Санаи 05.10.2017 сол дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши забони давлатӣ дар ташаккули қонунгузории миллӣ» бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки доираи васеи омӯзгорону аспирантон, олимон, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории мизи мудаввар гузориш доданд. Аз ҷумла, мавсуф иброз намуданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол рӯзи 5 – уми октябр Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Дар пайванди ба ин масъала, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бамаврид таъкид намуданд, ки ҳоло барои рушду инкишофи забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва тамоми асноди қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ таҳия мегарданд ва рӯзномаву маҷаллаҳо, китобҳои дарсиву таълимӣ, оммавию бадеӣ ба забони давлатӣ ба нашр мерасанд. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ имрӯз дар тамоми қаламрави кишвар мақоми шоиста пайдо намудааст. Рӯзи забони давлатӣ дар қатори пурифтихортарин ҷашнҳои кишвари азизамон қарор дорад. Мо онро мисли дигар муқаддасоти миллии худ гиромӣ ва муътабар медонем ва ба сифати нишонаи ҳастии миллат чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.
Дар баробари ин декани факултети ҳуқуқшиносӣ номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. иброз намуданд, ки устодони факултет дар рафти фаъолияти илмиву эҷодӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ меъёрҳои қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ» аз 05.10.2009-ро пурра риоя менамоянд. Яке аз самараҳои неки сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши забон ин пурра ба забони илмӣ табдил додани забони тоҷикӣ мебошад. Баъди кӯшишҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат дар кишвар таъсис додани Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисёфта дар он ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад. Қабл аз таъсиси Комиссияи номбурда навиштан ва ҳимоя кардани рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ бо забони тоҷики ғайриимкон буд. Бо боварӣ метавон иброз намуд, ки ин тадбир баҳри боз ҳам илмӣ гардонидани забони тоҷикӣ қадами устувор хоҳад буд. Боизҳори қаноатмандӣ метавон баён дошт, ки айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра истиқлолияти забониро ба даст овардааст.
Сипас, аз рӯйи барномаи мизи мудаввар маърӯзаҳои устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сулаймон Анварӣ – дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики факутети филологияи ДМТ дар мавзӯи «Андешаҳо оид ба мушкилоти имлои забони тоҷикӣ» ва Сафарзода А.И. – мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар мавзӯи «Баъзе мулоҳизаҳо оид ба такмили забони қонунгузории ҷиноятӣ» шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моҳияти маърӯзаҳои хешро шарҳ дода, дар хусуси мушкилоти имлои забони тоҷикӣ, забони қонунгузории ҷиноятӣ ва зарурати такмили падидаи мазкур ба ҳозирин гузориши муфассал доданд. Оид ба маърӯзаҳои қироатшуда саволу ҷавоб ва музокираҳо сурат гирифтанд. Аз ҷумла, дар робита ба масъалаҳои баррасишуда иштирокчиён баромад намуда, таклифу андешаҳои судманд пешниҳод намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни мизи мудаввар фурсати муносибро истифода намуда, андешаю назари хешро оид ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда баён намуданд. Дар маҷмӯъ таъкид карда шуд, ки нақши забони давлатӣ дар ташаккули қонунгузории миллӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва муттаҳидӣ, якдиливу якпорчагии Тоҷикистон ва тамоми дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии мо муҳим ва бузург мебошад. Аз ин рӯ, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистононро мисли дигар муқаддасоти миллии худ поку беолоиш нигоҳ дошта, ба сифати нишонаи ҳастии миллат гиромӣ ва муътабар медонанд.
Дар робита ба ин санаи фархунда, садорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кулли устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳро самимона табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломативу сарабаландӣ, рузгори ободу хушбахтиро орзу менамояд.