Бо қаноатмандӣ ва изҳори хушнудӣ мужда медиҳем, ки се тан аз омӯзгорони факултети ҳуқуқшиносӣ ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як нафар ба сифати номзад ба вакилии маҷлиси маҳалии вакилони халқ пешбарӣ шудаанд. Лозим ба ёддоварист, ки профессори кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ Холиқзода Абдураҳим аз рӯйи рӯйхати ҳизбӣ аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Сафаров Бахтовар Амиралиевич, номзади илмҳои ҳукуқ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ дар асоси қарори конференсияи ноҳиявии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Вахш № 32; Муртазоқулов Ҷамшед Сайдалиевич, профессори кафедраи ҳуқуқи гражданӣ дар асоси қарори конференсияи ноҳиявии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ваҳдат № 10 аз ҷониби комиссияҳои ҳавзавии интихобот ба қайд гирифта шуданд. Ҳамзамон, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Сангинов Дониёр Шомаҳмадович аз ҷониби конференсияи ноҳиявии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳамчун номзад ба вакилии маҷлиси маҳалли вакилони халқ ба ҳавзаи интихоботии № 11 (ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа) ноҳияи Варзоб пешбарӣ шудааст. Мо итминон дорем, ки устодони мо дар маъракаи сиёсии интихоботии 2015 пирӯз гашта, ба ҳайси вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ дар самти таҳия ва қабули қонуну қарорҳо, такмили минбаъдаи қонунгузории кишвар мусоидат хоҳанд кард.