Дар доираи муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориҳои илмию таълимӣ дар ҳоли рушд қарор дорад. Дар доираи ин ҳамкориҳо Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
26.02.2025 бо мақсади рушди бештари ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи забономӯзӣ дар пояи кафедраи забонҳои хориҷии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ Маркази ҷопоншиносӣ кушода шуд. Иифтитоҳи Маркази ҷопоншиносӣ дар ДМТ ба рушди ҳамкориҳои илмию таълимӣ, таҳкими муколамаи доимӣ ва рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон дар доираи шарикии дарозмуддат мусоидат хоҳад кард.
Барномаи ҷопоншиносӣ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва тадқиқотии байни муассисаҳои олии Тоҷикистон ва Ҷопон таъсис ёфтааст. Барномаи мазкур ба пажуҳишгарон ва донишҷӯёни тоҷик имконият медиҳад, ки таҷрибаи рушди Ҷопонро омӯзанд. Маркази ҷопоншиносӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба табодули дониш, ташкил кардани лексияҳои кӯтоҳмуддат, мубодилаи донишҷӯён ва олимон, инчунин омӯзиши забони ҷопонӣ равона шудааст. Барномаи мазкур барои беҳбуди сифати таҳсилот, рушди тадқиқот ва тавсеаи шеваи таълимии Ҷопон дар муассисаҳои олии Тоҷикистон мусоидат намуда, ба тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ байни ду кишвар кӯмак мерасонад.



