Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015, № 327 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» қабул гардид. Барномаи мазкур идомаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 таҳия гардидааст. Мақсади асосии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ин таҳкмими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, соддагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилотҳо, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии кишвар мебошад. Мувофиқи бандҳои якум ва дуюми Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 дар назар дошта шудааст, ки ба мақсади такмил додани фаъолияти судӣ, кам кардани муҳлати баррасии парвандаҳо ва аз байн бурдани такроршавии вазифаҳо дар низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо васеъ намудани ваколатҳои марҳилаи кассатсионӣ ба Кодексҳои мурофиавии гражданӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ соли 2015 тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, марҳилаи назоратӣ аз суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе хориҷ карда шавад.