Нимаи аввали рӯзи 10.11.2017 сол дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Аҳамияти иҷлосияи тақдирсози XVI – Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тахқими давлатдории миллӣ ва рушди қонунгузорӣ» бо иштироки доираи васеи омӯзгорону олимон, аспитрантону муҳаққиқон, кормандони мақомотҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, васоити ахбори омма ва матбуоти даврӣ конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-умин солгарди баргузории ин Иҷлосияи тақдирсоз баргузор гардид. Нахуст, декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Дилшод Сафарбек ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории он гузориш доданд. Аз ҷумла иброз намуданд, ки дар таърихи ҳар як халқу давлат лаҳзаҳое фаро мерасанд, ки дар сарнавишти ояндаи он миллат ва бунёду пешрафти мамлакат нақши муассир мебозанд. Барои давлати тоза ба истиқлол расидаи тоҷикон – Тоҷикистон лаҳзаи таърихиву тақдирсоз моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. Зеро ин иҷлосия барои таҳкими давлатдории миллӣ, рушди қонунгузорӣ, ташакёкули истиқлолияти воқеӣ ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, ба раванди созандагию бунёдкорӣ ва рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва пайвастан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳусни оғоз бахшид. Воқеан ҳам ин иҷлосия дар қалби ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ шӯълаи умедро ба сӯйи фардои неки давлатдории миллӣ, таъмини рӯзгори босаодату пурнишоти мардуми кишвар фурӯзон намуд. Мардуми сарбаланду меҳанпараст ва фарҳангсолори тоҷик бо шукргузорӣ аз даврони соҳибихтиёрӣ имсол 25-умин солгарди баргузории ин Иҷлосияи тақдирсозро дар рӯҳияи хизмати содиқона ба Ватану миллат ва сарзамини аҷдодии хеш бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил менамоянд.
Ҳамчунин дар кори конференсия Сардори Раёсати илм ва иноватсияи ДМТ, номзади имлҳои ҳуқуқ, дотсент Қурбонализода Нурулло иштирок ва вобаста ба мавзӯи баррасишаванда иброз намуд, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон аз ҷумлаи руйдодҳои таърихиест, ки дар тақдири давлатдории миллии тоҷикон марҳилаи сифатан навро бунёд намуда, хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлол ва парокандашавии миллати тоҷикро пешгирӣ кард.
Ҳамзамон дар кори конференсия Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, номзади илмҳои ҳуқуқ Саидвализода Барно бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозиринро аз номи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Ў зимни суханронии хеш бори дигар аз аҳамияти сарнавиштсози Иҷлосияи тақдирсоз ёдовар шуда, нақшаи ҳалкунандаи қарору санадҳои қабулнамудаи ин Иҷлосияро дар таҳкими давлатдории миллӣ, сулҳу суббот, оромии ҷомеа ва пешрафти кишвар махсусан таъкид намуд.
Сипас, аз рӯйи рӯзномаи барномаи конференсия маърӯзаҳои устодони факултет, олимон ва намояндагони мақомотҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ шунида шуд. Баромадкунандагон мазмуну моҳияти маърузаҳои хешро шарҳ дода, таҳқиқу омӯзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Дар музокира табодули афкори судманди ҳозирин ва маърузачиён сурат гирифт.
Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни конференсия фурсати муносибро истифода намуда, андешаю назари хешро оид ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда баён намуданд.
Дар охир таъкид карда шуд, ки бузургтарин дастоварди ин иҷлосияи тақдирсоз он буд, ки фарзанди бонангу номус, далеру ҷасур, покзамиру нексиришт ва ғурури баланди миллидошта Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Сарвари Давлат тавлид ва ӯро ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ҳидоят намуд. Ин фарзанди фарзонаи миллат ҷон дар каф бо як далериву ҷасорати бемисл масъулияти баланди роҳбариро ба душ гирифта ба наҷоти миллату давлати тоҷикон камари ҳиммат баст. Дар натиҷаи азму талош, кушишу пайкорҳои бемисл ва хизмату заҳматҳои арзандаи шабонарӯзии ин шахсияти барҷастаи таърихӣ дар як муддати кутоҳи таърихӣ алангаи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш карда шуда, хатари парокандашавии миллати тоҷик ва Давлати тоҷикон сарбаландона рафъ карда шуд. Миллати тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон – шахси хирадманду дурандеш, роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил ва Пешвои ҳақиқии хешро пайдо намуд. Дар воқеъ таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тассавур кардан имконнопазир аст. Бояд ҷавонмардона эътироф намуд, ки ба зима гирифтани масъулият ба кори давлатдориву давлатсозӣ дар ҷойи хушку холӣ, бе заминаҳои муайяни устувори молиявию моддӣ, иқтисодиёти фалаҷгашта саҳлу осон набуд. Танҳо нафаре метавонист ба ин корҳо дастболо шавад, ки бо дарки ғуруру ҳуввияти баланди миллӣ тамоми ҳастиву вуҷуди хешро ба миллату сарзамини хеш фидо кунад. Дар заминаи қабули қарорҳои таърихию тақдирсоз, роҳандозӣ намудани ташаббусҳои созандаву сиёсати ҳадафмандона ва андешидани силсилаи тадбирҳои мақсадноки фарзанди содиқу вафодори миллат – Сарвари маҳбуби тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайваста заминаҳои боэътимоду устувори бунёди аркони давлатдории миллӣ гузошта шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягонаро пеш гирифта дар як муҳлати кутоҳи таърихӣ соҳиби Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, асъори миллӣ ва тамоми рукнҳои давлатдории миллӣ гашт.