НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар нақши сарнавиштсоз ва таърихӣ дошта, пояи устувории давлат, кафили Конститутсия ва рамзи ягонагии миллат ба шумор меравад. Маҳз бо роҳбарии хирадмандонаи ӯ пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, арзишҳои конститутсионӣ ва устувории сохтори сиёсӣ таъмин гардидаанд. Президент ҳамчун меҳвари ягонаи ҳокимияти давлатӣ, ҳамзамон сарвари давлат ва роҳбари ҳокимияти иҷроия буда, фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ва шохаҳои ҳокимиятро ҳамоҳанг месозад ва сиёсати умумимиллӣ ва стратегии давлатро роҳнамоӣ менамояд. Далели гуфтаҳо талаботи моддаи 9-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мақоми Президентро ба таври возеҳ муайян намуда, ӯро сарвари давлат, роҳбари ҳокимияти иҷроия эътироф менамояд.

Дар шароити муосир, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ хело амиқ ва фарогир аст. Бо сиёсати хирадмандона ва давлатсозонаи худ Пешвои миллат тавонист низоми идоракунии ҳуқуқбунёдро бунёд намояд, истиқлоли сиёсиву иқтисодиро таҳким бахшад ва рӯҳи ваҳдати миллӣ ва худшиносии мардумро эҳё намоянд. Президенти кишвар дар баробари иҷрои вазифаҳои ҳуқуқии худ, ҳамчун меъмори давлатдории навини тоҷикон, ба давлатдорӣ мазмун ва арзиши миллӣ бахшида, онро ба рамзи ифтихор, эътимод ва ваҳдати халқи тоҷик табдил додаанд.

Таҳкими давлатдории миллӣ яке аз рукнҳои асосии рушди сиёсиву маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва ифодаи равшани иродаи созанда, хиради сиёсӣ ва худогоҳии миллии мардуми тоҷик мебошад. Ин раванд бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳалаи сифатан нав ворид шуда, ба пояи устувори давлатдории муосир табдил ёфт. Давлатдории миллӣ на танҳо шакли сиёсиву ҳуқуқии ташкил ва идоракунии давлат, балки таҷассумгари рӯҳи миллат, ифтихори таърихӣ ва рамзи ҳастии давлату Ватан аст, ки аз насл ба насл ҳамчун арзиши муқаддас интиқол меёбад.

Таҳкими давлатдории миллӣ равандест фарогир, ки тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятиро аз пояҳои ҳуқуқӣ ва сохтори ҳокимият то худшиносии фарҳангӣ, ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ дар бар мегирад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Тоҷикистон тавонист пояҳои конститутсионии худро таҳким бахшад, устувории сиёсӣ ба даст оварад ва ҳувияти миллиро эҳё намояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори давлатдории навини тоҷикон бо сиёсати ваҳдатофарину созандаи худ заминаи воқеии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди ҷомеаи демократиро гузошт. Ӯ дар давраи пурталотуми таърихӣ тавонист давлатро аз гирдоби ихтилофот ва парокандагӣ наҷот диҳад, сулҳ ва ваҳдати миллӣ барқарор намояд ва миллатро ба сӯйи истиқлоли воқеӣ, суботи устувор ва худшиносии миллӣ раҳнамоӣ кунад.

Дар заминаи ин раванд, Пешвои миллат ба рамзи ваҳдат, пояи давлат ва ҳомии истиқлоли давлатӣ табдил ёфтааст. Бо хираду иродаи устувор, садоқат ба Ватан ва эътимоди халқ, ӯ симои давлати тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд ва ба он мазмуни ҳақиқии миллӣ, маънавӣ ва таърихӣ бахшид, ки нишонаи давлати соҳибихтиёр, қонунбунёд ва пешрафтаи тоҷикон аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради сиёсӣ, дурбинӣ ва иродаи устувори худ дар таҳкими ҳамаи унсурҳои давлатдории миллӣ, аз пояҳои ҳуқуқиву конститутсионӣ то Ваҳдати миллӣ, худшиносӣ, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон нақши таърихӣ ва сарнавиштсоз гузоштааст.

Аввалан, Пешвои хирадманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлоли давлатиро бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик арзёбӣ намуда, онро ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва пояи бақои давлатдорӣ ҳифз ва таҳким бахшид. Бо иродаи қавӣ ва сиёсатҳои хирадмандонаи худ ӯ тавонист дар замони душвори пас аз ҷанги шаҳрвандӣ пояҳои истиқлоли давлатиро аз нав барқарор намояд, тамомияти арзии кишварро ҳифз кунад ва амнияти миллӣ ва суботи устуворро таъмин созад. Пешвои миллат истиқлоли давлатиро на танҳо рамзи озодӣ, балки маънои худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва масъулияти таърихӣ дарк намуда, онро бо заҳмати пайваста ва сиёсати устувор ба наслҳои оянда мерос мегузорад.

Дуввум, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи арзиши Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз, онро на танҳо асоси ҳуқуқӣ ва сиёсии давлат, балки рамзи ваҳдату истиқлоли миллӣ қарор дод. Бо ҳидоят ва сиёсати хирадмандонаи ӯ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ба воситаи ислоҳоти пайдарпай такмил ёфт ва ба ниёзи замон ва рушди ҷомеа мутобиқ гардид. Пешвои миллат Конститутсияро ҳамчун меҳвари давлатдорӣ ва кафили суботу адолат дар ҷомеа муаррифӣ намуда, тавассути он пояҳои қонуният, соҳибихтиёрии халқ ва устувории давлатро таҳким бахшид. Ӯ ба Конститутсия рӯҳи нав бахшид–ин рӯҳи ваҳдат, инсондӯстӣ ва масъулияти миллӣ, ки Тоҷикистонро ба роҳи рушди устувор, сулҳ ва ҳамбастагӣ раҳнамоӣ мекунад.

Сеюм, Пешвои муаззами миллат ваҳдати миллиро арзиш ва дастоварди бузургтарини даврони Истиқлол дониста, онро ҳамчун шарти асосии пойдории давлат ва оромии ҷомеа эҳё намуд. Бо ҷасорат, хирад ва иродаи қавии сиёсӣ сарвари давлат тавонист пас аз солҳои пурошӯб миллати парокандаро муттаҳид созад, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшад ва сулҳу суботро дар Ватан барқарор намояд. Сиёсати ваҳдатофарини Пешвои миллат на танҳо оромии дохилиро таъмин кард, балки заминаи воқеии таҳкими ҳамбастагии ҷомеа, рушди устувори иқтисод ва пояндагии давлатдории миллиро гузошт.

Пешвои миллат аз лаҳзаҳои аввали ба роҳбарияти олии кишвар омаданаш барқарор кардани сулҳ ва ваҳдати миллиро ҳамчун ҳадафи олӣ ва уҳдадории таърихӣ интихоб намуд. Дар он рӯзҳои пурошӯб ва пурпечутоби ҷанги шаҳрвандӣ, маҳз бо талошҳои устувор, иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат раванди музокироти сулҳ миёни Ҳукумат ва нерӯҳои мухолиф оғоз ёфт.

Бо вуҷуди душвориҳои зиёди сиёсиву низомӣ ва мухолифатҳои амиқи дохилӣ, музокироти зиёд дар шаҳрҳои мухталифи дохиливу хориҷӣ баргузор гардид. Дар ҳамаи ин марҳилаҳо роҳбари давлат бо масъулияти баланд, таҳаммулпазирӣ ва дилсӯзии ватандӯстона равандро шахсан идора мекард ва тавонист ҷонибҳои мухолифро ба сари мизи гуфтушунид оварда, рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва омодагӣ ба созишро дар миёни онҳо эҳё намояд.

Натиҷаи мантиқии ин талошҳо ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ гардид. Бо имзои ин санад ба ҷанги шаҳрвандӣ нуқтаи хотима гузошта шуд ва давраи нави таърихӣ, яъне давраи сулҳу субот, Ваҳдат ва бозсозии ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар оғоз ёфт.

Созишномаи сулҳ ҳамчун санади дорои аҳамияти бузурги сиёсӣ ва ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ шинохта шуд. Он заминаи ҳуқуқии ҳамзистии осоиштаи гурӯҳҳои сиёсӣ, барқарорсозии сохтори давлатӣ ва таҳкими пояҳои конститутсионӣ фароҳам овард.

Ба шарофати ин иқдоми таърихӣ дар кишвар сулҳу субот ва амнияти сиёсӣ барқарор гардид, ҳазорон нафар гуреза ва муҳоҷирон ба Ватан бозгаштанд, пояҳои давлатдории миллӣ мустаҳкам шуданд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфт. Кишвар тавонист нуфузи байналмилалии худро боло бурда, ҳамчун давлати сулҳпарвар ва созанда дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта гардад.

Бо имзои Созишномаи сулҳ на танҳо ҷанги шаҳрвандӣ қатъ гардид, балки заминаи пойдори Ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон гузошта шуд. Ин воқеаи сарнавиштсоз дар таърихи навини кишвар ҳамчун рамзи сулҳ, ҳамдигарбахшӣ, иттифоқ ва ифтихори миллӣ сабт гардида, барои наслҳои имрӯз ва оянда намунаи олии ватандӯстӣ ва хидмат ба миллат боқӣ мемонад.

Чорум, поягузори сиёсати сулҳ ва ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради миллӣ ва биниши фарҳангии худ ба эҳёи худшиносиву ҳувияти миллӣ мазмун ва равиши тоза бахшид. Пешвои муаззами миллат бо сухан ва амал исбот намуд, ки давлатдории ҳақиқӣ танҳо бар пояи қонун ва сохторҳои сиёсӣ не, балки бар асари бедории маънавӣ, эҳёи забон, фарҳанг, анъана ва таърихи миллат устувор мешавад. Бо ташаббусҳои созанда ва дурбинонаи роҳбари давлат, арзишҳои миллӣ аз нав эҳё гардида, пояҳои ҳувияти миллӣ устувор шуданд. Забони давлатӣ мақоми шоистаи худро ҳамчун рамзи Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ пайдо намуд, фарҳанг ва анъанаҳои тоҷикӣ эҳё ва ғанӣ гаштанд, ҳунарҳои мардумӣ, таърихи давлатдорӣ ва мероси маънавии гузаштагон мавқеи хос пайдо карданд.

Дар ҳамин замина, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ба омили муҳимми муттаҳидсозандаи ҷомеа табдил ёфт. Эҳсоси ифтихори ватандорӣ дар қалби ҳар як шаҳрванди кишвар мустаҳкам гардида, рӯҳияи масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан рушд кард. Ин сиёсати худогоҳиву худшиносии миллӣ на танҳо ба эҳёи арзишҳои миллӣ мусоидат намуд, балки заминаи пойдори Ваҳдат, суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори давлатро фароҳам овард.

Пешвои миллат бо ин сиёсати хирадмандона тавонист миллати тоҷикро, ки аз санҷишҳои сахти таърих гузашта буд, ба сӯйи ваҳдат, эътимод, ифтихор ва пойдории давлат роҳнамоӣ намояд. Дар натиҷа, миллат бо иттиҳоду ҳамраъйӣ роҳи созандагӣ, худшиносӣ ва пешрафти устуворро пеш гирифт ва Тоҷикистон ба як давлати мустақил, боэътибор ва номуси миллӣ табдил ёфт.

Панҷум, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба низоми идоракунии давлатӣ рӯҳи тоза ва мазмуни воқеии миллӣ бахшид. Ӯ бо дарки амиқи масъулияти таърихӣ ва ниёзи замон, давлатдориро бар асоси идоракунии самаранок, адолатманд ва ҷавобгӯ ба манфиати мардум ташаккул дод. Бо роҳнамоии Пешвои миллат, ҳокимияти иҷроия ба як сохтори фаъол, масъулиятшинос ва ба халқ хизматкунанда табдил ёфт, ки дар маркази фаъолияти он қонуният, шаффофият ва адолати иҷтимоӣ қарор дорад.

Пешвои миллат бо сиёсати оқилона, воқеаннигарона ва таҷрибаи бойи давлатдорӣ тавонист низоми идоракунии кишварро ба сатҳи сифатан нав бардорад. Зери роҳбарии ӯ ислоҳоти фарогири идоракунӣ дар ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ роҳандозӣ гардид, ки ҳадафи асосии он таҳкими самаранокии идоракунии давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи масъулияти хизматчиёни давлатӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад.

Дар натиҷаи ин ислоҳот, фарҳанги хизмат ба давлат ва мардум ҳамчун арзиши ахлоқиву миллӣ дар ҷомеа реша давонд. Мақсади асосӣ на танҳо иҷрои вазифаҳои расмӣ, балки хидмат бо виҷдон, садоқат ва эҳсоси масъулияти ватандӯстона гардид. Роҳбари давлат борҳо таъкид кардааст, ки давлатдорӣ танҳо бо қонун ва қарорҳо не, балки бо виҷдон, масъулият ва муҳаббат ба Ватан пойдор мемонад.

Ин сиёсати давлатмеҳвар ва мардумгаро боис гардид, ки муносибати хизматчиёни давлатӣ ба шаҳрвандон тағйир ёбад, рӯҳияи хизмат ба халқ боло равад ва мафҳуми «давлат барои мардум» аз шиори сиёсӣ ба воқеияти амалӣ табдил ёбад. Хизмат ба мардум ҳамчун меъёри асосии фаъолияти идоракунии давлатӣ пазируфта шуда, пояи фарҳанги навини давлатдорӣ гузошта шуд.

Дар натиҷа, идоракунии давлатӣ шакли муосир ва самаранок гирифт, равандҳои қабул ва татбиқи қарорҳо шаффоф гардиданд ва робитаи байни давлат ва ҷомеа таҳким ёфт. Ин ҳама, бидуни шак, яке аз бузургтарин дастовардҳои давлати соҳибистиқлолӣ ва самари сиёсати хирадмандонаи роҳбари миллат ба шумор меравад.

Имрӯз низоми идоракунии давлатӣ, ки дар партави сиёсати Пешвои миллат рушд ёфтааст, пояи устувории давлат, кафили суботи сиёсӣ ва воситаи пешрафти иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон гардидааст.

Шашум, Роҳбари хирадманд ва сиёсатмадори бузурги замони соҳибистиқлолӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хирадмандӣ ва дурбинӣ сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба як намунаи равшани дипломатияи сулҳҷӯёна, ҳамкоронаи созанда ва ҳимояи устувори манфиатҳои миллӣ табдил дод. Ӯ Тоҷикистонро аз оғози Истиқлолӣ давлатӣ ҳамчун кишвари сулҳпарвар дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд, ки бо ҳамаи давлатҳо дар асоси баробарӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамкории судманд муносибат барқарор кардааст.

Бо талошҳои Пешвои миллат, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи устувор пайдо кард ва ба ҳайси узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ шинохта шуд. Ӯ бо сухан ва амал собит намуд, ки сиёсати хориҷӣ бояд ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини амният, рушду пешрафти иқтисодӣ ва таҳкими нуфузи давлат дар минтақа равона бошад.

Пешвои миллат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамеша усули “дипломатияи сулҳ ва ҳамзистии осоишта”-ро роҳнамоӣ намуда, бо ташаббусҳои ҷаҳонии худ, аз ҷумла дар соҳаи об, экология ва амнияти минтақавӣ ва садҳои дигар обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошт. Президенти кишвар исбот намуд, ки сиёсати хориҷии мустақил, мутаносиб ва хирадмандона на танҳо кафили ҳимояи манфиатҳои миллӣ, балки нишонаи давлатдории комил ва пояндаи тоҷикон дар ҷаҳони муосир аст.

Ахиран, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърифати ҳуқуқиро яке аз рукнҳои таҳкими давлатдории миллӣ медонад ва ҳамеша ба баланд бардоштани сатҳи дониш, худогоҳӣ ва масъулияти шаҳрвандон таъкид менамояд. Бо ташаббус ва сиёсати пайгиронаи ӯ дар кишвар низоми устувори тарбияи маърифати ҳуқуқӣ ташаккул ёфта, таълими ҳуқуқ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ҷорӣ гардид ва фарҳанги риояи қонун ба як меъёри шаҳрвандии ҷомеа табдил ёфт. Пешвои миллат бо сухан ва амал нишон дод, ки маърифати ҳуқуқӣ на танҳо донистани қонун, балки эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, масъулият нисбат ба давлат ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти Ватан аст. Ӯ шаҳрвандони кишварро ба он даъват менамояд, ки бо дониш, қонуншиносӣ ва масъулияти баланд ватани худро пос доранд ва ба таҳкими давлатдории миллӣ саҳми шоиста гузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи ягонагии миллат, кафили Конститутсия ва меъмори давлатдории навини тоҷикон дар таҳкими пояҳои давлат, эҳёи худшиносии миллӣ ва таъмини суботи сиёсиву иҷтимоӣ нақши беназир дорад. Бо хиради сиёсии худ, ӯ тавонист миллатеро, ки аз озмоишҳои сангини таърих гузашта буд, ба роҳи сулҳ, ваҳдат ва созандагӣ раҳнамоӣ кунад.

Дар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давлати тоҷикон ба як модели нодири давлатдории миллӣ табдил ёфт, ки дар пояи қонуният, ваҳдати ҷомеа, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва рушди устувори иқтисодиву маънавӣ устувор аст. Ӯ ба давлатдорӣ на танҳо шакли идоракунӣ, балки мазмуну рӯҳи миллӣ бахшид. Пешвои миллат Тоҷикистонро аз вартаи ҷанг ба масири сулҳ овард, пояҳои конститутсиониро таҳким бахшид, ҷойгоҳи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт ва маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷомеаро ба сатҳи нав расонд. Ӯ давлатдории миллиро ҳамчун шоҳсутуни ҳастии миллат муаррифӣ намуд ва онро ба рамзи ифтихор, эътимод ва ваҳдати миллӣ табдил дод.

Имрӯз бо шарофати роҳбарии оқилона ва сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳҷӯ ва ҳуқуқбунёд дар арсаи ҷаҳонӣ бо иззату эътибор шинохта шудааст. Нақши таърихии Президент дар таҳкими давлатдории миллӣ на танҳо дар хотираи миллат, балки дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷикон ҳамчун намунаи ватанпарастӣ, хидмат ба халқ ва садоқат ба Ватан сабт хоҳад монд.

Ҳамин тариқ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хирадмандӣ ва иродаи қавии худ пояҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро устувор намуд. Ӯ Конститутсияро ҳамчун санади сарнавиштсоз қабул карда, сулҳ ва ваҳдати миллиро барқарор сохт, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаро таъмин намуд. Дар заминаи ин сиёсати оқилона низоми муосири идоракунӣ, иқтисоди устувор, ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва иҷтимоии адолатпеша ташаккул ёфт. Пешвои миллат бо эҳёи худшиносии миллӣ, забон ва фарҳанг, таҳкими сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба давлати пешрафта, озод ва соҳибнуфуз табдил дод.

Сулаймонзода Манучеҳр Субҳоналӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон