Маълумоти умумӣ дар бораи факултет

Факултети ҳуқуқшиносӣ яке аз аввалин факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (пеш Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин) буда, соли 1949 таъсис ёфтааст. Олимони факултет нақшаҳои илмӣ-тадқиқотиро амалӣ менамоянд ва дар пешрафти илми ҳуқуқшиносии ҷумҳурӣ саҳми арзандау шоиста доранд.  Инчунин онҳо дар таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ саҳмгузор мебошанд. Дастпарварони он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ, аз ҷумла дар сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ба монанди ҳокимияти судӣ, мақомоти прокуратура кору фаъолият менамоянд.

Дар факултет аз рӯйи ихтисосҳои зерин раванди таълим ба роҳ монда шудааст: шуъбаи рӯзона – ҳуқуқшиносӣ (ихтисоси 24010200); шуъбаи рӯзона-ҳуқуқшиносӣ (ихтисоси 24010200) – магистр; шуъбаи рӯзонаи ҳуқуқи байналхалқӣ (ихтисоси 24010100); 24010100 – ҳуқуқи байналхалқӣ – магистр; 93010100 – фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ; 93010100 – фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ-магистр; 26010200 – идораи давлатӣ ва ҳуқуқ; 26010200 – идораи давлатӣ ва ҳуқуқ-магистр; 24010203 – фаъолияти судӣ, прокурорӣ ва муфаттишӣ, 24010213 – фаъолияти судӣ, прокурорӣ ва муфаттишӣ; 24010302 – танзими ҳуқуқии молия ва қарз; 93010200 – экспертизаи судӣ; 24010217 – ҳифзи ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ; шуъбаи ғоибонаи умумӣ (ихтисоси 24010200); шуъбаи ғоибонаи идораи давлатӣ ва ҳуқуқ (ихтисоси 26010200); шуъбаи ғоибонаи фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ (ихтисоси 93010100); шуъбаи ғоибонаи маълумоти дуюми олӣ.

Дар факултети ҳуқуқшиносӣ ҳамаи шароитҳои мусоид барои тайёр намудани мутахасисони баландихтисос муҳаё мебошад. Дар факултет 15 синфхонаи бо таҳҷизотҳои навтарини техникӣ муҷаҳҳаз, китобхона, маркази таълимии мубориза бар зидди хариду фурӯши инсон, маркази интернетӣ, толори имтиҳонӣ ва мониторинги сифати таълим ва лабораторияи криминалистӣ амал менамояд. Дар факултет адад зиёда 200 адад компютер бо тамоми таҳҷизоти лозимӣ барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ба омӯзгорону донишҷӯён хизмат мерасонад, ки аз ин шумора, 150 адади он ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст мебошад. Ба ғайр аз ин дар факултет 21 адад видеопроекторҳо ва 9 доскаи электронӣ мавриди истифода қарор доранд.

Декани факултет – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Мирзозода Парвон Зайналобуддин мебошад.

Дар факултет 11 кафедра фаъолият менамояд:

  1. Назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ (мудири кафедра – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Азиззода У.А.);
  2. Ҳуқуқи мажанӣ (мудири кафедра – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ғаюрзода Ш.К.);
  3. Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мубориза бо корупсия (мудири кафедра – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент  Раҳмонзода М.Ҷ.);
  4. Ҳуқуқи конститутсионӣ мудири кафедра – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Сулаймонзода М.С.);
  5. Ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ (мудири кафедра –  номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Маҳмудов И.Т.);
  6. Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат (мудири кафедра –  номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Мавлоназарзода О.А.);
  7. Ҳуқуқи байналхалқӣ (мудири кафедра –  номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Қодиров Н.А.);
  8. Ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ (мудири кафедра – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Мирализода И.Қ.);
  9. Ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ (мудири кафедра –  номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Шарифзода Ф.);
  10. Забонҳои хориҷӣ (мудири кафедра –  номзади илмҳои филологӣ, дотсент Раҳмонзода Н.);
  11. Кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ (мудири кафедра – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Назаров А.Қ.)

Бо мақсади вусъат додани корҳои таълим ва тарбия дар факултети ҳуқуқшиносӣ «Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардида, ҷиҳати амалӣ намудани он садорати факултети ҳуқуқшиносӣ ҳамасола Нақша-чорабиниҳои дахлдор таҳия менамояд.