Матбуот

        Баъд аз нашри пайдарпайи рӯзномаи «Минбари ҳуқуқшинос» ва паҳн гардидани он дар тамоми манотиқи кишвар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тасмим гирифт, ки сармуҳаррири рӯзнома Ҷаҳонгир Саъдизодаро ба аъзогии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қабул намояд. Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Сатторов Акбаралӣ ҳангоми супоридани шаҳодатномаи аъзои ИЖТ ба Ҷаҳонгир Саъдизода қайд намуд, ки рӯзномаи «Минбари ҳуқуқшинос» яке аз рӯзномаҳои беҳтарини соҳавии кишвар аст, ки дар он мақолаҳои ҳуқуқӣ ба табъ мерасанд. Инчунин қайд намуд, ки барои ИЖТ ифтихор аст, ки сармуҳаррири рӯзномаи «Минбари ҳуқуқшинос» аъзои он мегардад.

      Рӯзномаи «Минбари ҳуқуқшинос» ва садорати факултети ҳуқуқшиносӣ ҷавобан ба дастгириву қадрдонии ИЖТ изҳори сипос менамояд ва пайваста бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳад кард.