Китобхона

Китобхонаи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ соли 1996, бо ташаббуси академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ Маҳмудзода М.А., ки ҳамон вақт вазифаи декани факултети ҳуқуқшиносиро иҷро менамуд ташкил дода шудааст. Дар таъсисёбии китобхона саҳми арзандаи худро ташкилотҳои байналхалқӣ, бо мақсади дастгири намудани маълумоти олӣ ҳуқуқиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамон давраи вазнин дар Ҷумҳури бахшидан.

Китобхона бо мақсади баланд бардоштани дониш ва санъати донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ таъсис карда шудааст. Дар таъсисёбии китобхона Консорсиуми ҳуқуқи ИМА, УВКБ ООН (СММ), фонди СОРОС – Донишкадаи «Ҷамъияти кушода» ва Асосиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони Тоҷикистон иштирок намудаанд.

Китобхонаи мо аз 25 –июни 1996 фаъолият мекунад аз 500 адад китоб то зиёда 22000  ҳазор адад китоб ва маҷалаҳо расонда шуд. Мо минатдории худро ба ба ҳамаи ташкилотҳое, ки дар таъсисёбии китобхона намудаанд баён менамоем: УВКБ ООН, фонди СОР-Донишкадаи «Ҷамъияти кушода».

Програмаи ҳуқуқии фонди СОРС, Миссияи МККК дар Тоҷикистон, Ҷамъияти Шветсария оиди ҳамкорӣ (ШОС). Ҷамъияти олимон оиди ҳамкории техникӣ (G+Z), ( ARD),  (CYECCI CADA),  китобхонаи миллии Тоҷикистон китобхонаи миллии Марказии бо номи Индира Ганди АИҶТ, инчунин ба ҳамаи омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ, ки ба китобхонаи мо китобҳои худро тӯҳфа намуданд миннатдории худро баён менамоем.

Китобхона аз ду –корманд иборат мебошад,  Бақоева Шамсия Саидовна ва Утикеева Виктори Николаевна. Китобхонаи факултети ҳуқуқшиносӣ аз аввал ҳамчун толори хониш ва кумакрасонӣ барои донишҷӯёни таъсис ёфтааст.

Ба мо маълум буд, ки бо 500 китоби дар китобхона мавҷуд буда, мо талаботи данишҷӯёнро қаноатбахш гардонида наметавонем, ва имконияти додани китобро барои бурдан ба хонаҳояшон надоштем, ҳоло бошад теъдоди китобҳо зиёд шудаанд ва мо барои китобро ба хона бурдан иҷозат медиҳем. Шароити китобхона бисёр хуб аст.

Декани факултети ҳуқуқшиносӣ д.и.ҳ .профессор Мирзозода П.З. тамоми шароитро барои донишҷӯён ва устодони факултет  муҳаё намудааст. Толори китобхона равшан, ҳозиразамон ва аз 42-ҷойи нишаст иборат аст ва мо имконияти қабули ҳар рӯз зиёда аз 100 нафар донишҷӯйро дорем. Реҷаи кории китобхона аз соати 8 то 16 ғайри рӯзи якшанбе мебошад.