Имрӯз дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Проблемаҳои мубрами ҳаёти давлатию ҳуқуқии Тоҷикистон» бо иштироки доираи васеъи омӯзгорон ва кормандони факултет, олимон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Насурдинов Э.С. ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории мизи мудаввар гузориш доданд. Аз ҷумла иброз намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими роҳнамои миллат ва дурнамои давлати миллии Тоҷикистон баромад намуда, рушду инкишофи соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқиро барои давраҳои миёнамухлат муайян менамояд. Ҳамзамон аз аҳли нишаст даъват ба амал оварданд, ки дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳқиқу пажуҳиши мавзӯъҳои рузмарраи илми ҳуқуқшиносӣ машғул шуда ҷиҳати амалишавии он ба корҳои созандагию бунёдкорӣ рӯ биёранд. Сипас, аз рӯйи рӯзномаи барномаи мизи мудаввар маърӯзаҳои устодони факултет Маҳмудов И.Т. – мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ дар мавзӯи «Ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ тақозои замон»; Қурбонов Қ. Б. – дотсенти кафераи ҳуқуқи гражданӣ дар мавзӯи «Такмили қонунгузории оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Қурбоналиев Н.Ш. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи кудак ба ҳифзи саломатӣ» шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моҳияти маърӯзаҳои хешро шарҳ дода таҳқиқу омузиши минбаъдаи онро дар заминаи Паём асоснок намуданд. Оид ба маърузаҳои қироатшуда саволу ҷавоб ва музокираҳои тулонӣ сурат гирифтанд. Аз ҷумла, дар робита ба масъалаҳои баррасишуда дар музокира устодони факултет Баҳриддинов С.Э., Бобокалонов Ѓ.М., Шарипов Т.Ш., Диноршоев А.М., Ѓаюров Ш.К., Ойев Х.О., Сулаймонов Ф.С., Ѓафуров А.Д., Расулов Б.Р., Авзалов А.Х., Соҳибов М. баромад намуда, таклифу пешниҳодҳои судманд пешниҳод намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни мизи мудаввар фурсати муносибро истифода намуда андешаю назари хешро оид ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда баён намуданд. Дар маҷмӯъ таъкид карда шуд, ки тақвияти минбаъдаи ҳокимияти судӣ, такмили сохтори судӣ, ҳифзи оила ва ҳуқуқи кудак, ки аз масъалаҳои марказии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафтанд, зарурияти анҷом додани корҳои арзишманди илмӣ-тадқиқотиро тақозо менамояд. Дар интиҳои кори мизи мудаввар қарор карда шуд, ки тамоми нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби омузгорони факултет ба назари эътибор гирифта шуда, ҷиҳати татбиқи бомароми онҳо чораҳои дахлдор андешида шаванд.