Бо қарори Шӯрои олимони
факулети ҳуқуқшиносии ДМТ
аз 30.09.2016с, таҳти №1 тасдиқ шудааст.
Раиси Шӯрои олимон, декани факултет
_________________дотсент Раҳмон Д.С.
Нақша-чорабиниҳои
факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар соли таҳсили 2016-2017 ҷиҳати иҷрои «Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020»
№ | Номгӯи чорабиниҳо | Масъулон | Мӯҳлати иҷро | Шакли иҷро |
Бахши таълим | ||||
1. | Муҷаҳҳаз сохтани синфхонаҳои таълимӣ ба воситаҳои техникии муосир (компютер, микрофон, видеопроектор, тахтаҳои электронӣ ва ғайра) | Садорати факултети ҳуқуқшиносӣ | Август-Сентябр | Ҳисобот |
2. | Бознигарӣ ва аз нав таҳия намудани барномаҳои таълимӣ ва силлабусҳо бо назардошти нақшаҳои нави таълимии ихтисосҳои амалкунандаи факултет | Мудирони кафедраҳо, Муовинони декан оид ба таълим, Шӯрои илмӣ-методӣ | То охири моҳи декабри соли 2016 | Ҳисобот ва пешниҳод намудани шакли аёнии барномаи таълимӣ ва силлабусҳо |
3. | Тақвият бахшидан ба истифодаи воситаҳои иттилоотию иртиботӣ дар раванди дарсҳои лексионӣ ва амалӣ | Мудирони кафедраҳо, Муовинони декан оид ба таълим, Шӯрои илмӣ-методӣ | Мунтазам | Ҳисобот |
4. | Андешидани тадбирҳо ҷиҳати комилан аз байн бурдани дарсшиканӣ, пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳама гуна омилҳои худсарона даст доштан ба ивази беасос ва бемавриди дарсҳо | Мудирони кафедраҳо, Муовинони декан оид ба таълим | Мунтазам | Ҳисобот |
5. | Таъсис додани полигони (майдони) дарсӣ барои гузаронидани дарсҳои амалӣ-криминалистӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ | Мудирони кафедраҳои ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ ва криминалистка ва фаъолияти экспертизаи судӣ | То охири соли таҳсил | Ҳисобот |
6. | Таҳия ва чоп намудани воситаҳои нави таълимию методӣ барои амалӣ намудани барнома ва силлабусҳои нави таълимӣ | Мудирони кафедраҳо, Шӯрои методӣ | То охири моҳи декабр | Ҳисобот ва пешниҳод намудани шакли аёнии воситаи таълимӣ |
7. | Мунтазам ташкил ва гузаронидани дарсҳои кушод аз ҷониби устодони пешбар ва собиқадори факултет баҳри намоиш додан ва омӯзонидани устодони ҷавон бо усулҳои беҳтарини таълим ва тахассус | Мудирони кафедраҳо, Муовинони декан оид ба таълим | Дар давоми соли таҳсил | Ҳисобот |
8. | Мунтазам ташкил намудани ҷараёни иштироки мудирони кафедраҳо ва устодони собиқадор дар машғулиятҳои лексионӣ ва амалии омӯзгорони ҷавон, аз ҷумла ташкил намудани воридшавӣ ба дарсҳо дар доираи байни кафедраҳои ҳамҷавор | Мудирони кафедраҳо, Муовинони декан оид ба таълим | Дар давоми соли таҳсил | Ҳисобот |
9. | Таъсиси низоми кор бо донишҷӯёни соҳибистеъдод тавассути ташкил намудани чорабиниҳо, озмунҳо, гурӯҳҳои омӯзиши фарохтари барномаҳои таълимӣ ва ҳавасманд намудани донишҷӯёни соҳибистеъдод барои кор аз рӯи тахассус пас аз хатми донишгоҳ, ҷалб намудани онҳо дар корҳои илмӣ | Мудирони кафедраҳо, Муовинони декан оид ба таълим | Дар давоми соли таҳсил | Ҳисобот |
10. | Вусъат бахшидан ба низоми омӯзиши забонҳои хориҷӣ, васеъ намудани амалияи истифодаи забони хориҷӣ аз ҷониби донишҷӯён, махсусан дар самти татбиқи меъёр ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ | Мудирони кафедраҳои забонҳои хориҷӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ | Дар давоми соли таҳсил | Ҳисобот |
11. | Ба роҳ мондани мониторинги доимии сифати таълим тавассути низоми ягонаи рейтинги давомот, ташкил намудани амалияи гузаронидани имтиҳонҳои мустақил, назорати сифати таълим тавассути гузаронидани пурсишномаҳо (анкета) | Муовинони декан оид ба таълим | Дар давоми соли таҳсил | Ҳисобот |
12. | Ворид намудани воситаҳои иттилоотӣ-иртиботии таълим, ҷадвали дарсҳои электронӣ, низоми китобхонаи электронӣ, дар шабакаи Интернет ҷойгир намудани рисолаҳои дипломӣ, магистрӣ, номзадӣ ва докторӣ, нашрияҳои электронӣ ва ғ. | Муовинони декан оид ба таълим, масъули сомонаи факултет | Дар давоми соли таҳсил | Ҳисобот |
Бахши илм | ||||
1. | Андешидани чораҳо баҳри саривақт омода ва дифоъ намудани рисолаҳо барои дарёфти унвони илмии доктор ва номзади илми ҳуқуқшиносӣ. Ба мақсад мувофиқ аст, ки таваҷҷуҳ ба омода намудани кадрҳои дараҷаи илмидошта дар риштаҳое, ки дар Тоҷикистон нодиранд, нигаронида шавад | Мудирони кафедраҳо, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ | Дар давоми соли таҳсил | Ҳисобот |
2. | Ташаккули мактабҳои илмии кафедраҳои тахассусии факултет. Дар ин самт тақвият бахшидан ба фаъолияти устодони факултет дар самти ширкат ва маърӯза намудан дар конфронсҳои илмӣ-амалӣ ва илмӣ-назариявии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидошта | Мудирони кафедраҳо, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ | Дар давоми соли таҳсил | Ҳисобот |
3. | Тақвият бахшидан ба кори семинари илмӣ-назариявии муҳаққиқони ҷавони факултет | Мудирони кафедраҳо, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ | Дар давоми соли таҳсил | Ҳисобот |
4. | Тайёр намудани кадрҳои илмӣ тавассути аспирантура ва институти унвонҷӯӣ бо назардошти риояи Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон | Мудирони кафедраҳо, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ | Дар давоми соли таҳсил | Ҳисобот |
5. | Таъсис додани маҳфилҳои инфиродии устодони соҳибтаҷриба ва соҳибмактаб (профессорон ва дотсентон) | Мудирони кафедраҳо, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ | Дар давоми соли таҳсил | Ҳисобот |
6. | Гузаронидани семинарҳои илмӣ-методӣ дар заминаи кафедраҳои факултет, бурдани донишҷӯёни курсҳои I ба Китобхонаи миллӣ бо мақсади ташаккул бахшидан ба малакаи кор бо адабиёти илмӣ, базаи маълумот, номгӯйи (каталогҳои) библиографӣ ва аз худ намудани усулҳои тайёр ва навиштани маърузаҳои илмӣ, корҳои курсӣ, дипломӣ ва ғайра | Мудирони кафедраҳо, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, муовинони декан оид ба таълим, сарпарастнои гурӯҳҳои академӣ | Дар давоми соли таҳсил | Ҳисобот |
7. | Мусоидат намудан ба маҳфилҳои илмии донишҷӯёни назди кафедраҳои тахассусии факултет | Мудирони кафедраҳо, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ | Дар давоми соли таҳсил | Ҳисобот |
8. | Нашр намудани беҳтарин мақолаҳои илмии донишҷӯён ва нашри он дар маҷаллаҳои илмии факултет ва донишгоҳ ва иштироки донишҷӯён дар конфронсҳои илмӣ, олимпиадаҳо ва озмунҳо | Мудирони кафедраҳо, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ | Дар давоми соли таҳсил | Ҳисобот |
9. | Афзун гардонидани самаранокии корҳои илмӣ-тадқиқотии устодону кормандони факултет аз нигоҳи мазмун, сифат ва шумора | Мудирони кафедраҳо, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ | Дар давоми соли таҳсил | Ҳисобот |
10. | Ҷойгир намудани маводҳои иттилоотӣ оид ба иҷрои нақша-чорабиниҳои мазкур дар ВАО ва сомонаи факултети ҳуқуқшиносӣ | Муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, Масъули бахши сайт | Дар давоми соли таҳсил | Ҳисобот |
Бахши тарбия | ||||
1. | Тарбияи донишҷӯ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносии миллӣ, муқаддас донистани тамомияти арзӣ ва якпорчагии Тоҷикистон | Муовинони декан оид ба тарбия, сарпарастони гурӯҳҳои академӣ | Мунтазам | Ҳисобот |
2. | Ба роҳ мондани дарсҳои кураторӣ ба мавзӯҳои рӯзмарраи ҳаёти тарбиявӣ | Муовинони декан оид ба тарбия, сарпарастони гурӯҳҳои академӣ | Мунтазам | Ҳисобот |
3. | Ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди корӣ бо волидайни донишҷӯён дар партави иҷрои талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҷалби падару модари донишҷӯён дар самти азхудкунии дарсҳо, рафтор ва одоби муоширати донишҷӯ ва дар баланд бардоштани сифат ва сатҳи донишандузӣ; | Муовинони декан оид ба таълим, тарбия ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ | Дар давоми соли таҳсил | Ҳисобот |
4. | Андешидани чораҳои муассир дар самти таъмини иштироки донишҷӯён ба дарсҳо ва тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи муносибати оштинопазир бо равияҳои сиёсӣ-динии хусусияти ифротгароӣ ва радикалидошта, раҳоӣ бахшидани донишҷӯ аз хурофот ва таассуб | Муовинони декан оид ба таълим, тарбия ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ | Дар давоми соли таҳсил | Ҳисобот |
5. | Вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба масъалаҳои саривақт ҳозир шудан ба дарс, бо автомашинҳои шахсӣ ҳозир нашудан ба донишгоҳ, ҳозир шудан ба донишгоҳ бо ҷузвдон, китобу дафтар ва дигар лавозимоти таълимӣ, риоя намудани қоидаҳои тартиботи дохилии хобгоҳ, худдорӣ намудан аз кашидани носу сигор, нӯшокиҳои спиртӣ, маводи мадҳушкунанда, офтобпараст, сақич дар ҳудуди донишгоҳ ва хобгоҳҳо | Муовинони декан оид ба таълим, тарбия ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ | Дар давоми соли таҳсил | Ҳисобот |
6. | Гузаронидани корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ марбут ба пешгирӣ сохтани омилҳои сар задани зуҳуроти номатлуб, аз қабили нашъамандӣ, майпарастӣ, маҳалгароӣ, омилҳои коррупсионӣ, ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон | Муовинони декан оид ба тарбия ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ | Дар давоми соли таҳсил | Ҳисобот |
7. | Ташвиқ намудани тарзи ҳаёти солим, ҷалби донишҷӯён ҷиҳати иштирок ба чорабиниҳои оммавии варзишӣ ва ташкил намудани вохуриҳо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, чеҳраҳои шинохтаи илми кишвар, хатмкунандагони факултет | Муовинони декан оид ба тарбия ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ | Дар давоми соли таҳсил | Ҳисобот |
8. | Мусоидат намудан ба ҷалби донишҷӯён ҷиҳати пешбурди фаъолияти тарбиявии онҳо бо роҳи таъсис додани созмонҳои ҷамъиятӣ (Созмони ҷавонон, иттифоқи касаба ва дигар гурӯҳҳои ташаббускор) | Муовинони декан оид ба тарбия ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ | Дар давоми соли таҳсил | Ҳисобот |
Бахши ҳамкориҳо ва робитаҳои беруна | ||||
1. | Вусъат додани ҳамкорҳои дуҷониба миёни олимони ҳуқуқшинос бо ҳамкоронии хориҷии онҳо | Мудирони кафедраҳо, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ | Дар давоми соли таҳсил | Ҳисобот |
2. | Тақвияти ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дарёфти грантҳо ва бурсияҳо ҷиҳати пешбурди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ-методӣ | Мудирони кафедраҳо, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ | Дар давоми соли таҳсил | Ҳисобот |
3. | Бо мақсади дастрасии иттилоот ба аҳолӣ, мақомоти давлатӣ, донишҷуён, волидайн ва намояндагони қонунии онҳо, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмии факултет, бознигарӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти сомона ва суроғаи электронии факултет дар шабакаи ҷаҳонии ИНТЕРНЕТ | Мудирони кафедраҳо, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, масъули сомонаи факултет | Дар давоми соли таҳсил | Ҳисобот |
Муқаррароти хотимавӣ | ||||
1. | Ҳисобот вобаста ба иҷрои бандҳои Нақша-чорабиниҳои факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар соли таҳсили 2016-2017 ҷиҳати иҷрои «Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» | Муовинони декан оид ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалӣ, мудирони кафедраҳо | Июл | Ҳисобот |