Маҳфили илмии донишҷӯён «Ҳуқуқи маданӣ»-и назди кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз шаклҳои муҳими фаъолияти беруназдарсии таълимӣ ва таҳқиқотии донишҷӯён ба шумор меравад. Он бо ташаббуси устодони кафедра ва бо дастгирии роҳбарияти факултет таъсис ёфта, ҳадаф дорад муҳити илмиву маърифатиро миёни донишҷӯён тақвият бахшад ва заминаи воқеӣ барои рушди истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои маданӣ фароҳам оварад.
Маҳфил ҳамчун як майдони озоди фикриву илмӣ амал мекунад, ки дар он донишҷӯён зери роҳбарии устодони соҳибтаҷриба доир ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқи маданӣ, аз қабили масъалаҳои шартномавӣ ва уҳдадорӣ, ҳуқуқи меросӣ ва ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ муҳокимаву таҳлил анҷом медиҳанд. Дар ҷараёни ин муҳокимаҳо донишҷӯён на танҳо дониши назариявии худро амиқтар месозанд, балки малакаи таҳлили ҳуқуқӣ, баҳсбарорӣ ва суханвариро низ инкишоф медиҳанд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти маҳфил ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад. Аъзои маҳфил мавзӯъҳои тадқиқотии дорои аҳамияти назариявӣ ва амалиро интихоб намуда, таҳти роҳбарии устодон таҳқиқ мегузаронанд, натиҷаҳои онро дар шакли мақолаҳои илмӣ, маърӯзаҳо ва корҳои курсӣ пешниҳод мекунанд. Ин раванд ба ташаккули малакаҳои методологӣ ва таҳқиқотии донишҷӯён мусоидат намуда, онҳоро ба кори мустақилона ва таҳлилӣ омода месозад.
Илова бар ин, маҳфил ҳамасола дар ташкили конфронсҳои донишҷӯён, мизҳои мудаввар, семинарҳои илмӣ ва вохӯриҳо бо олимону мутахассисони соҳаи давлат ва ҳуқуқ саҳм мегузорад. Ин чорабиниҳо на танҳо ба мубодилаи афкор ва таҷрибаи илмӣ мусоидат мекунанд, балки донишҷӯёнро ба муҳити воқеии фаъолияти илмӣ ва касбӣ ворид месозанд.
Маҳфил инчунин ба дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон диққати махсус медиҳад. Донишҷӯёне, ки дар соҳаи таҳқиқотӣ ва баромадҳои илмӣ фаъоланд, аз ҷониби кафедра ва факултет дастгирӣ ёфта, барои иштирок дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тавсия дода мешаванд. Дар баробари ин, дар доираи маҳфил курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ, вохӯриҳо бо ходимони давлатӣ, намояндагони мақомоти судӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ гузаронида мешаванд, ки таҷрибаи амалии донишҷӯёнро густариш медиҳанд.
Фаъолияти маҳфили «Ҳуқуқи маданӣ» ба таҳкими робитаи илмӣ ва ҳамкории созанда миёни устодон ва донишҷӯён мусоидат мекунад. Он на танҳо як воситаи иловагии омӯзиш, балки мактаби воқеии илм, таҳқиқ ва ватандӯстӣ мебошад. Бо фаъолияти худ маҳфил ба ташаккули шахсиятҳои соҳибмаърифат, дорои ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ кумак расонда, ба тарбияи насли наве мусоидат менамояд, ки қодир аст арзишҳои давлатдории миллӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонунро дар амал татбиқ намояд.
Дар маҷмуъ, маҳфили илмии донишҷӯён «Ҳуқуқи маданӣ» на танҳо як шакли ташкилотии кори илмии донишҷӯён, балки муҳити зиндаи андешаву ташаккули шахсиятҳои илмӣ мебошад, ки ба рушди илмии факултет ва боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон саҳми назаррас мегузорад.
Маҳфили илмии донишҷӯёни «Ҳуқуқи маданӣ» назди кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносӣ ҳамасола фаъолият намуда, ҳамчун яке аз воҳидҳои муҳими таълимӣ ва илмӣ дар ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти таҳқиқотӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ саҳми назаррас мегузорад. Ҳадафи асосии фаъолияти маҳфил ҷалби донишҷӯён ба таҳқиқоти илмӣ, тақвияти ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва инкишофи тафаккури таҳлилӣ дар соҳаи ҳуқуқи маданӣ мебошад.
Ҳар сол дар доираи фаъолияти маҳфил зиёда аз 6 маротиба ҷаласаҳои доимӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо зиёда аз 20 маърӯза бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ шунида ва муҳокима карда мешаванд. Мавзӯъҳои баромадҳо асосан ба масъалаҳои моликият ва намудҳои алоҳидаи он, муқарраротҳои умумӣ оид ба уҳдадорӣ, намудҳои алоҳидаи шартномаҳои ҳуқуқи маданӣ, меросгирӣ ва намудҳои алоҳидаи он бахшида мешаванд.
Ҳамасола маҳфил ба ифтихори рӯзҳои муҳими давлатӣ ва таърихии кишвар чорабиниҳои илмӣ ва маърифатӣ ташкил менамояд. Аз ҷумла, ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ маҳфилҳои илмӣ ва барномаҳои идона доир мегарданд, ки дар онҳо донишҷӯён бо маърӯзаҳо ва суханрониҳои ҷашнӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Ҳар баҳор, анъанавӣ дар моҳи апрел, маҳфил бо иштироки васеи устодон ва донишҷӯёни факултет конференсияи илмии донишҷӯён баргузор менамояд. Дар рафти он беҳтарин маърӯзаҳо пешниҳод ва муҳокима мегарданд, ва иштирокчиёни фаъол бо ифтихорномаҳо ва китобҳо қадрдонӣ мешаванд.
Ҳамасола маҳфили илмии «Ҳуқуқи маданӣ» дорои зиёда аз 30 аъзо мебошад, ки аз миёни донишҷӯёни курсҳои 1 то 4 интихоб мешаванд. Аъзои фаъоли маҳфил дар конференсияҳо, озмунҳо ва чорабиниҳои илмӣ-амалӣ ҳамасола иштирок намуда, дар рушди муҳити илмӣ-таҳқиқотии факултет саҳми арзанда мегузоранд.
Дар маҷлиси кафедра аз 31.08. 2025 с. (суратмаҷлиси №1) тасдиқ карда шудааст. Мудири кафедраи ҳуқуқи маданӣ, профессор Ғаюрзода Ш. К. _________
НАҚШАИ КОРИИ
маҳфили илмии донишҷӯёни «Ҳуқуқи маданӣ»-и назди кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ барои соли таҳсили 2025- 2026
№ | Номгӯи корҳо | Муҳлати иҷроиш | Макони баргӯзорӣ | Мутасаддӣ |
1. | Гузаронидани маҷлисҳои ҷории маҳфили илмӣ | Давоми сол | Аъзоёни маҳфил | Раиси МИД, роҳбари маҳфил ва |
2. | Мафҳуми ва хусусиятҳои шахси ҳуқуқи ҳамчун субекти ҳуқуқи маданӣ Субъектони ҳуқуқи ашёӣ | 15.09.2023 | Бинои таълимии №12, синфхонаи 502 | Раиси МИД, роҳбари маҳфил ва устодони кафедра |
3. | 1) Ашё ҳамчун объекти ҳуқуқи маданӣ 2) Хусусиятҳои бамеросгузории молу мулки алоҳида | 29.09.2023 | Бинои таълимии №12, синфхонаи 502 | Раиси МИД, роҳбари маҳфил ва устодони кафедра |
4. | 1) Хизматрасони ҳамчун объекти ҳуқуқи маданӣ 2)Аҳдҳои беэътибор ва оқибати ҳуқуқиионҳо | 13.10.2023 | Бинои таълимии №12, синфхонаи 502 | Раиси МИД, роҳбари маҳфил ва устодони кафедра |
5. | 1) Шартномаи суғуртаи молулулкӣ 2)Натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ ҳамчун объекти ҳуқуқи маданӣ | 17.10.2023 | Бинои таълимии №12, синфхонаи 502 | Раиси МИД, роҳбари маҳфил ва устодони кафедра |
6. | 1) Бекор кардани шартномаи ҳадя 2)Зараре, ки дар натиҷаи мудофиаи зарурӣ расонида мешавад | 10.11.2023 | Бинои таълимии №12, синфхонаи 502 | Раиси МИД, роҳбари маҳфил ва устодони кафедра |
7. | 1) Шартномаи пудрати маишӣ 2) Барасмиятдароии ҳуқуқи мерос | 24.11.2023 | Бинои таълимии №12, синфхонаи 502 | Раиси МИД, роҳбари маҳфил ва устодони кафедра |
8. | 1) Мафҳуми ва хусусиятҳои шартномаи оммавӣ 2) Иҷрои шартномаҳо | 15.12.2023 | Бинои таълимии №12, синфхонаи 502 | Раиси МИД, роҳбари маҳфил ва устодони кафедра |
9. | 1) Мафҳуми ва хусусиятҳои гарав 2) Муносибатҳои ҳуқуқи мерос | 29.12.2023 | Бинои таълимии №12, синфхонаи 502 | Раиси МИД, роҳбари маҳфил ва устодони кафедра |
10. | 1)Мафҳуми ва хусусиятҳои ноустуворона 2) Объектҳои ҳуқуқи маданӣ | 12.01.2024 | Бинои таълимии №12, синфхонаи 502 | Раиси МИД, роҳбари маҳфил ва устодони кафедра |
11. | 1)Шартномаи иҷраи корхона 2) Мафҳуми ва намудҳои асар | 26.01.2024 | Бинои таълимии №12, синфхонаи 502 | Раиси МИД, роҳбари маҳфил ва устодони кафедра |
12. | 1)Шартномаи хариду фурӯши чакана ва проблемаҳои амалии он 2) Мафҳуми ва хусусиятҳои шартномаи рента | 09.02.2024 | Бинои таълимии №12, синфхонаи 502 | Раиси МИД, роҳбари маҳфил ва устодони кафедра |
13. | 1)Шартномаи ҳисагии бинои истиқоматии бисёрхонагӣ ва тартиби амалӣ намудани он 2) Мафҳуми ва хусусиятҳои мерос тибқи қонун | 23.02.2024 | Бинои таълимии №12, синфхонаи 502 | Раиси МИД, роҳбари маҳфил ва устодони кафедра |
14. | 1) Мафҳуми ва хусусиятҳои ваколтнома 2)Гузаронидани маҳфи лиилмӣ-назариявӣ бахшида ба «Ҳафтаи илм» | 15.03.2024 | Бинои таълимии №12, синфхонаи 502 | Раиси МИД, роҳбари маҳфил ва устодони кафедра |
15. | 1) Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ ва хусусиятҳои он 2)Ҳолати ҳуқуқии таҳиякунандаи фонограмма | 29.03.2024 | Бинои таълимии №12, синфхонаи 502 | Раиси МИД, роҳбари маҳфил ва устодони кафедра |
16. | 1)Мафҳуми ва хусусиятҳои зарари маънавӣ 2) Ҳуқуқи муаллифӣ ва тартиби эътирофи он | 12.04.2024 | Бинои таълимии №12, синфхонаи 502 | Раиси МИД, роҳбари маҳфил ва устодони кафедра |
17. | 1)Гузаронидани маҳфи лиилмӣ-назариявӣ бахшида ба «Ҳафтаи илм» | 16.04.2024 | Бинои таълимии №12, синфхонаи 502 | Раиси МИД, роҳбари маҳфил ва устодони кафедра |
18. | 1) Мафҳуми ва хусусиятҳои замонат 2)Хайрия ҳамчун намуди шартномаи ҳадя | 10.05.2024 | Бинои таълимии №12, синфхонаи 502 | Раиси МИД, роҳбари маҳфил ва устодони кафедра |
19. | 1) Ҷамъбасти маҳфили илмии донишҷӯён 2)Таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи маҳфили илмии донишҷӯён | 30.05.2024 | Раиси МИД ва роҳбари маҳфил |
Роҳбари МИД-и кафедраи ҳуқуқи маданӣ, ассистент Саидов Ш.У.



