Маҳфили илмии донишҷӯён «Ҳуқуқшиносони байналмилалӣ»-и назди кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ

Маҳфили илмии донишҷӯён «Ҳуқуқшиносони байналмилалӣ»-и назди кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз шаклҳои муҳими фаъолияти беруназдарсии таълимӣ ва таҳқиқотии донишҷӯён ба шумор меравад. Он бо ташаббуси устодони кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ ва бо дастгирии роҳбарияти факултети ҳуқуқшиносӣ таъсис ёфта, ҳадаф дорад муҳити илмиву маърифатиро миёни донишҷӯён тақвият бахшад ва заминаи воқеӣ барои рушди истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ фароҳам оварад.

Маҳфил ҳамчун як майдони озодӣ фикриву илмӣ амал мекунад, ки дар он донишҷӯён зери роҳбарии устодони соҳибтаҷриба доир ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва хусусӣ муҳокимаву таҳлил анҷом медиҳанд. Дар ҷараёни ин муҳокимаҳо донишҷӯён на танҳо дониши назариявии худро амиқтар месозанд, балки малакаи таҳлили ҳуқуқӣ, баҳсбарорӣ ва суханвариро низ инкишоф медиҳанд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти маҳфил ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад. Аъзои маҳфил мавзӯъҳои тадқиқотии дорои аҳамияти назариявӣ ва амалиро интихоб намуда, таҳти роҳбарии устодон таҳқиқ мегузаронанд, натиҷаҳои онро дар шакли мақолаҳои илмӣ, маърӯзаҳо ва корҳои курсӣ пешниҳод мекунанд. Ин раванд ба ташаккули малакаҳои методологӣ ва таҳқиқотии донишҷӯён мусоидат намуда, онҳоро ба кори мустақилона ва таҳлилӣ омода месозад.

Илова бар ин, маҳфил ҳамасола дар ташкили конфронсҳои донишҷӯён, мизҳои мудаввар, семинарҳои илмӣ ва вохӯриҳо бо олимону мутахассисони соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ саҳм мегузорад. Ин чорабиниҳо на танҳо ба мубодилаи афкор ва таҷрибаи илмӣ мусоидат мекунанд, балки донишҷӯёнро ба муҳити воқеии фаъолияти илмӣ ва касбӣ ворид месозанд.

Маҳфил инчунин ба дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон диққати махсус медиҳад. Донишҷӯёне, ки дар соҳаи таҳқиқотӣ ва баромадҳои илмӣ фаъоланд, аз ҷониби кафедра ва факултет дастгирӣ ёфта, барои иштирок дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тавсия дода мешаванд. Дар баробари ин, дар доираи маҳфил курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ, вохӯриҳо бо ходимони давлатӣ, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ гузаронида мешаванд, ки таҷрибаи амалии донишҷӯёнро густариш медиҳанд.

Фаъолияти маҳфили «Ҳуқуқшиносони байналмилалӣ» ба таҳкими робитаи илмӣ ва ҳамкории созанда миёни устодон ва донишҷӯён мусоидат мекунад. Он на танҳо як воситаи иловагии омӯзиш, балки мактаби воқеии илм, таҳқиқ ва ватандӯстӣ мебошад. Бо фаъолияти худ маҳфил ба ташаккули шахсиятҳои соҳибмаърифат, дорои ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ кумак расонда, ба тарбияи насли наве мусоидат менамояд, ки қодир аст арзишҳои давлатро дар арсаи байналмилалӣ, ҳифз ва манфиятҳои шаҳрвандонро дар хориҷа ва волоияти қонунро дар амал татбиқ намояд.

Дар маҷмуъ, маҳфили илмии донишҷӯён «Ҳуқуқшиносони байналмилалӣ» на танҳо як шакли ташкилотии кори илмии донишҷӯён, балки муҳити зиндаи андешаву ташаккули шахсиятҳои илмӣ мебошад, ки ба рушди илмии факултет ва боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон саҳми назаррас мегузорад.

Маҳфили илмии донишҷӯёни «Ҳуқуқшиносони байналмилалӣ» назди кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносӣ ҳамасола фаъолият намуда, ҳамчун яке аз воҳидҳои муҳими таълимӣ ва илмӣ дар ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти таҳқиқотӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ саҳми назаррас мегузорад. Ҳадафи асосии фаъолияти маҳфил ҷалби донишҷӯён ба таҳқиқоти илмӣ, тақвияти ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва инкишофи тафаккури таҳлилӣ дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.

Ҳар сол дар доираи фаъолияти маҳфил зиёда аз 6 маротиба ҷаласаҳои доимӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо зиёда аз 20 маърӯза бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ шунида ва муҳокима карда мешаванд. Мавзӯъҳои баромадҳо асосан ба масъалаҳои дастовардҳои сиёсати хориҷии  Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият, ташабусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, нақш ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конференсияҳои байналмилалӣ, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баррасӣ ва ҳалли проблемаҳои глобалии чаҳони имрӯза: Нақши Пешвои миллати тоҷикон дар таҳкими сулҳи минтақа ва ҷаҳон, нақши санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешаванд.

Ҳамасола маҳфил ба ифтихори рӯзҳои муҳими давлатӣ ва таърихии кишвар чорабиниҳои илмӣ ва давлатӣ ташкил менамояд. Аз ҷумла, ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, Ташабусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, Нақши Пешвои миллати тоҷикон дар таҳкими сулҳи минтақа ва ҷаҳон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфилҳои илмӣ ва барномаҳои идона доир мегарданд, ки дар онҳо донишҷӯён бо маърӯзаҳо ва суханрониҳои ҷашнӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Ҳамасола маҳфили илмии «Ҳуқуқшиносони байналмилалӣ» дорои зиёда аз 70 аъзо мебошад, ки аз миёни донишҷӯёни курсҳои 1 то 4 интихоб мешаванд. Аъзои фаъоли маҳфил дар конференсияҳо, озмунҳо ва чорабиниҳои илмӣ-амалӣ ҳамасола иштирок намуда, дар рушди муҳити илмӣ-таҳқиқотии факултет саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳамасола ҳамчун анъана дар моҳи апрел, маҳфил бо иштироки васеи устодон ва донишҷӯёни факултет, конференсияи илмии донишҷӯён баргузор менамояд. Дар рафти он беҳтарин маърӯзаҳо пешниҳод ва муҳокима мегарданд, ва иштирокчиёни фаъол бо ифтихорномаҳо ва китобҳо қадрдонӣ мешаванд.

«Тасдиқ мекунам»

мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ,

н.и.ҳ, дотсент ________ Қодиров Н.А

НАҚШАИ КОРИИ МАҲФИЛИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁНИ «ҲУҚУҚШИНОСОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ»И НАЗДИ КАФЕДРАИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚШИНОСИИДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ ХОНИШИ 2025-2026

Р\тНомгӯйи мавзӯъМӯҳлати иҷроИҷрокунандагонМуттасадиён
1.– Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият – Ташабусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СМММоҳи сентябри  соли 2025Аъзоёни маҳфилРоҳбар ва Раиси МИД
2.– Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ – Ҷумҳурии Тоҷикистон  – таҳкимбахши сулҳу субот ва оромии ҷомеаМоҳи октябри  соли 2025Аъзоёни маҳфилРоҳбар ва Раиси МИД
3.– Нақши санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мақоми байналмилалии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд  Моҳи ноябри  соли 2025Аъзоёни маҳфилРоҳбар ва Раиси МИД
4.– Ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон – Санадҳои ҳуқуқи  байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон  Моҳи декабри  соли 2025Аъзоёни маҳфилРоҳбар ва Раиси МИД
5.– Самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат.Моҳи феврали  соли 2026Аъзоёни маҳфилРоҳбар ва Раиси МИД
6.– Ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти  Созмони Милали Муттаҳид  Моҳи марти соли 2026  Аъзоёни маҳфилРоҳбар ва Раиси МИД
7.– Баррасӣ ва ҳалли проблемаҳои глобалии чаҳони имрӯзаМоҳи апрели  соли 2026  Аъзоёни маҳфилРоҳбар ва Раиси МИД
8.– Ҳалли байналмилалии баҳсҳо оид ба сарҳади давлатӣМоҳи майи  соли 2026  Аъзоёни маҳфилРоҳбар ва Раиси МИД

Раиси  МИД-и назди кафедраи

«Ҳуқуқи байналмилалӣ» ассистент

___________    Исматзода И.Б.

Роҳбари  МИД-и назди кафедраи

 «Ҳуқуқи байналмилалӣ»

___________        Сафаров М.Ҳ.