НАҚШИКОМИССИЯҲОИҶАМЪИЯТӢДАРАМАЛИСОЗИИҚОНУНИҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН «ДАРБОРАИТАНЗИМИҶАШНУМАРОСИМДАРҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН»

То расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем.

Эмомалӣ Раҳмон

Яке аз қонунҳои миллӣ, ки бо мақсади ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром гузоштану пос доштани суннатҳои халқи тоҷик ва ҳамзамон баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда,ки бо иштироки бевоситаи мардум таҳия гардида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ташаббуси қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Қонуни мазкур аз 8 июни соли 2007 қабул гардид. Танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз арзишҳои муҳими миллӣ ва иҷтимоӣ шинохта мешавад. Мақсади асосии қонуни мазкур таъмин намудани нуфузи бештари суннатҳои фарҳангиву арзишҳои мардумӣ ва боз хам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ буд, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон қабул гардида, ин санад дар самти ба низому тартиб даровардани маросиму чашнҳои милливу динӣ нақши барҷаста гузошт. 20 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардида, аз он калимаи «анъана» гирифта шуд. Сабаби такмил ва дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни мазкур инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ, рушди ҷомеа ва давлат, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, зиёдаравӣ, худнамоӣ, тақлиди бемаврид, баланд бардоштани маънавиёт ва фарҳанги зиндагӣ, оиладорӣ, сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар ба шумор меравад. Қонуни қаблӣ аз 5 боб, 16 модда ва Қонуни дар таҳрири нав қабулгардида аз 6 боб ва 22 модда иборат мебошад.

Яке аз унсурҳои калидии иҷрои ин қонун — комиссияҳои ҷамъиятӣ мебошанд, ки нақши муҳим дар назорат ва риояи талаботи қонун дар сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ доранд. Барои иҷрои босамари ин қонун дар ҳамаи сатҳҳои маъмурӣ — аз маҳалла то ҷумҳурӣ — комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим таъсис дода шудаанд. Ин комиссияҳо бо фаъолияти доимӣ ва ҳамкории фаъоли ҷомеа нақши калидӣ дар ташаккули фарҳанги зиндагии содаву камхарҷ доранд. Ин комиссияҳо ҳамчун робитаи байни ҷомеа ва давлат амал мекунанд: онҳо аз як тараф ниёз ва мушкилоти мардумро мефаҳманд, аз тарафи дигар иҷрои сиёсати давлатро дар ин самт таъмин месозанд. Комиссияи ҷамъияти бо мақсади назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумхурии Точикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқи, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад таъсис дода мешавад.

Комиссияҳои ҷамъиятӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ мунтазам чораҳои назоратӣ,пешгирикунанда, фаҳмондадиҳӣ, ҳамоҳангсозӣ, баҳисобгирӣ таблиғотӣ ва таъсиррасонӣ андешанд.

Комиссияи ҷамъиятӣ барои иҷрои вазифаҳои асосии худ ваколатҳои зеринро доро мебошад:

– назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Низомномаи мазкур аз ҷониби кормандони ташкилот;

– таҳияи тавсия ва дастурҳо барои кам харҷ гузаронидани ҷашну маросим;

– фаҳмондани талаботи қонунгузорӣ ва ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни коллективи мехнатӣ оид ба танзими ҷашну маросим;

– ташкили гушаи танзими ҷашну маросим ва дафтари сабти маъракаҳои кормандон;

– ба хисоб гирифтани туйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ дар дафтари сабти маъракаҳои кормандон бо мақсади хисоби оморӣ;– расонидани ёрии амалӣ ба кормандони ташкилот дар танзими ҷашну маросим;

– таблиғи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар коллективи мехнатӣ;

– таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти коллективи мехнатӣ вобаста ба масъалаҳои танзими анъана ва ҷашн талаб кардани маълумот дар бораи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим аз коллективи мехнатӣ;

– таҳияи гузоришҳо оид ба анҷом додани назорати иҷрои Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

– пешбурди коргузорӣ, аз чумла муросилоти хизматӣ,қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин ҷавобҳои мушаххас додан ба муроҷиатҳои воридшуда доир ба танзими анъана ва ҷашну маросим;

Комиссияи ҷамъиятӣ бо мақсади назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумхурии Точикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад таъсис дода мешавад. Комиссияи чамъиятӣ бо фармоиши роҳбари ташкилот дар хайати раис, котиб ва аъзои комиссия иборат аз 5-7 нафар таъсис дода мешавад.Вазифаҳои асосии комиссияи ҷамъиятӣ назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумхурии Тоҷикистон» аз ҷониби кормандони ташкилот ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии қонунвайронкуниҳо дар ин самт мебошад.

Комиссияҳои ҷамъиятӣ дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд:

– хароҷоти зиёдатии оилаҳоро кам кунанд;

– фарҳанги одоби миллӣ ва одоби исломиро устувор гардонанд;

– маъракаҳоро содатар, дастрас ва мутобиқ ба имкониятҳои мардум созанд;

– муттаҳидии ҷомеаро тақвият диҳанд.

Боиси хушнудист, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардондани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод. Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: «Мо имруз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму оинҳои халқӣ ва маросими динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем».

Дар гузашта ҷашну маросимҳо бо хароҷоти аз ҳад зиёд баргузор мешуданд, ки ба сатҳи зиндагии оилаҳо таъсири манфӣ мерасонид. Комиссияҳо бо пешниҳоди маслиҳат, ҳидоят ва тавсияҳои оқилона аз зиёдаравӣ ҷилавгирӣ мекунанд. Бо иштироки фаъолонаашон, онҳо дар коҳиши исрофкорӣ, пешгирии сарбории молиявӣ ва баланд бардоштани масъулияти иҷтимоии мардум саҳми назаррас гузоштанд.

Аваззода Парвона – донишҷӯйи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи милли Тоҷикистон