Китобхона

Китобхонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1996 бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ аз қабили Консорсиуми Амрикоии ҳуқуқӣ, Раёсати комиссариати олии СММ оид ба гурезаҳо, Фонди Сорос – Институти «Ҷомеаи Кушод» ва асотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони Тоҷикистон ифтитоҳ ёфтааст.

Китобхона дари худро барои хонандагон 25 июни соли 1996 оғоз намуда хазинаи китоби он дар аввал аз 500 адад иборат буд. Баъдан дар баробари дастгирии садорати факултеи ҳуқуқшиносӣ, Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муассисаву ташкилотҳои дигар аз қабили Китобхонаи ба номи А.Фирдавсӣ, Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии АИ ҶТ, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон, Офиси Швейтсарӣ оид ба ҳамкорӣ (ШОС), Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои техникӣ(gtz), АRD/СНEССI, CADA, Бюро оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният кумаки худро дар ғанигардонии китобхона расонидаанд.

Айни ҳол теъдоди китобҳои китобхона ба зиёда аз 14 ҳазор расидааст. Китобҳо асосан барои истифодабари ба донишҷуён дар толори китобхонии китобхона дода мешаванд. Толори китобхонии китобхона барои 40 ҷойи нишаст муҷаҳаз гардидааст.

Мудири китобхона: Утикеева Виктория Николаевна;
Китобдор: Бақаева Шамсия Саидовна.

Суроға: ш.Душанбе, кучаи Буни Ҳисорак, бинои 11, ошёнаи 4, шафақи ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ(ҳуқуқ), утоқи.

Вақти корӣ: Ҳар руз ба ғайр аз рузи якшанбе аз соати 9.00 то 17.00.