Маҳфили илмии донишҷӯёни «Муҳофизони муҳити зист»-и назди кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ

Маҳфили илмии донишҷӯён «Муҳофизони муҳити зист»-и назди кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои табиии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз шаклҳои муҳими фаъолияти беруназдарсии таълимӣ ва таҳқиқотии донишҷӯён ба шумор меравад. Он бо ташаббуси устодони кафедра ва бо дастгирии роҳбарияти факултет таъсис ёфта, ҳадаф дорад муҳити илмиву маърифатиро миёни донишҷӯён тақвият бахшад ва заминаи воқеӣ барои рушди истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи ҳуқуқ ва ҳифзи муҳити зист фароҳам оварад.

Маҳфил ҳамчун як майдони озоди фикриву илмӣ амал мекунад, ки дар он донишҷӯён зери роҳбарии устодони соҳибтаҷриба доир ба масъалаҳои мубрами тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти экологии шаҳрвандон,  муҳокимаву таҳлил анҷом медиҳанд. Дар ҷараёни ин муҳокимаҳо донишҷӯён на танҳо дониши назариявии худро амиқтар месозанд, балки малакаи таҳлили ҳуқуқӣ, баҳсбарорӣ ва суханвариро низ инкишоф медиҳанд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти маҳфил ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад. Аъзои маҳфил мавзӯъҳои тадқиқотии дорои аҳамияти назариявӣ ва амалиро интихоб намуда, таҳти роҳбарии устодон таҳқиқ мегузаронанд, натиҷаҳои онро дар шакли мақолаҳои илмӣ, маърӯзаҳо ва корҳои курсӣ пешниҳод мекунанд. Ин раванд ба ташаккули малакаҳои методологӣ ва таҳқиқотии донишҷӯён мусоидат намуда, онҳоро ба кори мустақилона ва таҳлилӣ омода месозад.

Илова бар ин, маҳфил ҳамасола дар ташкили конфронсҳои донишҷӯён, мизҳои мудаввар, семинарҳои илмӣ ва вохӯриҳо бо олимону мутахассисони соҳаи экологӣ саҳм мегузорад. Ин чорабиниҳо на танҳо ба мубодилаи афкор ва таҷрибаи илмӣ мусоидат мекунанд, балки донишҷӯёнро ба муҳити воқеии фаъолияти илмӣ ва касбӣ ворид месозанд.

Маҳфил инчунин ба дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон диққати махсус медиҳад. Донишҷӯёне, ки дар соҳаи таҳқиқотӣ ва баромадҳои илмӣ фаъоланд, аз ҷониби кафедра ва факултет дастгирӣ ёфта, барои иштирок дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тавсия дода мешаванд. Дар баробари ин, дар доираи маҳфил курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ, вохӯриҳо бо ходимони давлатӣ,  низ гузаронида мешаванд, ки таҷрибаи амалии донишҷӯёнро густариш медиҳанд.

Фаъолияти маҳфили «Муҳофизони муҳити зист» ба таҳкими робитаи илмӣ ва ҳамкории созанда миёни устодон ва донишҷӯён мусоидат мекунад. Он на танҳо як воситаи иловагии омӯзиш, балки мактаби воқеии илм, таҳқиқ ва ватандӯстӣ мебошад. Бо фаъолияти худ маҳфил ба ташаккули шахсиятҳои соҳибмаърифат, дорои ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ кумак расонда, ба тарбияи насли наве мусоидат менамояд,

Дар маҷмуъ, маҳфили илмии донишҷӯён «Муҳофизони муҳити зист» на танҳо як шакли ташкилотии кори илмии донишҷӯён, балки муҳити зиндаи андешаву ташаккули шахсиятҳои илмӣ мебошад, ки ба рушди илмии факултет ва боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии экологии ҷавонон саҳми назаррас мегузорад.

Маҳфили илмии донишҷӯёни «Муҳофизони муҳити зист»-и назди кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои табиии факултети ҳуқуқшиносӣ ҳамасола фаъолият намуда, ҳамчун яке аз воҳидҳои муҳими таълимӣ ва илмӣ дар ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти таҳқиқотӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологи саҳми назаррас мегузорад. Ҳадафи асосии фаъолияти маҳфил ҷалби донишҷӯён ба таҳқиқоти илмӣ, тақвияти ҷаҳонбинии экологи ва инкишофи тафаккури таҳлилӣ дар соҳаи муҳити зист мебошад.

Ҳар сол дар доираи фаъолияти маҳфил зиёда аз 6 маротиба ҷаласаҳои доимӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо зиёда аз 20 маърӯза бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ шунида ва муҳокима карда мешаванд. Мавзӯъҳои баромадҳо асосан ба масъалаҳои муҳити зист, амнияти экологи, тагирёбии иқлим  бахшида мешаванд.

Ҳамасола маҳфил ба ифтихори рӯзҳои муҳими давлатӣ ва таърихии кишвар чорабиниҳои илмӣ ва маърифатӣ ташкил менамояд. Аз ҷумла, ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ маҳфилҳои илмӣ ва барномаҳои идона доир мегарданд, ки дар онҳо донишҷӯён бо маърӯзаҳо ва суханрониҳои ҷашнӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Ҳар баҳор, анъанавӣ дар моҳи апрел, маҳфил бо иштироки васеи устодон ва донишҷӯёни факултет конференсияи илмии донишҷӯён баргузор менамояд. Дар рафти он беҳтарин маърӯзаҳо пешниҳод ва муҳокима мегарданд, ва иштирокчиёни фаъол бо ифтихорномаҳо ва китобҳо қадрдонӣ мешаванд.

Ҳамасола маҳфили илмии «Муҳофизони муҳити зист» дорои зиёда аз 30 аъзо мебошад, ки аз миёни донишҷӯёни курсҳои 1 то 4 интихоб мешаванд. Аъзои фаъоли маҳфил дар конференсияҳо, озмунҳо ва чорабиниҳои илмӣ-амалӣ ҳамасола иштирок намуда, дар рушди муҳити илмӣ-таҳқиқотии факултет саҳми арзанда мегузоранд.

          «Тасдиқ мекунам»

Мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт

ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои

табиии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, н.и.ҳ., дотсент_________Шарифзода Ф.Ш

«29» августи 2025 с.

НАҚШАИ КОРИИ

Маҳфили илмии донишҷӯёни назди кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии  факултети ҳуқуқшиносии ДМТ таҳти унвони «Муҳофизони ҳифзи муҳити зист » дар соли таҳсили 2025-2026

Номгӯи мавзуъМуҳлати иҷроишИҷрокунандагонМутасаддиён
1Гузаронидани маҳфили илмӣ бахшида ба рӯзи «Истиқлоли давлатӣ»дар моҳи сентябрРаиси МИД-и назди кафедра    Раиси МИД, асс. Саидов Н.Н. ва котиби МИД,Исмоилов А
2Тасдиқи маърӯзаҳо, иштирокчиён ва гузаронидани «маҳфили илмӣ»дар моҳи октябрРаиси МИДРаиси МИД, асс. Саидов Н.Н. ва котиби МИД
3Гузаронидани маҳфил бахшида ба «31-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи ҶТ»дар моҳи ноябрРаиси МИДРаиси МИД, асс. Саидов Н.Н. ва котиби МИД
4Ташкил кардан ва гузаронидани семинару конференсияҳои илмӣдар давоми соли хонишРаиси МИДРаиси МИД, асс. Саидов Н.Н. ва котиби МИД
5Гузаронидани мафҳил бахшида ба рӯзи «Эъломияи ҳуқуқи башар»дар моҳи декабрРаиси МИДРаиси МИД, асс. Саидов Н.Н. ва котиби МИД
6Ҳисоботи 6- моҳаи фаъолияти МИД- и назди кафедраДар моҳи январРаиси МИДРаиси МИД, асс. Саидов Н.Н. ва котиби МИД
7Гузаронидани мизи мудаввар ба мавзӯҳои рузмараи ҳуқуқӣ.дар давоми соли      хониш                Раиси МИДРаиси МИД, асс. Саидов Н.Н. ва котиби МИД
8Кушодашавии МИД-и назди кафедра дар нимсолаи дуюмДар моҳи февралРаиси МИДРаиси МИД, асс. Саидов Н.Н. ва котиби МИД
9Гузаронидани маҳфили ҷорӣ бахшида ба ҷашни иди байналмилалии «Наврӯзи аҷам»дар моҳи мартРаиси МИДРаиси МИД, асс. Саидов Н.Н. ва котиби МИД
10Гузаронидани маҳфил бахшида ба   «Ҳафтаи илм»нимаи дуюми моҳи апрелРаиси МИДРаиси МИД, асс. Саидов Н.Н. ва котиби МИД
11Гузаронидани маҳфили илмии ҷорӣ     дар моҳи майРаиси МИДРаиси МИД, асс. СаидовН.Н. ва котиби МИД
12Ҳисоботи кори Маҳфили илмии донишҷуён «Ҳифзи муҳити зист»-и назди кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ барои солҳои 2025-2026     Дар моҳи июнРаиси МИДРаиси МИД, асс. Саидов Н.Н. ва котиби МИД

Раиси МИД-и назди кафедраи ҳуқуқи нақлиёт

ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ

ассистент                                                                                        Саидов Н.Н.