КОНСТИТУТСИЯ – ТАҶАССУМИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ ВА ДАСТУРИ ЗИНДАГИИ НАСЛҲО

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи ормону ниятҳои ниёгон ва дастури кору зиндагии наслҳои имрӯзу фардои миллати мутамаддини тоҷик аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳар давлати мутамаддин дорои қонуни асосӣ – Конститутсия мебошад, ки он ҳуқуқу манфиатҳои мардумро пуштибонӣ намуда, шакли давлатдориро муқаррар ва муайян месозад.

Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуданд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба миён омад. Мардуми Тоҷикистон ба марҳилаи нави давлатдорӣ, ки асоси он соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад қадам ниҳоданд. Дар ҷомеа зарурати интихоби шакли нави давлатдорӣ, низоми мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, таъмини арзишҳои воқеан олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ эҳсос мегардид. Ҳамаи ин дигаргуниҳои дар ҳаёти кишвар бавуҷудомада, зарурати муайян намудани асосҳои ҳуқуқии тағйироти куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи тоҷиконро ба миён овард.

Дар натиҷаи омӯхтани таҷрибаҳои таърихӣ таҳия ва қабули Конститутсияи давлатҳои пешрафтаи демократӣ Конститутсияи Тоҷикистони тозаистиқлол таҳия шуд.

Санаи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санаи махсус сабт шудааст. Дар ин рӯзи фаромӯшнашаванда, бори нахуст дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида дар таърихи навини кишвар воқеан ҳуҷҷати сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва омили рушди босуботу устувори ватани азизамон гардид.

Бо қаноатмандии тамом метавон гуфт, ки эҷоди Конститутсия баъд аз ҳазор сол эҳёгардидани давлати навини тоҷикон бо ҷалби ҳамаи нерӯҳои зеҳнии ҷомеа қадами устуворе дар роҳи истиқлол буд. Қабули Кониститутсияи нав дар заминаи таҷрибаю дастовардҳои инсоният дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва бо назардошти манфиатҳои олии миллат, инчунин анъанаҳои қадимаи таърихиву фарҳангӣ ва суннатҳои хоси миллии тоҷикон амалӣ гардид.

Таҳияи Конститутсия бо ҷалби неруҳои ақлонии ҷомеа, бо назардошти манфиатҳои олии миллату анъанаҳои пурғановати таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ва истифода аз таҷрибаву дастовардҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ сурат гирифт.

Ҳамин тавр, Конститутсияи Тоҷикистони навин бо саҳми назарраси Роҳбарияти олии сиёсии кишвар қабул шуда, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо мусоидат карда, барои барпо гардидани давлати демократии ҳуқуқбунёд, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалишавии ҳадафҳои бузурги миллатро асос гузошт.

Ин санади муқаддас Истиқлоли давлати моро ба расмият даровард, орзуву ормони мардуми моро амалӣ сохт, роҳи ояндаимиллати сарбаланду созандаро ба сӯи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир мунаввар гардонд. Чунончи дар яке аз суханрониҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати санади муқаддас бояд мавриди омӯзиши дақиқи тамоми гуруҳҳо ва қишрҳои ҷомеа қарор гирад ва мо насли ҷавонро бояд дар рӯҳияи эҳтиром ба он тарбия намоем”. Аз ин лиҳоз, омӯзиши Конститутсия дар ҳамаи мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ, ташкилоту корхонаҳо ба роҳ монда шуда, барои татбиқи он бояд тамоми воситаву имкониятҳо истифода шаванд.

Ин шиносномаи миллати тоҷик, ки соли ҷорӣ 31-умин солгарди қабули онро ҷашн мегирем, қонунест, ки нисбат ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартарӣ дошта, дар он ҳамаи самтҳои дохилию хориҷии ватани азизамон дарҷ гардидааст. Ин муҳлат барои таърихи тоҷикон начандон тӯлонӣ бошад ҳам, дар ин муддат Қонуни асосӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаётан муҳим гузашт. Таҳияи лоиҳаи Конститутсияи амалкунанда раванди дуру дароз ва пур аз ихтилофро аз сар гузаронидааст. Новобаста аз вазъи ногувори сиёсӣ ва иқтисодӣ намояндагони халқ тавонистанд фикру андешаҳои неруҳо ва созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва бевосита ормонҳои мардумро дар лоиҳа инъикос намуда, рисолати таърихиашонро баҳри рушду нумуи кишвар дар назди ҷомеа ва наслҳои оянда иҷро намоянд.

Ҳайати бисёрҳазораи Донишгоҳ аз он ифтихор мекунанд, ки дастоварду муваффақиятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст, бо қабули Конститутсия вобастагии қавӣ дошта, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳро водор месозад, то дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, тамоми қӯшиши худро барои ба таври шоиста пешвоз гирифтани ҷашни 31-умин солгарди Конститутсияи давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кишвари пешрафта мубаддал сохтани Ватани маҳбубамон равона созанд.

Шукрона Сафарова, унвонҷӯи кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносӣ