[vc_row][vc_column width=”1/4″][vc_widget_sidebar sidebar_id=”td-td_demo_category”][/vc_column][vc_column width=”3/4″][vc_column_text]
Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ
Мудири кафедра — н.и.ҳ., дотсент, Маҳмудов Изатулло Тешаевич |
||
Суроға: | 735000, ш. Душанбе, куч. Буни Ҳисорак, бинои 11, ошёнаи 5, утоқҳои 512, 518. | |
Телефон: | 224-63-97. | |
E-mail: | 1978_mahmudov@mail.ru |
[/vc_column_text][cq_vc_separator title=”” bgcolor=”#333333″ fontcolor=”#ffffff”][vc_tta_accordion style=”modern” color=”sky” spacing=”1″ gap=”1″ active_section=”1″ no_fill=”true” collapsible_all=”true”][vc_tta_section title=”Расмҳои устодони кафедра” tab_id=”1584072122092-97ea2257-0d35″][vc_column_text]
[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Таърих” tab_id=”1584072225856-b51c62e7-4dbd”][vc_column_text]Соли 1973 дар факултети ҳуқуқшиносӣ кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ таъсис дода шуд, ки таълими фанҳои суд ва адолати судӣ дар ИҶШС, мурофиаи ҷиноятӣ ва гражданӣ, назорати прокурорӣ, криминология, психологияи судӣ, тибби судӣ, этикаи касбии ҳуқуқшиносӣ, бухгалтерияи судӣ, омори судӣ, курсҳои махсуси – виктимология, проблемаҳои муҳими мурофиаи гражданӣ, тафтишоти пешазсудиро таъмин мекард.
Ташаббускор ва бунёдгузори кафедраи мазкур олими машҳур, доктори илми ҳуқуқ, профессор В.Г. Мелкумов буданд. Устодро метавон яке аз асосгузорони назарияи илми назорати прокурорӣ дар давлати шӯравӣ шумурд. Тадқиқотҳои гузаронидаи профессор Мелкумов В. Г. на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ миёни доираҳои васеи илмии давлати абадкудрати шӯравӣ маҳбубияти хосеро соҳиб буданд. Аксарияти омӯзгорони кафедра олимони эътирофшуда буданд. Чунончӣ, дотсент Л.В. Франк асосгузори равияи нави илмӣ – виктимология (илм дар бораи қурбониҳои ҷиноят) маҳсуб мешуд. Дотсент Ҷ. Р.Ҷалилов дар инкишофи илми мурофиаи гражданӣ дар ҷумҳурӣ саҳми зиёде гузоштааст. Дотсентон Ҷ.С. Орифов собиқ корманди прокуратура ва ветерани меҳнат, Н.А. Абдуллоев мутахассиси соҳаи ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ, сохтори судӣ ва назорати прокурорӣ, С.Ш. Болтуев тадқиқотҳои муфиди илмиро анҷом дода миёни олимону мутахассисони ҷумҳурӣ ҳамчун донишмандони касби хеш маъруфият доранд. Таърихи таъсисёбии кафедра ва пешрафти кафедраи ҳуқуқи судиро метавон ба се давра тақсим намуд. Давраи аввал солхои 1973-1985-ро дар мегирад. Дар ин давра роҳбари кафедраро олими шинохта В.Г. Мелкумов ба ӯҳда дошт, ки кафедра дастовардҳои назаррасеро ба даст овард. Тӯли солҳои 1973-1984 кафедра ба комёбиҳои назаррас ноил шуд, дар ин давра беш аз 100 кори илмиву тадқиқотӣ ба нашр дода шуд, ки 35-тои он ба соҳаи криминология – асосан ба проблемаҳои виктимология, 32-тои он ба проблемаҳои истеҳсолоти судӣ ва ҳуқуқи мурофиавӣ ва 25-тои он хусусияти таълимиву методӣ доштанд.
Як зумра корҳои тадқиқотӣ дар робитаи зич бо олимони машҳури марказҳои илмии ИҶШС ва хориҷ аз он (профессорон: Г.А. Абдумачидов, А.Д. Берензон, В.Буларгин, А.К. Звирбуль, А.И. Денисов, В.З. Лукашевич, П.С. Элькинд, Т.Н. Добровольская) ба анҷом расонида шуданд. Хидмати бузурги дотсент А.Д. Тартаковскийро, ки масъалаҳои пешгирии шиканҷа ва вазъи ҳолатҳои криминологиву виктимологиро ҳангоми шиканҷа тадқиқ кардааст, хотирнишон кардан зарур аст.
Ба туфайли маҳсули корҳои илмии аъзои кафедра Л.М. Франк, В.П. Коновалова, А.Д. Тартаковский, Н.А. Абдуллоев, ки усулҳо ва методикаи гузаронидани муоинаҳои психологӣ ва дигар навъҳои экспертизаҳои судиро дар кафедра ба вуҷуд оварда буданд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ кӯмаки амалӣ расонида мешуд. Олимони кафедра Ҷ.Р.Ҷалилов, Н.А. Абдуллоев, И.А. Агабабовян дар баробари кори илмӣ дар кафедра ҳамчунин аъзои Шӯрои илмию машваратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ буданд.
Давраи дуюми фаъолияти кафедра солҳои 1985-1991-ро дар бар мегирад, ки роҳбарии кафедраро олими маъруф Ҷ. Р. Ҷалилов ба зимма доштанд. Анҷом додани корҳои муфиди тадқиқотӣ, навиштани монографияву мақолаҳои илмӣ, дастуру васоити таълимӣ низ аз самтҳои афзалиятноки кормандони кафедра ба ҳисоб мерафт. Хусусан нақши калони мудири кафедра устод Ҷалилов Ҷ.Р-ро дар пешрафти илми ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ қайд кардан ҷоиз аст. Зеро монография ва мақолаҳои илмии таълифнамудаи устоди мӯҳтарам дар хусуси институтҳои алоҳидаи илми ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ то ба имрӯз сарчашмаи муҳими истифодаи маводи пурқимати назариявианд. Дар ин давра устоди кафедра С.Ш. Болтуев сарбаландона рисолаи номзадии худро ҳимоя намуданд.
Давраи сеюми фаъолияти кафедра ҳамқадами истиқлолияти Тоқикистон аст, ки давраи солҳои 1991 то ба имрӯзро дар бар мегирад. Рохбарии кафедраро аз соли 1991 то моҳи июни соли 2008 номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Н.А. Абдуллоев ба зимма доштанд. Дар ин давра якчанд устодони маъруф кафедраро тарк намуданд. Роҳбарияти кафедраро зарур буд, ки диққати асосиро ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ва таъмини ҷараёни мӯътадили таълим аз фанҳои марбути кафедра равон намояд. Роҳи асосии ҳалли масъаларо мудири кафедра Н.А. Абдуллоев дар ҷалби хатмкунандагони фаъоли факултет ҷӯён шуд. Аз ин рӯ, бо азму кӯшиши устод дар давоми солҳои 1991-1992 як зумра ҷавонони боистеъдод ба монанди Баҳриддинов С.Э, Искандаров З.Ҳ, Фозилов Н.Н. аз ҳисоби хатмкунандагони факултет ба кафедра ба кор кабул шуданд, ки масъулияти минбаъдаи таъмин ҷараёни мӯътадили таълим дар кафедра ба зиммаи онҳо вогузор шуд. Дар баробари фаро гирифтан ба ҷараёни таълиму таълифи дастуроти методи хамчунин онҳо сарбаландона ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ машғул шуданд. Маҳз истеъдоду маҳорат ва ҷасорати илмии эшон буд, ки устодони ҷавон Баҳриддинов С.Э. ва Искандаров З.Ҳ. соли 1996 сарбаландона рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуда, ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мушарраф гаштанд. Минбаъд якчанд манографияҳо, васоити таълимӣ ва мақолаҳои илмии арзишнок таълиф намуданд, ки аз ҷониби донишҷӯён ва дигар шавқмандони илми ҳуқуқ фаровон истифода мешаванд. Саҳми устоди кафедра муаллими калон Н.Н.Фозилов-ро низ қайд кардан зарур аст. Устод имрӯз яке аз мутахассисони асили соҳаи илми ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар хусуси паҳлӯҳои алоҳидаи институтҳои илми ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ матолиби пурарзишеро интишор намудааст. Ҳамчунин бо ташаббуси мудири кафедра Н.А. Абдуллоев дар давоми солҳои 1999-2001 устодони ҷавон Л.Фахриддинова, И.Т. Маҳмудов, Х. М. Ѓафуров ва солҳои 2006-2008 С.Б. Мирзоев ва А.Х. Авзалов ба ҳайси ассистент ба кор кабул карда шуданд. Устодони кафедра Х.М. Ѓафуров ва И.Т. Маҳмудов бо марказҳои бонуфузи илмии шаҳри Москав ба ҳайси унвонҷӯ ва аспирант робитаҳои муфиди илмиро ба роҳ монданд. Натиҷаҳои ҳамкорӣ самараи хуб овард. Соли 2006 дар Академияи давлатии ҳуқуқии Маскав устоди кафедра Х.М. Ѓафуров ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илми ҳуқуқ мушарраф гашт.
Ҳамчунин дар ин давра робитаҳо ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди кафедраро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бояд қайд кард. Дар ин давра шахсони соҳибтаҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба кафедра ба таълим ҷалб шуда буданд, ки донишҷӯён аз донишу маҳорати касбии онхо бархурдор мешуданд. Хусусан саҳми шодравон С. К. Кенчаевро қайд кардан лозим аст, ки солиёни дароз аз фанни назорати прокурорӣ ба донишҷӯён дарс мегуфтанд. Дар ин давра ҳамчунин корманди прокуратура, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ К.А. Мирзоева низ бо кафедра ҳамкорӣ доштанд. Кафедра бо як қатор макотиби олӣ ва марказҳои бонуфузи кишварҳои узви ИДМ, ки дар тайёр намудани мутахассисон таҷрибаи комил пайдо кардаанд, равобити дуҷонибаи манфиатбахш барқарор намудааст. Аз ин ҷиҳат устодони кафедра бо эҳтирому миннатдорӣ номи профессорон Г.А. Абдумаджидов, Н.Ф. Кузнецова, А.Н. Ларьков, О.К. Орлов, Э. Куцова ва К.Ф. Гуценко, Г.П. Саркисянц, Г.Л. Осокина ва даҳҳо олимони забардастро ба забон мегиранд. Сиёсати кадрии мудири кафедра дотсент Н.А. Абдуллоев, ки дар афзалият бахшидан ба ҷавонони лаёқатманд-хатмкунандагони факултет зоҳир мегашт, дурустии худро собит сохт. Шогирдони устод миёни коллективи кории факултети ҳуқуқшиносӣ ва аҳли устодони донишгоҳ ҳурмату эҳтироми хосса пайдо намуда, миёни доираҳои илмии кишвар пазируфта шуда, ҳамчун шахсони соҳибтаҷриба ва кордон ба ҳалли мушкилиҳо ва масоили илмиву таълимии факултет ба ҳайси шахсони масъул ҷалб шудаанд. Устоди кафедра, дотсент З.Ҳ. Искандаров дар давоми зиёда аз 12-сол вазифаи муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба таълимро иҷро намуда, таҷрибаи бойи корҳои идоракунӣ-маъмуриро андӯхтааст. Устоди дигари кафедра дотсент С.Э. Баҳриддинов бошад айни замон вазифаи пурмасъули муовини аввали директори Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳуриро ба зимма дорад. Хизматҳои содиқонаи устодон Н.А. Абдуллоев, д.и.ҳ., проф. Искандаров ва муаллими калон Н.Н. Фозиловро дар рушди илми ҳуқуқ ва тайёр намудани мутахассисон Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо медали «Шарафи меҳнат», нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Хизмати шоиста» қадршиносӣ намудааст.
Аз моҳи июни соли 2008 то моҳи апрели соли 2013 роҳбарии кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурориро олими боистеъдод, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор З.Ҳ. Искандаров ба ӯҳда дошт. Аз моҳи апрели соли 2013 инҷониб роҳбарии кафедраро номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Маҳмудов И.Т. ба ухда дорад.
Устод И.Т. Маҳмудов дар асоси пос доштан ва эҳтироми анъана ва арзишҳои қобили эҳтироми ҷомеаи ҳуқуқшиносон, ба кор шурӯъ намуда, онро пурмаҳсул идома дорад. Самтҳои афзалиятноки кафедраро барои солҳои наздик ва дурнамо муайян намуда, устодони кафедраро ба иҷрои бечунучарои нақшаҳои кории инфиродӣ ва таълимӣ; вусъат додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ; интишор ва ба чоп омода намудани монографияҳо, васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, мақолаҳои илмӣ; тарғиби эҳтироми арзишҳои милливу фарҳангӣ миёни донишҷӯён ва пеш аз ҳама дӯст доштану қадр намудани касби пуршарафи устодӣ ва риояи ҷиддии интизоми меҳнат муваззаф намудааст. Умед аст, ки дар амал бароварда намудани ҳадафҳои неки боло зикр шуда ба таҳкими фаъолияти мураттаби кафедра вусъати тоза бахшида, ояндаи нек ва дурнамои дурахшони кафедраро бозгӯ хоҳад намуд. Дар ин давраи начандон тулонӣ се рисолаи илмӣ ба анҷом расонида шуда, дар натиҷа ба дараҷҷаҳои доктори илм аз равияи мурофиаи ҷиноятӣ аввалин маротиба дар таърихи инкишофи ин ҳуқуқ аз ҷониби мудири кафедра дотсент З.Х. Искандаров, дараҷҷаи номзади илм дар соҳаи назорати прокурорӣ аз ҷониби муаллими калон И. Т. Маҳмудов ва дараҷаи номзади илм дар соҳаи мурофиаи судии конститутсионӣ аз ҷониби С.Б. Мирзоев мушарраф гардиданд. Самтҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра муайян шуда, масъулияти устодон дар ин ҷода муқаррар шудаанд. То ба имрӯз дар кафедра як қатор тадбирҳо роҳандозӣ шудаанд. Чунончӣ, дар ин давра устодони кафедра дар чандин конфронсҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба даҳҳо лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба парвандаҳои Суди конститутсионӣ фикру таклифҳои судманд ва илман асосноки худро пешниҳод намудаанд. Густариши ҳамкориҳои муфиди корӣ ва муҳайё намудани заминаҳои боэътимоди қарордодиву ҳуқуқӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, низоми судӣ ва дигар ташкилотҳои давлативу ғайридавлатии ҳуқуқмуҳофизавӣ низ аз самтҳои пешбари кафедра баргузида шудаанд.
Бо мақсади пайвастани илм бо истеҳсолот ва дар ин замина бархурдор намудани донишҷӯён аз навгониҳои қонунгузории амалкунанда, фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунӣ, муаммоҳои илмӣ-амалии мақомоти тафтишотию прокурорӣ ва низоми судӣ кормандони амалӣ ва чанд нафар аз унвонҷӯён ба ҷараени таълим чалб шудаанд. Аз ҷумла кормандони масъули мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3-юм М.Ш. Исоев, муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ, н.и.ҳ. В. Фатҳуддинов, сардори шӯбаи амнияти Шӯрои амнияти ҶТ Ю. А. Раҳмонов, муовини сардори Раёсати Прокуратураи Генералӣ Ф.Х. Рауфов ба донишҷӯён аз курсҳои махсус дарс мегӯянд.
Дар ояндаҳои наздик аз ҷониби устодони кафедра таълифи як қатор васоити таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, аз қабили «Мурофиаи ҷиноятӣ» (васоити таълимӣ); назорати прокурорӣ, криминология, Тафсири КМГ, «Адвокатураи судӣ» (васоити таълимӣ); Ҳимояи ҳуқуқи инсон дар мурофиаи ҷиноятӣ (монография) дар назар дошта шудааст.[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Фаъолияти илмӣ” tab_id=”1584072253901-5e3361b2-2078″][vc_column_text]Айни замон дар кафедра устодони зерин фаъолият менамоянд: номзадҳои илми ҳуқуқшиносӣ, дотсентҳо Н.А. Абдуллоев, С.Э. Баҳриддинов, Х. М. Ѓафуров, И.Т.Маҳмудов, муаллими калон Н.Н.Фозилов, ассистентҳо Н.Б.Хоҷаева, С.Б.Мирзоев, А.Х.Авзалов, М.С.Сафиева, М.С.Раҳимов, Х.Ѓ.Ҷалолов ва лаборант Ҳотамова М.С.
Кафедра тадриси фанҳои таълимии мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, назорати прокурорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, криминология, психология судӣ, этикаи касбии ҳуқуқшиносӣ, бухгалтерияи судӣ, тибби судӣ ва курсҳои махсуси мурофиаи судии иктисодӣ, адвокатураи судӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, мурофиаи судии маъмурӣ, иштироки прокурор дар суд (малакаи касбӣ), нотариат, итеҳсолоти иҷро ва стандартҳои байналмиллалии муҳокимааи одилонаи судиро анҷом медиҳад.
Равияи корҳои илмӣ – тадқиқотии кафедра такмили қонунгузорӣ дар соҳаи адолати судӣ, назорати прокурорӣ ва омузиши вазъи ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки фарогири масъалаҳои рӯзмарраи инкишофи қонунгузории мурофиавии ҷиноӣ ва гражданӣ, ҳамчунин роҳҳои баланд бардоштани самарнокии фаъолияти мақомоти прокуратура оид ба ошкор намудани қонуншиканӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар шароити ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Фаъолияти омӯзгорӣ” tab_id=”1584072284699-6851c30d-54dd”][vc_column_text]Фанҳои таълимӣ
- Мурофиаи ҷиноятӣ;
- Мурофиаи гражданӣ;
- Назорати прокурорӣ;
- Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- Криминология;
- Психологияи юридикӣ;
- Этикаи касбии ҳуқуқшинос;
- Бухгалтерияи судӣ;
- Тибби судӣ ва рӯҳшиносӣ.
Фанҳои тахасусӣ:
- Мурофиаи судии иқтисодӣ;
- Асосҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ;
- Адвокатураи судӣ;
- Тартиб додани ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ;
- Мурофиаи судии маъмурӣ;
- Иштироки прокурор дар суд (малакаи касбӣ);
- Нотариат;
- Истеҳсолоти иҷро;
- Стандарти байналмилалӣ оид ба муҳокимаи одилонаи судӣ.
[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Оид ба фаъолият ва дастовардҳои кафедра” tab_id=”1584094067568-65efbbbb-9af6″][vc_column_text]
Оид ба фаъолият ва дастовардҳои кафедра
ҲИСОБОТ
оид ба фаъолият ва дастовардҳои кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ дар бахши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, такмили раванди таълим ва вусъат додани корҳои тарбиявӣ дар соли таҳсили 2016-2017
Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи кафедра, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома, қарорҳои Шӯрои олимон ва фармоишҳои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҳамзамон қарорҳои Шӯрои олимон ва садорати факултет, дастуру фармоишҳои декани факултет, Нақша-чорабиниҳои факултетро ба роҳбарӣ мегирад. Дар давраи ҳисоботӣ кафедра дар бахшҳои таълим, илм, тарбия ва ҳамкориҳо корҳои муайянеро ба сомон расондааст.
1. Ҳаёти таълимӣ
Кафедра фаъолияти худро дар асоси нақшаи кории кафедра ба роҳ монда то кунун 8 маротиба ҷаласаҳои кафедра баргузор шудаанд. Кафедра дар таъмин намудани раванди таълим дар шӯъбаҳои ҳуқуқшиноси умумӣ (рӯзона ва ғоибона), маълумоти дуюми олӣ (ғоибона), муносибатҳои байналхалқӣ (рӯзона), экспертизаи судӣ (рӯзона), идораи давлат ва ҳуқуқ, фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ (рӯзона ва ғоибона),танзими ҳуқуқи молия ва қарз ва ҳифзи моликияти зеҳнӣ (рӯзона) ширкат менамояд. Ҳаҷми умумии соатҳои таълимие, ки устодони кафедра дар давоми соли таҳсили 2016-2017 ба иҷро мерасонанд, 12511 (15988-соли 2015-2016) соатро ташкил менамояд. Соатҳои тақсимшуда дар байни ҳайати устодони кафедра 11902 соат, соатҳои тақсимшудаи иловагӣ 779 соат ва соатҳои тақсимшуда миёни соатбайъҳо 609 соатро ташкил медиҳад.
Самти асосии фаъолияти кафедра таъмин ва такмили ҷараёни таълим ба ҳисоб меравад. Шумораи кормандони штатии кафедраро айни замон 19 нафар ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 17 нафар омӯзгорон ва ду нафар кормандони ёрирасон ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумла дар кафедра 1 д.и.ҳ., профессор (З.Ҳ. Искандаров), 4 дотсент (Н.А. Абдуллоев, С.Э. Баҳриддинзода, Х.М. Ѓафуров, И.Т. Маҳмудов), 2 муаллими калон (Н.Н. Фозилов, Н.Б.Хоҷаева), 1 нафар номзади илмҳои ҳуқуқ, ассистент (П.С. Абдуллоев), 9 ассистент (А.Х. Авзалов, М.С. Сафиева, М.С. Раҳимов, Х.Ѓ.Ҷалолов, Б.С. Негматов, У.Э.Неъматуллоев, К.М.Исоев, С.И. Шоқулова, У.Ѓ. Ѓанизода), 1 нафар мудири кабинети кафедра (Н.Ш.Охунова) 1 лаборант (М.С.Ҳотамова) фаъолият менамоянд. Ҳамзамон 5 нафар соатбайъ барои пешбурди соатҳои таълимӣ низ ба кафедра ҷалб шудаанд (Шаҳидуллозода М., Рауфов Ф.Х., Салимзода Т.Н., Ҷавов У.Л., Атоев А.А.). Соли равон ду нафар омӯзгорони ҷавон (Шоқулова С.И., Ѓанизода У.Ѓ.) ба кор ба сифати ассистент қабул карда шуданд.
Корҳои таълимӣ бо роҳи иҷро намудани сарбории устодон дар намуди ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, семинарӣ, роҳбари ба корҳои таълимию истеҳсолӣ, таҷрибаомӯзӣ, кори курсӣ, рисолаҳои дипломӣ, корҳои мустақилонаи донишҷӯён, ташкил ва гузаронидани санҷишу имтиҳоноти ҷориву давлатӣ ифодаи худро меёбад. Масоили бо ҷарёни таълим алоқаманд, хондани лексия, гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ, ҳар гуна маслиҳатҳои таълимӣ, қабули санҷишу имтиҳонҳо, корҳои инфиродӣ, навиштани рефератҳо, бо донишҷуён гузаронидани санҷишҳои фосилавӣ, ба дарсҳои ҳамдигар даромадан, иштироки мудири кафедра ба дарсҳои устодон ба таври доимӣ ба роҳ монда шуда, сол то сол дар ҳоли рушд қарор дорад. Масъалаи мазкур мавриди назорати пайвастаи садорати факултет қарор дорад.
Машғулиятҳои лексионӣ ва семинарӣ (амалӣ) устодони кафедра дар асоси нақшаҳои корӣ, силлабус ва матни лексия, ки бо қарори кафедра ва Шӯрои методии факултет тасдиқ гардидааст, сурат мегирад. Ба донишҷӯён пеш аз оғози дарс дар шакли электронӣ маводи таълимӣ пешниҳод гардидааст.
Роҳбарӣ ба корҳои таълимию истеҳсолӣ, таҷрибаомӯзӣ, корҳои курсӣ, лоиҳа ва корҳои дипломӣ, ҳамчунин корҳои мустақилонаи донишҷӯён, ташкил ва гузаронидани рейтингҳои фосилавӣ, санҷишу имтиҳонҳои ҷорӣ аз ҷониби устодони кафедра дуруст ба роҳ монда шудааст.
Дар кафедра фанҳои асосии зерин таълим дода мешаванд: мақомоти ҳифзи ҳуқуқ; мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, криминология, мурофиаи судии иқтисодӣ, назорати прокурорӣ, психологияи юридикӣ ва этикаи касбии ҳуқуқшиносӣ.
Ҷараёни баргузории дарсҳо ва иҷрои ҷадвали дарсӣ аз ҷониби кафедра пайваста мавриди назорат қарор дода мешавад. Соли таълимии равон ягон ҳолати дарсшиканӣ ба қайд гирифта нашудааст. Вале ҳолатҳои ивази дарс бо сабабҳои узрнок ҷой доранд. Рафти қабули санҷишу имтиҳонҳо ва рейтингҳои фосилавӣ дар ҷаласаҳои кафедра мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Дар асоси фармоиши ректори ДМТ кафедра саволномаҳои тестиро барои сессияи санҷишиву имтиҳонии тобистонаи соли таҳсили 2016-2017 омода намуда ба Раёсати донишгоҳ пешниҳод намуд. Омодагии кафедра ба КАД баҳри қабули имтиҳонҳои давлатӣ қаноатбахш арзёбӣ мегардад.
Ҳамзамон ба донишҷӯён аз рӯйи ихтисос курсҳои махсуси тартиб додани ҳуҷатҳои мурофиавии давраи тафтишоти пешакӣ, далелҳо ва исботкунӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ, адвокатураи судӣ, мурофиаи судии маъмурӣ, иштироки прокурор дар суд, нотариат, стандартҳои одилонаи мурофиаи судӣ таълим дода мешаванд. Натиҷабахшии ҷараёни таълимро бе мавҷудияи шароиту имкониятҳои моддӣ-техникӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, фаъолияти ҳамаҷонибаи кабинети кафедра дар ин самт нақши калонро дорад. Кабинет бо воситаҳои таълимӣ ва маводҳои зарурӣ, аз ҷумла як адад компютер ва доскаи электронӣ таъмин шудааст. Ҳамзамон дар заминаи ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи ҳуқукшиносони Амрико кафедра бо 4 адад ноутбук ва дигар лавозимоти техникӣ таъмин гардид.
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии низоми таълим аз ҷониби омӯзгорони кафедра аз усулҳои интерактивии таълим васеъ истифода бурда мешаванд. Аз ҷумла, ба донишҷӯён ҳангоми омӯзиши фанҳои таълимии мурофиаи ҷиноятӣ ва гражданӣ барои таҳияи ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ корҳои мустақилона дода шуда, ин амал зимни гузаронидани машғулиятҳо аз курси махсуси тартиб додани ҳуҷатҳои мурофиавии давраи тафтишоти пешакӣ васеъ ба роҳ монда мешавад. Гузашта аз ин бо мусоидати устодони кафедра Фозилов Н.Н., Хоҷаева Н.Б. ва Авзалов А.Х. бо донишҷуёни курсҳои 4-уми ихтисоси ФҲҲ ва курсҳои 3-юми ихтисоси умумӣ мурофиаи суди таълимӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ ва гражданӣ гузаронида шуданд.
Соли ҷорӣ қабули корҳои курсӣ дар курсҳои 4-ми шӯъбаи рӯзона аз рӯйи ихтисос (85 нафар), курси сеюми шӯъбаи ғоибонаи таҳсилоти дуюми олӣ (52 нафар) ва курси сеюми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ пешбинӣ шудааст, ки дар маҷмӯъ барои иҷрои онҳо аксарияти устодони кафедра нафар вобаста шудаанд.
Бо фармони Ректори ДМТ аз 16.12.2016, № 383-04 донишҷӯёни курси сеюми шӯъбаи ғоибонаи маълумоти дуюми олии факултети ҳуқуқшиносӣ аз 19.12.2016 то 31.12.2016 дар мақомоти судӣ ва аз 03.01.2017 то 14.01.2017 дар мақомоти корҳои дохила; бо фармони Ректори ДМТ аз 16.12.2016, № 383-04 донишҷӯёни курси панҷуми шӯъбаи ғоибона аз 19.12.2016 то 31.12.2016 дар мақомоти судӣ ва аз 03.01.2017 то 14.01.2017 дар мақомоти корҳои дохила; бо фармони Ректори ДМТ аз 1912.2016, № 397-04 ва фармоиши Прокурори генералии ҶТ аз 30.12.2016, № 5-169 донишҷуёни курси панҷӯми шӯъбаи рӯзона ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ сафарбар карда шуданд, ки ҷараёни баргузории онҳо аз ҷониби устодони кафедра зери назорат қарор дода шудаанд. Айни замон онҳо таҷрибаомӯзии худро дар назди роҳбарони масъул ҳимоя карда истодаанд.
Рафти иҷрои нақша-чорабиниҳои факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар соли таҳсили 2016-2017 ҷиҳати иҷрои «Барномаи рушди факуллтети ҳуқуқшиносии ДМТ барои солҳои 2015-2020» (34 банд), «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» (12 банд); «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» (11 банд) ва нақша-чорабиниҳое, ки аз Паёми асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 банд) бар меоянд, мавриди назорати доимии кафедра қарор дода шуда, вазъи иҷрои онҳо дар ҷаласаҳои кафедра натиҷагирӣ карда мешаванд.
Барои дастгирӣ ва ёрии методӣ ба омӯзгорони ҷавон ва камтаҷриба дар роҳи такмил додани маҳорати педагогии онҳо нақшаи дарсҳои кушод ва дарсҳои ҳамдигарӣ омода гардида, дар маҷлисҳои кафедра аз натиҷааш хулосаҳо шунида шуданд.
Соли ҷорӣ навиштани рисолаҳои дипломӣ дар шӯъбаҳои рӯзона, ғоибона ва таҳсилоти дуюми олӣ пешбинӣ шудааст. Айни замон аз ҷониби 50 нафар дар рузона, 15 нафар дар шӯъбаи маълумоти дуюм ва 2 нафар дар шӯъбаи ғоибона рисолаи дипломӣ омода шуда истодаанд.Дар ин ҷода иҷрои дастури декани факултет дар мавриди омода кардани рисолаҳои дипломӣ ба инобат гирифта мешавад.
Дар баробари ин соли равон як гуруҳ устодони кафедра (Искандаров З.Ҳ., Фозилов Н.Н., Авзалов А.Х., Маҳмудов И.Т., Абдуллоев П.С.) дар таҳияи лоиҳаи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бахшҳои ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ ва ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ фаъолона иштирок намуданд. Гузашта аз ин ба мақсади таъсиси Шӯроҳои миллии ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз ҷониби устодони кафедра оид ба ихтисосҳои 12.00.09, 12.00.11, 12.00.15 шиносномаи ихтисос омода карда шуд.
Дар ин давра 3 нафар устодони кафедра ба медали барои ҳамкориҳо аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Маҳмудов И.Т., Абдуллоев П.С., Искандаров З.Ҳ.) як нафар ба Ифтихорномаи ДМТ (Абдуллоев П.С.) ва 1 нафар (Хоҷаева Н.Б.) ба унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Соли 2016 10 нафар устодони ҷавони кафедра (Ҷалолов Х.Ѓ., Сафиева М.С., Исоев К.М., Негматов Б.С.. Авзалов А.Х., Абдуллоев П.С., Хоҷаева Н.Б.,Ѓанизода У.Ѓ., Раҳимов М.С., Шоқулова С.И.) курси пурраи таҳсилро дар донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси равияи гуманитарӣ-ҳуқуқиро ба поён расонида, нақшаҳои илмӣ ва таълимиро иҷро намуда ба гирифтани дипломҳои дахлдор сазовор гардиданд.
2. Ҳаёти илмӣ
Яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти кафедраро пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти кафедра баҳри пурра, ҳаматарафа, бенуқсон иҷро намудани нақшаи илмӣ-тадқиқотии кафедра барои солҳои 2016-2020 равона карда шудааст. Кафедра фаъолияти илмӣ-тадқиқотии худро дар чорчубаи самти илмӣ – «Масоили назария ва амалияи ҳуқуқи мурофиавӣ, фаъолияти прокурорӣ, фаъолияти дигари ҳуқуқмуҳофизавӣ ва криминология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ мондааст, ки тадқиқи масоилҳои рӯзмарраи назариявӣ ва амалии мукаммал сохтани қонунгузории мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ ва назорати прокурорӣ, ҳимояи хуқуқи инсон ва шаҳрванд, ислоҳоти низоми судии ҶТ ва пешгирии ҷиояткориро фаро гирифтааст.
Соли 2016 давраи аввали иҷрои нақшаи 5 солаи (барои солҳои 2016-2020) корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра ҳисоб шуда, онро 14 нафар тадқиқотчиён ба амал бароварданд, ки аз онҳо як нафар доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, (Искандаров З.Ҳ.), 5 нафар номзадони илми ҳуқуқшиносӣ ва дотсентон (Абдуллоев Н.А., Баҳриддинзода С.Э, Маҳмудов И.Т., Ѓафуров Х.М., Абдуллоев П.С.), ду нафар муаллими калон (Фозилов Н.Н., Хоҷаева Н.Б.) ва 6 нафар ассистентон (Авзалов А.Х., Сафиева М.С., Рахимов М.С.,Ҷалолов Х.Ѓ., Неъматов Б.С., Неъматуллоев У.Э.) мебошанд.
Айни замон аксарияти ҷавонони кафедра ба мавзӯ ва роҳбари илмӣ таъмин мебошанд. Аз ҷумла бояд қайд намуд, ки ассистент Сафиева М.С. таҳти роҳбарии д.и.ҳ., Буриев И. дар мавзӯи «Пайдоиш ва инкишофи институти шоҳидӣ дар қонунгузории мурофиавии то даврони Шӯравии Тоҷикистон»; Раҳимов М.С. таҳти роҳбарии профессор Искандаров З.Ҳ., дар мавзӯи «Ҳимояи давлатии амнияти иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ: вазъи батанзимдарории ҳуқуқӣ амалия ва дурнамои инкишоф» рисолаи номзадӣ навишта истодаанд. Ҳамзамон ассистенти кафедра Ҷалолов Х.Ѓ. таҳти роҳбарии д.и.ҳ., профессори Университети давлатии лингвистикаи шаҳри Москав Казакова Вера Александровна дар мавзӯи «Характеристикаи криминологии ҷинояткории занона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ассистент Неъматуллоев У.Э. дар мавзуи «Таъсисёбӣ ва рушди падидаи нотариат дар Тоҷикистон» (роҳбари илмӣ д.и.ҳ. Сафаров Б.А.) ва ассистент Негматов Б. дар мавзуи “Тартиби соддакардашудаи пешбурди тафтишоти судӣ дар мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти роҳбарии дотсенти кафедра Ѓафуров Х.М. рисолаҳои номзадӣ омода карда истодаанд.
Ҳамзамон устодони кафедра дар давраи ҳисоботӣ дар кори беш аз 20 кофронсу семинарҳои илмӣ-амалии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ иштирок ва маъруза намуданд. Дар асоси фармоиши ректори ДМТ аз 21.10..2016, № 229-09 санаи 25 ноябри соли 2016 дар заминаи кафедра конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами ислоҳоти қонунгузории мурофиавӣ ва фаъолияти ҳуқуқмуҳофизавӣ” баргузор гардид, ки дар кори он доираи васеи олимон, меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуданд. Аз ҷумла дар кори конференсия мудири кафедраи адолати судӣ, мурофиаи ҷиноятӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Москав ба номи М.В. Ломоносов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Головко В.Л. иштирок ва маърӯза намуданд. Чунин иқдом минбаъд барои тавсеаи ҳамкорҳои кафедра бо ин маркази бонуфузи илмию таълимӣ мусоидат менамояд. Аз натиҷаи баргузории конференсияи маҷмӯаи мақолаҳо чоп шуд, ки дар он зиёда аз 60 мақолаҳои илмии олимони ватанӣ ва хориҷ ба нашр расиданд. Мудири кафедра, дотсент Маҳмудов И.Т. рузҳои 4-9 октябри соли 2016 дар кори конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Прокуратура: дирӯз, имрӯз, фардо” дар шаҳри Москави Федератсияи Россия иштирок ва бо маърӯзаи илмӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои такмили фаъолияти мақомоти прокуратураи Тоҷикистон” баромад намуданд. Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷуён: «Мурофиачиёни ҷавон», ки дар ду баст амал менамояд, фаъолият менамояд. Бо донишҷуёни басти аввал (40 нафар аъзо) ассистент Исоев К. ва бо донишҷуёни басти дуюм (40 нафар аъзо) асситент Ҷалолов Х.Ѓ. роҳбарӣ намуда, ҳар моҳ ҷаласаҳои маҳфилро мегузаронанд. Ҳамзамон рӯзҳои 25-26-уми апрели соли ҷорӣ конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати устодону донишҷӯён бахшида ба 20-солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон баргузор гардид, ки дар кори он зиёда аз 27 маърузаи донишҷӯён ва 15 маърӯзаи устодон шунида шуданд. Бо мақсади иҷрои қарорҳои садорати факултет ба ҳар як шумораи навбатии маҷаллаҳои илмии “Ҳаёти ҳуқуқӣ” ва “Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон” аз ҷониби устодони кафедра мақолаҳо барои нашр пешниҳод мешаванд.
Дар ҳамин давра аз ҷониби кормандони кафедра ба 6 лоиҳаҳои парвандаҳои конститутсионӣ, қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи илмӣ дода шудааст. Аз ҷониби устодони кафедра (Баҳриддинзода С.Э., Исканадаров З.Ҳ., Фозилов Н.Н., Маҳмудов И.Т., Абдуллоев П.С.) ба се китоби дарсӣ, лоиҳаи қонуну барномаҳои давлатӣ ва ҳамзамон ҷиҳати такмили Қонуни ҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» тақриз ва таклифу пешниҳодҳо ирсол карда шуданд. Профессор Искандаров З.Ҳ. ҳамчун аъзои Шӯрои илмӣ-машваратии назди Суди конститутсионӣ ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дотсент Маҳмудов И.Т ҳамчун аъзои комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи ҶТ самаранок фаъолият карда истодаанд.
Дар соли ҳисоботӣ аз ҷониби устодони кафедра 80 мақолаву дастурот ва барномаву китобҳо омода карда шуда, ба табъ расонида шудаанд. Аз ин миён 55 мақолаи илмӣ (20 тезис), 11 мақолаи оммавӣ, 8-васоити таълимӣ, 2 барномаи таълимӣ, 1 монография, 1 тақриз ба ҳисоб меравад.
Дар умум дар давоми панҷ сол (Нақшаи КИТ барои солҳои 2011-2015) аз ҷониби омӯзгорони кафедра дар маҷмӯъ 350 корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ нашра карда шудаанд, ки аз ин шумора: 9 тафсир, 234 мақола, 5 монография, 2 китоби дарсӣ, 41 васоит таълимӣ, 10 тезис, 45 барнома, 3 фарҳанг ба ҳисоб мераванд.
3. Ҳаёти тарбиявӣ:
Яке аз бахшҳои муҳими кафедраро ҳаёти тарбиявӣ ташкил медиҳад. Дар ин давра корҳои муайяне дар ин самт анҷом дода шуданд. Айни замон омӯзгорони зерини ҷавони ҷавони кафедра ба ҳайси сарпарастони курсҳои алоҳида фаъолият карда истодаанд: Негматов Баҳодур – 5-02; Неъматуллоев Умед – 4-02; Сафиева Муборак – курси 2 экспертизаи судӣ; Абдуллоев Парвиз -5-01; Ҷалолов Холиқ -5-01 ЁЖЗ; Исоев Комёр – курси 2-03 англисӣ, Ѓанизода У.Ѓ.-курси 3-ИДҲ (русӣ). Аз ҷониби устодони кафедра навбатдорӣ дар кафедра, факултет ва хобгоҳ дуруст бароҳ монда шудааст. Моҳҳои феврал ва апрели соли 2016 омузгорони кафедра Маҳмудов И.Т ва Ѓафуров Х.М ҳамчун аъзоёни гуруҳи корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷиҳати шарҳу тавзеҳи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари корӣ анҷом доданд. Ҳамзамон мудири кафедра рӯзҳои 11-18-уми январи соли ҷорӣ ҳамчун роҳбари гуруҳи корӣ ба ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дод. Устодони кафедра Маҳмудов И.Т., Ѓафуров Х.М., Авзалов А.Х., Исоев К.М. дар беш аз 10 барномаи телвизиониву радиоӣ дар мавзӯҳои алоҳидаи ҳуқуқӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ баромадҳо намуданд. Рӯзҳои 4 ва 5-уми ноябри соли 2016 дар Хадамоти Гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ” ба кулли кормандони дастгоҳи марказӣ аз ҷониби мудири кафедра, дотсент Маҳмудов И.Т. лексия хонда шуд.
Устодони кафедра дар ҳама чорабиниҳои фарҳангии факултет, донишгоҳ ва сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкати фаъолона менамоянд. Аз ҷумла аксарияти кули омӯзгорони кафедра дар машқҳои ҷашнӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатии кишвар дар майдони марказии пойтахти Ватани маҳбубамон ширкат намуданд. Омӯзгорони кафедра сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои тарбияи мутахассисони арзанда, ҷавонони меҳанпарасту донишманд ва ҳисси баланди миллдошта пайгирона фаъолият менамоянд.
[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Ҳайати кадрӣ” tab_id=”1584094153993-da2daf0d-5cf9″][cq_vc_accordion contentcolor=”#333333″][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Маҳмудов Изатулло Тешаевич”]
Мансаб: Мудири кафедра
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Масоили вобаста ба паҳлуҳои алоҳидаи фаъолияти прокурорӣ, мурофиаи ҷиноятӣ ва фаъолияти оператвӣ-ҷустуҷӯӣ
Мукофот ва унвон: Дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои ҷавонон дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
1995-2000, факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2008 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Асосҳои назариявӣ ва илмӣ-амалии назорати прокурорӣ оид ба иҷрои қонунҳо дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ» (аз рӯи маводҳои ҶумҳурииТоҷикистон)» ҳимоя кардааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Аз соли 2000 то ҳанӯз ассистент, муаллими калон, дотсент, муовини декан ва мудири кафедраи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
08. 03. с. 1978 таваллуд шудааст.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Искандаров Зайниддин Ҳамидович”]
Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ
Мансаб: профессор
Унвони илмӣ: профессор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ
Масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар мурофиаи судии ҷиноятӣ
Мукофот ва унвон: Аълочии маориф, Ордени хизмати шоиста.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
1984 – 1991,Факултети ҳуқуқшиносии ДДТ ба номи В.И. Ленин.
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 1996 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи ««Иштироки ҳимоячӣ дар марҳилаи тафтиши ҷиноят: вазъ, муаммо ва ҳалли он» дифоъ кардааст.
Дифои рисолаи докторӣ:
Соли 2010 рисолаи докториашро дар мавзӯи: «Асосҳои ҳуқуқии ҳимояи ҳуқуқи инсон дар мурофияи ҷиноятии ҶумҳурииТоҷикистон» дифоъ кардааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Аз соли 1990 аспирант, ассистент, дотсент, мудири кафедра, профессори кафедраи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
18.03. с.1967 таваллуд шудааст.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Абдуллоев Неъмат Абдуллоевич”]
Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ
Мансаб: дотсент
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
Проблемаҳои ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ
Мукофот ва унвон: Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
1961-1966, факултети ҳукуқшиносии ДДТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 1970 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Принсипи забони миллии мурофиаи судии ҷиноятӣ» дифоъ кардааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Аз соли 1967 аспирант, ассистент, муаллими калон, мудири кафедра, айни замон дотсенти факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дигар маълумоти шарҳи ҳол:
14. 05. с. 1939 таваллуд шудааст.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Ғафуров Хайрулло Мирзамонович”]
Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ
Мансаб: дотсенти кафедра
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Проблемаҳои инкишофи ҳокимияти судӣ ва низоми судӣ
Мукофот ва унвон:
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
1996-2001,факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ.
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2006 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Низоми судии ҶТ» дифоъ намудааст
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Аз соли 2001 ассистент, дотсенти факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
20. 07. с.1977 таваллуд шудааст.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Абдуллоев Парвиз Саъдуллоевич”]
Абдуллоев Парвиз Саъдуллоевич
Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ
Мансаб: дотсент
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
Ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, далел ва исботкунӣ, назорати прокурорӣ
Мукофот ва унвон:
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
2004-2009 донишҷӯи ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
10.09.1986 сол таваллуд шудааст
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Фозилов Насим Носирович”]
Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ
Мансаб: Муаллими калон
Унвони илмӣе:
Дараҷаи илмӣ:
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
Проблемы гражданского процессуального права
Мукофот ва унвон: –
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
1985-1992, факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
1992- айни ҳол ассистент, муаллими калони кафедра дар ДМТ
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 9.08.1968 с.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Баҳриддинзода Субҳиддин Эсо”]
Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ
Мансаб: дотсенти кафедра
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣь: номзади илмҳои ҳуқуқ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
Криминология
Мукофот ва унвон:
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
1997-2002,факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ.
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2012 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Пайдоиш ва инкишофи назорат ва контроли конститутсионӣ дар ҶТ: таърихӣ-ҳуқуқи ва умумии суди конститутсионӣ» дифоъ кард.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Аз соли 2006 ассистент, айни замон дотсенти факултети ҳуқуқшиносии ДМТ мебошад
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
08. 09. с.1980 таваллуд шудааст.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Авзалов Ардашер Хайруллоевич”]
Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ
Мансаб: ассистенти кафедра
Унвони илмӣ: асситстент
Дараҷаи илмӣ: –
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
Проблемаҳои ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ
Мукофот ва унвон: надорад
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
аз соли1999 то 2004 донишҷӯи факултети ҳуқукшиносии ДДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Аз соли 2008 то ҳанӯз ассистенти факултети ҳуқукшиносии ДМТ
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
15. 02. с.1982 таваллуд шудааст
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Хоҷаева Наргис Балаҷоновна”]
Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ
Мансаб: муаллимаи калон
Унвони илмӣ:
Дараҷаи илмӣ:
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Хуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ.
Мукофот ва унвон: Ифтихорномаи ДМТ ва факултети ҳуқуқшиносӣ, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон соли 2017
Шарҳи мухтасари ҳол:
Маълумот: 1997 – 2002 донишҷӯи факултети ҳуқукшиносии ДДМТ.
Дифои рисолаи номзадӣ:
Дар мавзӯи «далелҳои шайъӣ дар қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ: таҳқиқи муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории мурофиавии ФР ва ҶТ
тадқиқоти илмӣ бурдаистодааст»
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Аз соли 2002 дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТкору фаъолият менамояд. Аз 20-уми апрели соли 2015 то инҷониб таҳти рақами 142-6 дар вазифаи муаллимаи калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ фаъолият менамояд.
То имрӯз вобаста ба мавзӯи рисолаи номзадӣ зиёда аз 50 мақолаи илмӣ ва 7 барномаи таълимӣ нашр намудааст.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 3.11.1981 с. Оиладор, соҳиби як фарзанд
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Сафиева Муборак Сафиевна”]
Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ
Мансаб: ассистенти кафедра
Унвони илмӣ: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
Мукофот ва унвон: Бо ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
2004 – 2009, факултети ҳуқукшиносии ДДМТ.
Дифои рисолаи номзадӣ:
Аз соли 2013 дар мавзӯи «Пайдоиш ва инкишофи институти шоҳидӣ дар қонунгузории мурофиавӣ то даврони Шӯравии Тоҷикистон» тадқиқоти илмӣ мебарад.
Муаллифи зиёда аз 15 мақолаи илмию – оммавӣ мебошад.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2009 то ҳанӯз ассистенти факултети ҳуқукшиносии ДМТ мебошад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 5.08.1987 с.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Раҳимов Мумин Сайфуллоевич”]
Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ
Мансаб: ассистенти кафедра
Унвони илмӣ: ассистент
Дараҷаи илмӣ: –
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назорати прокурорӣ, далел ва исботкунӣ, криминология
Мукофот ва унвон: надорад
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
аз соли 2004 то 2010 донишҷӯи ДДМТ..
Дифои рисолаи номзадӣ: –
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2011 – то ҳанӯз ассистенти факултети ҳуқукшиносии ДМТ
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 8.07.1986 с.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Ҷалолов Холиқ Ғайбуллоевич”]
Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ
Мансаб: ассистенти кафедра
Унвони илмӣ: ассистент
Дараҷаи илмӣ: –
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назорати прокурорӣ, далел ва исботкунӣ, криминология
Мукофот ва унвон: надорад
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
2006-2011, факултети ҳуқукшиносии ДМТ.
Дифои рисолаи номзадӣ: –
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2011 – то ҳанӯз ассистенти факултети ҳуқукшиносии ДМТ.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 19.02.1989 с.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Неъматуллоев Умед Эмомович”]
Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ
Мансаб: ассистенти кафедра
Унвони илмӣ: ассистент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назорати прокурорӣ, далел ва исботкунӣ, криминология
Мукофот ва унвон: надорад.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
2008-2013 донишҷӯи ДДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Таърихи 25-уми декабри соли 2018 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Становление и развитие института нотариата в Таджикистане» ҳимоя намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2013 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ кору фаъолият менамояд.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
20.05.1991 сол таваллуд шудааст
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Раҷабов Абдуҷаббор”]
Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ
Мансаб: ассистенти кафедра
Унвони илмӣ: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назорати прокурорӣ, далел ва исботкунӣ, криминология
Мукофот ва унвон: надорад
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
аз соли 2000 то соли 2005 донишҷӯи ДДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
аз соли 2013 то инҷониб дар мавзӯи «Боздоштан ва аз нав ба ҳаракат даровардани тафтишоти пешакӣ»
тадқиқоти илмӣ бурдаистодааст».
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2006 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ кору фаъолият менамояд
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
06.02.1981 сол таваллуд шудааст
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Негматов Баҳодур Сафарович”]
Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ
Мансаб: ассистенти кафедра
Унвони илмӣ: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назорати прокурорӣ, далел ва исботкунӣ, криминология
Мукофот ва унвон: надорад
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
аз соли 2005 то 2010 донишҷӯи ДДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Дар мавзӯи «тартиби соддакардашудаи пешбурди тафтиши судӣ дар мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадқиқоти илмӣ бурда истодааст
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз моҳи январи соли 2014 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ кору фаъолият менамояд
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
06.10.1987 сол таваллуд шудааст
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Шоқулова Сафаргул Исмонқуловна”]
Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ
Мансаб: ассистенти кафедра
Унвони илмӣ: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ
мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назорати прокурорӣ, далел ва исботкунӣ, криминология
Мукофот ва унвон: надорад
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
аз соли 2004 то 2009 донишҷӯи ДДМТ.
Рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи фаъолияти омузгорӣ:
аз моҳи январи соли 2016 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ кору фаъолият менамояд
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
07.10.1987 сол таваллуд шудааст
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Исоев Комёр Мадвалиевич”]
Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ
Мансаб: ассистенти кафедра
Унвони илмӣ: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назорати прокурорӣ, далел ва исботкунӣ, криминология
Мукофот ва унвон: надорад.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
аз соли 2009 то 2014 донишҷӯи ДМТ
Рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2014 то инҷониб дар факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ кору фаъолият менамояд
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
05.05.1991 сол таваллуд шудааст
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Исоев Комёр Мадвалиевич”]
Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ
Мансаб: ассистенти кафедра
Унвони илмӣ: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назорати прокурорӣ, далел ва исботкунӣ, криминология
Мукофот ва унвон: надорад.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
аз соли 2009 то 2014 донишҷӯи ДМТ
Рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2014 то инҷониб дар факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ кору фаъолият менамояд
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
05.05.1991 сол таваллуд шудааст
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Ғанизода Умед Ғанӣ”]
Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ
Мансаб: ассистенти кафедра
Унвони илмӣ: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назорати прокурорӣ, далел ва исботкунӣ, криминология
Мукофот ва унвон: надорад
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
аз соли 2011 то 2016 донишҷӯи ДМТ.
Дифои рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2016 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ кору фаъолият менамояд
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
25.05.1993 сол таваллуд шудааст
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Собиров Мирали Шералиевич”]
Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ
Мансаб: ассистенти кафедра
Унвони илмӣ: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
мурофиаи ҷиноятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назорати прокурорӣ, криминология
Мукофот ва унвон: надорад
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
аз соли 2013 то соли 2018 донишҷӯи факултети ҳуқукшиносии ДМТ.
Дифои рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2018 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ кору фаъолият менамояд
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 15.03.95
[/cq_vc_accordion_item][/cq_vc_accordion][/vc_tta_section][/vc_tta_accordion][/vc_column][/vc_row]