[vc_row][vc_column width=”1/4″][vc_widget_sidebar sidebar_id=”td-td_demo_category”][/vc_column][vc_column width=”3/4″][vc_column_text]
Мудири кафедра — н.и.ҳ., дотсент, Сангинов Дониёр Шомаҳмадович |
||
Суроға: | 735000, ш. Душанбе, куч. Буни Ҳисорак, бинои 11, ошёнаи 5, утоқҳои 504,509. | |
Телефон: | 224-30-91 | |
E-mail: | hukukisohibkori@mail.ru |
[/vc_column_text][cq_vc_separator title=”” bgcolor=”#333333″ fontcolor=”#ffffff”][vc_tta_accordion style=”modern” color=”sky” spacing=”1″ gap=”1″ active_section=”1″ no_fill=”true” collapsible_all=”true”][vc_tta_section title=”Расмҳои устодони кафедра” tab_id=”1584072122092-97ea2257-0d35″][vc_column_text]
[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Таърих” tab_id=”1584072225856-b51c62e7-4dbd”][vc_column_text]
Кафедраи «Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат» моҳи августи соли 1981 ба номи Кафедраи «Қонунгузории хоҷагӣ ва ҳуқуқи меҳнат» таъсис ёфтааст, ки сарварии онро Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Виктор Аркадевич Ойгензихт ба ӯҳда дошт. Ин кафедра бо мақсади тайёр намудани мутахассисони ҳуқуқшинос барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ таъсис ёфта буд. Ҳамон вақт дар кафедра 7 нафар омузгор кору фаъолият менамуданд, ки аз онҳо 1 нафар доктори илми ҳуқуқ, профессор, 3 нафар номзадҳои илми ҳуқуқ, дотсентон, 1 муаллими калон ва 2 ассистент, аз ҷмула Ойгензихт Виктор Аркадьевич (мудири кафедра, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор), Ҳафизов Гали Ҳафизович (номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент), Стрелникова Евгения Николаевна (номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент), Исмоилов Шавқат Маҳмудович (номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент), Раҳимова Светлана Махмудовна (муаллими калон), Раҳимзода Маҳмад Забир (ассистент), Шонасриддинов Назриддин (ассистент). Баъдан 4 нафар корманди ҳамкор ҷалб шуда буданд: Клеандров Михаил Иванович (номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент), Амосов Сергей Михайлович (номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент), Бухарский Игор, Пахрамов Наби Пахрамович.
Дар солҳои аввали таъсиси кафедра аз фанҳои ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқи молия, ҳуқуқи колхозӣ (аграрӣ) ва курси махсуси ҳуқуқи хоҷагӣ ба донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ ва ҳуқуқи шӯравӣ ба донишҷӯёни дигар факултетҳои Донишгоҳ дарс дода мешуд.
Ойгензихт В.А. яке аз бунёдгузорони мактаби сивилистикаи Тоҷикистон, олими намоёни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, мутахассиси варзидаи ҳуқуқи гражданӣ ба шумор меравафт, ки солҳои 1981-1990 мудири кафедраи мазкур буд. Ў муаллифи як силсила асарҳо, аз чумла Правовое регулирование товарооборота в СССР (1966), Проблемы риска в гражданском праве (1972), Презумпция в советском гражданском праве (1976), Имущественная ответственность в хозяйственных договорах (1980), Воля и волеизъявление (1983), Нетипичные договорные отношения в гражданском праве (1984), Мораль и право (1987), Юридическое лицо и трудовой коллектив: поведение и ответственность (1988), 300 ответов на вопросы сельских тружеников (1988), Социалистическое правовое государство» (1990), Альтернатива в гражданском праве (1990) ва ғайра мебошад, ки дар нашрияҳои Тоҷикистон, Россия, Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қиргизистон, Литва, Латвия, Украина ва Беларус ба табъ расидаанд. Асарҳо ва мақолаҳои илмии В.А. Ойгензихт аҳамияти бузурги илмиву назариявӣ дошта, дар ташаккули самтҳои нави рушди илми ҳуқуқи гражданӣ нақши бебаҳо доранд.
Соли 1991 бо назардошти дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти иқтисодӣ ва ҳуқуқии ҷумҳурӣ, гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ ҳам ба қабул намудани қонунгузории нав, аз он ҷумла қонунгузории соҳибкорӣ кафедраи мазкур бо номи «Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат» тағйири ном кард ва сарварии кафедраро дар солҳои 1991-1994 докторҳои илми ҳуқуқ, профессор Ш.М. Исмоилов ба зима доштанд. Ба қалами профессор Ш.М. Исмоилов монографияҳову китобҳои зерин таалуқ доранд: Теоретические проблемы правового регулирования сельскохозяйственной кооперации (1990), Правовое регулирование предпринимательской и налоговой деятельности в Республике Таджикистан (1998), Курс налогового права (2002), Ҳуқуқи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистоон (2013), Ҳуқуқи иқтисодӣ (2013), Налоговое право (2018) ва дигарон.
Солҳои 1994-2000 бошад мудири кафедра доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор М.З. Раҳимзода буданд, ки муаллифи зиёда аз 400 монография, китобҳои дарсию васоити таълимӣ-методӣ, тафсирҳо ва мақолаҳои илмӣ мебошад, аз ҷумла Таъмини сифат талаби замон (1988), Исполнение хозяйственных обязательств: (Встречное исполнение) (1990), Асосҳои давлат ва ҳуқуқ (1995), Луғат – маълумотномаи ҳуқуқии соҳибкор (1997), Правовые проблемы достижения конечного результата предпринимательской деятельности (1998), Ҳуқуқи гражданӣ. Қисми 1 (2002), Ҳуқуқи соҳибкорӣ. қисми 1 (2002), Бунёди давлатдории навин (2002), Гендерное измерение земельного законодательства, политики и налогообложения в Таджикистане: Анализ. Проблемы. Пути решения. Рекомендации (2002), Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ» (фермерӣ) (2003), Ҳуқуқи гражданӣ. қисми 2 (2003), Танзими ҳуқуқии фаъолияти судҳои ҳакамӣ(2004), Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ (2004), Ҳуқуқи соҳибкорӣ. Китоби дарсӣ (2005), Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006), Ҳуқуқи гражданӣ қисми 1 (2006), Ҳуқуқи гражданӣ. Қисми 2 (2007), Ҳуқуқи соҳибкорӣ (маълумоти мухтасар) (2007), Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ: ташаккул ва инкишофи он (2007), Конечный результат предпринимательской деятельности; теория и правовое регулирование (2007), Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ (2009), Общество, государство и право (2009), Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011), Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол”(2011), Техникаи қонунгузорӣ (2011), Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” (2011), Тафсири қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” (2012), Комментарий к Гражданскому процессуальному кодексу Республики Таджикистан (2012), Тафсири қисми 3 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013), Тафсири Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013), Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёри – ҳуқуқӣ» (2014), Избранные труды по гражданскому и предпринимательскому праву (2014), Техникаи қонунгузорӣ (2016), Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” (2017), Танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва танзими ҳуқуқӣ: монография (2018), Тафсири Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” (2018) ва ғайра.
Солҳои 2000-2012 номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Н. Шонасридинов мудири кафедра буданд. Дотсент Шонасридинов Н. муаллифи асарҳои зерин мебошанд: Правовое обеспечение экономики и рационального использования электрической и тепловой энергии (1988), Договорное регулирование энергоснабжения (1992), Комментарий к Гражданскому кодексу Республики Таджикистан. Ч. 1 (2004), Тафсири Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004), Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006), Ҳуқуқи соҳибкорӣ. Қисми 1 (2009), Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ (2009), Ҳуқуқи таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010), Ҳуқуқи соҳибкорӣ. Қисми 2 (2010),Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011), Ҳуқуқи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011), Ҳуқуқи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012) ва ғайра.
Аз 6 марти соли 2012 инҷониб мудири кафедраи мазкур номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Сангинов Дониёр Шомаҳмадович мебошад. Сангинов Д.Ш. муаллифи зиёда аз 180 кори илмӣ ва илмӣ-методӣ мебошад, аз ҷумла Ҳуқуқи соҳибкорӣ (2010), Ҳуқуқи таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010), Правовое регулирование туристской деятельности в Республике Таджикистан: проблемы и пути их решения (2010), Ҳуқуқи молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011), Правовое положение туриста в туристской деятельности (2011), Ҳуқуқи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012), Ҳуқуқи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012), Ҳуқуқи таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012), Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012), Тафсири Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар ҶТ» (2012), Предпринимательское права Республики Таджикистан (2013), Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» (2013), Туризм в Республики Таджикистан: теория и практика правового регулирования (2013), Право социального обеспечения Республики Таджикистан (2013), Энергетическое право Республики Таджикистан (2013), Ҳуқуқи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013), Ҳуқуқи соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон: луғати истилоҳоти ҳуқуқӣ (2013), Правовое регулирование отношений в сфере оказания социально-культурных услуг (2014), Ҳуқуқи рақобати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014), Ҳуқуқи таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014), Ҳуқуқи соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015), Ҳуқуқи интернетӣ ва ҳуқуқи асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015), Ҳуқуқи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016), Ҳуқуқи ҳисоббаробаркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016), Ҳуқуқи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016), Ҳуқуқи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017), Ҳуқуқи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017), Проблемы правового регулирования предпринимательской деятельности по оказанию социально-культурных услуг в Республике Таджикистан (2018) ва ғайра.
Соли 2012 дар заминаи кафедра ихтисоси «Танзими ҳуқуқии молия ва қарз» таъсис дода шуд, ки мутахассисисонро аз рӯи ихтисоси «Танзими ҳуқуқи молия ва қарз» ба кори касбӣ дар мақомоти давлатӣ, бонкҳо, биржаҳо, ташклотҳои молиявӣ ва суғуртавӣ, бунёдҳои сармоягузорӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатии дигари самти иқтисодӣ, хадамоти иқтисодии корхонаҳо ва ташкилотҳои шаклҳои гуногуни моликият, дар вазифаҳои, ки доштани маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ зарур мебошад, сафарбар мегардад.
Дар назди кафедра ихтисоси “Ҳуқуқи соҳибкорӣ” ҷой дорад, ки мутахассисонро барои соҳаҳои хоҷагии халқ тайёр мекунанд. Инчунин барои таҳлили илмии мавзӯъҳои мубрами ҳуқуқи соҳибкорӣ дар назди кафедра Маҳфили илмии донишҷӯён “Соҳибор ва қонун” бо роҳбарии омӯзгор Каримов Х.С. фаъолият менамояд, ки дар як моҳ ду маротиба ҷаласа баргузор менамояд.
Дар кафедра 20 нафар корманди шататӣ аз ҷумла 3 доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, 7 номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, 3 муаллими калон, 6 ассистент, 1 лабаранти кафедра фаъолият мекунанд: Раҳимзода М.З., Ѓафурзода А.Д., Бозоров Р.Б. (профессорон), Сангинов Д.Ш., Бобокалонов Ѓ.М., Мирззозода П.З., Мирбобоева Р.В., Ризоева С.К., Кабутов Э.Д., Мавлоназаров О.А. (дотсентон), Муминов Н.И., Хоҷаева Р.М., Шарифов И.М. (муаллимони калон), Саъдиев И.З., Сангов С.И., Каримов Х.С., Шабонов Ш.С., Азамқулов Ф.Ҳ., Раҷабзода Х.Р. (ассистентон), Маҷидова Р.С. (лабаранти кафедра).
Дар айни ҳол дар кафедра аз 21 фанни таълимӣ ба донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ ва донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии донишгоҳ дарс дода мешавад, аз ҷумла аз фаннҳои таълимии Ҳуқуқ, Ҳуқуқи соҳибкорӣ, Ҳуқуқи меҳнатӣ, Ҳуқуқи сайёҳӣ, Ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ, Ҳуқуқи молия, Ҳуқуқи андоз, Ҳуқуқи фарҳангӣ, Ҳуқуқи рақобат, Ҳуқуқи асъор, Ҳуқуқи интернетӣ, Ҳуқуқи бонкӣ, Ҳуқуқи энергетикӣ, Ҳуқуқи ҳисоббаробаркунӣ, Ҳуқуқи копоративӣ, Ҳуқуқи буҷетӣ, Ҳуқуқи муфлисшавӣ, Ҳуқуқи тиббӣ, Ҳуқуқи варзишӣ ва курсҳоимахсуси Проблемаҳои акуталии ҳуқуқи соҳибкорӣ, Танзими ҳуқуқии соҳибкории хурд ва миёна. Кулли фанҳои таълимӣ бо китоби дарсӣ, васоити таълимию методӣ, дастури таълимӣ, барномаи таълимӣ (Силлабус) таъмин мебошанд. Масалан Ҳуқуқи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китоби дарсӣ (2017), Ҳуқуқ. Китоби дарсӣ (2015), Ҳуқуқи соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китоби дарсӣ (2015), Ҳуқуқи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Васоити таълимӣ – методӣ (2017), Ҳуқуқи ҳисоббаробаркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Васоити таълимӣ-методӣ (2016), Ҳуқуқи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Васоити таълимӣ-методӣ (2016), Трудовое право Республики Таджикистан. Васоити таълимӣ (2016), Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқи андоз. Васоити таълимӣ (2016), Ҳуқуқи таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Васоити таълимӣ (2015), Ҳуқуқи интернетӣ ва ҳуқуқи асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон. Васоити таълимӣ (2015), Трудовое право Республики Таджикистан. Учебное пособие (2014), Ҳуқуқи бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Васоити таълимӣ (2014), Ҳуқуқи рақобати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Воситаи таълимӣ (2014), Ҳуқуқи соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Воситаи таълимӣ (2014), Ҳуқуқи таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Васоити таълимӣ (2014), Ҳуқуқи сайёҳии (туристии) Ҷумҳурии Тоҷикистон: Васоити таълимӣ – методӣ (2014), Право социального обеспечения Республики Таджикистан. Учебное пособие (2013), Предпринимательское право Республики Таджикистан. Учебное пособие (2013), Энергетическое право Республики Таджикистан. Учебное пособие (2013), Ҳуқуқи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Воситаи таълимӣ (2013), Ҳуқуқи соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон: луғати истилоҳоти ҳуқуқӣ (бо забони тоҷикӣ ва русӣ). Васоити таълимӣ (2013), Ҳуқуқи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Васоити таълимию амалӣ (2012), Ҳуқуқи молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Васоити таълимӣ (2012), Ҳуқуқи соҳибкорӣ. Васоити таълимӣ (2012), Ҳуқуқи биржавӣ. Васоити таълимӣ (2012), Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дастури таълимӣ (2012), Ҳуқуқи таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Воситаи таълимӣ (2012), Ҳуқуқи сайёҳии (туристии) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Васоити таълимӣ (2012), Ҳуқуқи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон. Васоити таълимӣ (2012), Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Васоити таълимӣ (2012) ва дигар.
Дар давоми 38 соли фаъолият дар кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат 1000 асарҳои илмӣ, илмию методӣ ва илмию оммавӣ аз чоп бароварда шуд, ки онҳо ба таълиму тарбия, ҳалли нуқсонҳои қонунгузорӣ ва мушкилоти илми ҳуқуқшиносӣ равона гардидаанд. Аз ҷумлаи онҳо 65 китоби дарсӣ ва монографияҳо, 51 воситаи таълимию методӣ, 55 барномаи таълимӣ ва дастури методӣ ва 829 мақолаи илмиву оммавӣ ва фишурда мебошад. Масалан Частноправовое регулирование оказание услуг трудоустройства в Республике Таджикистан: монография (2018), Теоретические проблемы правового регулирования инвестиций в Республике Таджикистан: концепции и правоприменение: монография (2018), Танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар бозори хизматрасонии бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои Созмони умумиҷаҳонии савдо: монография (2018), Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» (2018), Танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва танзими ҳуқуқӣ: монография (2018), Тафсири Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” (2018), Нақши фондҳо замонатӣ дар рушди соҳибкории хурду миёна: монография (2018), Тафсири Қонуни ҶТ “Дар бораи муҳоҷират” (2018), Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” (2017), Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” (2017), Тафсири Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017), Формирование и развитие финансового права развивающихся стран (на примере Исламской Республики Афганистан, Исламской Республики Иран, Кыргызской и Республики Таджикистан): монография (2017), Мушкилоти танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар бозори хизматрасонии бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун аъзои Созмони умумиҷаҳонии савдо: Монография (2017), Тафсири Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017), Право потребителей на надлежащую рекламу и его защита по законодательству Республики Таджикистан: монография (2016), Тафсир Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» (2016), Техникаи қонунгузорӣ: монография (2016), Назария ва амалияи танзими умумӣ ва хусусӣ-ҳуқуқии муносибатҳо дар бахши соҳибкорӣ ва меҳнат: монография (2016), Прававое регулирование приобритения, исползования и защиты права на товарный знак в Республике Таджикистан: монография (2016), Проблемы защити гражданских информационных прав индивидуальных предпринимателей по законодательству Республики Таджикистан: монография (2015), Правовое регулирование отношений в сфере оказания социально-культурных услуг: монография (2014), Туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: монография (2014), Избраные труды по гражданскому и препринимательскому праву (2014), Lagal status of missing persons under the legislation of the Repudlik of Tajikistan (2014), Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёри – ҳуқуқӣ» (2014), Туризм в Республики Таджикистан: теория и практика правового регулирования: монография (2013), Тафсири қисми 3 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013), Тафсири кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013), Внедоговорная ответственность государства за вред, причиняемый предпринимателям: монография (2013), Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» (2013), Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2012), Комментарий к Гражданскому процессуальному кодексу Республики Таджикистан (2012), Тафсири Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (2012), Правовые вопросы изменения и расторжения договора: монография (2012), Договор как основание возникновения обязательства: проблемы теории и законодательства: монография (2012), Товарный знак как объект правовой охраны в Республике Таджикистан: современное состояние и перспективы: монография (2012), Формирование и развитие финансового права развивавшихся стран (На примере Исламской Республики Афганистан, Исламской Республики Иран и Республики Таджикистан): монография (2012) ва дигар. Дар баробари ин асарҳои илмӣ-методӣ барои дар сатҳи хуб бо маводи таълимӣ баргузор намудани дарсҳои тадрисшавандаи кафедра кӯмак менамоянд.
Аз соли 1981 то соли 2019 дар заминаи кафедра 35 нафар рисолаи номзадию докторӣ ҳимоя намуданд, аз ҷумла 7 нафар рисолаи докторӣ – М.И. Клеандров, С.М. Амосов, Ш.М. Исмоилов, М.З. Раҳимзода, Ш.К. Ѓаюров, А.Д. Ѓафурзода, Р.Б. Бозоров ва 28 нафар рисолаи номзадӣ – М.З. Раҳимзода, Е.Н. Стрелникова, Н. Шонасриддинов, С. Акрамов, Ф.М. Нодиров, Р.Б. Бозоров, Ѓ.M. Бобокалонов, А.Д. Ѓафуров, А.Р. Носиров, Н.Б. Носиров, Р. Абдулоева, Т. Маҳмадхонов, Д.Ш. Сангинов, Б.Ю. Ахунов, А. Чоршанбев, П.З. Мирззозода, Р.В. Мирбобоева, Ф.А. Маҳмадшоев, Ф.М. Аминова, Э.Д. Кабутов, А.С. Пулотов, Ш.А. Тоҷибоев, С.К. Ризоева, О.А. Мавлоназаров, П.Р. Пирзода, Н.А. Табаров.
Айни замон дар кафедра 8 аспирант, 15 унвонҷӯ, 1 доктарант Phd ва 8 магистр ба навиштани рисолаи илмӣ машғул мебошанд.
Таълифоти устодони кафедра дар Россия, Олмон, Эрон, Эстония, Литва, Латвия, Арманистон, Узбекистон, Қазоқистон, Полша, Молдова, Гурҷистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ ба табъ расидаанд. Кафедра бо як гурӯҳ олимони мактабҳои олии мамолики ИДМ, аз ҷумла бо кафедраи ҳуқуқи гражданӣ, тиҷоратӣ ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов, кафедраи ҳуқуқи граждании Донишкадаи ҳуқуқшиносии Қазоқистон, кафедраи ҳуқуқи граждании Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи ба номи И.М. Муъминови А.И Ҷумҳурии Узбекистон, Донишгоҳи Бермени Ҷумҳурии Федеративии Олмон робитаҳои устувору судманди илмӣ барқарор намудааст. Дар заминаи кафедра дар даврони истиқлолият 13 конфронси байналмилалӣ, 15 конфронси ҷумҳуриявӣ ва 32 семинар ва мизи мудавар баргузор карда шуд, ки дар онҳо олимони намоёни давлатҳои хориҷа ширкат намудаанд.
Устодон ва дастпарварони кафедра низ айни ҳол ба дараҷаҳои баланди илмӣ расида, дар вазифаҳои пурмасъул кору фаъолият низ менамоянд:
Клеандров Михаил Иванович – Ҳуқуқшиноси шоистаи Федератсияи Россия, Арбоби илми Федератсияи Россия, узви вобастаи Академияи илмҳои Россия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Сарходими илмии бахши ҳуқуқи соҳибкории Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Россия.
Амосов Сергей Михайлович – Ҳуқуқшиноси шоистаи Федератсияи Россия, Академияи илмҳои Россия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, муовини раиси Суди олии арбитражии Федератсияи Россия.
Исмоилов Шавкат Маҳмудович – Арбоби хизматнишондодаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи Ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон.
Раҳимзода Маҳмад Забир – Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
Шонасридинов Назридин – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, ходими пешбари шӯъбаи ҳуқуқи хусусии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ѓафурзода Абдухалил Давлаталӣ – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бобокалонов Ѓоибназар Мерганович – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоӣ Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Таклифу тавсияҳои амалии аз ҷониби устодон коркардашуда, ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои Кодекси граждании ҶТ, Кодекси мурофиавии граждании ҶТ, Кодекси мурофиавӣ иқтисодии ҶТ, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ”, “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат”, “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ”, “Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ”, “Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ”, “Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ”, “Дар бораи ангишт”, “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ”, “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ” , “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ”, “Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия”, “Дар бораи волонтёрӣ”, “Дар бораи кооперативҳо”, “Дар барои хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ” , “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ”, “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”, “Дар бораи тайёрии варзишӣ” , “Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ”, “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ”, “Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ”, “Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ”, “Дар бораи назорати содирот”, “Дар бораи адабиёти таълимӣ”, “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ”, “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ”, “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”, “Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ” , “Дар бораи нафт ва газ”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, «Дар бораи гарав», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)», «Дар бораи кафолати амонати шахсони воқеӣ», «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» ва дигар пешниҳод гардиданд.
Устодони кафедра дар мониторинги риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ”, “Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо”, “Дар бораи иттифоқҳои касаба”, “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат”, “Дар бораи рӯзҳои ид”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи Палатаи ҳисоби ҶТ”, “Дар бораи молияи давлатии ҶТ”, “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”, “Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок”, “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”, “Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ”, “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” иштирок намуданд.[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Фаъолияти илмӣ” tab_id=”1584072253901-5e3361b2-2078″][vc_column_text]Кафедра корҳои илмию тадқиқотиро аз рӯи равияи танзими умумӣ ва хусусӣ ҳуқуқии муносибатҳо дар бахши соҳибкорӣ ва татбиқи меҳнат пеш мебарад. Ба қалами устодони кафедра зиёда аз 1000 асари илмию дастурӣ таалуқ дорад. Аъзоёни кафедра 20 китоби дарсӣ, даҳҳо монография, садҳо мақолаҳои илмӣ ба табъ расонидаанд.
Таълифоти устодони кафедра дар Россия, Эстония, Литва, Латвия, Арманистон, Ўзбекистон, Қазоқистон, Полша, Молдавия, Гурҷистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ ба табъ расидаанд. Кафедра бо як гурӯҳ олимони мактабҳои олии мамолики ИДМ, аз ҷумла бо кафедраи ҳуқуқи гражданӣ, тиҷоратӣ ва соҳибкории Донишгоҳи Давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов, кафедраи ҳуқуқи граждании Донишкадаи ҳуқуқшиносии Қазоқистон, кафедраи ҳуқуқи граждании Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи И.М. Мӯъминови АИ Ҷумҳурии Ўзбекистон, Донишгоҳи Бермени Ҷумҳурии Федеративии Олмон робитаҳои устувору судманди илмӣ барқарор намудааст. Аз соли 1981 то замони мо дар кафедра олимон М.И. Клеандров, Ш.М. Исмоилов, М.З. Раҳимов рисолаҳои докторӣ ҳимоя кардааанд, Е.Н. Стрелникова, Н. Шонасридинов, С. Акрамов, Ф.М. Нодиров, Ш.К. Ѓаюров, Р.Б. Бозоров, Ѓ.М. Бобокалонов, А.Д. Ѓафуров, А.Р. Носиров, Н.Б. Носиров, рисолаҳои номзадии хешро бомуваффақият дифоъ намуданд.
Устодони кафедра дар кори даҳҳо семинар ва конфронсҳои илмию назариявӣ ва илмию амалии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ширкат варзида, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намудаанд.
Саҳми устодони кафедра дар қабули санадҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва такмили онҳо хеле калон аст. Дар таҳияи лоиҳаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоиҷикистон, модели Кодекси меҳнат барои ИДМ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ», «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди моддӣ», «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ». «Дар бораи судҳои ҳакамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи арбитражи байналхалқии тиҷоратӣ» ва ғайра устодони кафедра М.З. Раҳимов, Н.Ш. Шонасридинов, Ш.К. Ѓаюров, Д.Ш. Сангинов саҳми калон гузоштаанд.[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Фаъолияти омӯзгорӣ” tab_id=”1584072284699-6851c30d-54dd”][vc_column_text]Фанҳои таълимӣ:
- Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат;
- Ҳуқуқи бонкӣ;
- Ҳуқуқи молия;
- Ҳуқуқи андоз;
- Ҳуқуқи меҳнатӣ ва ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ.
Фанҳои тахасусӣ:
- Ҷавобгарӣ дар ҳуқуқи меҳнат;
- Ҳуқуқи биржавӣ;
- Ҳуқуқи корпоративӣ;
- Ҳуқуқи бонкӣ;
- Кори ҳуқуқӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ;
- Ҳуқуқи сармоягузорӣ;
- Ҳуқуқи рақобат;
- Ҳуқуқи сайёҳӣ.
[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Оид ба фаъолият ва дастовардҳои кафедра” tab_id=”1584094067568-65efbbbb-9af6″][vc_column_text]
ҲИСОБОТ
оид ба фаъолият ва дастовардҳои кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат дар бахши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, такмили раванди таълим ва вусъат додани корҳои тарбиявӣ
Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат дар асоси қонунгузории амалкунанда, Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ, факултет, фармоишҳои Ректори донишгоҳ, қарорҳои садорат ва дастуру таъинотҳои декани факултет, Нақша-чорабиниҳои факултет барои соли 2016 фаъолияти худро бароҳ монда дар соли ҳисоботӣ дар бахшҳои илм, таълим ва тарбия ба дастовардҳои зерин ноил шудааст.
1. Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ.
Дар баши корҳои илмӣ – тадқиқотӣ бояд зикр намуд, ки бо заҳмату талоши устодони кафедра дар соли ҳисоботӣ 115 маводи илмию методӣ, аз ҷумла 10 монография, 5 васоити таълимӣ, 70 мақолаҳои илмӣ, 16 мақолаи илмию оммавӣ, 14 барномаи таълимӣ ба табъ расонида шуд ва 2 монография, 3 китоби дарсӣ, 1 васоити таълимӣ дар чоп қарор дорад. Инчунин устодони кафедра дар 10 мизи мудаввар, конференсияҳои илмию амалии донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ширкат намуданд.
Дар ин мӯҳлат аз ҷониби кафедра зиёда аз 25 тақризу хулосаҳо ба корҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳаи қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ навишта шуд.
Дар кафедра аз 17 – нафар устодон, 14 нафари онҳо бо фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар соли 2016 ба Нақшаи КИТ ворид карда шуданд, ки фаъолиятро пеш мебаранд. 3 нафар Сангов С.И., Абдуғафорзода К., Каримов Х. моҳи январи соли 2017 ба мавзӯи илмӣ ва роҳбари илмӣ таъмин гардиданд, ки дар соли 2018 ба Нақшаи КИТ ворид карда мешаванд. Устодони кафедра фаъолияти илмӣ-тадқиқотии худро мувофиқи нақшаи кори илмӣ-тадқиқотии барои соли 2016-ум тасдиқ гардида ба роҳ монда, аз рӯи самт ва масоилҳои муқарраргардидаи он фаъолият намуда истодаанд.
Дар назди кафедра МИД-и «Соҳибкор ва қонун» зери роҳбарии Шарифов И.М. фаъолият менамояд, ки то имрӯз дар асоси Нақшаи тасдиқшуда бо иштироки донишҷӯёни фаъол ва роҳбарони илмии худ аз ҳисоби устодони кафедра 18 маҳфил баргузор намуд ва дар он 40 нафар донишҷӯён бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Инчунин дар назди мудири кафедра Маҳфили инфиродии «Рушди қонунгузории соҳибкорӣ: мушкилот ва дурнамо» дар асоси Нақшаи тасдиқшуда фаъолият менамояд, ки дар давраи ҳисоботӣ 9 маҳфил бо фарогирии 9 мавзӯи муҳими соҳаҳои кафедра баргузор намуд.
Дар ин давра дар кафедра 2 рисолаи докторӣ (Сангинов Д.Ш., Бозоров Р.Б.) ва 6 рисолаи номзадӣ (Саъдиев И.З., Пирзода П.Р., Мавлоназаров О.А., Ҷаборов Д., Қодиров Б., Муминов Н.) муҳокима гардида, 1 рисолаи докторӣ (Бозоров Р.Б.) ва 3 рисолаи номзадӣ (Мавлоназаров О.А., Пирзода П.Р., Саъдиев И.З.) барои дифоъ пешниҳод карда шуд. Дар баробари ин дар варианти аввал рисолаи доктории дотсент Мирзоев П.З., аспирант Шарифов И.М. ва унвонҷӯ Хоҷаева Р.М. омода шуда, барои омӯзиш ба роҳбарони илмӣ пешниҳод гардид.
Дар баробари ин аз ҷониби устодони кафедра (Сангинов Д.Ш., Бозоров Р.Б., Мирзоев П.З., Шарифов И.М.) оид ба ҳуқуқи соҳибкорӣ, сайёҳӣ, меҳнатӣ, таъминоти иҷтимоӣ, молия, андоз, энергетикӣ лоиҳаи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шуд. Оид ба ихтисосҳои 12.00.04 12.00.05, 12.00.07 шиносномаи ихтиссос омода карда шуд.
2. Такмили раванди таълим.
Дар давраи ҳисоботӣ ба 17 нафар кормандони штатии кафедра, аз ҷумла 2 доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, 7 номзади илмҳои ҳуқуқ (6 нафар дотсент, 1 муаллими калон), 1 муаллими калон ва 7 ассистент дар маҷмӯъ 14032 соат сарбории таълимӣ тақсим карда шуд.
Машғулиятҳои лексионӣ, семинари (амалӣ) устодони кафедра дар асоси силлабус ва матни лексияи бо қарори кафедра ва Шӯрои илмию методии факултет тасдиқгардида сурат мегирад. Ба донишҷӯён пеш аз оғози дарс дар шакли электронӣ маводи таълимӣ пешниҳод гардидааст.
Роҳбарӣ ба корҳои таълимию истеҳсолӣ, таҷрибаомӯзӣ, корҳои курсӣ, лоиҳа ва корҳои дипломӣ, ҳамчунин корҳои мустақилонаи донишҷӯён, ташкил ва гузаронидани рейтингҳои фосилавӣ, санҷишу имтиҳонҳои ҷорӣ аз ҷониби устодони кафедра дуруст ба роҳ монда шудааст.
Барои донишҷӯён дар давраи ҳисоботӣ 5 васоити таълимӣ ва 16 барномаи таълимӣ бо назардошти тағйири нақшаи таълимӣ нашр карда шуд.
Дар ин давра 4 нафар устодони кафедра (Сангинов Д.Ш., Мирбобоева Р.В., Сангов С.И., Абдуғафорзода К.) аз такмили ихтисос гузаштанд ва соҳиби диплом гардиданд ва 2 нафар ба такмили ихтисос сафарбар шудаанд. Инчунин 2 нафар устодони кафедар (Ѓафуров А.Д. ва Саъдиев И.З.) ба Ифтихорномаи ДМТ ва 4 нафар (Сангинов Д.Ш., Мирзоев П.З., Ризоева С.К., Муминов Н.И.) устодони кафедра ба унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Барои дастгирӣ ва ёрии методӣ ба омӯзгорони ҷавон ва камтаҷриба дар роҳи такмил додани маҳорати педагогии онҳо Нақшаи дарсҳои кушод ва дарсҳои ҳамдигарӣ омода гардида, дар маҷлисҳои кафедра аз натиҷааш хулосаҳо шунида шуд.
Дар назди кафедра ихтисоси Танзими ҳуқуқии молия ва қарз таъсис дода шудааст, ки дар соли ҳисоботи курси панҷуми шӯъбаи рӯзонаи он ин ихтисосро хатм менамояд. Барои ихтисоси мазкур стандарти ихтисосӣ ва нақшаи таълимӣ бо назардошти гузариш ба таҳсилоти дузинагӣ омода карда шуд.
3. Вусъат додани корҳои тарбиявӣ.
Дар давраи ҳисоботи аз ҷониби 7 нафар устодони кафедра (Сангинов Д.Ш. – курси 5 ТҲМК, Мирзоев П.З. – курси 5 умумӣ, Кабутов Э.Д. – курси 1 ИДҲ, Саъдиев И.З. – курси 4 ТҲМК, Мавлоназаров О.А. – курси 2 ТҲМК, Шарифов И.М. – курси 3 ТҲМК, Сангов С.И. – курси 2 МБҲ) корҳои тарбиявӣ ва дарси кураторӣ баргузор карда шуд.
Устодони кафедра дар 20 барномаи телвизиониву радиоӣ дар мавзӯҳои алоҳидаи ҳуқуқӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ баромадҳо намуданд.
Аз ҷониби устодони кафедра навбатдорӣ дар кафедра, факултет ва хобгоҳ дуруст бароҳ монда шудааст.
Инчунин бояд такид намуд, ки устодони кафедра (Ѓафуров А.Д., Сангинов Д.Ш., Мавлоназаров О.А.) моҳҳои феврал ва апрели соли 2016 ҷиҳати шарҳи тағйиру иловаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи январи соли 2017 ҷиҳати шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои гурӯҳи корӣ дар шаҳру ноҳияиҳои кишвар бо дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар сафарбар гардида буданд.
Устодони кафедра дар ҳама чорабиниҳои факултет, донишгоҳ ва кишвар ширкати фаъолона менамоянд.
Дар корҳои маъмурӣ бошад 4 нафар устодони кафедра (Мирзоев П.З., Кабутов Э.Д., Мавлоназаров О.А. ва Шарифов И.М.) ба ҳайси муовини декан ҷалб шудаанд.
Мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ
ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ,
номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Сангинов Д.Ш.[/vc_column_text][/vc_tta_section][vc_tta_section title=”Ҳайати кадрӣ” tab_id=”1584094153993-da2daf0d-5cf9″][cq_vc_accordion contentcolor=”#333333″][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Сангинов Дониёр Шохмахмадович”]
Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат
Мансаб: мудири кафедра
Унвони илмӣ: н.и.ҳ.
Дараҷаи илмӣ: дотсент
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, ҳуқуқи сайёҳӣ, танзими ҳуқуқи фаъолияти соҳибкорӣ оид ба хизматрасонии иҷтимоию фарҳангӣ
Мукофот ва унвон:
Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника соли 2013
Медали ҷашни «90- солагии адлияи тоҷик» соли 2014
Аълочи маориф ва илми ҶТ соли 2016
Шарҳи мухтасари ҳол:-
Маълумот:
2002 – 2007 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ (айни ҳол ДМТ)
2008-2010 аспиранти факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2010 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқи фаъолияти сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дифоъ намудааст
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
2007 – 2012 ассистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
2011-2012 муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
Аз 6-уми марти соли 2012 мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 15. 04. 1985 с.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Раҳимзода Маҳмад Забир”]Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ
Мансаб: Профессори кафедра
Унвони илмӣ: Профессор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
ҳуқуқи соҳибкорӣ
Мукофот ва унвон:
Раҳимзода М.З. соли 1993 бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», соли 2004 бо ордени «Иттиҳод»-и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, соли 2011 бо медали “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, соли 2014 бо унвони фахрии “Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон” ва дигар ифтихорномаю медалҳо сарфароз гардонда шудааст. Соли 2017 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Маълумот:
Соли 1978 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуд.
Дифои рисолаи номзадӣ ва докторӣ:
Соли 1985 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Иҷрои мутақобилаи уҳдадориҳои шартномавии ҳуқуқи гражданӣ дар байни корхонаҳои сотсиалистӣ» дифоъ намудааст.
Соли 2000 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Проблемаҳои ҳуқуқии ноил шудан ба натиҷаи ниҳоии фаъолияти соҳибкорӣ» дифоъ намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Раҳимзода Маҳмад Забир соли 1954 дар ноҳияи Рӯдакӣ тавваллуд шудааст. Соли 1978 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуда, дар ҳамон ҷо минбаъд ба ҳайси ассистент, дотсент ва профессори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат фаъолият намудааст. Соли 1985 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Иҷрои мутақобилаи уҳдадориҳои шартномавии ҳуқуқи гражданӣ дар байни корхонаҳои сотсиалистӣ» ва соли 2000-ум рисолаи докториашро дар мавзӯи «Проблемаҳои ҳуқуқии ноил шудан ба натиҷаи ниҳоии фаъолияти соҳибкорӣ» ҳимоя намуд. Соли 1987 сазовори унвони илмии дотсент ва соли 2010 бо фармони Хадамоти федералӣ оид ба назорат дар соҳаи маориф ва илми Федератсияи Россия сазовори унвони илмии профессор гардидааст. Аз соли 1985 то соли 1993 ба ҳайси муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ фаъолият намуда, соли 1994 мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб шуда ва дар ҳамин вазифа то соли 2000 кор кардааст. Муаллифи зиёда аз 400 рисолаи илмӣ, китобҳои дарсию васоити таълимӣ-методӣ, тафсирҳо ва мақолаҳои илмию оммавӣ мебошад. То ба имрӯз 71 китоб, аз ҷумла 15 монография, 14 китоби дарсӣ, 25 тафсири кодекс ва қонунҳо, 17 китоб ва васоити таълимӣ нашр намудааст. Ба қалами ӯ зиёда аз 210 мақолаи илмӣ ва зиёда аз 120 мақолаи оммавӣ тааллуқ доранд. Таҳти роҳбарии ӯ 2 нафар рисолаи докторӣ ва ёздаҳ нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, ҳамзамон чор нафар рисолаи номзадӣ ва як нафар рисолаи доктории худро ба анҷом расонидаанд. Соли 2000 Раҳимзода М.З. вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии № 9 ноҳияи Рӯдакӣ интихоб шуд. Такроран соли 2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи зикршуда интихоб гардидааст. Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Раҳимзода М.З. ба ҳайси раиси комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати дастур ва ташкили кор, муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, роҳбари гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ, узви комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Авруосиё ва намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси намояндагон дар Суди конститутсионӣ фаъолият намудааст.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Раҳимзода Маҳмад Забир беш аз 41 сол собиқаи кории илмию омӯзгорӣ дорад. Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Бозоров Раҷаббой Бойназарович”]
Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ
Мансаб: Профессори кафедра
Унвони илмӣ: Профессор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ.
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
ҳуқуқи меҳнат, ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ ва ҳуқуқи сармоягузорӣ, «Ўҳдадориҳое, ки дар натиҷаи пешгирии хавфи зиёни амволи бегона ба вуҷуд меоянд», «Масъалаҳои назариявии танзими ҳуқуқи сармоягузорӣ дар ҶТ».
Мукофот ва унвон: –
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
солҳои 1984-1989 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДДТ ба номи В.И. Ленин
Дифои рисолаи номзадӣ ва докторӣ:
Соли 1997 – рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ўҳдадориҳое, ки дар натиҷаи пешгирии хавфи зиёни амволи бегона ба вуҷуд меоянд» дифоъ намудааст.
Соли 2018 – рисолаи докториашро дар мавзӯи «Масъалаҳои назариявии танзими ҳуқуқи сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дифоъ намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: аз соли 1993 инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият дорад
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол: 15.02.соли 1961 таваллуд шудааст
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ”]
Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат
Мансаб: Профессори кафедра
Унвони илмӣ: Профессор
Дараҷаи илмӣ: Доктории илмҳои ҳуқуқ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
Ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи молия.
Мукофот ва унвон:
Соли 2007- Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника.
Соли 2012- Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соли 2018- Медали «Хизмати Шоиста»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
солҳои 1993-1998 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2004-рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқии интизоми ҳисоббаробаркунӣ дар шароити иқтисоди бозаргонӣ»дифоъ намудааст.
Соли 2015-рисолаи докториашро дар мавзӯи «Таъсисёбӣ ва рушди ҳуқуқи молияи давлатҳои рӯ ба таррақӣ» дифоъ намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 1998 инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносӣ фаъолият дорад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
09 июни соли 1977 таваллуд шудааст
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Бобокалонов Гоиб Мерганович”]
Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ
Мансаб: дотсенти кафедра
Унвони илмӣ: дотсент.
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ
Мукофот ва унвон:
Ифтихорномаи фахрии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Нишони сарисинагии Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ифтихорномаи фахрии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Медали «Хизмати шоиста»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
солҳои 1987-1993 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2004 рисолаи номзадиашро дар мавзуи “Ташаккулёбӣ ва инкишофи қонунгузории меҳнатӣ дар Тоҷикистон” дифоъ намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
ассистент (1994-2003), муаллими калон (2003-2007), дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат (2007-то кунун)
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд:16.08.1963 с.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Мирзозода Парвона Зайналобиддин”]
Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ
Мансаб: Муовини аввал, муовини декан оид ба таълим дар шуъбаи рӯзона
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
ҳуқуқи бонкӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, ҳуқуқи молия ва андоз,
«Ҷавобгарии ғайришартномавии давлат, ки дар натиҷаи он соҳибкорон зарар мебинанд»
Мукофот ва унвон:
Медали ҷашни «90- солагии адлияи тоҷик» соли 2014
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
1997-2002, донишҷуи факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ.
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2012 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ҷавобгарии ғайришартномавии давлат, ки дар натиҷаи он соҳибкорон зарар мебинанд» дифоъ намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
2002 – айни ҳол ассистент, аспиранти ДМТ
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 01.01.1980 с.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Мирбобоева Рухсора Валиҷоновна”]
Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ
Мансаб: дотсенти кафедра
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, ҳуқуқи молия ва андоз, ҳуқуқи меҳнатӣ
Мукофот ва унвон:
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: 1997- 2002 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2012 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқии бадастоварӣ, истифодабарӣ ва ҳимояи тамғаҳои молӣ дар ҶТ» дифоъ намудааст
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2008 инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият дорад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 25.03.1980 с.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Ризоева Ситора Кишваровна”]
Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ
Мансаб: дотсенти кафедра
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, ҳуқуқи меҳнатӣ ва таъминоти иҷтимоӣ
Мукофот ва унвон: Аълочии маориф ва илми ҶТ, соли 2016.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
1997-2002 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2015 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Проблемаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои иттилоотӣ-граждании соҳибкори инфиродӣ тибқи қонунгузории ҶТ” дифоъ намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2002 инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият дорад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 07.04.1980 с.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Кабутов Эраҷ Давлатмандович”]
Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ
Мансаб: дотсенти кафедра
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи молия, ҳуқуқи мехнатӣ
Мукофот ва унвон:
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: солҳои 2004-2011 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2014 – рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Проблемаҳои таъмини ҳуқуқӣ-хусусии муносибатҳо оид ба хизматрасонӣ, бокортаъминкунӣ дар ҶТ» дифоъ намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2009 инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият дорад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 31.10.1986 с.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Мавлоназаров Одилбек Абдулназарович”]
Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат
Мансаб: дотсенти кафедра
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳуқуқи бонкӣ, ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ
Мукофот ва унвон:
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот: солҳои 2006-2011 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2017 – рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба рекламаи муносиб ва ҳимояи он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дифоъ намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2011 инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият дорад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 02.05.1987 с.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Хоҷаева Рухшона Муминҷоновна”]
Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат
Мансаб: муаллимаи калони кафедра
Унвони илмӣ:
Дараҷаи илмӣ:
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳуқуқи молия
Мукофот ва унвон: –
Шарҳи мухтасари ҳол:-
Маълумот:
1997-2002 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ
Дифои рисолаи номзадӣ: –
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2005 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият дорад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
09.05. соли 1980 таваллуд шудааст.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Бозоров Раҷаббой Бойназарович”]
Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ
Мансаб: Профессори кафедра
Унвони илмӣ: Профессор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ.
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
ҳуқуқи меҳнат, ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ ва ҳуқуқи сармоягузорӣ, «Ўҳдадориҳое, ки дар натиҷаи пешгирии хавфи зиёни амволи бегона ба вуҷуд меоянд», «Масъалаҳои назариявии танзими ҳуқуқи сармоягузорӣ дар ҶТ».
Мукофот ва унвон: –
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
солҳои 1984-1989 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДДТ ба номи В.И. Ленин
Дифои рисолаи номзадӣ ва докторӣ:
Соли 1997 – рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ўҳдадориҳое, ки дар натиҷаи пешгирии хавфи зиёни амволи бегона ба вуҷуд меоянд» дифоъ намудааст.
Соли 2018 – рисолаи докториашро дар мавзӯи «Масъалаҳои назариявии танзими ҳуқуқи сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дифоъ намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: аз соли 1993 инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият дорад
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол: 15.02.соли 1961 таваллуд шудааст
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Бозоров Раҷаббой Бойназарович”]
Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ
Мансаб: Профессори кафедра
Унвони илмӣ: Профессор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ.
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
ҳуқуқи меҳнат, ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ ва ҳуқуқи сармоягузорӣ, «Ўҳдадориҳое, ки дар натиҷаи пешгирии хавфи зиёни амволи бегона ба вуҷуд меоянд», «Масъалаҳои назариявии танзими ҳуқуқи сармоягузорӣ дар ҶТ».
Мукофот ва унвон: –
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
солҳои 1984-1989 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДДТ ба номи В.И. Ленин
Дифои рисолаи номзадӣ ва докторӣ:
Соли 1997 – рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ўҳдадориҳое, ки дар натиҷаи пешгирии хавфи зиёни амволи бегона ба вуҷуд меоянд» дифоъ намудааст.
Соли 2018 – рисолаи докториашро дар мавзӯи «Масъалаҳои назариявии танзими ҳуқуқи сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дифоъ намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: аз соли 1993 инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият дорад
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол: 15.02.соли 1961 таваллуд шудааст
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Шарифов Исмоил Муҳибуллоевич”]
Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат
Мансаб: Муовини декан оид ба корҳои таълим дар шуъбаи муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ) ва низоми таҳсилоти кредитӣ
Унвони илмӣ: муаллими калон
Дараҷаи илмӣ: ассистент
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, Танзими ҳуқуқии соҳибкории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мукофот ва унвон:
Шарҳи мухтасари ҳол:
Маълумот:
аз соли 2009 то 2014 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2014 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият дорад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
19.03.91 таваллуд шудааст.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Саъдиев Исмоил Зарифович”]
Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат
Мансаб: ассистенти кафедра
Унвони илмӣ: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, Танзими ҳуқуқии муносибатҳои соҳибкорӣ дар бахши иктишоф ва истихроҷи нафту газ дар ҶТ.
Мукофот ва унвон:
Шарҳи мухтасари ҳол:
Маълумот:
аз соли 2002 то 2007 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2013 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият дорад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
04.01.85 таваллуд шудааст.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Каримов Хуршед Сафомуддинович”]
Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат
Мансаб: ассистенти кафедра
Унвони илмӣ: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
ҳуқуқи соҳибкорӣ, Танзими ҳуқуқи соҳибкории инноватсионӣ.
Мукофот ва унвон: надорад
Шарҳи мухтасари ҳол:
Маълумот:
аз соли 2011 то 2016 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2016 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият дорад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
04.05.93 таваллуд шудааст.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Сангов Сайвалӣ Исмоналиевич”]
Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат
Мансаб: ассистенти кафедра
Унвони илмӣ: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи меҳнат, Батанзимдарорӣ-ҳуқуқии таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо
Мукофот ва унвон: надорад
Шарҳи мухтасари ҳол:
Маълумот:
аз соли 2010 то 2015 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2015 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият дорад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
23.10.92 таваллуд шудааст.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Шабонов Шоҳкарим Султонович”]
Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат
Мансаб: ассистенти кафедра
Унвони илмӣ: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, ҳуқуқи меҳнат, Танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ оид ба сохтмони роҳҳои автомобилгард
Мукофот ва унвон: надорад
Шарҳи мухтасари ҳол:
Маълумот:
аз соли 2012 то 2017 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2017 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият дорад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
20.11.94 таваллуд шудааст.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Азамқулов Фаррух Ҳотамович”]
Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат
Мансаб: ассистенти кафедра
Унвони илмӣ: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, ҳуқуқи молия ва андоз, “Ҳолати ҳуқуқии кооперативҳои тиҷоратӣ”
Мукофот ва унвон: надорад
Шарҳи мухтасари ҳол:
Маълумот:
аз соли 2011 то 2016 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2018 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият дорад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
27.10. 1993 таваллуд шудааст.
[/cq_vc_accordion_item][cq_vc_accordion_item accordiontitle=”Раҷабзода Хайём Раҷаб”]
Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат
Мансаб: ассистенти кафедра
Унвони илмӣ: ассистент
Дараҷаи илмӣ:
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ:
ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, ҳуқуқи молия ва андоз, “Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектони муносибатҳои ҳуқуқӣ дар бахши андозбандӣ”
Мукофот ва унвон: надорад
Шарҳи мухтасари ҳол:
Маълумот:
аз соли 2013 то 2018 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Дифои рисолаи номзадӣ:
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
аз соли 2018 то инҷониб дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият дорад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
16.09.95 таваллуд шудааст.
[/cq_vc_accordion_item][/cq_vc_accordion][/vc_tta_section][/vc_tta_accordion][/vc_column][/vc_row]