(дар ҳошияи суханронии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии СММ)
Терроризм дар ҷаҳони муосир ба яке аз хатарҳои ҷиддӣ ва фаромиллӣ табдил ёфтааст, ки на танҳо амнияти миллӣ, балки суботи минтақавӣ ва ҷаҳониро зери таҳдид қарор медиҳад. Дар чунин шароит, зарурати ҳамкории байналмилалӣ ва муборизаи дастаҷамъона бо ин зуҳуроти номатлуб аҳамияти хоса пайдо мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари Осиёи Марказӣ, ки дар марзҳои ҳассоси ҷуғрофӣ қарор дорад, аз ибтидои соҳибистиқлолӣ масъалаи муқовимат ба терроризм ва ифротгароиро ба сиёсати хориҷӣ ва дохилии худ ворид намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарки амиқи хатарҳои ҷаҳонии терроризм ва экстремизм, дар тамоми баромадҳои худ аз минбарҳои сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид пайваста ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории мутақобилан судманд даъват намудааст. Аз солҳои аввали соҳибистиқлоли то имрӯз, суханрониҳои ӯ дар Ассамблеяи Генералии СММ аз ташаббусҳои назаррас, пешниҳодҳои амалӣ ва даъват ба тақвияти механизмҳои байналмилалии мубориза бо терроризм шаҳодат медиҳанд.
Ин мақола ба таҳлили хронологии суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар СММ бахшида шуда, нишон медиҳад, ки ташаббусҳои роҳбари Тоҷикистон чӣ гуна ба таҳкими сиёсати байналмилалӣ дар самти амният ва мубориза бо терроризм мусоидат кардаанд.
Соли 1999 – 54-ум Маҷмаи Умумӣ СММ
«Терроризм ва экстремизм ба яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти байналмилалӣ табдил ёфтаанд. Тоҷикистон, ки солҳои ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кардааст, беш аз ҳар кас эҳсос мекунад, ки ин зуҳурот то чӣ андоза хатарнок ва барои субот ва рушди давлатҳо харобиовар аст».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати ташкили механизмҳои бисёрҷонибаи СММ бар зидди терроризмро таъкид кард.
Соли 2000 – 55-ум Маҷмаи Умумӣ СММ
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба паёмадҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ишора карда иброз дошт, ки таҷрибаи кишвар нишон медиҳад: «Бе сулҳ ва бе амнияти устувор мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ғайриимкон аст».
Соли 2001 – 56-ум Маҷмаи Умумӣ СММ
Баъди ҳодисаҳои 11 сентябри 2001, Эмомалӣ Раҳмон гуфт: «Ҳодисаҳои мудҳиши охир нишон доданд, ки терроризм дигар мушкили маҳаллӣ нест, балки таҳдиди ҷаҳонист».
Соли 2002 – 57-ум Маҷмаи Умумӣ СММ
Президенти Тоҷикистон таъкид кард: «Афғонистон ҳанӯз ҳам манбаи хатари терроризм боқӣ мемонад».
Пешвои миллат, даъват намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба барқарорсозии иҷтимоиву иқтисодии он кишвар саҳмгузорӣ намояд, то гурӯҳҳои террористӣ аз фазои ноором истифода накунанд.
Соли 2003 – 58-ум Маҷмаи Умумӣ СММ
Эмомалӣ Раҳмон робитаи терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир-ро таъкид намуда иброз дошт: «Маводи мухаддир сарчашмаи асосии маблағгузории терроризм ва ҷинояткорӣ мебошад».
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки мубориза бо ин ду зуҳурот бояд ҳамзамон ва ҳамоҳанг сурат гирад.
Соли 2005 – 60-ум Маҷмаи Умумӣ СММ
Дар суханронӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иброз дошт: «Барои решакан кардани терроризм на танҳо тадбирҳои низомӣ, балки бартарафсозии сабабҳои иҷтимоиву иқтисодии он зарур аст».
Ӯ ба нақши СММ ҳамчун ҳамоҳангсози асосии ин мубориза ишора кард.
Соли 2008 – 63-юм Маҷмаи Умумӣ СММ
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иброз дошт: «Мубориза бо терроризм бояд ба воситаи иттиҳоди ҷаҳонӣ сурат гирад. Терроризм ба ҳеҷ як дин ва фарҳанг тааллуқ надорад, балки таҳдиди умумии башарист».
Соли 2009 – 64-ум Маҷмаи Умумӣ СММ
Пешвои миллат, таъкид кард, ки терроризми байналмилалӣ яке аз ҷанбаҳои манфии ҷаҳонишавӣ мебошад. Ӯ зикр намуд: «Созмони Милали Муттаҳид кишварҳои узвро водор месозад, ки ҳадафҳои рушди ҳазорсола амалӣ гарданд, ҳамзамон нақши марказиро дар муқобила бо паёмадҳои манфии ҷаҳонишавӣ, мисли пайдоиши терроризми байналмилалӣ, бозад».
Соли 2011 – 66-ум Маҷмаи Умумӣ СММ
Дар ин баромад, Президенти Тоҷикистон иброз дошт, ки терроризм ва экстремизми мазҳабӣ ба таҳдидҳои афзоянда барои давлатҳои мустақил ва ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Ӯ даъват кард, ки кишварҳо мубориза бо маблағгузории терроризмро тақвият бахшанд.
Соли 2015 – 70-ум Маҷмаи Умумӣ СММ
Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба вазъи Ховари Миёна ва Афғонистон изҳор дошт: «Қувватҳои вайронкунанда ва нобахшояндаи терроризм ва экстремизм тавони бештар пайдо кардаанд ва ҷавонони бешуморе ба гардиши онҳо кашида мешаванд».
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки муборизаи самаранок танҳо тавассути ҳамкорӣ дар доираи СММ имконпазир аст.
Соли 2017 – 72-ум Маҷмаи Умумӣ СММ
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки: «Терроризм мушкили сарҳаднопазир аст. Ҳеҷ давлате, новобаста аз иқтидори иқтисодӣ ва низомӣ, танҳо аз ӯҳдаи он баромада наметавонад».
Пешвои миллат даъват намуд, ки муборизаи дастаҷамъона роҳандозӣ шавад.
Соли 2020 – 75-ум Маҷмаи Умумӣ (баромад ба муносибати 75-солагии СММ)
Дар изҳороти худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки: «Болоравии таҳдидҳои муосир, мисли терроризм ва экстремизм, тағйири иқлим ва паҳншавии коронавирус (COVID-19), боз як бор нишон медиҳад, ки ҷаҳон ба ҳамкории бисёрҷонибаи мустаҳкам ниёз дорад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин робитаи терроризмро бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид кард.
Соли 2021 – 76-ум Маҷмаи Умумӣ СММ
Эмомалӣ Раҳмон ҳушдор дод, ки: «Мавҷудияти даҳҳо гурӯҳи террористӣ ва ифротгаро дар Афғонистон таҳдиди ҷиддӣ ба минтақа ва ҷаҳон мебошад».
Пешвои миллат аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ки барои таъмини амнияти Афғонистон ва пешгирии паёмадҳои терроризм кӯмак расонад.
Соли 2022 – 77-ум Маҷмаи Умумӣ СММ
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам таъкид кард, ки Афғонистон ба як манбаи хатар табдил ёфтааст. Ӯ иброз дошт, ки бе кӯмак ба мардуми Афғонистон мубориза бо экстремизм ва терроризм самарабахш нахоҳад буд.
Соли 2023 – 78-ум Маҷмаи Умумӣ СММ
Пешвои миллат бо қотеият изҳор дошт: «Терроризм ва ифротгароӣ то ҳол аз таҳдидҳои бузурги ҷаҳонӣ мебошанд ва ҷомеаи байналмилалӣ бояд ба ҳамкориҳои фарогир идома диҳад».
Соли 2025 – 80-ум Маҷмаи Умумӣ СММ
Гуфта шуд, ки ниҳодҳои дахлдори Созмони Милал, бахусус Дафтари он оид ба мубориза бо терроризм, метавонанд дар татбиқи ҳамаҷонибаи стратегияҳо ва барномаҳои глобалии зиддитеррористӣ саҳми муассир гузошта, дастгирии кишварҳои узвро дар ин самт тақвият бахшанд.
Мубориза бо терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тавре, ки аз баромадҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳанд, аз солҳои аввали истиқлол то имрӯз Тоҷикистон пайваста масъалаи таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккил ва қочоқи маводи мухаддирро дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор додааст.
Исматов Рустам – сардори Маркази омӯзишии масоили муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ