Ҳисоботи
конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бахшида ба «20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ» ва «Соли ҷавонон»
Аз 20 то 27 апрели соли 2017 дар факултети ҳуқуқшиносӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиии ҳайати устодону кормандон бахшида ба «20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ» ва «Соли ҷавонон» баргузор гардид. Мувофиқи барнома дар 11 бахш аз 131 маърӯзаи аз тарафи устодон пешниҳод шуда, 131 маърӯза тибқи барнома ва 4 маърӯзаи иловагӣ шунида шуд. Бояд зикр намуд, ки шумораи маърӯзаҳо нисбат ба соли гузашта 13-то зиёд мебошад.
Дар конференсияи имсола масъалаҳои рӯзмарраи ҳуқуқӣ, ба монанди: инкишофи илми назарияи давлат ва ҳуқуқ дар давраи истиқлолият, ҳимояи ҳуқуқҳои ғайримолумулкӣ, ташаккулёбии мақомоти давлатӣ дар ҶТ, масъалаҳои коллизионии моликияти созмонҳои байналмилалӣ, масоили гузаронидани амалҳои аввалиндараҷаи тафтишӣ, проблемаҳои танзими ҳуқуқии ҳалли баҳсҳои замин, мушкилоти ҳуқуқии хизматрасонии иҷтимоӣ-фарҳангӣ, таҳлили намудҳои озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, назорати прокурорӣ оид ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, хусусиятҳои хоси тарҷумаи истилоҳотҳои ҳуқуқӣ ва ғайраҳо баррасӣ карда шудаанд.
1. Кафедраи ҳуқуқи байналҳалқӣ
Санаи 22 апрели соли 2017 мутобиқи нақшаи пешбинигардида дар кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ соати 9.00 конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба «20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ» ва «Соли ҷавонон» шуда гузашт. Мудири кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ, дотсент Раҷабов М.Н. конфронсро ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки дар барномаи конфронс баромади 10 нафар устодон ба нақша гирифта шудааст. Устодони кафедра дотсентон, номзади илмҳои ҳуқуқ Раҷабов М.Н., Қодирқулов Х.Р., Сулаймонов Ф.С., Идиев Ф.Ф., Мирзоев А.М., муаллими калон Салихов З.И., ассистентон Саидов Ҳ.Х. Қодиров Н.А., Саломов И. ва Раҳмонзода Ш.К. иштирок доштанд. Тартиби гузаронидани баромади устодон бо 7 дақиқаи вақт, бо замимаи вақти иловагӣ барои саволу ҷавоб муайян шуд.
Дотсентон Раҷабов М.Н. дар мавзӯи «Масъалаҳои коллизионии моликияти созмонҳои байналмилалӣ», Қодирқулов Х.Р. дар мавзӯи «Реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Сулаймонов Ф.С. дар мавзӯи «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи ашёгӣ бо унсурҳои хориҷӣ», Идиев Ф.Ф. дар мавзӯи «Вазъи ҳуқуқии намудҳои намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Мирзоев А.М. дар мавзӯи «Санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ оид ба муайяннамоии ҳуқуқи татбиқшаванда», муаллими калон Салихов З.И. дар мавзӯи «Шартномаи ҳамлу нақли борҳо бо воситаи нақлиёти роҳи оҳан», ассистентон Саидов Ҳ.Х. дар мавзӯи «Ҳамкориҳои байналмилалии бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ», Қодиров Н.А. дар мавзӯи «Одат ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ассистент Саломов И. дар мавзӯи «Мафҳум ва табиати ҳуқуқии тавзеҳот оид ба тартибот оммавӣ дар ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ», Раҳмонзода Ш. дар мавзӯи «Асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии воситаи ҳалли проблемаҳои муҳити атроф» баромад намуданд.
Оиди маърӯзаҳои устодон баҳсу мунозира барпо гардид, ки дар он тамоми устодон фаъолона ширкат варзиданд.
2. Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ
Рӯзи 25-уми апрели соли 2017 аз рӯи барномаи пешакӣ пешниҳоднамудаи раёсати донишгоҳ дар толори 506 (кабинети кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат) конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандони кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бахшида ба «20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ» ва «Соли ҷавонон» баргузор гардид.
Бо сухани ифтитоҳи мудири кафедра номзади илмҳои ҳуқуқ., дотсент Сангинов Д.Ш. ба кори конфронс ҳусни оғоз бахшида, дуруди хешро ба ҳозирин расонид ва зикр намуданд, ки ҳамасола баргузории конфронси апрелӣ, ки ба ҳукми анъана даромадааст имконияти хуб фароҳам меорад то дар масоили мухталифи ҳалталаби илми ҳуқуқшиносӣ ибрози назар карда табодули афкор сурат гирад.
Баъди ҳар як маърӯзаи шунидашуда, саволу ҷавоб сурат гирифт, ки ба ҳусни конфронс таровати нав бахшид.
Баъди итмом шудани қироати марӯзаҳо аз ҷониби устодони кафедра муҳокимаи маърӯзаҳо шурӯъ шуд. Иштирокчиёни конфронс фикру мулоҳизаҳои худро оид ба ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии маърӯзаҳои қироатшуда баён намуданд.
Раискунандаи конфронс, н.и.ҳ., дотсент Сангинов Д.Ш. қаноатмандии хешро ҷиҳати дар сатҳи баланди илмӣ доир намудани конфронс ба устодони кафедра иброз намуд ва афзуд, ки конфронс дар фазои мусоиди корӣ баргузор гардида, ҳар як маърӯзачӣ кӯшиш намуд, ки бо назардошти ҷабҳаи назариявӣ ва амалӣ маърӯзаи худро ба иштирокчиёни конфронс пешкаш созад ва таклифу пешниҳодҳои худро ҷиҳати рушди қонунгузорӣ пешкаш созад.
3. Кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ
Мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ, д.и.ҳ. профессор Диноршоҳ А.М. конфронсро оғоз намуда, қайд намуд, ки чун анъана ҳар сол моҳи апрел дар Донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ- назариявӣ гузаронида мешавад, ки имрӯз мо низ бахшида ба ҷашнҳои дар пешистода конфронси мазкурро дар кафедра кушода эълон менамоем. Мувофиқи барномаи конфронс баромади 16 нафар устодон ба нақша гирифта шудааст. Дар конференсия муовин декан оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент Абдуллоев П.С., устодони кафедра дотсентон, номзади илмҳои ҳуқуқ Ойев Х., Имомов А., Якубова С.Н., Ҷамшедов Ҷ.Н., Саидов И., муаллимони калон Қодиров Ҷ., Камолов Ш.Ҳ., ассистентон, Сафаров Д.С., Сулаймонов М., Саиданваров К., Имомов Ҳ., Соибов З.М., Саидов С.А., Ѓаниев Ҷ.Ш. иштирок доштанд.
Баъди шунида шудани баромадҳо мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ дотсент Диноршоҳ А.М. қайд кард, ки маърӯзаҳои матраҳ шуда ҷолиби диққат буда фикру андешаҳои гуногун пешниҳод карда шуд, ки онҳо боиси дастгирист.
4. Кафедраи ҳуқуқи гражданӣ
Дар саннаи 21-уми апрел конференсия дар кафедраи ҳуқуқи гражданӣ доир гардид. Мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ, профессор Ѓаюров Ш.К. конференсияи илмӣ-назариявиро ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи устодонро барои фарорасии ҳафтаи илм табрик намуд. Сипас устод Ѓаюров Ш.К. дар мавзӯи «Моҳияти моликияти зеҳнӣ» баромад намуданд. Устод иброз доштанд, ки дар шароити ҳозира воқеан ба дараҷаи зиёд вайроннамоии қисматҳои алоҳидаи моликияти зеҳнӣ ба чашм мерасанд, ки ин ҳолат моро нигарон намудааст.
Баъдан сухан ба профессори кафедра Тағойназаров Ш.Т. дода шуд. Устод атрофи мавзӯи «Проблемаи ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумукии гражданӣ» баромад намуданд. Дотсент Ҳимматов Ҳ.Н. дар мавзӯи «Инкишофи муносибатҳои ҳуқуқии молумулкии оилавӣ» баромад намуда, қайд карданд, ки дар танзими муносибатҳои молумулкӣ дар ҳуқуқи оилавӣ қонунгузории гражданӣ татбиқ мегардад. Дотсент Қурбонов Қ.Ш. мавзӯи худро оид ба масъалаи «Фарзияи бовиҷдонӣ дар ҳуқуқи гражданӣ» пешбарӣ намуда, мубрамияти онро кушода доданд. Дотсент Қурбонов Қ.Б. дар мавзӯи «Дурнамои ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони ғайримолумулкӣ» баромад намуда, қайд карданд, ки ҳуқуқҳои шахсони ғайримолумулкӣ яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир мебошанд ва яке аз объектҳои танзимшаванда дар ҳуқуқи гражданӣ ҳисобида мешаванд. Дотсент Қурбонализода Н.Ш. дар мавзӯи «Оид ба масъалаҳои қобилияти субъектҳуқуқии шахсони воқеӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, қайд намуданд, ки шахсони воқеӣ субъекти фаъоли муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ мебошанд. Иштироки онҳо дар муносибатҳои хусусӣ бо ба даст овардани қобилияти амалкунии муайян имконпазир мегардад.
Ҳамин тариқ, устодон баромад намуда, баҳри мукамалгардонии қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
5.Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ
Аз рӯи барномаи тасдиқшудаи конфронс маърӯзаи 16 нафар устодони кафедра шунида шуд. Устодони кафедра дар конфронс фаъолона иштирок карда, дар мавзӯҳои гуногун баромад намуданд.
6. Кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ
Мувофиқи барнома 14 маърӯзаи устодон пешниҳод шуда буд, ки ҳамаи онҳо бо маърӯзаҳои худ баромад карданд.
Нахуст, конфронси илмиро устоди мудири кафедра, профессор Азизов У.А. бо суханронии ифтитоҳӣ кушода эълон намуда, ҳамаи ҷамъомадагонро барои дар сатҳи баланд гузаштани конференсия бурдборӣ таманно намуд.
Маърӯзачиён мазмун ва муҳтавои маърӯзаҳои худро тавзеҳ дода, омӯзиши минбаъдаи онро баррасӣ намуданд. Хурсандибахш аст, ки дар конференсия аспирантон ва унвонҷӯён низ ба таври иловагӣ баромад намуданд. Аз ҷумла,дарконференсияи мазкур аспирант Абдулхайрзода Ҷ. Дар мавзӯи «Ҳуқуқи кӯдак дар манзари ҳуқуқи инсон», унвонҷӯ Бухориева С., дар мавзӯи «Сиёсати ҳуқуқӣ ва нақши он дар таъмини ҳуқуқи занон», унвонҷӯ Бобохонов К. дар мавзӯи «Обеспечение эффективности наказания в РТ» маърӯза намуда, паҳлуҳои гуногуни мавзӯъро тавзеҳ доданд.
Дар охир кулли иштирокчиён бо овоздиҳии озодонаву якдилона маърӯзаи н.и.ҳ., досент Бобоева Н.И. дар мавзӯи «Ҳуқуқи занон аз нигоҳи Ислом»-ро ҳамчун маърӯзаи беҳтарин ҳисобиданд.
7. Кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ
Дар таърихи 21 апрели соли 2017 дар назди кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ конференсияи ҷумхуриявии илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ бахшиди ба «20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ» ва «Соли ҷавонон» баргузор гардид. Мудири кафедра, профессор Сотиволдиев Р.Ш. ҳозиринро бо муносибати кушодашавии ин конференсия табрик намуда, ба кори конференсия ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.
Аз рӯи барномаи тасдиқшудаи конфронс 9 нафар устодони кафедра дар конфронс иштирок намуда, дар мавзӯҳои гуногун баромад намуданд.
8. Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ
Санаи 26 апрели соли 2017 дар кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ мутобиқи нақшаи пешбинишуда, конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба «20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ» ва «Соли ҷавонон» шуда гузашт. Мудири кафедра, дотсент А.И. Сафарзода конфронсро ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки дар барномаи конфронс баромади 14 нафар устодону асрпирантон ба нақша гирифта шудааст. Устодони кафедра профессор Т.Ш. Шарипов, дотсентон, номзади илмҳои ҳуқуқ А.И. Сафарзода, Г. Сатторов, Р.И. Шарипов, З. Камолов, Ш.Н. Саидов, ассистентон Ш. Холиқов, С. Мирзоев, У. Сайфуллоев, Э.Б. Миралиев ва аспирантони кафедра Қурбонзода Б.Ш. ва Неруи М. иштирок доштанд. Тартиби гузаронидани баромади устодон бо 7 дақиқаи вақт, бо замимаи вақти иловагӣ барои саволу ҷавоб муайян шуд. Ҳамзамон кори конференсияи мазкур бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ гузаронида шуд.
9. Кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ
Мувофиқи барнома 8 нафар маърузаи устодон пешниҳод шуда буд, ки ҳамаи онҳо шунида шуд. Баъди шунидани маърӯзаҳо мухокимаи онҳо шурӯъ гардид. Интирокчиёни конфронс фикру мулоҳизаҳои худро оид ба ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии маърӯзаҳои қироатшуда, баён намуданд ва саволу ҷавоб намуданд. Ҳар як маърӯзачӣ кушиш намуд, ки бо дарназардошти ҷабҳаҳои назариявӣ ва амалӣ маърӯзаи хешро ба иштирокчиёни конфронс пешкаш созад ва таклифу пешниҳодҳои худро ҷиҳати рушди қонунгузорӣ пешкаш намояд.
10. Кафедраи забонҳои хориҷӣ
Мутобиқи нақшаи пешбинигардида дар таърихи 25 апрели соли 2017 дар кафедраи забонҳои хориҷии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ конфронси илмӣ–назарявии ҳайати устодону кормандон бахшида ба «20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ» ва «Соли ҷавонон» шуда гузашт.
И.в. мудири кафедраи забонҳои хороҷӣ дотсент Камолов И.И. конфронсро ҳусни обоз бахшида қайд намуд, ки дар барномаи конфронс баромади 8-нафар устодон ба нақша гирифта шудааст ва як нафар ба тариқи иловагӣ баромад менамояд. Тартиби гузаронидани баромади устодон бо 7 дақиқаи вақт, бо замимаи вақти иловагӣ барои саволу ҷавоб муайян карда шуд. Сипас таклифу пешниҳодҳои устодон ва маърузачиён ҷиҳати такмил додани сабку услуби нави забономузӣ ва тарҷумаи истилоҳоти ҳуқуқӣ пешкаши ҳозирин гардид.
11. Кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ
Мудири кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ, дотсент Назаров А.Қ. конференсияро ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки дар барномаи конференсия баромади 8 нафар устодон ба нақша гирифта шудааст. Устодони кафедра номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсентон Назаров А.Қ., Ямоқова З.Д., муаллими калон Насриддинов М., ассистентон Шарипов С.С., Давлатов Д.Д., Давлатов Б.С., Носирзода М.Б. ва Раҷабов К.Д иштирок доштанд. Тартиби баромади устодон 8 даққиқа, бо замимаи вақти иловагӣ барои саволу ҷавоб муқаррар гардид.
Бояд қайд намуд, ки конференсияи имсола дар сатҳи хеле хуб гузаронида шуд. Пешкаши мавзӯҳо тариқи слайд бо воситаи тахтаҳои электронӣяке аз пешравиҳо дар кори конференсияи имсола ба ҳисоб меравад.
Аз таклифу пешниҳодҳои дар боло зикргардида маълум мегардад, ки олимони факултет пайваста дар пайи омӯзиш ва таҳқиқот қарор доранд ва ин боиси пешрафти илми ҳуқуқшиносӣ ва ҳам такмили қонунгузорӣ мегардад. Рафти иҷроиши барномаи конференсияи имсола таҳти назорати бевоситаи декани факултет, дотсент Раҳмон Д.С.ва муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.ҳ. Абдуллоев П.С. қарор дошт.
Асосан аз маърӯзаҳои устодони факултет бар меояд, ки мақсади гузаронидани конференсияи илмӣ-назариявӣ ин баррасӣ намудани ҷиҳатҳои актуалӣ ва ҳалли муаммоҳои ҳалталаби соҳаҳои ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон аз маърӯзаҳои устодони факултет бармеояд, ки мундараҷаи конференсия ба нақшаи корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва барномаи конференсия мувофиқат дошт.
Аз ин хотир маърӯзаҳои зерини устодон беҳтарин ҳисобида шуда, онҳо аз ҷониби садорати факултети ҳуқуқшиносӣ барои ҳавасмандгардонӣ пешниҳод мегарданд:
Барои мукофотпулӣ:
1. Бобоева Н. – дотсени кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ.
Барои Ифтихорнома
1. Мирзоев А. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ;
2. Мирбобоева Р. – дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат.
Барои раҳматнома:
- Сатторов Г.С. – дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ;
- Соҳибов З. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ;
Ҳисоботи
конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бахшида ба «20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ» ва «Соли ҷавонон»
Аз 20 то 27 апрели соли 2017 дар факултети ҳуқуқшиносӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиии ҳайати донишҷӯён бахшида ба «20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ» ва «Соли ҷавонон» баргузор гардид. Мувофиқи барнома дар 11 бахш 199 маърӯзаҳои донишҷӯён пешбинӣ шуда буд, ки 193 марӯъзаи донишҷуён шунида шуд. Имсол бо сабабҳои узрноку ғайриузрнок тибқи барнома 6 нафар донишҷӯён дар конференсия иштирок надоштанд. Берун аз нақша 52 нафар дар конференсия маърӯза карданд.
Аз маърӯзаҳои донишҷӯён бар меояд, ки мақсади конференсияи илмӣ-назариявӣ ин кушодан ва баррасӣ намудани ҷиҳатҳои актуалӣ ва масъалаву муаммоҳои ҳалталаби соҳаҳои ҳуқуқ мебошад.
1. Кафедраи ҳуқуқи байналҳалқӣ
Мутобиқи нақшаи пешбинигардида 21-уми апрели соли ҷорӣ соати 9.00 дар кафедраи байналхалқӣ конфронси илмии назариявии ҳайати донишҷӯёни ДМТ бахшида ба «20 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва «Соли ҷавонон» шуда гузашт.
Мутобиқи барнома ба конфронс 10 баромад пешниҳод гардида буд. Кори конфронсро мудири кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ, дотсент Раҷабов М.Н. ифтитоҳ намуда, устодон ва донишҷӯёнро ба конфронс хайра мақдам намуда, қайд намуд, ки дар барномаи конфронс баромади 10 нафар донишҷуён ба нақша гирифта шудааст. Тартиби гузаронидани баромади донишҷӯён бо 5 дақиқаи вақт, бо замимаи вақти иловагӣ барои саволу ҷавоб муайян шуд.
Дар конфронс устодони кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ Раҷабов М.Н., Мирзоев А.М., Саломов И., Қодирқулов Х.Р. ва Салихов З.И. иштирок намуданд. Аз 10 баромади (барномавӣ) – 10 нафар баромад шунида шуд. Инчунин, як нафар берун аз барнома донишҷӯи курси 2.03 (гурӯҳи тоҷикӣ) Сайфуллоев Салимҷон дар мавзӯи «Принсипи баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунии халқу миллатҳо» зери роҳбарии дотсент Раҷабов М.Н. баромад намуд.
Дар саволу ҷавобҳо оиди маърӯзаҳо устодон ва донишҷӯён фаъолона ширкат варзидаанд.
2. Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат
Рӯзи 24-уми апрели соли 2017 аз рӯи барномаи пешакӣ пешниҳод намудаи раёсати донишгоҳ дар толори 506 (кабинети кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат) Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии ҳайати донишҷӯёни кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бахшида ба «20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ» ва «Соли ҷавонон» баргузор гардид.
Ба сухани ифтитоҳи мудири кафедра номзади илмҳои ҳуқуқ,дотсент Сангинов Д.Ш. ба кори конфронс ҳусни огоз бахшида, дуруди хешро ба ҳозирин расонид ва зикр намуданд, ки ҳамасола баргузории конфронси апрелӣ, ки ба ҳукми анъана дарамодааст имконияти хуб фароҳам меорад то дар масоили мухталифи ҳалталаби илми ҳуқуқшиносӣ ибрози назар карда табодули афкор сурат гирад. Ҳамчунин устод ба иштирокчиёни конфрос ҷиҳати ноил гардидан ба натиҷаҳои матлуб аз кори конфронс комёбиҳо орзу намуд. Дар конфрос устодони кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат мудири кафедра, н.и.ҳ., дотсент Сангинов Д.Ш., дотсентон Бозоров Р.Б, Кабутов Э.Д., Мирбобоева Р.В, Ризоева С.К ваассисентон Саъдиев И., Мавлоназаров О.,Сангов С., Каримов Х.С., Шарифов И.М., Хоҷаева Р.М., иштирок намуданд.
Раискунандаи конфронс мудири кафедра номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Сангинов Д.Ш қаноатмандии хешро ҷиҳати дар сатҳи баланди илмӣ доир намудани конфронс ба донишҷӯени кафедра иброз намуд ва афзуд, ки конфронс дар фазои мусоиди корӣ баргузор гардид. Донишҷӯёни кафедраро баҳри минбаъд таълиф намудани корҳои арзишманди илмӣ-тадқиқотӣ даъват намуд.
3. Кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ
Конференсияро роҳбари МИД-и «Давлатшиносӣ» ассистент Соибов З. ифтитоҳ намуда, ба баромадкунандагоне ки ба конференсия роҳ ёфтанд табрик гуфта, дар бораи тартиби гузаронидани конференсия, меъёри баромад ва саволу ҷавоб ба хозирин маълумот доданд.
Ҳар як баромадкунанда шунида шуда, роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни мавзӯи барасишаванда аз ҷониби иштирокчиён ба у саволҳо пешниҳод шуд. Дар ин миён як қатор баромадкунандаҳо мавзӯъи дахлдорро хамаҷониба тахлил намуда баҳои баланди устодонро соҳиб гаштанд. Аз ҷумла, маърӯзаҳои Муҳиддинов А., Касимова Ф., Сафарова М., Абдуллозода М., Маҳмуродов С., Ниёзов С., Зоиров Н., Раҳмонова Ф. ва Бобоев Ф. чун маърузаҳои намунавӣ муайян гардиданд.
Баъди шунида шудани баромадҳо мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ профессор А.Диноршоҳ қайд кард, ки маърӯзаҳои матраҳ шуда ҷолиби диққат буда, фикру андешаҳои гуногун пешниҳод карда шуд, ки онҳо боиси дастгирист.
4. Кафедраи ҳукуки гражданӣ
Конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати донишҷӯён дар назди кафедраи ҳуқуқи гражданӣ бахшида ба «20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ» ва «Соли ҷавонон», ки дар рӯзи 21-уми апрели соли 2017 муқаррар гардида буд, дар вақт ва ҷойи муқарраршудагузаронидашуд.
Нахуст кушодашавии конференсия аз ҷониби мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ, профессор Ғаюров Ш.К. ҳусни оғоз гардида, оид ба конференсияи мазкур суханҳои худро иброз намуданд ва ҳамаи донишҷӯёнро бахшида ба конференсияи илмӣ табрик намуда, ба ҳамаи онҳо барои фаъолона ширкат варзидан муваффақиятҳо таманно намуданд. Сипас сухани навбатӣ ба ассистенти кафедра Саидов Ҳ.М. дода шуд, ки дар рафти суханронии худ ҳамаи ҳозиринро барои ҳафтаи илм, ки чун қоида ҳар сол дар моҳи апрел баргузор мегардад, табрик намуда, оид ба тарзи баромад намудан ва вақти баромадкунӣ ба ҳозирин иттиллоъ доданд.
Баъдан аз рӯи рӯзномаи конференсия баромадкунандагон маърӯза намуданд. Конфронс дар вақти муаяйншуда оғоз карда шуда, аз ин муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, садорати факултет огоҳ карда шудааст. Дар конфронс мутобиқи нақша баромади 11 донишҷӯ пешбинӣ гардида, 21 маърӯзаи иловагӣ аз ҷониби донишҷӯён қироат гашт. Дар охири конфронс сухани ҷамбастӣ ба мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ, профессор Ғаюров Ш.К. дода шуд, ки оид ба гузаронидани конфронс, баромади донишҷуён ва дар оянда такмил додани мавзӯҳои худ фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуданд.
5.Кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ
Аз рӯи барномаи тасдиқшудаи конференсия 22 нафар донишҷӯён дар мавзӯҳои гуногун баромад намуданд. Се нафар бо сабабҳои гуногун штирок нанамуда, ҳафт маърӯза ба таври иловагӣ шунида шуд.
Дар ин бахш мақсади конфронс аз он иборат буд, ки андешаҳо перомуни баъзе аз масъалаҳои кодекси мурофиавӣ ҷиноятии ҶТ баён карда шуда, принсипҳои асосии мурофиаи ҷиноятӣ, зарурат ва моҳияти он, масъалаҳои такмили тартиби мурофиявии ҷамъоварии далелҳо ва дигар масоилҳо муҳокима карда шуданд.
6. Кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ
Дар конференсия декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, н.и.ҳ., дотсент Раҳмон Д.С., мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, д.и.ҳ., профессор Азизов У.А., дотсент Бобоева Н.И., ассистентони кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ Саидов И.И., Саъдизода Ҷ., Исозода П. ва донишҷӯёни соли таҳсили 1, 2, 3 ва 4-уми факултети ҳуқуқшиносӣ штирок намуданд.
Мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ д.и.ҳ., профессор Азизов У.А. баромад намуда, конференсияи илмӣ-назариявии донишҷӯёни назди кафедраро кушода эълон намуд. Қайд карда шуд, ки конференсияи илмӣ-назариявии «Ҳуқуқи инсон» бахшида ба «Соли ҷавонон» ва 20-солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардида, маърӯзачиён асосан ҷавонон – донишҷӯёни лаёқатманд ҳастанд. Сипас мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ, д.и.ҳ., прфессор Диноршоҳ А.М. баромад намуда, ба кори конференсия барору комёбӣ таманно намуд. Ҳамзамон аз ҷониби Диноршоҳ А.М. барои маърӯзаҳои беҳтарин китобҳои ба наздикӣ нашргардидаи устодони кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ тақдим гардид. Мавсуф қайд намуд, ки китобҳои мазкур 1 адад барои ҷои якум, 2 адад барои ду нафар ҷои дуюм ва 2 адад барои ду нафар ҷои сеюм дар ҷамъбасти конференсия тақдим карда шавад.
Сипас бо сухани ифтитоҳӣ дар конфронс устоди кафедра роҳбари илмии маҳфили «Ҳуқуқи инсон» Ҷаҳонгир Саъдизода баромад намуда, оид ба масъалаҳои мақсад аз гузаронидани ин ҷамъомад, тартибу равиши баргузории он қайд карда кори конфронсро кушода эълон намуд. Дар кори конфронс 13 нафар тибқи наша ва 3 нафари дигар ба таври иловагӣ маърӯза карданд.
Баъдан бо тартиби муайян дар рӯзи муқарраршуда ботартиб тибқи дастур баромадҳои илмӣ намуданд. Донишҷуён асосан масъалаҳои аососии мубрами назариявии атрофии ҳуқуқи инсон интихоб намуда дар шакли маърузаҳои илмӣ омода намудаанд. Маърӯзачиён мазмун ва моҳияти маърӯзаҳои хешро шарҳу тавзеҳ дода, паҳлуҳои гуногуни онҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла оид ба маърӯзаҳои қироатшуда саволу ҷавоб ва муҳокимаҳои тӯлонӣ сурат гирифтанд, ки иштирокчиён аз он ғизои маънавӣ бардоштанд.
Хурсандибахш аст, ки дар конференсияи мазкур ҳамзамон донишҷӯён берун аз барномаи конференсия ба таври иловагӣ низ маърӯза намуда, мавзӯъҳои мубрами илми ҳуқуқи инсонро ба ҳозирин шарҳ доданд. Аз ҷумла ба таври иловагӣ донишҷӯёни зерин баромад намуданд:
1. Раҷабов Н. донишҷӯи соли 2-и шуъбаи умумии рӯзона дар мавзӯи «Ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон»;
2. Султонов А. донишҷӯи соли 3-и шуъбаи рӯзонаи умумӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсият».
Дар фарҷоми коференсия бо овоздиҳии озод ва якдилона аз ҷониби устодон ва иштирокчиён маърӯзаҳои Розиқова Хиромон донишҷӯи соли 2-и шуъбаи умумии рӯзона дар мавзӯи «Мавқеи адл дар ҳуқуқи инсон» сазовори ҷойи 1-ум, Самандари Қаландар донишҷӯи соли 2-и шуъбаи рӯзонаи умумӣ дар мавзӯи «Сарҳади озодӣ ва қонун ҳамчун майдони ҳуқуқу озодиҳои инсон» ва Саъдуллозода И. донишҷӯи соли 3-юм дар мавзӯи «Eutanasia» сазовори ҷойи 2-юм, Бобохонов Ф. донишҷӯи соли 3 ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ (ҳуқуқ) дар мавзӯи «Ҳуқуқи байналмилаии исломӣ» ва Зуҳуриён С. донишҷӯи соли 2-и шуъбаи умумии рӯзона дар мавзӯи «Суди байналмилалии Аврупоӣ-ҳамчун механизми минтақавии ҳифзи ҳуқуқи инсон» сазовори ҷойи 3-юм гардиданд. Ба ғолибон аз ҷониби роҳбари маҳфили «Ҳуқуқи инсон» Саъдизода Ҷ. китобҳо тақдим карда шуд. Ҳамзамон ҳамаи маърӯзачиён бо «Ифтихорнома»-и кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ сазовор дониста шуданд.
7. Кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ
Мувофиқи барнома 11 маърӯза пешбинӣ шуда буд, ки он аз тарафи донишҷӯён маърӯза карда шуд. Ҳамзамон 1 маърӯзаи иловагии донишҷӯ шунида шуд.
Дар конференсияи донишҷӯён мавзӯъҳои «Техникаи мураттабсозии қонунгузорӣ», «Меъёрҳои ҳуқуқ», «Инкишофи ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол» ва дигар мавзӯҳои мубрами ҳуқуқӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт. Аз маърӯзаҳои донишҷӯён хулоса кардан мумкин аст, ки мақсад аз баргузории конференсияи мазкур ин кушодан ва баррасӣ намудани ҷиҳатҳои актуалӣ ва муаммоҳои ҳалталаби соҳаҳои ҳуқуқ мебошад.
8. Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ
Мутобиқи нақшаи пешбинигардида 25-26-юми апрели соли равон дар кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ конфронси илмию назариявии ҳайати донишҷӯёни ДМТ бахшида бахшида ба «20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ» ва «Соли ҷавонон» шуда гузашт.
Дар санаи 25-юми апрели соли равон бо иштироки донишҷӯёни курсҳои 1,2,3,4 ҳамаи ихтисосҳои факултетии ҳуқуқшиносӣ конфронс баргузор гардид.
Мутобиқи барнома ба конфронс 29 баромад пешниҳод гардида буд. Кори конфронсро мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, дотсент А. Сафарзода ифтитоҳ намуда, устодон ва донишҷӯёнро ба конфронс хайра мақдам гуфт. Дар асоси барномаи конфронс баромади 29 нафар донишҷуён ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 10 нафар ғайринақшавӣ баромад намуданд.
Дар конфронс устодони кафедра профессор Шарипов Т.Ш., н.и.ҳ., дотсент А. Сафарзода, Г. Сатторов, ассистентон У. Сайфуллоев, Г. С. Мирзоев иштирок намуданд.
9. Кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ
Мутобиқи нақшаи пешбинигардида 25-уми апрели соли равон дар кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ конфронси илмию назариявии ҳайати донишҷӯёни ДМТ бахшида ба «20 -солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ» ва «Соли ҷавонон» шуда гузашт.
Дар санаи 25-уми апрели соли равон бо иштироки донишҷӯёни курсҳои 1,2,3,4 ҳамаи ихтисосҳои факултетии ҳуқуқшиносӣ конфронс баргузор гардид.
Мутобиқи барнома ба конфронс 18 баромад пешниҳод гардида буд. Кори конфронсро мудири кафедраи ҳуқуқи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ, дотсент К.Б. Қурбонов ифтитоҳ намуда, устодон ва донишҷӯёнро ба конфронс хайра мақдам гуфт. Дар асоси барномаи конфронс баромади 18 нафар донишҷуён ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 3 нафар ғайринақшавӣ, яъне иловагӣ ва 3 нафар бо сабабҳои гуногун иштирок накарданд. Инҳо донишҷӯёни курси 4.01, З. Сафаралиев, Қ. Сафаров, М. Қурбонов мебошанд.
10. Кафедраи забонҳои хориҷӣ
Рӯзи 26 апрели соли 2016 дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар ошёнаи чорум синфхонаи №421 соати 1400 конференсияи илмию назариявии донишҷуён баргузор гардид. Дар конфронс донишҷӯёни курсҳои 1,2, 3 ва ҳайати устодон Афзалӣ М.К. (раис), Зайниддинов С. (котиб), Абдуллоев П.С. (муовини декан оид ба илм), Газиева Х.Х.., Шарипова З., Шоинбеков О., ва дигар устодони кафедра ширкат варзиданд.
Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ дотсенти кафедраи забони хориҷӣ, Афзалӣ М.К. ифтитоҳ намуда ба ҳамаи донишҷӯён барои дар сатҳи баланд гузарондани конференсия муваффақиятҳо орзу намуд. Пас аз ин мувофиқи барномаи тартибдодашуда ба шунидани маърӯзаҳо оғоз бахшида шуд. Аз рӯи барномаи тасдиқшудаи конфронс 11 нафар донишҷӯён иштирок намуда, дар мавзӯҳои гуногун маърӯза карданд.
11. Кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ
Тибқи барномаи конференсия 20 маърӯза пешниҳод шуда буд, ки ҳамаи онҳо шунида шуд. Ба ғайр аз ин 4 нафар ба таври иловагӣ берун аз нақша баромад карданд, вале 1 нафар бо сабабҳои узрнок натавонистанд дар кори конфронс ширкат варзанд. Дар конференсияи ин бахш мавзӯъҳои гуногуни актуалӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Дар охир мудири кафедра дотсент А.Қ. Назаров кори конфренсияро ҷамъбаст намуда, ба ҳамаи иштирокчиёни конфренсия бурдбориҳоро дар соҳаи омӯзиши илм таманно кард.
Хулоса аз маърӯзаҳои донишҷӯён бар меояд, ки мақсади конференсияи илмӣ-назариявӣ ин кушодан ва баррасӣ намудани ҷиҳатҳои актуалӣ ва масъалаву муаммоҳои ҳалталаби соҳаҳои ҳуқуқ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки рафти иҷроиши барномаи конференсияи имсола таҳти назорати бевоситаи декани факултет, дотсент Раҳмон Д.С. ва муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.ҳ., дотсент Абдуллоев П.С. қарор дошт.
Аз ин хотир маърӯзаҳои зерини донишҷӯён беҳтарин ҳисобида шуда, онҳо аз ҷониби садорати факултети ҳуқуқшиносӣ барои ҳавасмандгардонӣ пешниҳод мегарданд:
Барои ифтихорнома:
1. Ахмедов Шероз дар мавзӯи«Муносибатҳои ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ».
Барои раҳматнома :
1. Ф. Халифаев дар мазӯи «Дурнамои қонунгузории нақлиёт»;
2. А. Авулов дар мавзӯи «Фаъолияти молиявии давлатӣ».