Нимаи аввали рӯзи 16-уми майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муаррифӣ ва ҷаласаи ифтитоҳии нахустин Шӯрои диссертатсионии миллӣ 6D.КОА-002 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6D030100 – Ҳуқуқшиносӣ, 6D030200 – Ҳуқуқи байналмилалӣ ва 6D030300 – Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо фармони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2017, №15 таъсис ёфта буд, баргузор гардид. Дар маросими муаррифӣ ва ҷаласаи нахустини Шӯро намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти баландпояи низоми судии кишвар, Прокуратураи генералӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони дигар муассиса, ташкилот ва мақомоти давлатӣ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, аъзоёни Шӯро ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Имомозода М.С. ҳусни оғоз бахшид. Зимни ироаи сухани муқаддамотии хеш мавсуф изҳор дошт, ки таъсиси Шӯрои диссертатсионии миллӣ 6D.КОА-002 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6D030100 – Ҳуқуқшиносӣ, 6D030200 – Ҳуқуқи байналмилалӣ ва 6D030300 – Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ дар назди ДМТ яке аз арзишмандтарин ва бузургтарин дастоварди Донишгоҳ дар замони соҳибихтиёрии давлатӣ маҳсуб ёфта, аз сиёсати созандаи маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Дар идомаи сухани хеш изҳор доштанд, ки минбаъд бидуни ягон маҳдудият кулли аспирантон, унвонҷуён, муҳаққиқон ва докторантон метавонанд дар Шӯро аз рӯйи се самт рисолаҳои докторӣ ва 11 самт рисолаҳои номзадӣ дифоъ намоянд. Бо қаноатмандӣ аз фаъолияти Шӯрои қаблии муштараки диссертатсионӣ дар соҳаи илми ҳуқуқшиносӣ ёддовар шуда, афзуданд, ки танҳо давоми солҳои 2011-2016 дар умум 62 нафар ба ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ (52-рисолаи номзадӣ, 10-рисолаи докторӣ) мушарраф гаштанд. Мувофиқи маълумотҳои расмии бахши аспирантура ва докторантураи Донишгоҳ имрӯз беш аз 100 нафар аспирантону унвонҷуён, докторантону муҳаққиқони болаёқат дар мавзӯъҳои мухталифи илми ҳуқуқшиносӣ, ки барои пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат мусоидат менамоянд, тадқиқотҳои илмӣ бурда истодаанд. Таъсиси Шӯро дастоварди беназир барои муаррифии илми ҳуқуқшиносии миллӣ буда, умед дорем, ки бо кӯмаку дастгирӣ, ҳидояту роҳбарии аъзоёни Шӯро беҳтарин донишмандону муҳаққиқон дар он ба ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ комёб мегарданд. Дар охир бори дигар ташрифи меҳмонони олиқадрро ба ДМТ хайрамақдам гуфта, аъзоёни Шӯроро ба фаъолияти босамар ва созанда ҳидоят намуд.
Ҳамзамон ҳозиринро ба ифтихори таъсиси Шӯроҳои миллӣ дар назди ДМТ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз самимона табрику шодбош гуфта, таъкид намуданд, ки пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ яке аз самтҳои марказӣ ва афзалиятноки сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Мавсуф иброз намуданд, ки ҳар як халқу миллатро маҳз бо дастовардҳову мероси бою пурғановати илмӣ дар хазинаи тиллоии фарҳанги ҷаҳонӣ мешиносанд. Аз ин рӯ, таъсиси Шӯроҳоро як қадами бузург дар роҳи муаррифии миллати тоҷик, илми ҳуқуқшиносии ватанӣ ва таъмини истиқлолияти фазои илмию иттилоотии кишвар ҳисобиданд.
Дар сухани табрикотии хеш раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Розиқзода А.Ш. зикр намуданд, ки таъсиси Шӯроҳои миллӣ бо шарофати касби Истиқлолияти давлатӣ ва таъсиси КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир гашта, заминаҳои боэътимоди ҳуқуқӣ-ташкилиро барои инкишофу пешрафти илми миллӣ ва ҳамзамон муаррифии илми тоҷик ба дунё бунёд мегузоранд. Номбурда кулли ҳозиринро ба ин дастоварди нодир шодбош гуфта, аз аъзоёни Шӯро даъват ба амал овард, ки ба мазмуну сифати омода кардани рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, инчунин таҳқиқи мавзӯъҳои рӯзмарраи барои ояндаи давлату миллати тоҷик манфиатбор таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд.
Ҳамзамон дар кори ҷаласа ва муаррифии Шӯро меҳмонон, намояндагони дигар сохторҳои давлатӣ, идораву муассисаҳои ҷумҳуриявӣ баромад намуда, таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани онро дар арафаи таҷлили ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли Ҷавонон ҳамчун беҳтарин армуғони ҷашнӣ ва самараи Ваҳдати миллӣ эътироф намуда, ба кори он пешрафту бурдбориро таманно намуданд.