Пас аз соҳибистиқлол гардидани ватанамон, инкишофи муносибатҳои байналхалқӣ, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, кушодани сафоратхонаҳо ва намояндагии ҶТ дар давлатҳои дигар, зарурияти омода намудани мутахассисони соҳаи ҳуқуқи байналхалқиро ба миён гузошт. Бо ҳамин асосҳо соли 1993 ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ) (240101100) дар факултети ҳуқуқшиносӣ баҳри тайёр намудани ҳуқукшиносони байналхалқӣ ифтитоҳ ёфт. 14 марти соли 1994 дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ кафедраи ҳуқуки байналхалқӣ таъсис ёфт.
Мақсад аз таъсиси шуъбаи мазкур муфассал ба роҳ мондани омӯзиши ҳуқуқи байналхалқӣ, ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ, муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати берунаи ҶТ, ҳуқуқи гумрукӣ, ҳуқуқи дипломатӣ, ҳуқуқи гражданӣ ва савдои мамлакатҳои хориҷӣ, ҳуқуқи аврупоӣ, ҳуқуқи байналхалқии инсондустӣ, танзими ҳуқуқии фаъолияти иқтисоди беруна ва ҳуқуқи байналхалқии гумрук баҳри омода намудани мутахассиси ҳуқуқшиноси байналмилалӣ дар бахши ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар сатҳи дохилӣ ва байналхалқӣ мебошад. Аз ин нигоҳ, ба донишҷӯёни ин ихтисос ҳамчунин курсҳои махсуси тахассусӣ – ҳуқуқи байналхалқии иқтисодӣ, ҳуқуқи ташкилотҳои байналхалқӣ; ҳуқуқи байналхалқии асъор, ҳуқуқи шартномаи байналхалқӣ, асосҳои ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатӣ, баррасии баҳсҳои иқтисоди беруна дар судҳои ҳакамӣ ва фанни интихобии ҳуқуқи байналхалқии обӣ омузонида мешавад.
Донишҷуёни ихтисоси мазкур дар баробари донишҳои ҳуқуқӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ фаро гирифта мешаванд. Бо ин мақсад дар факултет соли 1999 кафедраи забонҳои хориҷӣ таъсис дода шудааст, ки ба донишҷӯён забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва арабӣ дарс дода мешавад. Баҳри такмили забондонӣ ва забономӯзии донишҷӯён дар факултет синфхонаҳои компютерӣ ва кабинети лингафонӣ фаъолият дорад, ки дар инкишофи нутқи донишҷӯён саҳми калон доранд.
Дар ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ) таҳсил дар шакли рӯзона сурат мегирад.
Таҳсил дар ихтисоси мазкур бо тариқи ройгон ва ғайриройгон сурат мегирад. Маблағи яксолаи шартнома дар соли 2012 – 8900 сомониро ташкил медод.
Айни ҳол дар ихтисоси мазкур 226 донишҷӯён дар шуъбаи рузона таҳсил менамоянд.