Маҳфили илмии донишҷӯён “Криминалист-эксперт” дар назди кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ

Маҳфили илмии донишҷӯён “Криминалист-эксперт” дар назди кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият мекунад. Роҳбарии маҳфилро ассистенти кафедра Юсуфзода Ф.А. ба уҳда дошта, аз тарафи донишҷӯён бошад, донишҷӯи курси 4 ихтисоси “Санҷиши судӣ” Холов Ш. мебошад.

Маҳфил ҳамчун як майдони озоди фикриву илмӣ амал мекунад, ки дар он донишҷӯён зери роҳбарии устодони соҳибтаҷриба доир ба масъалаҳои мубрами тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ муҳокимаву таҳлил анҷом медиҳанд. Дар ҷараёни муҳокимаҳо донишҷуён на танҳо дониши назариявии худро амиқтар месозанд, балки малакаи таҳлили ҳуқуқии баҳсбарори ва суханвариро низ инкишоф медиҳанд.

Яке аз самтҳои асосоии фаъолияти махфӣ ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебошанд. Аъзои маҳфил мавзуъҳои тадқиқотии дорои аҳамияти назариявӣ ва амалиро интихоб намуда, таҳти роҳбарии устодон таҳқиқ мегузаронанд, натиҷаҳои онро дар шакли мақолаҳои илмӣ маърузаҳо ва корҳои курсӣ пешниҳод мекунанд. Ин раванд ба ташаккули малакаҳои методологии ва таҳқиқотии донишҷӯён мусоидат намуда, онҳоро ба кори мустақилона ва таҳлили омода месозад.

Илова бар ин, маҳфил ҳама сола дар ташкили конфронсҳои донишҷӯён, мизҳои мудаввар, семинарҳои илмӣ ва вохӯриҳо бо олимону мутахассисиони соҳаи криминалистика ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ саҳм мегузоранд. Ин чорабиниҳо на танҳо ба мубодилаи афкор ва таҷрибаи илми мусоидат мекунанд, балки донишҷӯёнро ба муҳити воқеъии фаъолияти илмӣ ва касбӣ ворид месозанд.

Маҳфил инчунин ба дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон диққати махсус медиҳад. Донишҷӯёне, ки дар соҳаи таҳқиқоти ва баромадҳои илмӣ фаъоланд аз ҷониби кафедра ва факултет дастгирӣ ёфта, барои иштирок дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ тавсия дода мешавад. Дар баробари ин дар доираи маҳфил курсҳои кутоҳмуддати омузишӣ, вохуриҳо бо ходимони давлатӣ, намояндагони сохторҳои конситутсионӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ гузаронида мешавад, ки таҷрибаи амалии донишҷӯён густариш медиҳад.

Ҳадафи асосии маҳфил сайқал додани дониши ҳуқуқӣ миёни донишҷӯён ба шумор меравад. Дар ҷараёни маҳфилҳо мубодилаи афкор, баромадҳои илмӣ ва мусоҳибаҳои омӯзишӣ баргузор мегарданд. Натиҷаҳои фаъолияти маҳфил дар ҳаёти таълимии донишҷӯён инъикос мегарданд.

Маҳфили илмии донишҷӯёни назди кафедраи криминалситика ва фаъолияти экспертизаи судӣ ҳамасола фаъолият намуда, ҳамчун яке аз воҳидҳои муҳими таълимӣ ва илмӣ дар ҷалби донишҷуён ва фаъолияти таҳқиқотӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ саҳми назаррас мегузорад. 

  Маҳфил ҳар моҳ ду маротиба баргузор шуда, дар он масъалаҳои марбут ба фанҳои назди кафедра, аз ҷумла, криминалистика, фаъолияти экспертизаи судӣ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ баррасӣ мегарданд. Дар маҳфил 20-25 нафар донишҷӯёни аъзо иштирок менамоянд. Дар ҳар маҳфил ду маърӯза шунида мешавад. Дар маҳфил беш аз 40 нафар донишҷӯёни курсҳои 1 ва 4 аъзо мебошанд.

 «Тасдиқ мекунам»

                                                       мудири кафедраи криминалистика ва

фаъолияти экспертизаи судӣ,                                                             профессор___________Назаров А.Қ.     

(дар ҷаласаи устодон аз 28 августи    

                                        соли 2025, суратмаҷлиси № 1)

Нақша- чорабиниҳои маҳфили илмӣ- назариявии донишҷӯён-«Криминалист-эксперт»-и назди кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳукуқшиносии ДМТ

дар соли таҳсили 2025-2026

            Номгӯи мавзӯҳоМуҳлати     иҷроМасъулМутасаддиён
1Кушодани маҳфили илмӣ-назариявӣ ва интихоби раиси маҳфилСентябр Раиси МИД- ҶИДРоҳбари МИД ассистент Юсуфзода Ф.
2Гузаронидани маҳфилҳо: Мавзу: 1.Нақши илми криминалистика дар тафтиши ҷиноят. 2.Технологияи муосири экспертизаи судӣ.СентябрРаиси МИД- ҶИДРоҳбари МИД ассистент Юсуфзода Ф.
3Гузаронидани маҳфилҳо Мавзу: 1.Технологияи фосилавии гузаронидани амалҳои тафтишӣ. 2.Тактикаи амалҳои тафтишӣ  ОктябрРаиси МИД- ҶИДРоҳбари МИД ассистент Юсуфзода Ф.
5Гузаронидани маҳфилҳои ҷорӣ ба рузи истиқболи «Конситутсия- шаҳодатномаи миллат» Мавзу: Рушди илми ФОҶ дар замони соҳибистиқлолии ҶТНоябрРаиси МИД- ҶИДРоҳбари МИД ассистент Юсуфзода Ф.
6Гузаронидани маҳфилҳо ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзу: Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо ҷинояткорӣНоябрРаиси МИД- ҶИДРоҳбари МИД ассистент Юсуфзода Ф.
7Ҷамъбасти маҳфили илмӣ-назариявӣ дар нимсолаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026Ҳисоботи нимсолаи якуми Раиси маҳфили илмӣ- назариявии «Криминалист-эксперт»ДекабрРаиси МИД- ҶИДРоҳбари МИД ассистент Юсуфзода Ф.
8Оғози маҳфили илмӣ- назариявӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2025-2026 Мавзу: 1.Зеҳни сунъи дар тафтиши ҷиноят 2.Чорабиниҳои оперативӣ–ҷустуҷӯӣ дар раванди тафтиши ҷиноятҳоФевралРаиси МИД- ҶИДРоҳбари МИД ассистент Юсуфзода Ф.
9Гузаронидани маҳфилҳо Мавзу: 1.Истифодаи технологияи рақамӣ дар тафтиши ҷиноятҳо. 2.Экспертизаҳои криминалистикӣ ва нақши онҳо дар окор кардани ҷиноятМартРаиси МИД- ҶИДРоҳбари МИД ассистент Юсуфзода Ф. 
10Гузаронидани конфронси илмӣ-назариявии апрелӣАпрелРаиси МИД- ҶИДРоҳбари МИД ассистент Юсуфзода Ф.
11Ҳисоботи солонаи МИД-и назди кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ дар ҷаласаи Шурои ҶИД-и факултети ҳуқуқшиносии ДМТМайРаиси МИД- ҶИДРоҳбари МИД ассистент Юсуфзода Ф.

Роҳбари маҳфили МИД – и назди

кафедраи криминалистика ва

фаъолияти экспертизаи судӣ                                                   Юсуфзода Ф.