МАСЪУЛИЯТИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ШАҲРВАНДОН ДАР ТАТБИҚИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Фарҳанги тоҷик ҳазорсолаҳо бо анъана, расму оин ва ҷашнҳои рангоранг ғанӣ гардидааст. Ин расму русум на танҳо таҷассумгари ҳувияти миллӣ, балки ифодагари худшиносӣ, ваҳдат ва якдилии миллати тоҷик мебошанд. Бо вуҷуди ин, дар давраҳои гуногуни таърихӣ, хусусан замони муосир, баъзе анъанаҳо боиси хароҷоти аз ҳад зиёд, зоҳирпарастӣ, исрофкорӣ, таассуб ва тақлидкориву худнамоӣ гардиданд. Ин падидаҳо дар баробари осеб расондан ба сатҳи зиндагии мардум, ба арзишҳои аслӣ ва моҳияти фарҳангӣ низ латма ворид мекарданд.

Бо дарки амиқи ин мушкилот, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 июни соли 2007 пешниҳоди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба Маҷлиси Олӣ ироа намуданд. Қонуни қабулгардида, ки аз 5 боб ва 16 модда иборат буд, дар ҷомеа ҳамчун санади муҳимми ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҷойгоҳ пайдо кард. Он имкон дод, ки хароҷотҳои зиёдатӣ кам карда шаванд ва фишори иҷтимоӣ сабук гардад.

Таи 18 соли амал ва таҷрибаю омӯзиш дар заминаи ворид намудани тағйиру иловаҳо дар солҳои 2008, 2010, 2017 ва 2021 меъёрҳои қонуни мазкур ба талаботи замон мутобиқ карда шуданд. Ин раванд нишон дод, ки ҳукумати кишвар, бахусус сарвари хирадпарвари мо нисбати тағйироти ташвишовари ҳаёти аҳолӣ бетараф набуда, пайваста ниёзҳои ҷомеаро пайгирӣ менамоянд ва барои такмили низоми ҳуқуқӣ ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳрвандон иқдомҳои зарурӣ меандешад. Тағйиру иловаҳои воридшуда на танҳо барои маҳдуд кардани хароҷоти нолозим, балки барои таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити баробар барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа, коҳиши зоҳирпарастӣ ва таҳкими фарҳанги миллӣ равона буданд. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки давлат сиёсати танзимро на ҳамчун маҳдудият, балки ҳамчун воситаи рушди устувор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мебинад. Инҷо рӯ меорем ба қисми 3 моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад».

Дар ҳамин асосҳо Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон ва ходимони дин 9 марти соли 2024 зарурати таҳияи таҳрири нави қонунро таъкид карданд. Дар ҳамин замина, 20 июни соли 2024 таҳрири нави қонун таҳти унвони «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Қонуни нав нисбат ба қонуни соли 2007 фарқиятҳои назаррас дорад: аз 6 боб ва 22 модда иборат буда, меъёрҳои нав ворид карда шудаанд. Ин қонун барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ҷашну маросим заминаи устувори ҳуқуқӣ гузошт ва масъулияти мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандонро боз ҳам мушаххас кард.

Пешвои миллат дар мулоқоти соли 2024 таъкид намуданд:

«Қонуни танзим чӣ қадар сабукӣ овард… зиндагии чӣ қадар оилаҳо беҳтар шуд ва чӣ қадар ақди никоҳ зиёд шуд, худатон медонед».

Ин шаҳодати онро медиҳад, ки қонун на танҳо механизми маҳдудкунанда, балки василаи рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва фарҳангии оилаҳои кишвар мебошад.

Татбиқи ҳар як санади ҳуқуқӣ, махсусан дар сатҳи миллӣ, аз фаъолият ва масъулияти мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон вобаста мебошад. Қонуни танзим низ ба мақомоти давлатӣ вазифаҳои дақиқ ва ҳамоҳанг пешбинӣ намудааст. Боби 2 Қонун ба “Салоҳият ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба танзими ҷашну маросим” бахшида шудааст. Аз ҷумла моддаи 4 дарбаргирандаи салоҳияти Ҳукумат ҳамчун мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки ба он шуруъ аз пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим ва ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузорӣ мансубанд.

Моддаи 5 мақоми ваколатдори давлатиро оид ба танзими ҷашну маросим ҳамчун меҳвари асосии татбиқи қонун муаррифӣ мекунад. Он сиёсати давлатиро дар соҳаи танзими ҷашну маросим амалӣ карда, таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҷашну маросим ва шарҳу тавзеҳи онҳоро таъмин менамояд. Бо назорат аз иҷрои қонуни мазкур, пешгирии исрофкорӣ, хурофот, никоҳи бармаҳал ва дигар падидаҳои иҷтимоӣ, татбиқи меъёрҳои қонунро дар амал таъмин мекунад. Тавассути ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва динӣ, инчунин ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ, ин мақом сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеаро дар ин самт боло бурда, иҷрои устувори қонунро таъмин менамояд.

Бо мақсади амалисозии Қонуни мазкур дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим таъсис дода мешаванд, ки дар қисми 2 моддаи 7 Қонун ваколатҳояшон дарҷ гардидааст. Аз ҷумла, ба ҳисоб гирифтани тӯйҳо ва маросими азодорӣ, пешгирии зиёдаравӣ, додани тавсияҳо, баргузории рейдҳо, пешбурди омор ва амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигаронида шудааст.

Дар баробари комиссияҳои доимии маҳаллӣ, инчунин дар вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим таъсис дода мешаванд, ки фаъолияти худро тибқи Қонуни мазкур ва низомнома ба роҳ мемонанд.

Мутобиқи талаботи қонун (боби 5), шаҳрвандон уҳдадоранд ҷашну маросимҳоро танҳо дар чорчӯбаи меъёрҳои муқарраршуда баргузор намуда, пеш аз барпо кардани тӯй ё маросими азодорӣ комиссияҳои маҳаллиро огоҳ созанд. Ин талабот барои танзими ягонаи раванди баргузории маъракаҳо ва пешгирии хароҷоти зиёдатӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Қонун баргузории зиёфатҳо ба муносибати гирифтани мансаб, унвон ё мукофотро манъ мекунад, зеро чунин амал ба зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ сабаб мегардад. Ҳамчунин пошидани пул дар ҷашнҳо, ки ба одоби миллии мо мутобиқ намебошад, қатъиян манъ карда шудааст.

Шаҳрвандон вазифадоранд забони давлатӣ, либоси миллӣ ва дигар унсурҳои фарҳангиро эҳтиром кунанд. Тарғиби фарҳанги бегона ва пӯшидани чунин либосҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ аст, зеро ин амал ба симои фарҳангии ҷомеа таъсир расонда, арзишҳои миллиро коста мегардонад.

Дар иҷрои қонун нақши шахсони ҷамъиятӣ ва динӣ — аз ҷумла имомхатибон, сархатибон ва раисони маҳалла — муҳим мебошад. Онҳо барои риояи меъёрҳо дар маҳалли зист ва ҷойи фаъолият масъуланд.

Моддаи 19 имкони ҷалби иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва диниро аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ба корҳои маърифатию омӯзишӣ пешбинӣ мекунад. Ин ҳамкорӣ ба болоравии маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии исрофкорӣ ва риояи одоби миллӣ мусоидат мекунад.

Дар хулоса гуфтан мехоҳам, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» на танҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ, балки яке аз пояҳои ҳифзи фарҳанги миллӣ аз бегонапарастӣ, коҳиш додани исрофкорӣ, ва пешгирии хурофоту таассуб ва намоишкорӣ мебошад.

Дар таҳрири нави соли 2024 ин қонун боз ҳам мукаммал гашт. Масъулияти мақомоти давлатӣ — аз ҳукумат то комиссияҳои маҳаллӣ — ва масъулияти шаҳрвандон ҳамчун ду сутуни асосии татбиқи қонун баромад мекунанд. Танҳо дар сурати ҳамкорӣ ва масъулияти баланди ҳарду ҷониб, амалисозии қонун метавонад ба натиҷаҳои назаррас бирасад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «То расму ойин ва маросими милливу динии худро ба низоми муайян надарорем… ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шуда наметавонем».

Пойдории ҷомеа аз пойдории фарҳанг, ва пойдории фарҳанг аз масъулияти ҳар як шахс оғоз мешавад. Аз ин рӯ, иҷрои ин қонун на танҳо уҳдадории ҳуқуқӣ, балки вазифаи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Бобоева Сумая Баҳодуровна – донишҷӯйи курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ