Устодону донишҷӯёни азиз!
Садорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон азм дорад, ки бо кумаку дастгирии Шумо дар ҳаёти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ-тадқиқотии факултет дигаргуниҳои куллиро роҳандозӣ намояд. Мавриди зикри хос аст, ки ҷиҳати амали намудани ин ҳадафҳои нек аз ҷониби Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон «Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» қабул гардид. Аз ин ру, бо мақсади иҷрои муқаррароти «Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дар самти боло бурдани сатҳу сифати таълим ва саводнокии донишҷӯён ба кулли омӯзгорони факултети ҳуқуқшиносӣ, кафедраҳои тахассусӣ ва умимидонишгоҳии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки матни лексияҳо, слайдҳо, саволномаҳои санҷишӣ оид ба мавзуҳои алоҳида ва фанни таълимиро дар маҷмуъ ба донишҷӯён дар шакли хаттӣ ва ё электронӣ дастрас намоянд.
Ба донишҷӯён низ тавсия дода мешавад, ки аз боби масъулият ва донишандузӣ кор гирифта, бо устодони машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ дар робита ба ин масъала барои дастрасии саривақтии маводҳои таълимии ишорашуда дар иртибот бошанд.