08.12.2017
Таҳти ин унвон санаи 8-уми декабри соли 2017 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи омӯзгорону аспирантон, олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти дигари давлатӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории он гузориш доданд. Аз ҷумла иброз намуданд, ки конфронси мазкур ба рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола дар ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, бахшида шудааст. Эъломияи мазкур тавонист, ки дар самти эътирофу эҳтироми ҳуқуқи инсон то андозае саҳми худро гузорад. Имрӯз ҷомеаи башарӣ ботантана рӯзи қабули онро таҷлил менамояд.
Ҳамзамон дар кори конфронс муовини ректори ДМТ оид ба илм, доктори илмҳои кимиё, профессор Сафармамадов С.М.; раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Насриддинзода Э.С.; раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳалии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода А.Ѓ., вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сафарзода Б.А., сардори раёсати илм ва иноватсияи ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Қурдонализода Н.Ш. ва и.в. мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Саидов И.И. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.
Сипас, аз рӯйи рӯзномаи барномаи конференсия маърӯзаҳои устодон, аспирантон, унвонҷӯён, намояндагони мақомоти давлатӣ ва дигари ҳифзи ҳуқуқ шунида шуд. Аз ҷумла устодони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, намояндагон аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Баромадкунандагон мазмуну моҳияти маърӯзаҳои хешро шарҳ дода, таҳқиқу омӯзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Оид ба маърӯзаҳои қироатшуда саволу ҷавоб ва музокираҳо сурат гирифтанд. Аз ҷумла, дар робита ба масъалаҳои баррасишуда иштирокчиён баромад намуда, таклифу андешаҳои судманд пешниҳод намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни конференсия фурсати муносибро истифода намуда, андешаю назари хешро оид ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда баён намуданд. Дар маҷмӯъ таъкид карда шуд, ки тоҷикон аз даврони қадим ба ҳуқуқу озодиҳои инсон арҷ мегузоштанд, ки далели он соли 539 то мелод қабул гардидани Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир мебошад. Дар даврони Истиқлолият низ ин анъанаи ниёгон идома дода шуда, дар сатҳи конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон карда шуд. Таъсиси кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ дар сохтори факултети ҳуқуқшиносии ДМТ қадами муҳиме дар самти омӯзиши ҳуқуқи инсон ва дар ҳар як фард ташаккул додани фарҳанги ҳуқуқи инсон мебошад. Аз ин рӯ, иштирокчиёни конференсия боло бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва дар онҳо ташаккул додани фарҳанги ҳуқуқи инсонро вазифаи аввалиндараҷаи олимони ҳуқуқшинос арзёбӣ намуданд.
Қайд намудан зарур аст, ки Эъломияи умумии ҳуқуқи башар таърихи 10-уми декабри соли 1948 қабул гардида, маҳз ҳамин рӯз, яъне рӯзи қабули ин санад ҳамчун ҷашни ҳуқуқи инсон таҷлил мегардад. Баъд аз таъсисёбии кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ омӯзиши фанни таълимии ҳуқуқи инсон ва санадҳои байналмилалӣ дар ин соҳа ба таври васеъ ба роҳ монда шуд. Аз ин рӯ, ҳар сол дар оғози моҳи декабр бо ташаббуси кафедраи мазкур конференсияву симпозиумҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ташкил шуда, ҳуқуқшиносон ва намояндагони касбу кори гуногун сари мизи гирд ҷамъ меоянд ва муҳимтарин масъалаҳо ва дастоварду мушкилоти соҳаи ҳуқуқи инсонро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.