Хурсандибахш аст, ки дар остонаи таҷлили ҷашни 21-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашриёти “Юрлитинформ-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия монографияи устоди кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Абдуллоев Парвиз Саъдуллоевич бо номи Ёрии байналхалқӣ-ҳуқуқӣ ҳангоми ҷамъ намудан ва санҷидани далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ (бо маводҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия)”., Москва: Юрлитинформ – 2015. 224с аз чоп баромад. Зимнан бояд қайд намуд, ки нашри навбатии асари илмии олими тоҷик дар нашрияҳои бонуфузи кишварҳои хориҷ аз боло рафтани нуфузу эътибори олимону донишмандони Ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
Дар монография аз нигоҳи муаллиф ҷабҳаҳои таърихӣ, назариявӣ, қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқтадбиқкунии ёрии байналхалқӣ-ҳуқуқӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ, аз он ҷумла масъалаҳои рӯзмарраи ёрии байналхалқӣ-ҳуқуқӣ ҳангоми ҷамъ намудан ва санҷидани далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ ва механизми ба даст овардани далел аз ҳудуди давлатҳои хориҷӣ таҳлил карда шудаанд. Ҳамзамон дар монография аз қонунҳои мурофиавии ҷиноятии давлатҳои хориҷӣ, ки ҷабҳаҳои алоҳидаи ёрии байналхалқӣ-ҳуқуқӣ оид ба парвандаи ҷиноятиро ба танзим медароранд, ба таври фаровон истифода шудаанд. Бо назардошти он, ки аксарияти дархостҳо оид ба ёрии байналхалқӣ-ҳуқуқӣ нисбат ба парвандаҳои ҷиноятиро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия равон ва иҷро менамояд, ҳангоми омода намудани монография қонунгузории мурофиаи ҷиноятии Федератсияи Россия ба таври васеъ истифода гардидааст. Монография дар асоси Низомномаи Суди байналмилалии ҷиноятӣ навишта шудааст. Ҳангоми пеш бурдани тадқиқот санадҳои байналмилалии хусусияти тавсиявидошта ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба назари эътибор гирифта шудаанд. Асари мазкур ба олимон, доираи васеи ханандагон, донишҷӯён, унвонҷӯён, аспирантон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои истифода тавсия мегардад.
Дар робита ба ин масъала, садорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон устоди кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Абдуллоев Парвиз Саъдуллоевичро барои аз чоп баромадани монографияи илмиаш таҳти унвони “Ёрии байналхалқӣ-ҳуқуқӣ ҳангоми ҷамъ намудан ва санҷидани далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ (бо маводҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия)”., Москва: Юрлитинформ- 2016. 224с. дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия аз номи ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет самимона табрик ва шодбош гуфта, ба у саломатӣ, рӯзгори пурбаракат ва комёбиҳои нав ба нави илмию эҷодиро таманно доранд.