«… Зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риояи ноогоҳонаи анъана ва расму оинҳои халқиву динӣ дар навбати худ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад…»
Эмомалӣ Раҳмон
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст, дар таърихи қонунгузории кишвар ҳодисаи воқеан бемислу хотирмон мебошад. Қонун бори аввал 24 майи соли 2007 аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод шуда, 8 июни соли 2007 қабул гардидааст. Айни ҳол қонуни номбурда аз эътибор соқит дониста шуда, қонуни нави он 20-уми июни соли 2024 бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Бо қабули қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ – анъана ва маросими миллию динӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати мардум амали бениҳоят хайреро анҷом дод. Қонуни мазкур тартиби гузарондани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.
Зарурати қабули қонун пеш аз ҳама, бо мақсади гирифтани пеши роҳи афзоиши сатҳи камбизоатӣ ба миён омад. Барои ин решакан намудани омилҳое, ки ба камбизоатӣ мусоидат мекунанд, зарур буд. Яке аз чунин омил ва зуҳуроти исрофкорию хароҷоти зиёди мардум дар маъракаороиҳо аст. Чунин исрофкориҳо дар Тоҷикистон маҳз ҳангоми баргузории ҷашну маросим ва анъанаҳои мардумӣ ба назар мерасид. Тартибу усули гузаронидани маросими дафну азодорӣ ва барпо намудани тӯйҳои мо бори гароне болои мардуми камбизоат гардида буд. Мардум маъракаҳоро одатан ба сахтӣ ва вазнинҳои молӣ гузаронида, муддатҳо барои баргардонидани қарз ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ оварда, шароити зиндагӣ ва тарбияи фарзандонро мушкил мегардонданд.
Барои таъмини иҷрои қонунгузорӣ дар ин самт, дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим таъсис дода шудаанд. Ин комиссияҳо на танҳо иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро назорат мекунанд, балки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ташвиқи анъанаҳои солим ва пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ низ масъул мебошанд. Зарурати таҳқиқи фаъолияти комиссияҳои мазкур аз он бармеояд, ки нақши онҳо дар танзими ҳаёти иҷтимоӣ ва мукаммалсозии муносибатҳои ҷомеа рӯз аз рӯз меафзояд.
Комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар асоси низомнома фаъолияти худро ба роҳ мемонад. Низономаи комиссияҳои доимии маҳаллиро Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тасдиқ мекунанд. Низономаи намунавии комиссияҳои доимии маҳаллиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Аъзои комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, ҳуқуқ надоранд ба рафти гузарондани ҷашну маросим монеъ гарданд.
Комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим ваколатҳои зерин доранд:
– назорат оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим тибқи талаботи қонун;
– таҳи яи тавсия ва дастурҳои амалӣ барои камхарҷ гузаронидани ҷашну маросим;
– ба қайдгирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин пешбурди омор дар ин самт;
– таблиғи адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ва ғ.
Макоми ваколатдор оид ба танзими ҷашну маросим ва комиссияҳои доимии махаллӣ назорати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро амалӣ менамоянд. Мақоми ваколатдор оид ба танзими ҷашну маросим назорати умумии танзими ҷашну маросимро дар ҳудуди ҷумхурӣ ба роҳ монда, дар навбати худ комиссияҳои доимии махаллӣ назорати танзими ҷашну маросимро дар маҳалҳо татбиқ менамоянд. Дар ҷараёни амалӣ намудани назорати иҷрои талабот дар бораи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросим, мақоми ваколатдор оид ба танзими ҷашну маросим ва комиссияҳои доимии махаллӣ ҳуқуқ доранд, ки аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, маълумот талаб намоянд. Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро гирифтани пеши роҳи харочоти зиёдатӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар баробари назорати талаботи қонун ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷихати пешгирии қонунвайронкуниҳо мақоми ваколатдор оид ба танзими ҷашну маросим ва комиссияҳои доимии махаллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғгароиҳо байни аҳолӣ, инчунин шахсони ҷашну маросимдошта ҷиҳати камхарч гузаронидани онҳо мегузаронанд. Корҳои фахмондадиҳӣ ҷиҳати камхарҷ гузаронидани ҷашну маросим дар шакли омода намудани дастуру тавсияҳои методӣ, навиштани мақолаҳои илмию оммавӣ ва баромад намудан дар воситаҳои ахбори омма амалӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон, қайд кардан ба маврид аст, ки комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим яке аз сохторҳои муҳими ҷамъиятӣ ҳисоб мешаванд, ки ҳадафи асосии онҳо таъмини риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ва пешгирии исрофкориҳои беҳуда дар ҷомеа мебошад. Ин комиссияҳо дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва инчунин дар маҳаллаҳо фаъолият мекунанд.
Комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим салоҳиятҳои зерин доранд:
– назорати риояи қонун. Комиссияҳо масъуланд, ки раванди баргузории тӯю маърака, чиллашин, азодорӣ ва дигар анъанаҳо мутобиқи талаботи қонун сурат гиранд. Онҳо пеш аз баргузорӣ тартиби маросимро меомӯзанд ва пас аз анҷом натиҷаҳоро арзёбӣ мекунанд;
– пешгирӣ аз исрофкорӣ ва хароҷоти зиёдатӣ. Яке аз вазифаҳои муҳимтарин – огоҳсозӣ ва шарҳ додани меъёрҳои қонун ба шаҳрвандон мебошад, то ки маросимҳо бо сарфакорӣ, бе зиён ба иқтисоди оила ва ҷомеа гузаронида шаванд;
– баррасии муроҷиатҳо ва шикоятҳо. Агар аз ҷониби шаҳрвандон дар бораи вайрон кардани қонун ва ё риоя нашудани меъёрҳо муроҷиат шавад, комиссияҳо онро таҳқиқ мекунанд ва дар доираи ваколатҳо қарор мебароранд;
– ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ. Комиссия барои иҷрои самараноки вазифаҳо бо мақомоти маҳаллӣ, шуъбаҳои корҳои дохилӣ, роҳбарони маҳаллаҳо ва дигар ниҳодҳо пайваста ҳамкорӣ мекунад.
– ташкил ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ. Чорабиниҳои иттилоотӣ, мулоқотҳо, видеонамоишҳо ва вохӯриҳо бо мардум аз салоҳиятҳои доимии онҳоанд, то аҳолӣ аз талаботи қонун огоҳ бошанд;
– таҳияи ҳисобот ва пешниҳоди тавсияҳо. Комиссияҳо натиҷаи фаъолияти худро ҷамъбаст карда, дар бораи ҳолати риояи қонун ба мақомоти болоӣ ҳисобот медиҳанд ва барои беҳтар шудани равандҳо пешниҳодҳо ироа менамоянд;
– иштирок дар баррасии ҳолатҳои вайронкунии қонун. Барои муайян кардани андозаи ҷавобгарӣ, таҳқиқи ҳолати воқеа ва пешниҳод намудани тавсияҳо ба мақомоти дахлдор комиссияҳо нақши муҳим мебозанд.
Хулоса, комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим хусусияти тарбиявӣ, назоратӣ ва танзимкунанда доранд. Онҳо барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, кам кардани хароҷоти нодаркор, баланд бардоштани маданияти маъракаоройӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солими иҷтимоӣ хизмат мекунанд. Салоҳияти онҳо васеъ буда, ҳам ҷомеаро ҳидоят мекард ва ҳам ба риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.
Ҳафизова Маҳина – донишҷӯйи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ
