(дар ҳошияи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, ҳамчун давлати соҳибихтиёр сиёсати дарҳои бозро пеша намуда, дар асоси муқарароти конститутсионӣ, яъне тибқи моддаи 11 Коститутсияи хеш сиёсати сулҳҷуёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷии хешро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муайян менамояд.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, аъзои фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад, ки дар ҳолати рушду тақвиятёбӣ қарор дорад. Ҳамаи ин муносибатҳо дар чаҳорчубаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ба роҳ монда шудааст.
Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз аввалин кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки Истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуда бо ҳам муносибатҳои чандинасраи дӯстонаро мепайвандад. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 9-уми январи соли 1992 барқарор шуд. Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон моҳи январи соли 1992 дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Теҳрон бошад 18-уми июли соли 1995 ифтитоҳ гардид. Ин иқдом пеш аз ҳама ба умумияти ҳамзабонию ҳамфарҳангӣ ва дини доштани ду кишвари дусту бародар вобастагӣ дорад. Ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бо кӯшишҳои тарафайн, бемайлона рушд меёбанд. Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷойгоҳи хосса дорад. Дар ҳолати имрӯза асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро ҳудуди беш аз 200 созишномаи байнидавлатӣ ташкил медиҳанд, ки аз соли 1992 то имрӯз дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, гуманитарӣ, сиёсӣ, илму маориф, фарҳанг ва дигар самтҳоро танзим мекунанд.
Санадҳое, ки миёни ду кишвар қабул шудаанд, самтҳои муҳими ҳамкориҳоро дар бар гирифта, барои рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ки заминаи мустаҳками ҳуқуқиро танзим мекунанд ба вуҷуд меоянд. Санадҳои асосие, ки дар сатҳи роҳбарони ду кишвар ба имзо расидаанд, роҷеъ ба ҳолати кунунӣва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, тандурустӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалии минтақавӣ ва универсалӣ баррасӣ гардид. Мавриди зикр аст, ки бо мақсади густариши муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангию техникӣ таъсис дода шудааст.
Ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду кишвари бо ҳамзабону ҳамфарҳанг ва дорои пайвандҳои таърихию меросии муштарак рушд меёбанд, ки робитаҳои фарҳангиву маърифатӣ омили муҳимми тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ба ҳисоб мераванд. Дар рафти мулоқоту музокироти сарони давлатҳо дар соҳаи маориф байни Донишгоҳои ду кишвар изҳорот намуданд, ки бурсияҳо бештар дар бахшҳои улуми дақиқ ва табиӣ, бахусус, риёзӣ, ҳандаса, физика, химия, меъморӣ, иқтисодиёт, барқ, мошинсозӣ, кишоварзӣ ва ғайра роҳандозӣ шавад, Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни эронӣ 100 бурсияи таҳсилӣ дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шуда буд. Масоили ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалии минтақавӣ низ мавриди таҳлил қарор дода шуда аст, ки ҳамкориҳои бисёрҷанбаи ду кишвар ба ғайр аз муносибатҳои дутарафа инчунин дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалии минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (СҲИ), Созмони Конфронси Исломӣ (СКИ), Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ (СҲИ), Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) низ амалӣ мегардад.
Исматзода И.Б. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи байлмилалии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ