МУОВИНИ ДЕКАН ОИД БА ТАЪЛИМ ДАР ШУЪБАИ ҒОИБОНАИ МАЪЛУМОТИ ДУЮМИ ОЛӢ ВА БАХШИ МАГИСТРАТУРА

КУРБОНОВ КУРБОН БОБОЕВИЧ – НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ҲУҚУҚШИНОСӢ, ДОТСЕНТ

Қурбонов Қурбон Бобоевич 28-уми апрели соли 1982 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1999 ба шӯъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 2004 хатм намудааст. Фаъолияти кориро аз ҳамин донишгоҳ оғоз намудааст. Солҳои 2005-2006 ҳамчун иҷрокунандаи сардори раёсати ҳамоҳангсозӣ ва ояндабинии ДДМТ (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), солҳои 2006-2009 сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон), солҳои 2009-2010 лаборанти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносӣ, солҳои 2010-2015 ассистенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносӣ шуда кор кардааст. Аз соли 2015 то кунун дотсенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ мебошад. Солҳои 2013-2015 муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ буд. Аз соли 2015 то 2023 дар вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии факултети ҳуқуқшиносӣ кор кардааст. Аз моҳи марти соли 2023 то моҳи апрели соли 2024 дар вазифаи муовини декан оид ба таълим дар шӯъбаи рӯзона кору фаъолият кардааст. Аз моҳи апрели соли 2024 то ҳол дар вазифаи муовини декан оид ба таълим дар шӯъбаи ғоибонаи маълумоти дуюми олӣ ва бахши магистратура кору фаъолият менамояд.

         Соҳиби унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси 12.00.03 – ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ) мебошад. Проблемаҳои муҳимми ҳуқуқи гражданӣ, масъалаҳои актуалии ҳуқуқ ба ҳаёти хусусӣ, масъалаҳои актуалии ҳуқуқи замин ва ҳуқуқи нақлиёт аз мавзӯъҳои асосии таҳқиқоти илмии ӯ ба шумор мераванд. Соли 2012 дар Шӯрои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон дар мавзӯи «Проблемаҳои гражданӣ-ҳуқуқии ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ» рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст.

         Аз фанҳои ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи римӣ, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи нақлиёт ба шогирдон дарс гуфта, муаллифи беш аз 50 корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимию методӣ мебошад. Дар конференсияҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат намуда, ба Федератсияи Россия, Туркия, Ӯзбекистон ва Булғория сафарҳои хизматӣ анҷом додааст.

         Номбурда дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар саҳми назаррас дошта, ба ҳайси коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019,2024) интихоб гардидааст. Барои хизматҳои пурсамараш дар тарбияи мутахассисони ҷавон бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (соли 2017), медали ҷашнии «90-солагии адлияи Тоҷикистон» (2015), Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2015) сарфароз шудааст. Ӯ 20 сол собиқаи кори илмию омӯзгорӣ дорад. Оиладор, соҳиби чор фарзанд аст.