Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташабусси Созмони ҷавонони факултет ва як қатор донишҷӯёни фаъол санаи 17 марти соли равон дар мавзӯи «Наврӯзи аҷам – ҷашни ҷаҳонӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Дилшод Сафарбек ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин зарурат ва аҳамияти баргузории мизи мудаввари мазкурро фаҳмонда доданд. Аз ҷумла иброз доштанд, ки Наврӯз аз бузургтарин, зеботарин ва муқаддастарин ҷашни миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, аз таърихӣ ва соҳибтамаддун будани миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик башорат медиҳад. Ин ҷашни бошукӯҳ мувофиқи таълимоту андешаи соҳибназарон таърихи беш аз шашҳазорсола дошта, ҳамчун мероси бою пурғановат аз ниёгон бароямон мерос мондааст. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ мақому манзалати Наврӯз ҳамчун маҳбубтарин ҷашн, оин, анъана ва русуми миллӣ сатҳу сифати навро касб намуда, бо кӯшишу заҳмат, ибтикороту ташаббусҳои бевоситаи созандаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ пайдо карда, аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ Наврӯз ҳамчун нишонаи тамаддуни ҷаҳонӣ ва ҷашни умумимиллӣ эълон шуд. Ба таъкиди Сарвари давлат: «Воқеан, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ яке аз маросимҳои писандидаи оламиён мебошад, ки бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои писандидааш, ки некиву накукорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст».
Сипас, маърузаҳои донишҷӯёни факултет Иззатуллоева Савлатбӣ, Ҷурахонов Баҳодур, Саъдуллозода Исмоил, Асоев Достон, Мирсаидова Давлатсултон, Холмирзоев Аслиддин, Файзуллоев Ҳасанҷон ва Каримов Юсуфшоҳ бо шаш забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, хитоӣ, арабӣ, олмонӣ) шунида шуданд.
Дар фарҷоми кори мизи мудаввар таъкид карда шуд, ки донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бо дарки баланди масъулият ва худшиносии миллӣ, сиёсати хирадмандонаи сарвари давлатро дар самти омода намудани ҳуқуқшиносони сатҳи байналмилалӣ, ки аз забонҳои хориҷии мухталиф бархурдоранд, самимона дастгирӣ менамоянд ва баҳри амалишавии онҳо сайъю талош меварзанд.