Санаи 29-уми октябри соли 2016 дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ конфренсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Конститутсия– танзимгари муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа» бахшида ба 22-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он олимони ватанӣ ва хориҷӣ, мутахассисон ва доираи васеи омӯзгорону аспирантон, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврӣ иштирок намуда, масъалаҳои мубрами ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмуриро мавриди баррасӣ вамуҳокима қарор доданд.
Зимни ин ҳамоиши илмӣ қайд гардид, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави давлатдориро шуруъ намуд. Давраи мустаъқили рушди иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар робита бо эҳёи суннатҳои миллии давлатдории ниёгон, истифодаи васеи анъанаҳои миллӣ, мероси ғании фарҳангӣ ва дар заминаи густариши равобити муносибатҳои байналмиллалӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ оғоз ёфт. Дар ҷомеа зарурияти таърихии интихоби шаклу сохти нави давлатдорӣ, низоми мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, таъмини арзишҳои волои инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он ба вуҷуд омад. Маҳз дар чунин вазъият давлати тозабунёди Тоҷикистонро зарур буд, ки Қонуни асосӣ-бахтномаи миллати худро қабул кунад, то ин ки дар марҳилаи нави инкишофи таърихӣ ва дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти халқ, ҳангоми бунёди давлатдории ҳуқуқбунёди демократӣ, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодӣ тавониста бошад зина ба зина бо роҳнамоии ин ҳуҷҷати муҳим ба марҳилаҳои нави тараққиёт ворид шавад. Бо ин мақсад 6-уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз тарафи халқ, тавассути райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Конститусияи ҶТ санади олии ҳуқуқӣ ва муҳимтарин ҳуҷҷати сиёсӣ ба ҳисоб рафта, тӯли 22 соли амал тавонист муносибатҳои ҷамъиятиро муътадил ва муназзам гардонад. Маҳз дар Конститусия унсурҳои асосии давлатдории муосири Тоҷикистон, махсусан демократия, соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, ягонагӣ ва иҷтимоӣ муайянгардида, он ба рамзи ягонагии миллати тоҷик, баҳамоии қишрҳои гуногуни ҷомеа, марҳилаи нави эъмори давлати миллии тоҷикон бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сулҳу суббот, оромию осудагӣ табдил ёфтааст.
Аз рӯйи барномаи конфронс баромади маърӯзачиён доир ба масъалаҳои танзими конститутсионӣ-ҳуқуқии созмонёбӣ ва фаъолияти мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши конститутсионӣ, вазъи ҳуқуқӣ-конститутсионии Комиссияи маркази иинтихобот ва райпурсӣ ва мавқеи он дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии рушди идоракунии маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу озодиҳои инсон дар партави тағийроту иловаҳои Конститутсияи соли 2016, нақши Конститутсия дар таҳкими низоми ҳизбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши мақомоти Прокуратура дар таҳкими қонунияти конститутсионӣ, ҳуқуқи мурофиавии маъмурӣ ҳамчун соҳаи мустақили ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати ҳуқуқӣ дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии ташкили идоракунии ҳудудӣ, соҳавӣ ва байнисоҳавии давлатӣ, маҳфуми мурофиаи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра. Зимни баррасии мавзӯҳои зикргардида аз ҷониби олимон ва мутахассисон пешниҳодҳо оид ба мукаммал намудани қонунгузорӣ, аз ҷумла қабул намудани Қонунҳои конститусионӣ «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тартиби баргузории интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва ворид намудани тағийроту иловаҳо ба дигар қонунҳо ироа шуданд.
Оид ба маърузаҳои қироат шуда саволу ҷавоб ва музокираҳо сурат гирифтанд. Аз ҷумла, дар робита ба масъалаҳои баррасишуда иштирокчиён баромад намуда, андешаю назари хешро оид ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда баён доштанд. Дар маҷмӯъ таъкид карда шуд, ки Конститутсияи соли 1994 баҳайси ҳуҷҷати қутбнамо дурнамои рушди устувори давлати навини миллии тоҷиконро муайян намуд ва барои миллати тоҷик сарнавишти хурамеро фароҳам овард. Тавассути ин санад падида ва зуҳуроте рӯйи коромаданд, ки барои тафаккури қаблии шӯравии шаҳрвандон комилан бегона буданд ва хатарҳое низ ҷой доштанд, ки татбиқ ва амалишавии дурусти ин навгониҳоро маврди шубҳа қарор медоданд. Кафолати гуногуншаклии моликият ва эълони дахлнопазирии моликияти хусусӣ, эътирофи ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ, таҳкими усули гуногунрангии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва мафкуравӣ аз ҷумлаи пешқадамтарин арзишҳое пиндошта шуданд, ки дар шароити низоми сиёсии қаблӣ маҳдуд ва ё комилан инкор мегаштанд. 22 соли амали мустақими меъёрҳои конститутсионӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин роҳи интихоб намуда ягона роҳи дуруст ва бехато буд, ин санади муҳими ҳуқуқӣ таъиноти аслии худро дар мавриди эъмори давлат ва низоми нави ҳуқуқӣ комилан иҷро намуд, иқтидори анҷом додани вазифа ва рисолати бештарро низ соҳиб аст.