Нимаи аввали рӯзи 20 феврали соли 2015 дар ҷаласаи муштараки кафедраҳои «Назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ» ва «Ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ»-и факултети ҳуқуқшиносии ДМТ муҳокимаи рисолаи номзадии Саидов Исфандиёр Искандарович дар мавзӯи «Ташаккули ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон: таҳлили таърихӣ-ҳуқуқӣ» аз рӯи ихтисоси 12.00.01 (роҳбари илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Сафаров Б.А.) баргузор гардид. Дар ҷаласа аз ҷониби Саидов И.И. муҳтавои рисолаи номзадӣ иброз гардид. Баъдан аз ҷониби доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Сотиволдиев Р.Ш., дотсентон Азизқулова Г.С., Шодиев И.Р., Диноршоев А.М., Сафаров Д.С., ки муқарризони рисолаи номзадӣ буданд бо навбат тақризҳо ба рисола иброз карда шуд.
Нимаи дуюми рӯз таҳти раисии муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ дотсент Қ.Б. Қурбонов дар ҷаласаи муштараки кафедраҳои «Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат», «Ҳуқуқи гражданӣ» ва «Ҳуқуқи байналхалқӣ»-и факултети ҳуқуқшиносии ДМТ муҳокимаи рисолаи доктории Сангинов Дониёр Шомаҳмадович дар мавзӯи «Мушкилоти танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ оид ба хизматрасонии иҷтимоӣ-фарҳангӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи ихтисоси 12.00.03 баргузор гардид. Дар оғози ҷаласа муқарризон докторони илмҳои ҳуқуқ, профессорон Исмоилов Ш.М., Ѓаюров Ш.К., Муртазоқулов Ҷ.С. ва номзадҳои илмҳои ҳуқуқ, дотсентон Ѓафуров А.Д., Бозоров Р.Б., Раҷабов М.Н., Сулаймонов Ф.С., Қодирқулов Х.Р., Қурбонов Қ.Б. баромад намуданд.
Баъди ҷамъбасти муҳокимаҳо кафедраҳои дахлдор қарор карданд, ки ба Сангинов Д.Ш. ва Саидов И.И. барои бартараф намудани камбудиҳо ва ислоҳи эродҳои баёнгардида мӯҳлати иловагӣ дода шавад.
Садорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ба муқарризон барои дастгирии олимони ҷавон изҳори сипос менамояд.