии  оммавӣ ва хусусӣ, ҳуқуқи маъмурӣ.

Мукофот ва унвон:


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

2005-2010, донишҷуи  факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ:

Рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Асосҳои ҳуқуқии ташкилӣ ва фаъолияти мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дифоъ намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:

Раёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли  2011 инҷониб  дар  факултети ҳуқшиносии ДМТ.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 26.04.1987 с.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Мирзоев Амонулло Мирзодавлатович”]

Кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ

Мансаб: ассистенти кафедра

Унвони илмӣ: -номзади илмҳои ҳуқуқ

Дараҷаи илмӣ: –

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Ҳуқуқи байналхалқии оммавӣ ва хусусӣ.

Мукофот ва унвон: –


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот:

2005 – 2010, донишҷӯи  факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

Дифои рисолаи номзадӣ:

Рисолаи номзадии худро дар мавзӯи  «Ҳуқуқи татбиқшаванда ба муносибатҳои шартномавӣ дар ҳуқуқи байналхалқии  хусусӣ» дифоъ намудааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти  омӯзгорӣ:

Аз соли  2010-то айни ҳол дар  факултети ҳуқшиносии ДМТ

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

Санаи таваллуд: 07.08.1987 с.

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Қодиров Некруз Абдулмаҷидович”]

Кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ

Мансаб: ассистенти кафедра

Унвони илмӣ: ассистент

Дараҷаи илмӣ: 

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ, ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ, ҳуқуқи байналмилалии асъор, ҳуқуқи байналмилалии обӣ

Мукофот ва унвон: надорад


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот: аз соли 2007 то 2013 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ: 

Айни ҳол дар мавзӯи «Одат ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» кори илмии худро пеш бурда истодааст.

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:

аз соли 2015 то инҷониб ассистенти факултети ҳуқуқшиносии ДМТ мебошад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

20.07.86 таваллуд шудааст

[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Одинаева Нуринисо Ҳотамшоевна”]

Кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ

Мансаб: ассистенти кафедра

Унвони илмӣ: ассистент

Дараҷаи илмӣ: 

Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:

Ҳуқуқи байналхалқии оммавӣ ва хусусӣ.

Мукофот ва унвон: надорад


Шарҳи мухтасари ҳол

Маълумот: аз соли 2013 то 2018 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дифои рисолаи номзадӣ: 

Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:

аз соли 2018 то инҷониб ассистенти факултети ҳуқуқшиносии ДМТ мебошад.

Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:

19.06.96 таваллуд шудааст

[/cq_vc_accordion_item][/cq_vc_accordion][/vc_tta_section][/vc_tta_accordion][/vc_column][/vc_row]