
Саломов Исроил Исматуллоевич
Мансаб: дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ
Email: imron.salomov@mail.ru
Телефон: +992 300181818
Унвони илмӣ: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: доираи тадқиқоти илмиаш дар бахшҳои ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ буда, муаллифи беш аз 30 маводи илмию тадқиқотӣ мебошад.
Мукофот ва унвон: барои хизматҳои шоён дар рушди илми ҳуқуқшиносии кишвар бо мукофотҳои гуногун сарфароз гардонида шудааст, ки «Ҷоизаи олимони ҷавони Академияи илмҳои ҶТ» (Душанбе, соли 2023), «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон. (Душанбе, соли 2024) ва ғайра аз ҷумлаи онҳо ба шумор меравад.
Шарҳи мухтасари ҳол
Маълумот:
Соли 2015 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи «аълочӣ» хатм намудааст.
Дифои рисолаи номзадӣ:
Соли 2019 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Проблемаҳои падидаи қайду шарт оид ба тартиби оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дифоъ намудааст.
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ:
Соли 2015 ҳамчун ассистенти кафедра ва дар як навбат солҳои 2015-2019 унвонҷӯйи кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ фаъолияти илмии худро шурӯъ намудааст. Аз соли 2017 то кунун дар вазифаи муовини декани факултети ҳукуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба таълим мебошад. Ҳамзамон солҳои 2021 ба ҳайси муаллими калони кафедра, аз соли 2022 то ҳоло дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносӣ мебошад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
6-уми сентябри соли 1992 таваллуд шудааст.