Конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъи кунунӣ, мушкилот ва тамоюли инкишоф»

       Бояд иттилоъ дод, ки давоми чанд соли охир факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси як маркази бонуфузи баргузории ҳамоишҳои илмии сатҳи баланд табдил ёфтааст. Хурсандибахш аст, ки зимни баргузории конференсияву мизҳои мудаввар, семинарҳову дигар чорабиниҳои илмӣ муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҳуқуқии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷаи он таклифу тавсияҳо ва пешниҳодҳои илман асоснок ҷиҳати такмили қонунгузории амалкунандаи кишвар ва беҳдошти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба сохторҳои марбута ирсол карда мешавад. Дар ҳамин росто, баргузории конференсияи имрӯзаи илмӣ-амалӣ дар заминаи кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои табиӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъи кунунӣ, мушкилот ва тамоюли инкишоф» далели равшани ин гуфтаҳост.

        Маврид ба зикр аст, ки конференсияи имрӯза дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини амнияти озуқавории кишвар баргузор шуд.  

         Конференсияи мазкур бо иштироки доираи васеъи омӯзгорон ва кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ, олимон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврӣ  баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории конференсия гузориш дод. Аз ҷумла иброз намуд, ки гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ, бавуҷуд омадани муносибатҳои нави хоҷагидорӣ, боиси рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз он ҷумла муносибатҳои ҳуқуқии кишоварзӣ гардиданд. Аз ин рӯ, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқаворӣ маҳз дар натиҷаи самаранок истифода бурдани соҳаи кишоварзӣ ноил шудан мумкин аст.

       Сипас, аз рӯйи рӯзномаи барномаи конференсия маърӯзаҳои устодони факултет Қ.Б. Қурбонов – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои табиӣ дар мавзӯи «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва нақши он дар рушди қонунгузории кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Х.О. Ойев – н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами идоракунии фонди заминҳои таъиноти кишоварзӣ», Ф.С. Сулаймонов – н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ дар мавзӯи «Шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ): мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли он»,  М.М.Соҳибов – ассистенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ дар мавзӯи «Баъзе аз пешниҳодҳо оид ба такмили Қонуни нави ҶТ «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ  (фермерӣ), Ҷабборӣ Ромиз – мутахассиси пешбари шӯъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ дар мавзӯи «Рушди  қонунгузории кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист дар даврони истиқлолият», Ф.Ш. Қудбуддинов – ассистенти кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ дар мавзӯи «Баъзе аз проблемаҳои танзими ҳуқуқии хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон», Хоҷамуродов Д.Г. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносӣ дар мавзӯи «Рушди қонунгузории бойторӣ дар замони муосир» шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моҳияти маърӯзаҳои хешро шарҳ дода таҳқиқу омӯзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Оид ба маърузаҳои қироатшуда саволу ҷавоб ва музокираҳои тулонӣ сурат гирифтанд. Аз ҷумла, дар робита ба масъалаҳои баррасишуда дар музокира устодони факултет Маҳмудов И.Т., Ѓаюров Ш.К., Сафарзода А.И., Қурбонов Қ.Ш., Исоев К.М., Ойев Х.О. баромад намуда, таклифу пешниҳодҳои судманд пешниҳод намуданд.