Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли 2018-соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст. Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар тамоми ҷумҳурӣ чорабиниҳои мухталифи илмию фарҳангӣ таҷлил мегарданд. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ имрӯзҳо гузаронидани конференсияҳои илмӣ, симпозиумҳо, семинару мизҳои мудаввар, маҳфилҳо ва дигар чорабиниҳо бахшида ба ин санаи муборак ба нақша гирифта шудаанд.
Дар доираи силсилаи чорабиниҳои Донишгоҳи миллӣ ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015- 2020» бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар таърихи 22.02.2018 бо ташаббуси садорат ва кафедраи забонҳои хориҷии факултети ҳуқуқшиносӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами забоншиносии ҷамъиятӣ ва муколамаи байнифарҳангӣ» баргузор гардид. Дар кори конференсия устодон, аспирантҳо, магистрҳо аз Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистон, ДДЗТ ба номи С. Улуғзода, Донишгоҳи давлатии ш. Қурғонтеппа ба номи Н. Хисрав, ДДОТ ба номи С. Айнӣ, кафедраи фанҳои иҷтимоӣ – гуманитарии филиали Донишгоҳи Энергетикаи ш. Москва дар ш. Душанбе, кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои фаронсавӣ ва олмонии ДМТ, кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ, кафедраи умумидонишгоҳии забони англисии ДМТ ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намуданд. Мутобиқи барномаи конференсия 30 маърӯза ба нақша гирифта шуда буд, ки аз онҳо 26 маърӯза шунида ва мавриди баҳс қарор дода шуд.
Рушд ва такомули соҳаи сайёҳӣ баҳри қонеъ гардонидани талаботи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ равона шуда, хизматрасониҳоро дар сатҳи баланд таъмин менамояд, ки боиси таваҷҷуҳи бештар пайдо кардани меҳмонони хориҷӣ ба Тоҷикистони биҳиштосо мегардад. Бинобар ин, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ки барои рушду нумӯи соҳаи туризм ва эҳёву муаррифии ҳунарҳои мардумӣ дар арсаи байналмилалӣ заминагузор аст, барои ҳар як шаҳрванди тоҷик ва тоҷикистонӣ зарур ва ҳатмист. Иртиботи масъалаҳои мубрами забоншиносии ҷамъиятӣ ва муколамаи байнифарҳангӣ дар рушду такомули соҳаи саёҳии байналмилалӣ диққати кулли иштирокчиёни конференсияро ҷалб намуда, байни маърӯзачиён ва шунавандагон, аз қабили донишҷӯён саволу ҷавоб ва баҳсу мунозира ба миён омад, ки он аз бетараф набудани ҷавонон оид ба ин масъала дарак медод.
Маърӯзаҳои кори конференсия дар маҷмӯаи алоҳида ҷамъоварӣ гардида, дар шакли Маводҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами забоншиносии ҷамъиятӣ ва муколамаи байнифарҳангӣ» бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ҳаҷми 233 саҳифа, ки 35 мақолаи илмиро дар бар мегирад, аз чоп баромада, дастраси толибилмон гардид.