Бо ташаббуси бевоситаи поягузор ва эъмори воқеии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азми қавии халқи тоҷик 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Бо ин санади такдирсоз аввалин маротиба халқи тоҷик ба ҷаҳониён эълон намуд, ки Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор шуморида, соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро таъмин намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас дониста, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ мешуморад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ дар мадди аввал ба таҳия ва қабули Конститутсия диққати асосӣ дода, доир ба ин масъала комиссияҳои конститутсионӣ ташкил намуд. Яъне, аз аввали даврони Истиқлоли давлатӣ дарк гардида буд, ки бидуни Конститутсия, ки самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ва роҳи минбаъдаи ташаккули онро муайян мекунад, рушди давлатдорӣ ғайриимкон аст. Шаҳодат ин, банди 14 Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми августи соли 1990 мебошад, ки тибқи он «Эъломияи мазкур асос барои таҳияи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мебошад». Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва заҳматҳои беназири Пешвои муаззами миллат ҳамчун роҳбари комиссияи конститутсионӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи соли 1994, Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул гардид.
Қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои асосии даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, муваффақиятҳои дигари миллӣ аз он вобастагии амиқ доранд. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки «қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳилаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад».
Халқи тоҷик бо роҳи қабули Конститутсия орзуву ормонҳои таърихии худро дар самти бунёди давлати миллӣ, эъмори ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ дар заминаи арзишҳои миллӣ татбиқ карда, худро ҳамчун миллати соҳибтамаддун, таърихӣ, дорои андешаи миллӣ, сулҳдӯст ва қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Имрӯз Конститутсияи мамлакат ҳамчун ҳуҷҷате амал мекунад, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеаро дар заминаи арзишҳои ҳуқуқии миллӣ ва умумибашарӣ танзим менамояд.
Аҳаммияти таърихии Конститутсия дар он ифода меёбад, ки ин санади муҳим ифодагари орзуву ормони чандинсолаи халқи тоҷик ва равшангари роҳи ҳаёти мардум мебошад, зеро дар он халқи тоҷик бо роҳи ифодаи иродаи озод мазмуну муҳтавои ин санадро муқаррар намуданд, ки аз эълони истиқлолияти кишвар, арзишҳои муҳимми ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, дунявию ягона, эътирофи арзиши олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, забони давлатӣ эътироф намудани забони тоҷикӣ, муайян намудани рамзҳои давлатӣ дар сатҳи Конститутсия ва ғайра иборат буд. Ин санади муқаддас роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян намуд.
Барои ҳар як давлати соҳибистиқлол бапрои эътирофи он дар муносибатҳои байналмилалӣ мавҷуд будани Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ нақши муҳим дошта, муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар он аҳаммияти хосса дорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санадҳои таърихие ба ҳисоб меравад, ки раванди таҳияву қабул, инчунин меъёрҳои он аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба он баҳои баланд додаанд. Бо ҳамин назардошт, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон арзёбӣ мегардад. Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони давлатҳои пешрафтаву мутамаддини ҷаҳон ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили СММ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо яке аз намунаҳои беҳтарини конститутсияҳои демократии ҷаҳон эътироф гаштааст.
Сабаби асосии дар чунин сатҳ арзёбӣ намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд омил вобастагӣ дорад. Якум, Конститутсияи Тоҷикистон маҳсули андешаи миллӣ буда, бо азму иродаи халқ ва аз ҷониби худи халқ қабул карда шудааст. Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидан ва ворид шудани тағйиру иловаҳо бо ҳамин роҳ, устувории меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд. Дар аксар мамлакатҳо конститутсияҳо аз ҷониби мақоми олии қонунгузор ва ё аз ҷониби дигар ниҳодҳои махсусгардонидашуда баҳри таҳия ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (ба мисли шуроҳои конститутсионӣ) қабул ва такмил дода мешаванд. Дуюм, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумкунандаи арзишҳои ҳуқуқии миллӣ ва умумибашарӣ аст. Арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҷзияи ҳокимият, кафолати гуногунии мафкуравӣ ва сиёсӣ, гуногуншаклии моликият аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки бевосита аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ маншаъ гирифта, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардидаанд.
Бунёди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳибихтиёрии халқ ташкил медиҳад, зеро он маҳз аз ҷониби халқ ва барои худи халқ қабул гардидааст. Ба таври дигар, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол андешаи ҳокимиятии мардумро мустаҳкам намуда (моддаи 6), аз тарафи халқ ва барои халқ қабул гардидааст. Яъне, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаи озоди шаҳрвандон қабул гардида, ифодагари орзуву омоли халқи тоҷик мебошад. Тавре ки Пешвои муаззами миллат қайд менамоянд: «Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд». Аз ин рӯ, халқи тоҷик бо дарки масъулияти бузург дар назди наслҳои гузашта ва оянда дар раванди таҳия ва қабули Қонуни асосии кишвар иштироки фаъолона доштанд. Ба таври фаъол муҳокима намудани меъёрҳои лоиҳаи Конститутсия аз ҷониби халқ шаҳодати таваҷҷуҳи хоссаи мардум ба қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз аст. Маврид ба зикр аст, ки ғояи аз ҷониби халқ муҳокима гардидани лоиҳаи Конститутсия маҳз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд ва ин барои боз ҳам халқӣ шудани Конститутсия мусоидат намуд.
Дар давоми 31 сол ҳадафҳои сиёсиву иҷтимоии Конститутсияи нави ҷумҳурӣ, ки таъмини ҳаёти осудаву ороми халқ, бартараф кардани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ноил гаштан ба созиши миллӣ, гузаштан ба иқтисоди бозоргонӣ, муътадил фаъолият намудани сохторҳои давлатӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои байналмилалӣ ва дигарҳо маҳсуб меёфтанд, таъмин гардид. Ҳанӯз бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ хусусиятҳои мамлакат ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардида, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатӣ, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ, халқ баёнгари сарчашмаи ягонаи ҳокимият ва забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ муқаррар карда шуд.
Ҳамчунин, дар Конститусияи нав гуногунии шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ кафолат дода шуда, замин, об, фазои ҳавоӣ, моликияти истисноии давлат муқаррар гардиданд. Баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим даровард ва барои суботи конститутсионӣ заминаи мустақим фароҳам овард.
Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди низоми қонунгузорӣ назаррас буда, ҳамзамон масъалаи болозикр вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон талаби замон буда, мазмуну муҳтавои Конститутсияро таҳкиму тақвият мебахшанд, инчунин барои таҳкими ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мустаҳкам ва такмил додани фаъолияти мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, инкишофи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ мусоидат намуда истодаанд.
Имрӯзҳо дар заминаи меъёрҳои бунёдии Конститутсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул шудаанд ва қабул шуда истодаанд, ки барои пешрафти соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, инчунин дар шаклгирӣ ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат саҳми беназир гузошта, онҳо ба манфиати халқ ва давлат мебошанд ва асоси онҳоро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, соҳибихтиёрии халқ, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, баробарҳуқуқию гуногуншаклии моликият ва арзишҳои дигари миллию мардумсолорӣ ташкил медиҳанд.
Дар анҷом бояд қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули Истиқлоли давлатӣ буда, лоиҳаи он бо роҳбарӣ ва ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат таҳия гардида, инчунин аз ҷониби халқ бо роҳи ифодаи иродаи озод қабул шуда, ифодагари азму иродаи мардум ва фарогири арзишҳои миллию демократӣ мебошад. Эҳтиром, риоя ва иҷрои меъёрҳои Конститутсия ҷузъи муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии ҳар як шахс маҳсуб меёбад, зеро дар даврони Истиқлоли давлатӣ, маҳз ба шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия имкони бунёди ҷомеаи озоду демократӣ ва шаҳрвандӣ фароҳам омад ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардид.
Шукрона Рустамзода, ассистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати ДМТ
