Маҳфили илмии донишҷӯён «Ҳуқуқи инсон»-и назди кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз шаклҳои муҳими фаъолияти беруназдарсии таълимӣ ва таҳқиқотии донишҷӯён ба шумор меравад. Он бо ташаббуси устодони кафедра ва бо дастгирии садорати факултет ташкил гардида мақсадаш фароҳам оварадани муҳити илмиву маърифатӣ миёни донишҷӯён ва заминаи воқеӣ барои рушди истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад.
Маҳфил ҳамчун як майдони озоди фикриву илмӣ амал мекунад, ки дар он донишҷӯён зери роҳбарии устодони соҳибтаҷриба доир ба масъалаҳои мубрами ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, механизми ҳимояи ҳуқуқи инсон ва масъалаҳои ҳуқуқшиносии муқоисавӣ муҳокимаву таҳлил анҷом медиҳанд. Дар ҷараёни ин муҳокимаҳо донишҷӯён на танҳо дониши назариявии худро амиқтар месозанд, балки малакаи таҳлили ҳуқуқӣ, баҳсбарорӣ ва суханвариро низ инкишоф медиҳанд.
Илова бар ин, маҳфил ҳамасола дар ташкили конфронсҳои донишҷӯён, мизҳои мудаввар, семинарҳои илмӣ ва вохӯриҳо бо олимону мутахассисони соҳаи ҳуқуқи инсон саҳм мегузорад. Ин чорабиниҳо на танҳо ба мубодилаи афкор ва таҷрибаи илмӣ мусоидат мекунанд, балки донишҷӯёнро ба муҳити воқеии фаъолияти илмӣ ва касбӣ ворид месозанд.
Маҳфил инчунин ба дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон диққати махсус медиҳад. Донишҷӯёне, ки дар соҳаи таҳқиқотӣ ва баромадҳои илмӣ фаъоланд, аз ҷониби кафедра ва факултет дастгирӣ ёфта, барои иштирок дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тавсия дода мешаванд.
Дар маҷмуъ, маҳфили илмии донишҷӯён «Ҳуқуқи инсон» на танҳо як шакли ташкилии кори илмии донишҷӯён, балки муҳити зиндаи андешаву ташаккули шахсиятҳои илмӣ мебошад, ки ба рушди илмии факултет ва боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон саҳми назаррас мегузорад.
Ҳар сол дар доираи фаъолияти маҳфил зиёда аз 10 маротиба ҷаласаҳои доимӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо зиёда аз 30 маърӯза бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ шунида ва муҳокима карда мешаванд. Мавзуъҳои баромадҳо асосан ба масъалаҳои ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳуқуқшиносии муқоисавӣ ва механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи кӯдак, ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд, ҳуқуқи зан ва ғайра бахшида мешаванд.
Ҳамасола маҳфил ба ифтихори рӯзҳои муҳими давлатӣ ва таърихии кишвар чорабиниҳои илмӣ ва маърифатӣ ташкил менамояд. Аз ҷумла, ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ ва Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон (10 декабр) маҳфилҳои илмӣ ва барномаҳои идона доир мегарданд, ки дар онҳо донишҷӯён бо маърӯзаҳо ва суханрониҳои ҷашнӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Маҳфили илмии «Ҳуқуқи инсон» дорои зиёда аз 30 аъзо мебошад, ки аз миёни донишҷӯёни курсҳои 1 то 4 интихоб мешаванд. Аъзои фаъоли маҳфил дар конференсияҳо, озмунҳо ва чорабиниҳои илмӣ-амалӣ ҳамасола иштирок намуда, дар рушди муҳити илмӣ-таҳқиқотии факултет саҳми арзанда мегузоранд.
Роҳбари маҳфили илмии-назариявии
«Ҳуқуқи инсон», ассистент Иброҳимзода Ш.Ҳ.
«Тасдиқ мекунам»
Мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, д.и.ҳ., профессор Мирализода И.Қ.________________
«30» августи 2025 с.
НАҚШАИ КОРИИ
Маҳфили илмии донишҷӯёни назди кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ таҳти унвони «Ҳуқуқи инсон» дар соли хониши 2025-2026
№ | Номгӯи мавзуъ | Муҳлати иҷроиш | Иҷрокунандагон | Мутасаддиён |
1 | Кушодашавии конфронси илмӣ-назариявӣ Гузаронидани маҳфили ҷорӣ ва тасдиқи маърузаҳои донишҷӯён | дар моҳи сентябр | Раиси МИД Иброҳимзода Ш.Ҳ. ва котиби МИД, донишҷӯи соли 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ Ҳакимов Ш. | Раиси МИД Иброҳимзода Ш.Ҳ. ва котиби МИД Ҳакимов Ш. |
2 | Ташкили ҷамъомади илмӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, рӯзи омӯзгор ва иди Меҳргон | дар моҳи октябр | Раиси МИД | Раиси МИД Иброҳимзода Ш.Ҳ. ва котиби МИД |
3 | Гузаронидани маҳфил бахшида ба 31-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи ҶТ | дар моҳи ноябр | Раиси МИД | Раиси МИД Иброҳимзода Ш.Ҳ. ва котиби МИД |
4 | Ташкил кардан ва гузаронидани семинару конференсияҳои илмӣ | дар давоми соли хониш | Раиси МИД | Раиси МИД Иброҳимзода Ш.Ҳ. ва котиби МИД |
5 | Гузаронидани мафҳил бахшида ба рӯзи Ҳуқуқи инсон ва ҷашни Сада | дар моҳи декабр | Раиси МИД | Раиси МИД Иброҳимзода Ш.Ҳ. ва котиби МИД |
6 | Гузаронидани мизҳои мудаввар оид ба мавзуъҳои рӯзмарра | дар давоми соли хониш | Раиси МИД | Раиси МИД Иброҳимзода Ш.Ҳ. ва котиби МИД |
7 | Ҷамъбасти маҳфили илмӣ-назариявӣ дар нимсолаи аввали соли хониши 2025-2026. Ҳисоботи нимсолаи якуми МИД-и «Ҳуқуқи инсон» | дар моҳи декабр | Раиси МИД | Раиси МИД Иброҳимзода Ш.Ҳ. ва котиби МИД |
8 | Ифтитоҳи маҳфили илмӣ-назариявӣ дар нимсолаи дуюми соли хониши 2025-2026. Гузаронидани мафҳил бахшида ба 33-умин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ | дар моҳи феврал | Раиси МИД | Раиси МИД Иброҳимзода Ш.Ҳ. ва котиби МИД |
9 | Гузаронидали мафҳил бахшида ба рӯзи «Модар» ва ҷашни «Наврӯзи байналмилалӣ» | дар моҳи март | Раиси МИД | Раиси МИД Иброҳимзода Ш.Ҳ. ва котиби МИД |
10 | Ташкил кардан ва гузаронидани семинару конфронсҳои илмӣ | дар давоми соли хониш | Раиси МИД | Раиси МИД Иброҳимзода Ш.Ҳ. ва котиби МИД |
11 | Гузаронидани мизҳои мудаввар оид ба мавзуъҳои рӯзмарра | дар давоми соли хониш | Раиси МИД | Раиси МИД Иброҳимзода Ш.Ҳ. ва котиби МИД |
12 | Гузаронидани конференсияи илмӣ-назариявии апрелӣ бахшида ба «Ҳафтаи илм» | дар моҳи апрел | Раиси МИД | Раиси МИД Иброҳимзода Ш.Ҳ. ва котиби МИД |
13 | Гузаронидали маҳфил бахшида ба «рӯзи байналмилалии меҳаткашон». Интиҳо бахшидани маҳфили маҳфили илмӣ-назариявии «Ҳуқуқи инсон» | дар моҳи май | Раиси МИД | Раиси МИД Иброҳимзода Ш.Ҳ. ва котиби МИД |
14 | Ҳисоботи кори яксолаи МИД-и назди кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшинсии муқоисавӣ дар ҷаласаи Шурои ҶИД-и факултети ҳуқуқшиносӣ | дар моҳи июн | Раиси МИД | Раиси МИД Иброҳимзода Ш.Ҳ. ва котиби МИД |
Раиси МИД-и назди кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ Иброҳимзода Ш.Ҳ.
Котиби МИД, донишҷуи соли 3-юми
факултети ҳуқуқшиносӣ Ҳакимов Ш.

