МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ – СОЛИМИИ БАДАН ВА РӮҲ

Субҳи имрӯз (18.10.2025) дар Маҷмааи муосири варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки фаъолонаи устодон ва кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонон ва ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим доир мегардад.

Барномаи машғулиятҳо аз машқҳои сабуки пагоҳирӯзӣ оғоз гардида, ба тадриҷ машқҳои гуногуни обу тоби баданро дар бар гирифт.