Пиряхҳо дар сайёраи мо, ҳамчун яке аз сарчашмаҳои асосии оби нӯшокӣ ба ҳисоб рафта, ҳифзи онҳо заминаро барои расидан ба аксари ҳадафҳои рушди устувор муҳайё месозад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони чандин чорабиниҳои муҳимми сатҳи байналмилалӣ гардид, ки яке аз ин чорабииҳо баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон мебошад. Конфронси байналмилалии мазкур рӯзҳои 29-31 майи соли 2025 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри дилорои Душанбе бо иштироки зиёда аз 2500 нафар меҳмонони воломақом, коршиносону намояндагони давлатҳо ва ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳон доир гардид.
Мавриди зикри хос аст, ки бори аввал 16-уми декабри соли 2009 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар пойтахти Шоҳигарии Дания – шаҳри Копенгаген зарурати таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро пешниҳод карданд ва таъкид намуданд, ки «таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо метавонад кӯшиши кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалиро дар ин бахши муҳими стратегӣ муттаҳид намояд».
Натиҷаи ташаббусҳои ҳаётбахши Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид санаи 14-уми декабри соли 2022 зимни иҷлосияи 77-уми худ бо иттифоқи оро бо райъи 153 давлати аъзои худ пешниҳоди панҷуми Тоҷикистонро оид ба эълон намудани «Соли 2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қабул намуд. Ёдовар бояд шуд, ки дар асоси қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, соли 2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, таъсиси Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо дар назди Созмони Милали Муттаҳид ва дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дастгирӣ ёфтанд, ки ҳамагӣ аз пешниҳодҳои созанда ва созгори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Мо, имрӯзҳо шоҳиди дар амал татбиқи гардидани ин пешниҳоди Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардида истодаем, зеро дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо доир гардида истодааст. Конфронси мазкур василаи муҳимми муттаҳидии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва гузоштани гомҳои устувор дар самти ҳифзи муҳимтарин объекти табиӣ ва сарчашмаии аслии таъмини оби нӯшокӣ, яъне пиряхҳо ба ҳисоб меравад.
Дар воқеъ баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон дар рӯзномаи ҷаҳонӣ саҳифаи навро бозкушоӣ намуда, қадами устувор барои тарҳрезии иқдомҳои навбатӣ дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани обшавии пиряхҳо дониста мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки сарчашмаи асосии таъмин гардидани аҳолии кураи замин бо оби нӯшокӣ ин пиряхҳо ба ҳисоб мераванд, аммо шиддати тағйирёбии иқлим ба ин манбаъҳои обӣ таъсири зиёд расонида, шуморае аз онҳоро аз байн бурда истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ яке аз давлатҳои ташаббускор дар масъалаи обу иқлим пазируфта шудааст. Чандин ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди пуштибонӣ қарор гирифтаанд. Ин ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистон дар ҳалли масъалаи мазкур бетараф нест.
Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ иброз гардида, боиси хушҳоливу сарбаландист, ки мавриди ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегиранд. Аз соли 1999 инҷониб пайваста ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмони бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод мегарданд ва ҳамзамон мавриди дастгирии давлатҳои аъзои ин созмон қарор мегиранд.
Истиқлоли давлатӣ фазои мусоидро ба вуҷуд овард ва Тоҷикистон ба бисёр масъалаҳои муҳимми сатҳи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳим – ин ҳифзи пиряхҳо мебошад. Ҳифзи пиряхҳо заминаи инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро ташкил медиҳад. Ҳифзи пиряхҳо метавонад дар таъмини озуқаворӣ, амнияти энергетикӣ ва муҳими зисти солим барои сокинон шароити мусоид муҳайё намояд.
Пиряхҳо сарчашмаи асосии оби нӯшокӣ ва обёрии соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб мераванд. Ба ҳамагон айён аст, ки таъсири бештарро ба ин манбаъҳои обӣ тағйирёбии иқлим расонида истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, аз ҷумла барномаву стратегияҳоро қабул намудааст. Чунончи, Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» аз 3-юми январи соли 2024, №2026, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, №636), Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2 октябри соли 2019, №482), Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030, Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди хоҷагии ҷангал барои солҳои 2016-2030, Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №209) Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, таҳти №168), Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 ва ғайраҳо. Қабул ва татбиқи амалии ин ҳуҷҷатҳои муҳимми стратегӣ нақши арзишманд дар ҳифзи пиряхҳо гузошта метавонанд.
Бояд зикр намуд, ки ин ҳуҷҷатҳои номбаргардида чораҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳоро дар Тоҷикистон инъикос мекунанд. Барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва саҳм гузоштан дар ҳифзи пиряхҳо соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла энергетика, захираҳои об, нақлиёт, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, занон, ҷавонон, муҳоҷират, муҳити зист нақши калидӣ дошта метавонанд.
АНДЕШИДАНИ ТАДБИРҲОИ ТАЪХИРНОПАЗИРИ ҚАТЪӢ БАРОИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи суханронии худ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки Стратегияи глобалии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳия карда шавад. Ин иқдоми навбатии ҷониби Тоҷикистон барои муттаҳидии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тадбирандешӣ бобати саҳмгузорӣ дар пешгирии аз байн рафтани пиряхҳо заминаи созгор мегузорад. Таҳия ва қабули ин ҳуҷҷат саҳми ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалиро барномарезӣ ва мушаххас намуда, боиси пешгирии омилҳои таъсиррасон дар обшавии пиряхҳо мегардад. Метавон таъкид намуд, ки таҳияи стратегияи мазкур барои татбиқи амалии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо заминаи мусоид мегузорад.
Хулоса. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти умумибашарӣ пайваста саҳми худро бо ташаббусҳои нодир гузошта истодааст. Ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ёфт ва дар заминаи он Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо гардид, характери умумибашарӣ дошта, на танҳо барои аҳолии Тоҷикистон, балки барои тамоми аҳолии кураи замин равона гардидааст. Ҳамин аст, ки чунин ташаббусҳо бевосита аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди ҷонибдориву дастгирӣ қарор мегиранд.
САИДОВ Ҳуснуддин, мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент