НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ҶОЙГОҲИ ИҶТИМОӢ-ФАРҲАНГИИ ОМӮЗГОР ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгор мақоми махсус ва мартабаи баландро соҳиб шуда, ҳамчун шахсияти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ шинохта мешавад. Ин ҷанбаъи муҳим дар сиёсати давлатии кишвар бевосита бо ташаббус ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад. Пешвои миллат борҳо дар суханрониҳои худ таъкид кардаанд, ки бе омӯзгори соҳибмаърифат ва ватандӯст тарбияи насли ояндасоз ва таҳкими пояҳои давлати миллӣ ғайримумкин аст.

Мақоми омӯзгор ҳамчун яке аз масъалаҳои калидии ҷомеаи муосир дар тамоми низомҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мавқеи устувор дорад. Дар низоми иҷтимоиву маънавии ҳар давлат, омӯзгор шахсияти марказиест, ки тавассути фаъолияти ӯ раванди интиқоли дониш, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, тарбияи ахлоқӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ таъмин мегардад. Ҳамин хусусият омӯзгорро ба унсури муҳимми давлатсозӣ ва ҷомеасозӣ табдил додааст.

Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши омӯзгор хусусияти сифатан нав пайдо намуд Истиқлол на танҳо дастовардҳои сиёсиву иқтисодиро дар пай дошт, балки заминаи таҳаввулоти ҷиддӣ дар соҳаи маориф ва мақоми омӯзгор низ гардид. Дар даврони Истиқлол омӯзгор вазифаи дучандро ба дӯш гирифт, аз як тараф, омӯзиши донишҳои муосир ва мутобиқсозии раванди таълим ба талаботи ҷаҳонишавӣ, аз ҷониби дигар, ҳифз ва тақвияти худшиносии миллӣ, забон, таърих ва арзишҳои маънавии ҷомеа.

Саҳми Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми омӯзгор, пеш аз ҳама, дар таҳия ва татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф, қабули қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, беҳтар гардонидани шароити иҷтимоиву иқтисодии омӯзгорон ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо ифода меёбад. Илова бар ин, таваҷҷуҳи доимӣ ба масъалаҳои афзун намудани маоши омӯзгорон, фароҳам овардани заминаҳои қонунӣ ва моддӣ барои фаъолияти омӯзгорӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгорон ҷойгоҳи ин табақаи иҷтимоиро дар ҷомеа устувор намудааст.

Дар фарҳанги тоҷикон, омӯзгор ҳамеша мавқеи баланд ва арҷмандро соҳиб будааст. Омӯзгорон ҳамчун пайвандгари наслҳо шинохта мешаванд. Дар кишваре, ки таърих ва анъанаҳои миллии он дар тарбия ва маърифат ҷойгоҳи хос доранд, омӯзгорон ба тарбияи ҷавонон ва кумак ба онҳо барои қадр кардани мероси фарҳангии худ аҳаммияти бузург медиҳанд. Дар Тоҷикистон, омӯзгорон ҳамчун василаи нигоҳдорӣ ва идомаи фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ амал мекунанд. Албатта, дар замони Истиқлол таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба эътибори омӯзгор ва ҷойгоҳи ӯ дар ҷомеа афзун гардид, зеро пешрафти тамоми соҳаҳо аз фаъолияти пурсамари омӯзгор вобаста аст. Ба андешаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар ташаккули маънавию зеҳнии ҳар фард баъди модар омӯзгор меистад. Маҳз омӯзгор хишти аввалини бинои маърифату фарҳанги ҳар инсонро мегузорад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки мақоми омӯзгорро дар ҷомеа баланд бардорем ва барои ӯ шароити мусоид, имконияти бештари ҷустуҷӯи роҳҳои наву замонавии таълиму тарбияро муҳайё созем”. Дар ҳамин асос, омӯзгор дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо як шахсияти касбӣ, балки рамзи давлатдорӣ, муҳофизи истиқлоли маънавӣ ва тарбиятгари шахсиятҳои худшиносу ватандӯст маҳсуб меёбад.

Қобили зикр аст, ки дар даврони Истиқлол соҳаи маориф ва нақши омӯзгорон дар ҷомеа аз нигоҳи сохторӣ, мақсад ва воситаҳои корӣ бо тағйироти амиқ рӯ ба рӯ шуд. Мақсади асосии ин тағйиротҳо, ки асосан барои эҷод кардани заминаи устувори таҳсилот ва омода кардани мутахассисони баландихтисос сурат гирифт, ин буд, ки омӯзгорон на танҳо дар соҳаи таълим, балки дар ташаккул ва рушд ёфтани фарҳанг ва ахлоқи миллӣ нақши муҳимеро иҷро кунанд.

Ҳамин аст, ки Пешвои миллат омӯзгорро ҳамчун шахси муътабар баҳо додааст: «Бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад». Ҳамзамон, хотирнишон сохтанд, ки «Эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст».

Боиси ифтихору сарфарозист, ки рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани беҳтарин шароит барои таълиму тарбия, инчунин, қадршиносию арҷгузорӣ аз заҳматҳои фидокоронаи аҳли маориф дар меҳвари сиёсати инсонпарваронаву ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Чуноне, ки дар суханронии Пешвои миллат ба ифтихори Рӯзи дониш омадааст: “Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳалли масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм, фароҳам овардани шароити муосир барои таълиму тарбияи наслҳои ояндасози Ватан ва омода намудани кадрҳо барои иқтисоди миллӣ то имрӯз бисёр иқдомоти созанда ва ба оянда нигаронидашударо амалӣ гардонид. Зеро давлатро танҳо мутахассисони соҳибтаҷриба ва шахсони дорои дигар ихтисосҳои замонавӣ, яъне кадрҳои баландихтисос обод мекунанд.

Дар шароити пешрафти босуръати илм ва техникаву технологияҳо танҳо кишварҳое рушд мекунанду мақому ҷойгоҳи сазовори худро нигоҳ дошта метавонанд, ки мардуми босаводу соҳибмаърифат, олимону донишмандон, кадрҳои баландихтисосу ихтироъкор ва техникаву технологияҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй дошта бошанд”.

Хулоса, дар тарбияи насли худогоҳу худшинос ва ватандӯст омӯзгор нақши муассир дорад ва калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлоли зеҳнӣ муаллим ва хазинаи маънавию илмии башарият маҳсуб меёбад. Натиҷаҳои таҳқиқ нишон медиҳанд, ки омӯзгор дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хоссаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ пайдо кардааст. Дар замони истиқлол вазифаи омӯзгор бо рисолати таърихии давлатсозӣ ва миллатсозӣ ҳамбастагӣ пайдо карда, ба як унсури устувори низоми маънавӣ ва сиёсии кишвар табдил ёфтааст.

Таҳқиқ собит месозад, ки омӯзиши мақоми омӯзгор аҳаммияти назариявӣ ва амалӣ дорад. Аз нигоҳи назариявӣ, он ба равшан сохтани ҷойгоҳи омӯзгор дар низоми иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сиёсии кишвар мусоидат менамояд, дар ҳоле ки аз ҷиҳати амалӣ он ба такмили сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои омӯзгорӣ ва таҳкими нақши онҳо дар тарбияи шаҳрвандони худшиносу ватандӯст мусоидат мекунад.

Ҳамин тариқ, омӯзгор дар замони истиқлол ҳамчун кафолатбахши устувории фарҳангӣ, маънавӣ ва зеҳнии ҷомеа шинохта мешавад, ки рисолати ӯ дар ташаккули шахсият ва насли оянда аҳаммияти сарнавиштсоз дорад.

Абдуллозода Баҳодур – н.и.ҳ., муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносӣ