НАШР ГАРДИДАНИ МОНОГРАФИЯИ ДАСТАҶАМЪИИ ИЛМӢ БО ИШТИРОКИ УСТОДОНИ ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚШИНОСИИ ДМТ

Бо ифтихор иттилоъ медиҳем, ки соли 2025 дар шаҳри Барнаул (Федератсияи Русия) монографияи дастҷамъии илмӣ бо номи «Низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба табъ расид, ки онро Нашриёти Донишгоҳи давлатии Алтай нашр намудааст.

Монография бо иштироки муассисаҳои бонуфузи илмии Тоҷикистону Россия аз қабили Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва дигарон омода гардидааст.

Ин нашр зери таҳрири докторони илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Е. С. Аничкин (Русия), доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Р. Р. Рахмадҷонзода (Тоҷикистон) ва доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ,профессор В. В. Сорокин (Русия) ба роҳ монда шудааст. Ҳаҷми монография — 428 саҳифа.

Дар таҳияи монография зиёда аз 25 муаллиф иштирок намуданд. Боиси ифтихор аст, ки дар байни онҳо устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ фаъолона ширкат варзиданд.

Аз ҷумла доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ Шаррофзода Р.Ш. ва омӯзгори калони кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурӣ Муродзода У.У. дар таҳия ин монографияи арзишманд саҳми босазо гузоштанд. Профессор Шаррофзода Р.Ш. масъалаи дурнамои рушди низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироӣ таҳлил намудааст. Қисмати таҳиякардаи Муродзода У.У. ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили озодӣ, баробарӣ ва пешрафт бахшида шудааст.

Монография мавзуъҳои мухталифро аз асосҳои таърихию ҳуқуқии давлатдории тоҷикон то мушкилоти рақамикунонии фаъолияти мурофиавии ҷиноятӣ ва ба низом даровардани қонунгузориро дар бар мегирад.

Китоб барои муҳаққиқон, устодон, донишҷӯён, аспирантон ва ҳамаи дӯстдорони илми ҳуқуқ муфид мебошад.

Устодони муҳтарамро бо ин дастоварди назарраси илмӣ табрик намуда, барояшон муваффақиятҳои навбатии касбӣ ва илмиро орзумандем!