![]() | Мудири кафедра — н.и.ҳ., дотсент, Раҳмонзода Муҳаммад | |
Суроға: | 735000, ш. Душанбе, куч. Буни Ҳисорак, бинои 11, ошёнаи 5, утоқҳои 515, 521, 522, 524. | |
Телефон: | 224-63-95 | |
E-mail: | anvar_safarov85@mail.ru |
ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ҲУҚУҚИ ҶИНОЯТӢ ВА МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ соли 1957 бо номи «Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ» сеюмин кафедра дар сохтори факултет таъсис ёфта ёфтааст.
Нахустин мудири кафедра, дотсент Юрий Петрович Касаткин мебошад.
Минбаъд, солҳои 1961-1967 роҳбарии кафедраро дотсент Ҳамроқулов Раббимқул Назарович бар уҳда доштанд.
Минбаъд, аз соли 1974 то 1979 Ш.Р. Розиқов ба ҳайси мудири кафедра фаъолият намудааст. Доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор М.М. Муллоев бошанд, се маротиба, яъне солҳои 1967-1973 ва 1979 ба вазифаи мудири кафедра интихоб шудаанд.
Солҳои 1982-2007 роҳбарии кафедра ба зиммаи дотсент Ҳ.С. Салимов вогузор гардида буд. Дар ин муддат, кафедраро ҳамаҷониба бо коршиносу омӯзгорони пуртаҷриба, таҷҳизоти зарурӣ ба қадри имкон таъмин карда, як зумра шогирдони хеле болаёқатро ба кор қабул намуданд.
Тибқи Қарори Шурои олимони ДМТ аз 5 феврали соли 2007 дотсент Т.Ш. Шарипов мудири кафедра таъин гардида, дар ин вазифа то 23 майи соли 2015 фаъолият намуданд.
Тибқи Фармоиши ректори ДМТ аз 23 майи соли 2015 номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Сафарзода А.И. иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра ва аз 25 ноябри соли 2015 мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ интихоб гардид.
Ҷиҳати иҷои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Перзиденти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 10 – солагии таъсисёбии Агентии назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иброз намуда буданд, бо Қарори Шурои олимони ДМТ аз 30.06.2018 ва фармоиши ректори ДМТ аз 8 августи соли 2018, №247-6 кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ тағйири ном намуда, минбаъд кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия номида мешавад.
Профессор Сафарзода А.И. то моҳи ноябри соли 2021 дар вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия фаъолият намудааст. Ҳамакнун, профессор Сафарзода А.И бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Айниҳол бошад, масъулияти вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия бар уҳдаи номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмонзода Муҳаммад Ҷамшед вогузор гардидааст. Фаъолияти мавсуф дар ин муддати кутоҳ боис гардид, ки кафедра ба дастовардҳои зиёди илмӣ ва таълимӣ ноил гардад. Аз қабили ҳимояҳои рисолаҳои илмӣ то нашри маводҳои таълимӣ. Дар давраи фаъолияти Раҳмонзода М.Ҷ. устодон ва унвонҷӯёни зерин рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд: Миралиев Э.Б. Сайфуллозода У.А., Шарипов М.М., Мирзоев Қ.Х., Каримов Д.Б., Миралиев С.А., Оралбоев Ҳ.Ҳ., Назруллоев С., Тағозода А.М., Абдуллозода Ҷ.А., Муродзода Ф.Р., Давлатов Б.С., Акилова М.М., Ҳайдарова А.И., Хоҷазода Ф.Ф., Шарипов М.М., Сайфуллозода У.А., Шарифзода Р.Ф., Камолов Х.С. ва дигарон.
Бояд иброз намуд, ки устодони кафедра дар такмили қонунгузории кишвар низ саҳми арзанда мегузоранд. Ин аст, ки профессор Т.Ш. Шарипов ба ҳайси аъзои Шурои илмию машваратии Суди Олӣ, аъзои гуруҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси ҷиноятӣ, дотсентон А.И. Сафарзода ва З.А. Камолов дар таҳияи лоиҳаҳои Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ, Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, саҳми арзандаи худро гузоштаанд.
Хизматҳои шоёни устодони кафедраро давлату ҳукумати кишвар ба инобат гирифта, бо унвонҳо ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд. Аз ҷумла, дотсент Ҳ. Салимов (соли 1998) бо унвони “Ҳуқуқшиноси шоистаи ҶТ”, профессор Т.Ш. Шарипов (соли 1999) бо унвонҳои “Ҳуқуқшиноси шоистаи ҶТ” ва “Арбоби хизматнишондодаи илм ва техникаи ҶТ” (соли 2011), Ш.Н. Саидзода (соли 2015), А.И. Сафарзода (соли 2016) ва М.Ҷ. Раҳмонзода (соли 2023) ба ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника сазовор гардидаанд.
Устодони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия дар назди худ вазифа гузоштааст, ки дар партави сиёсати инсонмеҳварии Пешвои миллат садоқатмандона фаъолияти худро ба роҳ монда, бо кушишу ғайрати тамом дар тайёр намудани мутахассисони воқеан миллӣ, такмили қонунгузории кишвар ва амалияи татбиқи онҳо бо дарназардошти манофеи давлату миллат саҳми назарраси худро гузоранд.
Имрӯз дар баробари устодони собиқадор – профессор Т.Ш. Шарипов, дотсентон Ғ.С. Сатторов, Сафарзода А.И., З.А. Камолов, Р.И. Шарипов, Ф.А. Мирзоахмедов, Г.М. Юлдошева, омӯзгорони умедбахши ҷавон, ба монанди Раҳмонзода М.Ҷ., Холиқзода Ш.Л., Саидзода Ш.Н., Миралиев Э.Б., Сайфуллозода У.А., Шарипов М.М., Мирзоев Қ.Х., Каримов Д., Абдуллозода Б.В., Камолов Х.С., Абдусаломзода Ҷ.А., Миралиев Н.А. Исматов Р.А., Зоирова П.Ҷ. ва аспирантону унвонҷӯён фаъолият намуда, дар таълиму тарбияи донишҷӯён фаъолона иштирок доранд.
Фаъолияти илмӣ
Дар тӯли 60 соли сипаришуда аз ҷониби аъзоёни кафедра садҳо монографияву брошюраҳои илмӣ- методӣ ва мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои гуногун ба забонҳои тоҷикию русӣ, англисию олмонӣ аз чоп баромадаанд, ки ба таҳқиқи масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва кримналистика бахшида шудааст. Аз он ҷумла монографияҳои К.М. Каратсев «Расследование автотранспортных происшествий» (Тафтиши ҳодисаҳои нақлиёти автомобилӣ), Я.М. Яковлев «Расследование убийств» (Тафтиши куштор) ва «Половые преступления» (Ҷиноятҳои ҷинсӣ), Р.Н. Ҳамроқулов «Уголовно-процессуальное законодательство Таджикской ССР» (Қонунгузории ҷиноятӣ- мурофиавии РСС Тоҷикистон), М.М. Муллоев «Уголовно-правовая борьба с хищениями социалистической собственности» (Муборизаи ҷиноятӣ-ҳуқуқӣ алайҳи тасарруфи моликияти сотсиалистӣ), «Комментарий к Уголовному кодексу Таджикской ССР» (Комментария ба Кодекси ҷиноятии РСС Тоҷикистон); И.Я. Оврутский ва З.Д. Ямоқова «Судебная экспертиза в расседовании и предупреждении преступлений»; Ҳ.С. Салимов «Научные основы экспертного эксперимента при производстве трасологических экспертиз» (Асосҳои илмии эксперименти экспертӣ дар мавриди истеҳсоли экспертизаҳои пайшиносӣ), «Наблюдение как метод познания в криминалистике и доказывани» (Мушоҳида чун усули даркнамои дар криминалистика ва исботнмоӣ); китоби дарсӣ бо забони давлатӣ «Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ) (Уголовно-исполнительное право); «Криминалистика»; Т.Ш. Шарипов «Условное освобождение от отбывания наказания» (Шартан аз адои ҷазо озод кардан), Институт условного неприменения наказания в уголовном праве (Институти шартан татбиқ накардани ҷазо дар ҳуқуқи ҷиняотӣ); Н.Б. Азимов «Особенности уголовной ответственности и наказания несовершеннолетних по новому уголовному законодательству Республики Таджикистан» (Хусусияти хоси ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо нисбати ноболиғон аз рӯи қонунгузории ҷиноятии навини Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Ҷиноятҳо ба муқобили инкишофи ноболиғон ва манфиатҳои оила», «Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ», «Ҷинояткории ноболиғон ва роҳҳои пешгирӣ намудани он», «Имплементация норм международного права в нормах Особенной части УК РТ», «Имплементация норм международного права в Общую часть УК РТ»; А.И. Сафаров «Уголовное ответственность за легализацию (отмывание) денежных средств либо иного имущества, полученных противозаконным путем»; Ш.Н. Саидов «Уголовная ответственность за контрабанду по уголовному законодательству Республики Таджикистан». Дар кафедра бо қалами устод Ғ.С.Сатторов аввалин шуда, Қисмҳои умумӣ ва махсуси васоити таълимӣ «Ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забони давлатӣ ва русӣ (солҳои 1999 ва 2009) аз чоп баромадаанд. Ғайр аз ин, устодони кафедра, профессор Т.Ш. Шарипов, дотсентон З.А. Камолов ва А.И. Сафаров китоби дарсии «Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва чоп намуданд.
Кафедра аз тадриси фанҳои асосӣ – «Ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Криминалистика» ва ирсолҳои махсус– «Асосҳои экспертизаи судӣ», «Банду баст ва таҳқиқи ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ», «Ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ», «Истифодаи воситаҳои илмӣ-техникӣ ҳангоми таҳқиқи ҷиноятҳо» ва «Асосҳои илмии квалификатсияи ҷиноятҳо», «Ҷиноятҳо дар соҳаи фаъоли иқтисодӣ»- ро дар шӯъбаҳои рӯзона, ғоибонаи факултет ва фанҳои «Асосҳои ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Асосҳои криминалистика» ва «Ҳуқуқи ҷиноятии байналмилалӣ»- ро аз лаҳзаи ташкилшавии шӯъбаи фаъолияти ҳуқуқи байналмилалӣ ва шӯъбаи ҳуқуқшинос- омӯзгор дарс мегӯяд.
Масъалаҳои такомули ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва криминалистика самти асосии таҳқиқи илмии ҳайати устодони кафедра мебошад.
Дар баробари ин, баҳри омӯзиш ва таълиму тадриси фанҳои асоси ва курсҳои махсуси аз ҷониби устодони кафедра барномаҳои «Ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забони давлатӣ ва русӣ (дотсентон Т.Ш.Шарипов, Г.С.Сатторов), «Ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забони давлатӣ соли 2011 (профессор Т.Ш. Шарипов, дотсент А.И. Сафаров), «Криминалистика» (дотсент Ҳ.С. Салимов.), «Асосҳои ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон устодон (Н.Б. Азимов, Ф.А. Мирзоахмедов) «Основы криминалистики» («Асосҳои криминалистика») саромӯзгор Ф.А. Еремеева, «Асосҳои илмии квалификатсияи ҷиноятӣ» (д.и.ҳ. Шарипов Т.Ш.) ва ғайра инитишор шудаанд.
Аъзоёни кафедра ҳаммуаллифи китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқук», «Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ», «Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҳуқуқи ҷиноятӣ. Қисми умумӣ, Ҳуқуқи ҷиноятӣ. Қисми умумӣ (курси мухтасари лексияҳо), Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мебошанд.
Устодони кафедра Ҳ.С. Салимов ва Т.Ш. Шарипов ҳамчун узви гурӯҳи корӣ оид ба тайёр намудани Лоиҳаи «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Лоиҳаи «Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар инкишофи сифатан нави қонунгузориҳои ҷиноятӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии кишвар ҳиссаи арзандае гузаштаанд. Дар иртибот ба ин амал устодон Ҳ.С. Салимов ва Т.Ш. Шарипов бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори унвони ифтихори «Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2011 Т.Ш. Шарипов бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Н.Б. Азимов барандаи «Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ» соли 2012 сазовор гардиданд.
Дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён «Криминалист» таҳти роҳбарии устодони собиқадор дотсентон Ҳ.С. Салимов ва Ғ.С. Сатторов амал мекунад, ки сол то сол фаъолияти он беҳтар мегардад. Тавассути маҳфили мазкур донишҷӯён дар доираи донишгоҳ ва берун аз он маҳорати худро нишон дода, онро сайқал медиҳанд.
Аз соли 2008 дар назди кафедра Маркази миллии таълимии оид ба мубориза бар зидди хариду фурӯши инсон фаъолият дорад.
Кафедраи мазкур бо вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мактабҳои олии дигар кишварҳо ва институтҳои байналмилалӣ робитаи устувори ҳамкориҳои илмию амалӣ дорад. Дар ин ҷода алоқаи густаришбандии кафедраро дар омодасозии барномаҳои тадриси барои марказҳои таълимии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кардан қобили қабул аст.
Махсусан бояд тазаккур дод, ки устодони кафедра робитаи зич бо мактабҳои олии кишварҳои Ӯзбекистону Русия доранд. Устодони кафедра Ҳ.С. Салимов, З.Д. Ямоқова ва Т.Ш. Шарипов пайваста ба диссертатсияю авторефератҳои номзадии муҳаққиқини кишварҳои Муштарок- ул- Манофеъ тақризҳо менависанд.
Устодони кафедра дотсентон Ҳ.С. Салимов ва З.Д. Ямоқова дар (Федератсияи Русия), Т.Ш. Шарипов (Федератсияи Русия, ИМА, Ҷумҳурии Исломии Ирон, Федератсияи Олмон, Мисри Араб), Н.Б. Азимов (Ҷумҳурии Молдова, Федератсияи Русия), А.Қ. Назаров (Ҷумҳурии Белорус, Федератсияи Русия), А.И. Сафаров (Федератсияи Русия, ИМА), Ф.А. Мирзоахмедов (Федератсияи Русия), Ҷ.З. Икромов (Ҷумҳурии Белорус), Ш.Н. Саидов, Р.И. Шарипов, З.С. Тайфуров, Г.М. Юлдошева (Федератсияи Русия) такмили ихтисос гузаштаанд ва дар баробари ин, бо маърӯзаҳо, гузоришҳо баромад намудаанд. Дар иртибот бо ин бахусус густаришу ҳамкориҳои рушдёбанда ва босамари кафедра бо институтҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, гуманитарии байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида аз қабили Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Институтҳои ҷомеаи Кушоди Фонди Сорос, Оҷонси рушди Шветсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ИМА ва ғайра назаррас мебошад. Ин гуна ҳамкориҳо дар навбати худ баҳри беҳтар шудани фаъолияти илмию омӯзгории устодони кафедра таъсири мусбии худро мерасонанд.
Фаъолияти омӯзгорӣ
Фанҳои таълимӣ:
- Ҳуқуқи ҷиноятӣ;
- Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
Фанҳои тахасусӣ:
- Ҷиноятҳои иқтисодӣ;
- Асососҳои илмии банду басти ҷиноятҳо;
- Сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ;
- Асосҳои умумии таъини ҷазо;
- Ҷазоҳое, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд нестанд;
- Сиёсати иҷрои ҷазои ҷазои ҷиноятӣ;
- Ҷиноятҳои ҳарбӣ;
- Криминологияи пенитенсиарӣ;
- Субкултураи ҷиноятӣ.
Аъзоёни кафедра
Дар солҳои 2016 – 2017 дар кафедра 11 – нафар устодони штатӣ ва 3 – нафар устодони ҳамкор (соатбайъ) сарбории кафедраро иҷро намуданд. Ҳоло устодони штатии кафедра шахсони зерин мебошанд:
1. Сафарзода А.И – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, мудири кафедра;
2. Шарипов Т.Ш. – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор;
3. Сатторов Г.С. – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент;
4. Шарипов Р.И. – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент;
5. Камолов З.А – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент;
6. Мирзоахмедов Ф.А. – номзади илмҳои ҳуқуқ, муалими калони кафедра;
7. Холиқов Ш.Л. – ассистент;
8. Юлдошева Г.М. – ассистент;
9. Мирзоев С.Т. – ассистент;
10. Сайфуллоев У.А. – ассистент;
11. Миралиев Э.Б. – ассистент.
Устодони ҳамкор:
1. Саидов Ш.Н. – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, сардори Раёсати илм ва навоварии техники ДМТ;
2. Саийдвализода Б.С.-номзади илмҳои ҳуқуқ, муовини сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3. Сафарализода З.С. – номзади илмҳои ҳуқуқ, корманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Фанҳои кафедра
Дар солҳои 2016-2017 дар кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ дар номгӯи фанҳои таълимӣ ихтисор ба вуҷуд омад. Ҳоло дарсҳои лексионӣ ва семинарӣ аз фанҳои зерин гузаронида мешаванд:
1. Ҳуқуқи ҷиноятӣ, қисми умумӣ;
2. Ҳуқуқи ҷиноятӣ, қисми махсус;
3. Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
Курсҳои махсус
1. Сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ;
2. Асосҳои илмии банду басти ҷиноятҳо;
3. Ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ;
4. Ҷиноятҳо ба муқобили моликият ;
5. Асосҳои умумии таъини ҷазо;
6. Тартиби иҷрои ҷазоҳое, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд нестанд;
7. Ҷиноятҳои ҳарбӣ;
8. Муқовимат бо савдои одамон;
9. Ҷиноятҳои байналмиллалӣ;
10. Идоракунии муассисаҳои ислоҳӣ;
11. Субкултураи пенитенсиарӣ.
Ташкили тадқиқоти илмӣ дар кафедра
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кафедра як конфронси ҷумҳуриявӣ бо ҷалби намояндагони мақомоти давлатӣ ва доираҳои илмии ҷумҳурӣ дар мавзуи «Муқовимат бо коррупсия ва ҷиноятҳо ба муқобили моликият» рӯзи 9 декабри соли 2016, бахшида ба рӯзи байналмиллаии мубориза бар зидди коррупсия баргузор гардид. Дар баробари ин, устодони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ мақолаҳои илмии худро дар маҷаллаҳои илмии дохил ва хориҷи кишвар низ нашр намуданд. Аз ҷумла, дотсент Сафарзода А.И. ва аспиранти кафедра Қурбонзода Б.Ш. дар конфронси байналмиллалии “Хониши Кутафинӣ”(ш.Москва, 22-27 ноябри соли 2016), дотсент Сафарзода А.И. ва ассистент Юлдошева Г.М. дар конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи “Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва қонуни ҷиноятӣ: назария ва амалия” (14 апрели соли 2017, Санкт-Петербург) иштирок ва баромад намуданд.
Устодон ва аспирантони кафедра мунтазам мақолаҳои илмии худро маҷалаҳои илмии дохили кишвар, ба монанди “Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”, “Паёми Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон”, “Паёми Донишгоҳи омузгорӣ”, “Ҳаёти ҳуқуқӣ”, “Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон” ва хориҷи кишвар, ба монанди “Юридическая техника”(Нижний Новгород), “Юридическая наука: история и современность” (Санкт –Петербург), “ Журнал гражданского и уголовного права” (Сочи) ба нашр мерасонанд.
Маҳфили илмии донишҷӯён
Дар кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ аз солҳои аввали таъсисёбии он маҳфили илмии “Криминалист” фаъолият менамуд. Бо дарназардошти ҷудо шудани кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ аз ҳайати кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ маҳфили илмӣ бо номи “Ҷиноят ва ҷазо” фаъолияти худро давом дода истодааст. Маҳфили илмӣ бо роҳбарии дотсент Сатторов Г.С. ҳар ҳафта як маротиба бо ҷалби донишҷуёни тамоми ихтисосҳои амалкунандаи факултети ҳуқуқшиносӣ баргузор гардида, маърӯзаҳои беҳтарин барои конфронси апрелӣ тавсия карда мешаванд.
Мутобиқи нақшаи тасдиқ гардидаи ДМТ оид ба баргузории конфронси апрелӣ дар бахши ҳуқуқи ҷиноятӣ 29 нафар бо маърузаҳо баромад намуда, бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуд.
Дар баробари ин, устодони кафедра донишҷуёни аълохону забондони факултетро бо маърузаҳояшон ба конфронси чоруми байналмилалии донишҷуён дар мавзуи “Ҳолати муосир ва дурнамои рушди қонунгузории Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ”, ки рӯзи 28 апрели соли 2017 дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Руссия баргузор гардид, сафарбар намуданд.
Корҳои тарбиявӣ
Устодони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ дар баробари таълим ба тарбияи донишҷуён саҳми арзанда мегузоранд. Бо дарназардошти мавҷудияти ихтисоси фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ дар назди кафедра, устодон дар ин гуруҳҳои академӣ ба ҳайси сарпараст фаъолият менамоянд.
Гузашта аз ин, дар ду моҳ як маротиба мутобиқи нақшаи кории кафедра натиҷаи фаъолияти сарпарастони кафедра дар ҷаласаҳои кафедра мавриди муҳокима гирифта, барои самаранок намудани кори онҳо тавсияҳо дода мешавад.