Мувофиқи маълумотҳои расмии интишорнамудаи сомонаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия маълум гашт, ки рисолаҳои номзадии омӯзгорону аспирантони факултети ҳуқуқшиносӣ Бобоева Н.И. ва Имомова Н.М. тасдиқ гардид.
Аз ин рӯ, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ба онҳо тансиҳативу бурдбориҳоро таманно доранд.
Ёдовар мешавем, ки муаллимаи калони кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ Бобоева Н.И. санаи 19.05.2015c. дар мавзӯи «Эҳёи ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистони таърихӣ (асрҳои IX-XIV)» ва аспиранти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ санаи 16.06.2015с. дар мавзӯи «Маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ ҳамчун чораи ҷавограӣ дар ҳуқуқии оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дифои рисолаҳои номзадӣ карда буданд.